Кӯдакони камбизоат беруни дари боғча мемонанд?

Иҷтимоъ 12.02.2011 10:25

BoghchaБа ин монанд сару садоҳо имрӯз дар сӯҳбати калонсолони шаҳри Қӯрғонтеппа зиёд ба гӯш мерасад. Аммо масоили ташвишбор ин аст, ки чаро мардум болоравии нархи хизматрасонии муассисаҳои томактабиро ба қабул шудан ё нашудани лоиҳаи қонуне, ки имрӯзҳо байни мардум мавриди муҳокима қарор дорад, рабт медиҳанд.

Ё нафароне ҳастанд, ки аз ноогаҳии бонувони хонашин истифода бурда, баландшавии ҳаққи нигоҳубини кӯдаконро дар боғчаҳо амри ҳатмӣ унвон карднианд. Шояд онҳо дарк намекунанд, ки бо ибрози ҳар гуна андешаҳои хоми ба сарашон омада, эътимоди мардумро ба сиёсати давлат коста мегардонанд. Воқеъан ҳам бовари мардум ба хабарҳои бардурӯғи кӯчагӣ  бойиси нигаронӣ аст.

 Мураббия хуб аст, ё «нянка»?

Саҳарӣ дар даромадгоҳи муассисаи томактабии №2 шаҳри Қӯрғонтеппа бо волидайне, ки фарзандонашонро ба боғча меоранд, ҳамсӯҳбат шудем. Бонуи бозорнишин, ки ду фарзанди хурдсоли худро ба ин муассиса меовард, аллакай аз баландшавии нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғча огоҳ будааст. Мусоҳиби мо иброз дошт, ки барои ҳар нафар фарзандаш моҳе 15 сомонӣ маблағ пардохт мекунад. Аммо шароити нигоҳубини кӯдаконаш дар боғча ба талабот ҷавобгӯй нест. Бегоҳ вақте кӯдакон ба хона меоянд, аз гуруснагӣ намедонанд, чӣ гуна хӯрок бихӯранд. Дар ин ҷо ба онҳо як луқмаи нон ва оби шӯрбо медиҳанд. Шаби гузашта масъалаи кӯдаконро бо шавҳарам муҳокима кардем. Шояд ин муҳокимаи Қонун дар бораи масъулияти падару модар бо болоравии нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои бачагона фавқуллода дар як вақт рост омада бошад, аммо ба ростӣ ин ба психологияи мардум таъсири манфӣ мерасонад. Ман ҳамчун як шаҳрванд бисёр зиқ шудам, ки дар шабу рӯзе, ки тарбияи кӯдакон мавзӯъи №1- и шабакаҳои телевизионии кишвар аст, масъулони муассисаҳои томактабӣ маблағи нигоҳубини кӯдаконро дар боғчаҳо баланд бардоштаанд. Ба суъоли мо, ки мабодо агар ҳаққи нигоҳубини тарбиягирандагонро баланд бардоранд, Шумо шароити пардохти он маблағро доред, ҳамсӯҳбати мо ҷавоб дод. Гарчанде мо ду нафар бозорнишин ҳам бошем, барои нигоҳубини 2 кӯдак имкони моли пардохт кардани 100 сомониро надорем. Хубтараш барои фарзандон «нянка» қабул мекунем, то кӯдаконамонро дар шароити хона нигоҳубин кунанд.

 Барои «шедрий» шудани волидайн маърифат лозим аст

Аммо мудири муассисаи томактабии №2- и  шаҳри Қӯрғонтеппа Марҳабо Абдураҳимова иброз медорад, ки баланд бардоштани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар муассисаи онҳо танҳо бо ризояти Шӯрои падару модарони боғча сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ дар ҷомеъаи маданӣ оилаҳо барои нигоҳубину таълиму тарбияи кӯдакони худ маблағҳои зиёд сарф мекунанд. Мутаассифона дар ҷомеъаи мо баъзе оилаҳое ҳастанд, барои барои сару либоси худ ва ё ғизои оилаҳояшон маблағи зиёд сарф мекунанд, аммо аз сарф намудани маблағ баро нигоҳубини фарзандонашон дар боғчаҳои бачагона худдорӣ мекунанд. Ҳол он ки барои рушду инкишофи як кӯдаки сини томактабӣ моҳе сарф намудани 50-70 сомонӣ  боке надорад.

