Падарон ҷавобгар, падарбезорон чӣ?

Иҷтимоъ 07.02.2011 10:19

ZuhrokholaДар бораи нақши волидон дар парваришу омӯзиши фарзандон имрӯзҳо аз тариқи матбуот зиёд мегӯянд. Ва ҳам ин шабу рӯз лоиҳаи қонуне дар боби масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон беш аз як моҳ аст, ки мавзӯъи асосии гуфтугӯву гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, ба хусус радио ва шабакаҳои телевизионии кишвар гардидааст.

Аммо дар масъалаи ҳаққи фарзандон дар назди падару модар ва эҳтиром гузоштан ба волидон камтар ҳарф мезанем. Хуб мешуд агар дар ҳамин лоиҳаи қонуне, ки имрӯзҳо дар муҳокимаи мардум қарор дорад, боби махсусе дар мавриди масъулияти фарзандон дар назди падару модар илова ва қабул мегардид. Барои мо тоҷикон, ки миллати мусалмон ҳастему беш аз 1300 сол тибқи фармудаҳои китоби Илоҳӣ- Қуръон ва суннати Паёмбар (с) зиндагӣ дорем, эҳтиром гузоштан ва накӯ донистани қадру эътибори волидон ҳам қарз асту ҳам фарз. Худованди нозанин дар каломи ҷовидонии хеш баъд аз эътирофи мақоми тавҳид ва ягонагии хеш арҷ гузоштан ба падару модарро дар ҷойи дуввум мегузорад.

Худованд нофармонӣ кардан ба падару модар ва ранҷонидану озори онҳоро гуноҳи кабира донистааст. Оё мо медонем, ки гуноҳи кабира чист ва онро чӣ подошест? Гуноҳи кабираро дар ин дунё подош рӯсиёҳиву бадномиву азоби виҷдон ва дар он Рӯзи сахт, дар пешгоҳи Худованд шармандагиву азобҳои алим аст. Мо набояд фармудаи ҳамдиёри бузурги хеш Ҳаким Носири Хусравро аз ёд бубарем, ки гуфта:

Ба пирӣ хидмати модар падар кун,

Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.

Ки парвардаст модар дар канорат,

Падар буд солҳо тимордорат.

 Доштани хонаи пиронсолон шармандагист

Пас, ҳар фарзанди солиму солеҳ, ҳар фарзанди мӯъмину мусалмон, ҳар фарде, ки ба Худо имон дораду аз рӯзи ҷазо метарсад, бояд ҳамеша дастёру мададгори волидон бошад, ба хусус замоне, ки онҳо пиру нотавону дардманд мегарданд, фарзанд бояд хидмати ишонро ба ваҷҳе накӯ ва шойиста анҷом бидиҳад. Набояд фаромӯш кунем, ки модар моро бо сад ормону орзу, бо нозу муҳаббату меҳрабонӣ дар канори муаттару оғӯши гарми хеш парвардаву падар ҳамеша ғамхору тимордорамон буда. Чанде қабл аз устодамон, ректори Донишгоҳи миллӣ Нуриддин Саидов матлаберо дар нашрияи «Миллат» хондем, ки гуфтааст; барои миллати тоҷик, ки зотан инсонпарвару дорои хулқу аъмоли ҳамидаи инсонӣ аст, дар ватанаш будани хонаи пиронсолон айб аст, як шармандагист. Оре, ҳақ ба ҷониби устоди арҷманди мост. Бо илҳом аз ин суханони устоди хеш ва ҳам бо супориши идораи «Миллат» ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан бо ҳолу рӯзгори он падару модарон, ки рӯзу шаби хешро дар хонаи пиронсолон ё ба истилоҳи маъмул ғарибхона мегузаронанд, тасмим гирифтем, ки аз Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе дидан намуда, бо бошандагони он макон сӯҳбате дошта бошем. Ва инак мо дар Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе қарор дорем. Зану марде дар даст асо ба сӯйи баромадгоҳ меоянд. Баъд аз пурсупос маълумамон гашт, ки он зан холаи Савринисо Сафарова ва он мард шавҳараш будааст. Вақте мо вориди он ҷо шудем, холаи Савринисо, ки моро бори аввал медиду мо низ ӯро бори аввал дида будем. “Биёед духтаронам” гуфту ба оғӯшамон гирифтаву бӯсид. Аҷоиб эҳсосе моро фаро гирифт, ки ифода кардани он бароямон душвор аст. Дар сӯҳбати кӯтоҳе, ки дар майдони зебои назди хонаи пиронсолон доштем, маълум гашт, ки  баъди аз тариқи телевизиони “Баҳористон” нишон додани холаи Савриносо шавҳараш барои ӯро бо худ бурдан ба ин ҷо омада будаааст. Пас аз гусели шавҳараш холаи Савринисо назди мо баргашт ва мо аз ӯ дар мавриди он, ки чаро бо шавҳараш ба хонааш нарафт, пурсон шудем. Ӯ гуфт, ки ҳозир ҳаво хунук аст ва аз сабаби он ки хонааш дар деҳаи Тагоб будаву он ҷо сардиву яхбандӣ аст ва ӯ акнун чанд рӯз қабл бо “пратез” нав роҳ гардиро аз худ кардааст, аз рафтан бо шавҳараш худдорӣ намудааст. Аз ӯ мепурсем, ки агар ҳаво гарм шавад ба хонаатон меравед, қотеъона не гуфтанд. Гуфтем, ки чаро? Изҳор дошт, ки агар фарзандонам барои бурданам биёянд, меравам, агар наоянд бо шавҳарам намеравам. Ман медонам, ки фарзандонам барои бурданам намеоянд. Боз суол кардем, ки  чаро? Ӯ оҳи сарде кашида гуфт: «Ман соҳиби 7 фарзанд будам, ки аз шавҳарам ҷудо шудам. Вақте суд моро аз ҳам ҷудо кард, чор фарзандам бо ман монданду се кас бо падарашон. Хулоса, ман боз шавҳар кардам, аммо фарзандонам инро намехостанд. Барои ҳамин маро бад мебинанд ва омада маро аз ин ҷо намебаранд»

