Майдончаҳоро танӯрхона кардем, кӯчаҳоро пур аз шиор

Иҷтимоъ 16.02.2011 00:07

ҚАБУЛИ ҚОНУН ДАРХӮРДИ ХОСТАҲОИ МАРДУМ АСТ?

Tanur_2Агар соли 2010 бо ибтикороти бузурги энерҷиву иқтисодӣ шурӯъ шуда бошад, пас соли нав бо ташаббуси наҷиби ислоҳот дар такмили ахлоқи ҷомеъа оғоз гардид.

Ҳадисе ҳаст аз Пайғамбари акрам, ки «Агар ҳадафи Офаридагор такмили ахлоқи башар намебуд, маро сӯи шумо ба пайғамбарӣ намефиристод».

Маҳдуд кардани амокини фурӯш ва кашидани носу сигор, тавсеъаи бунёди майдонҳои варзишӣ, тақвияти барномаҳои мухталифи марбут ба сиҳатӣ ва тарбияти бадан, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани лоиҳаи «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ҷузъе аз барномаи сиёсати давлат мебошанд, ки аҳли ҷомеъа имрӯз дар муҳокимаву баррасии онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Бархе аз мардум ва коршиносони маҳаллӣ дар бобати қонуни мазкур ҷузъан ё куллан назари мухолиф дошта, қабули онро як навъ нақзи ҳуқуқи волидайн ва ҳамзамон дахолат ба ҳаёти шахсии мардум талаққӣ мекунанд. Аммо аксари мардум аз он ҷонибдорӣ намуда, қабули ин қонунро тадбири саривақтӣ мешуморанд ва барои такмили он усулҳо ва андешаҳои мухталифу судманд пешниҳод мекунанд. Вале ин ҷо баҳси мо сари ҷонибдорону мухолифон ва забону услуби матни ин лоиҳа нест. Зеро он чӣ дар қолаби қонун бошаду агар қонун дар чаҳорчӯби ахлоқ, пас қобили пазириш аст. Ба ибораи дигар, қонун ин ахлоқи навишта ва ахлоқ бошад қонуни нонавишта аст. Гап сари он аст, ки ин лоиҳа чун пазируфта шавад ва он дар шакли Қонун ба тасвиб бирасад, оё барои дар амал пиёда кардани он муҳит ва фазои имрӯзи ҷомеъаи кишвар созгор хоҳад буд?  Он ҳосили неке ба бор хоҳад овард ё чун як маъракаи навбатӣ бо мурури замон аз ёдҳо фаромӯш хоҳад шуд? Чаро мо ин суолҳоро матраҳ мекунем? Ба ин манзур, ки дар кори тарбияти фарзанди одам усули «намуна будан» аз озмудашуда ва беҳтарин усул аст. Агарчи «хирс мулло мешавад бо зарби чӯб» низ яке аз ин усулҳо ва ҳам як масали маъмул мебошад.

ПАЙЁМБАР (С) МУАЛЛИМИ АХЛОҚ БУД

Ривояте ба хотирам омад. Писаре хурмо мехӯрду сахт шикамдард мешуд, вале боз хурмо мехӯрд. Модар ӯро барои насиҳат пеши Ҳазрати Пайғамбар бурд. Он Ҳазрат чун аз матлаб огоҳ шуд, гуфт: Фардо биёяд. Чун фардо рафтанд, боз ваъда ба фардои дигар шуд. Ниҳоят бори чаҳорум Ҳазрати Пайғамбар кӯдакро пазируфт ва насиҳат кард, ки дигар ҳаргиз хурмо нахӯрад, ки ба ҷонаш зарар дорад.

Модар дар шигифт шуд ва гуфт: Ё Набии Худо, ин гапро намешуд рӯзи аввал гуфтан?

Гуфт: На. Ҳар бор, ки меомадед, ман худ хурмо хӯрда будам ва чун кореро, ки худ кардам, чи гуна дигареро аз он наҳй кунам?

МАЙДОНЧАҲО ГАРАЖУ ТАНӮРХОНА ШУДАНД

Оре, дар тарбияти наврасон намешавад, ки онҳоро дар синфе ҷамъ оварем ва бигӯем, ки «бишинед, мо ҳоло шуморо насиҳат ва тарбият мекунем». Ё ду соат аз боби одатҳои бади иҷтимоӣ, носу сигору шаробу нашъа ваъз бихонем ва охири сӯҳбат худ нос ба даҳон андозем. Бо овози баланд ҷавононро ба варзиш даъвату ташвиқ кунем, вале худ аз фарбеҳӣ даҳ қадам давида натавонем. Майдончаҳои варзишро, ки шӯравӣ дар назди манзилҳо сохта буд, ба оғилу гараж, танӯрхонаву ҳавлича, ҷойи ҷамъиятиву дӯкон табдил додем, пас бо кадом рӯ ва забон мегӯем «кӯчагардӣ накунед, ба варзиш машғул шавед!» Оре, сабақи тарбият дар дили фарзандон танҳо ва танҳо аз тариқи намуна будани тарбиятгар, волидайн, устод ва раҳбар муассир хоҳад буд. Вале, мутаассифона, дар муҳити имрӯзи мо кам касонанд, ки барои наврасон намунаи ибрат ва қобили пайравӣ бошанд.

АГАР ОМӮЗГОР ХУД НАМУНА НЕСТ…

Омӯзгоре, ки дар донишгоҳ дарс мегӯяд, бо тамаъи пул дар санҷишу имтиҳонот заҳмати хешро, нуфузу обрӯяшро ботил мекунад. Муаллиме, ки соатҳо кӯдаконро дар синфхона дарси адаб дода, дар кӯча худ намунаи ибрати дигарон нест ва ҳақорату ғайбату бадахлоқӣ мекунад, меҳнаташ зоеъ ва барабас аст. Адибе, ки дар мулоқоту маҷолис тамаллуқ мезанад ва бо чоплусӣ тамаъҷӯӣ мекунад, мухлисону хонандагонашро аз даст медиҳад, эътибору эҳтиромаш гум мешавад. Воъизе, ки дар минбару меҳроб ҷилванамоӣ дораду чун ба хилват меравад, кори зишт мекунад, дурӯғ мегӯяд, ҳаққи мардум мехӯрад, одамонро аз дину имон мерамонад.

Мегӯянд, ки мардуми замони шӯравӣ хеле соҳиби иродаи қавӣ ва босадоқат буданд, зеро бо шиори  «Наша дело право, мы победым!» тарбият меёфт. Имрӯз ҳарчанд шиору навиштаву овезаҳои хубу маънидор ва мутантан зиёданд, вале таъсире надоранд. Касе ба шиор бовар надорад, зеро навиштаи он шиори дар девори идораи мансабдор овезон агар «Мо Роғунро месозем» бошад, дар асл ин соҳибмақом барои хеш бӯстонсаро ё манзили дуошёна сохта ё сохтанист, ки ҳамон раҳгузари чашмаш ба он шиор афтода ин ҳамаро медонад. Пас, шиор таъсир надорад, зеро гап дигару кор дигар аст. Ва зиндагӣ ба қавле дар шиор ях баста.

Хулоса, то дар пиндору гуфтору кирдори хеш намунаи асили ахлоқи ҳамида набошем, насли навраси хешро солиму доною комил ба воя расонда наметавонем.

Сардори Раҳдор, рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97