Usmon_juraevБа гуфти Усмон Ҷӯраев, сармуттахассиси идораи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар асоси қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа маблағи нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳр 10 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин дар баъзе муассисаҳои томактабӣ бо ибтикори худи падару модарон барои ғанӣ гардонидани ғизои кӯдакон маблағи иловагӣ пардохт мекунанд, ки ин шоёни дастгирӣ аст.

Ба қавли мавсуф имрӯз муассисаҳои томактабӣ ба дастгирии бештар ниёз доранд. Зеро дар муассисаҳои томактабӣ дар баробари беҳдшоти сифати ғизои кӯдакон инчунин харидани китобу адабиётҳои кӯдакона муҳим ва зарур аст.

Аммо шаҳрвандон волидайни тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии томактабии шаҳр дар ин бора андешаҳои дигар доранд.

Боғчаҳои бачагона аз назари модарон

Сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифамоҳ мегӯяд, ки имрӯз шароити нигоҳдории кӯдакон дар муассисаҳои таълимию томактабии шаҳр ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нест. Аммо аз ноилоҷӣ мо фарзандонамонро ба боғча мебарем. Гарчанде моҳе барои нигоҳубини кӯдакон мо 20 сомонӣ пардохт мекунем, аммо боз ҳам ғизои саҳарии онҳоро ҳамроҳашон мебарем. Ман барои писари худ ҷойи хоб, рӯймолу собун мизу курсии кӯдакона ва тамоми воситаҳои зарурӣ барои нигоҳдории кӯдакро ба боғча бурдаам. Ба фикри ман бо ин хароҷоте, ки мо барои боғчаи бачагона мекунем, агар дар шаҳр ин муассисаҳоро хусусӣ гардонанд, беҳтар аст. Зеро ҳам гуна хизматрасоние, ки хусусӣ аст, сифати кор дар он ҷо беҳтар аст.

Махфират Шоимова, рӯзноманигор аз Қӯрғонтеппа изҳор дошт, ки дар муассисаи томактабие, ки фарзандони ман тарбия мегиранд, дар тобистон ҷойи хоб намерасид. Таъмини кӯдакон ба ғизои лозима дар тамоми сол ҷавобгӯйи талаботи мо набуду нест. Мо то имрӯз моҳе барои ҳар фарзандамон 15 сомонӣ пардохт мекунем. Мегӯянд, ки аз ин пас ҳаққи нигоҳдории кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ 50 сомонӣ мешавад. Аммо пеш аз нархи хизматрасониро баланд бардоштан бояд дар мадди аввал муассисаҳои томактабиро бо мураббияҳои соҳибмаълумот пур кунанд. Баъдан шароити нигоҳдории кӯдакон беҳтар карда шавад. Ба хусус вазъи санитарии баъзе боғчаҳо ба талабот ҷавобгӯй нест. Ману шавҳарам кор мекунем, барои нигоҳубини кӯдакон дар хона шароит надорем. Аз ин рӯ ноилоҷ аз ҳисоби хароҷоти рӯзгор кам мекунему кӯдаконро рӯзона дар боғча нигоҳ медорем. Дар умум гуфтаниам, ки мӯҳтарам масъулини муассисаҳои томактабӣ бо ин қадар саҳмгузорие, ки мо падару модарон дар нигоҳдории муассисаи томактабии фарзандонамон дорем, Шумо низ инсоф кунед.