 Фикр кардем, ки дарҳо бастаанд

Дарҳои маркази минтақавии хидматрасонии иҷтимоӣ барои нафақагирон ва маъюбони шаҳри Душанбе ҳамеша барои ҳама боз ҳаст. Агар касе хоҳад, ки аз ҳоли ин ашхоси бечора воқиф шавад, метавонад бе ҳеч мамоният вориди ин ҷо гардаду бо онҳо ҳамнишин бошад ва  кӯмаки худро барояшон расонад. Воқеъан ҳам чунин аст. Мо раҳораҳ фикр мекардем, ки чи гуна ба он ҷо ворид шавем. Воқеъан ҳам фикр мекардем, ки дарҳои он ҷо бастаанд. Аммо чунин набуд, вақте мо вориди он даргоҳ шудем, касе аз мо чизе пурсон нашуд, танҳо посбон аз мо пурсид, ки бо кадом сабаб ин ҷо омадем? Гуфтем, ки хабаргирии ҳамин пирони ин ҷо буда омадаем ва бо ҳамин сӯи онҳо роҳӣ шудем.

Ҳеч падару модар бадии фарзандашро намехоҳад ва фарзанд ҳам нисбати тақдири волидони хеш бетафовут нест, вале баъди рафтан ба хонаи пиронсолон ва аз ҳоли онҳо воқиф шудан маълум гашт, ки воқеъият чунин нест. Зиндагӣ модаронро маҷбур мекунад, ки ба хотири фарзандонашон ба ҳар мушкилот сабр кунанд. Шабҳо хоб нарафта баҳри онҳо суруди дилнишини “Алла” мехонанд то ҷигарбандашон осуда хоб кунад. Барои ба воя расонидани онҳо чӣ гуна азобҳоеро, ки ба худ раво намебинанд, кӯшиш мекунанд, ки фарзандаш азоб накашад. Аммо бархе аз фарзандон ҳамаи ранҷҳо ва азобҳои кашидаи волидайнро ба гӯшаи  фаромушӣ супурда, аз нигоҳубини онҳо даст мекашанд ва дар душвортарин ҳолат дар дами пирӣ ва ҳангоми маъюб буданашон онҳоро аз хона меронанд ва ҳатто латукӯб карда, оварда ин ҷо, ба хонаи пиронсолон мепартоянд. Инро аз гуфтаи он нафароне, ки дар хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе сукунат мекунанд, фаҳмидан мумкин аст.

 Модаре, ки ҳамеша «Чужой» буд

Як мусаввара ё нақшеро кашидан хеле душвор, вале вайрон кардани он осон аст. Оила низ чунин аст, модарон нармдиланд ва метавонанд меҳрашонро ба ҳама фарзандон баробар  тақсим бикунанд. Аммо фарзандоне низ ҳастанд, ки шояд ба ҷои меҳр додан меҳри волидонро ба худ қабул намекунанд. Холаи Зуҳро низ аз қабили ҳамин гуна модарон аст, ки меҳр додааст, вале меҳр нагирифтаст. Соли 1984 бо марде, ки соҳиби 8 фарзанд буд, издивоҷ кард, ки фарзанди аз ҳама хурдиаш дар ҳамон замон чаҳор сол доштааст. Холаи Зуҳро худаш дар ин бора чунин мегӯяд. «Ман сокини кӯчаи Саҳбо, хонаи 436.

Ду сол мешавад, ки дар хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам.