Зебо Икромова, як нафар аз дигар сокини шаҳри Қӯрғонтеппа бошад, орзу дорад, ки дар оянда фарзандонаш дар муассисаҳои томактабӣ тарбия гиранд. Зеро тифлоне, ки дар боғчаҳои бачагона тарбият мегиранд, аз ҷиҳати зеҳнӣ ва қобилияти азхудкунии илму дониш нисбат ба кӯдакони дар хона тарбия гирифта фаъолтар мебошанд. Ба гуфтаи ӯ бояд дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба ташкили боғчаҳои бачагонаи хусусӣ диққати бештар диҳанд. Бигзор ҳаққи хизмати нигоҳубини кӯдакон дар боғча 50 ё 80 сомонӣ ҳам бошад, аммо дар чунин муассисаҳои томактабӣ бояд  тамоми шароит барои нигоҳубини кӯдак муҳайё шавад. Муассисаҳои томаактабӣ бояд бо тозагию тамйизи майдончаҳои зебои фароғатӣ, бозичаю дигар лавозимоти муҳим таваҷҷӯҳи кӯдаконро ба худ ҷалб кунад. Аммо мутаассифона ман дар маркази Хатлон чунин муассисаро намедонам.

Мудир аз номи волидайн санад дорад

ZarinaЗарина Холназарова, мудири муассисаи томактабии №10 шаҳри Қӯргонтеппа, мегӯяд, ки барои муҳокимаи масъалаи баланд бардоштани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаи бачагонаи мо машварати Шӯрои падару модарон доир гардида буд., ки дар он аз 150 нафар таълимгирандагон волидайни 140 нафари онҳо ширкат доштанд. Имрӯз дар дасти ман санаде ҳаст, ки дар он 140 нафар падару модарон барои баланд бардоштани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар боғча имзо гузоштаанд. Ба гуфтаи Зарина Холназарова дар маҳаллае, ки муассисаи томактабии №10 воқеъ аст, нисбатан камтар оилаҳое ҳастанд, ки имкони пардохт намудани 50 ё 70 сомониро барои нигоҳубини фарзандонашон дар боғчаҳои бачагона надошта бошанд. Аммо оилаҳое низ ҳастанд, ки ба хулосаи Шӯрои падару модарон шояд ризо набошанд. Аммо тақдири фарзандони онҳо чӣ мешавад, алъон ман чизе гуфта наметавонам.

Масъулини идораи маорифи шаҳр иброз медоранд, ки аз эҳтимоли баланд бардоштани нархи ҳаққи хизматрасонии муассисаҳои томактабӣ огоҳ нестанд. Баланд бардоштани ҳаққи нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ бидуни қарори ҳукуматдорон имконнопазир аст.

Дар ҳамин ҳол Лутфия Роибова, муовини сардори раёсати маорифи Хатлон иброз медорад, ки фаъолияти бештари муассисаҳои томактабии Хатлон ба талабот ҷавобгӯй нест. Аз сабаби норасоии мутахассисон барномаҳои рушди муассисаҳои томактабӣ бо сифат иҷро намешаванд. Дар баробари ин мақомоти иҷроияи маҳаллии хоқимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои барои муассисаҳои томактабӣ нигаронидашударо ҷудо намекунанд. Мушкил дар навоҳии Хатлон ин аст, ки боғчаҳои бачагона дар тавозуни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот қарор дошта, масъулини маҳал ба рушди ин муассисаҳо диққат намедиҳанд.

Аз гуфтаи масъулини соҳа бармеояд, ки сатҳи хизматрасонӣ ба кӯдакон дар маркази Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтар аст. Аммо шароити нигоҳдории тифлони то сини мактабӣ дар маркази вилоят ба талаботи мардум ҷавобгӯй нест. Мабодо агар ба гуфтаи мардум аз 1-уми март нархи хизматрасонии муассисаҳои томактабии шаҳри Қӯрғонтеппа боло равад, пас аз 2200 нафар тарбиягирандагони 15 муассисаи шаҳр чӣ миқдор кӯдакон дар берун мемонанд, суъоли матраҳ аст.

Ҷамолиддини

Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97