Соли 2006 фарзандон маро аз хона берун карданд. Аз он хонае, ки  бо маблағи ҷамънамудаам ва боз бо маблағҳои аз хоҳари шавҳарам қарз гирифтаам харида будам. Аз шавҳарам борҳо хоҳиш кардам, ки  ҳуҷҷатҳои хонаро ба номи ман гузаронад, имрӯз- пагоҳ гуфта, баҳонаҳо пеш меовард. Ахиран суд маро иҷоранишин гуфта, аз хона берунам кард. Ман бо чи роҳҳое он маблағро ба даст оварда, хона харида будам.  Акнун имрӯз ман хона надорам. Ба суд муроҷиат кардам, гуфтанд, ки ин хонаро худи онҳо сохтаанд, аз ин рӯ он хонаро ба ту намедиҳем. Як хона бароям ҷудо карданд, дар пушти ҳамон хона, ки ду метр аст, на роҳрав дораду на ташноб. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар дастам аст, аммо намедонам ба куҷо равам, чӣ кор кунам. Чанд муддат дар беморхона будам, аз беморхона баромада ба хонаам рафтам. Писарам Расул латукӯбам кард. Рустам низ азобҳои зиёдам додааст, он қадар латукӯбам намуданд, ки маъюб шудам. Як духтари шавҳарам ба такрор мегуфт, ки ту доим барои мо «чужой» будӣ. Одами бе фарзандро ҳеҷ кас нигоҳ намекардааст, ин қадар азобҳое, ки кашидам, касе ба додам нарасид. Ҷони сияҳ кандам, фарзандони шавҳарамро фарзанди худ хондам, аммо онҳо маро ба ҷои модар қабул накарданд.

 Фарзандамро партофта куҷо равам?

Ман худам фарзанд надорам, як бачаро аз модараш дар вақти ду ҳафта буданаш гирифта будам, ҳашт сол тарбия кардам, аммо гап намезанад, ӯро дар хонаи кӯдакони Чорбоғ мондаму худам ин ҷо зиндагӣ мекунам. Як бародар дорам, ки дар шаҳри Норак зиндагӣ мекунад, хоҳарам бошад дар Маскав аст. Чандин маротиба маро ба хонааш даъват кард, вале нарафтам. Ду- се ҳафта пеш маро аз телевизион нишон дода буданд, бародарам инро дида хоҳиш кард, ки фарзандатро он ҷо мону худат биё, аммо розӣ нашудам. Мехоҳам як ҷое бошад, ки худам бо кӯдакам зиндагӣ кунам. Фарзанди безабонамро чӣ гуна партофта равам, ман дар ин ҷо ҷӯроб бофта, бо маблағи 10 сомонӣ мефурӯшам ва ҳар ҳафта ду- се маротиба назди писарам меравам. Ба ӯ чизҳои лозимиашро харида мебарам. Шароити ин ҷо хеле хуб аст. Инро Зуҳробону ба мо нақл мекарду беист ашки чашмонаш рухсораҳояшро мешӯст, акси писари безабонаш Умедҷонро гирифта мебӯйиду мебӯсид.

 Ман аз зиндагӣ умедамро кандаам

Pironsolon_01Ҳангоми хӯрокхӯрии онҳо дар чошт мо низ вориди ошхона шудем. Он ҷо ҳама нишастагон кӯҳансолон буданду як марде диққати моро ба худ  ҷалб намуд, ки дар муқойиса бо дигарон хеле бардам ва ҷавонтар ба назар мерасид. Ӯ бо забони русӣ аз мо пурсид, ки «Чӣ овардед?» Заноне, ки ҳамроҳи мо буданд, гуфтанд, ки инҳо журналистанд ва ӯ гуфт, ки узр мехоҳам ман фикр кардам, ки намояндагони ягон ташкилоти хориҷиеду  хӯрданӣ ё пӯшидание овардаед. Ӯ ғайр аз он ки хӯрокашро истеъмол кард, боз ҳам дар зарфи плостикие бо худ хӯроки захира гирифт. Пас аз сӯҳбат бо ӯ маълум гашт, ки ин мард Маҳмуд Ҷӯраев буда,  55 сол умр дорад ва  дар наздикии бозори “Султони Кабир” бо модари бемораш зиндагӣ мекардааст. Он хӯрокеро, ки ҳамроҳаш гирифтааст, барои модараш мебурдааст. Бо суоли он ки чаро як марди бардам ба назар мераседу дар ҷое кор намекунед, гуфт, ки «шумо дуруст гуфтед, аммо қалбам маро намегузорад, ман бемории дил дорам ва дардаш дар ҳар лаҳзае метавонад хуруҷ кунад. Ман вақте шаб хоб меравам, пагоҳ хестанамро умед надорам.” Аз гуфтаҳои амаки Маҳмуд мепурсем, ки оё ӯ фарзанд надорад, ки дар чунин ҳол дастгираш бошанд, гуфт, ки ман фарзандамро намешиносам, аз зани аввалаам як духтар доштам, ҳамагӣ се сола буд, ки зани дигар гирифтам. Бо ҳамин дигар зани авваламро надидам, зани дувумам маро баъд аз чанд соли зиндагӣ партофта рафт.

 «Ба мо пула Худо дод»

Ибодат Умурзоқова, як тан бошандаи дигари хонаи пиронсолон мегӯяд, ки вақте сину соли одам ба ҷое мерасад, фикррониаш мисли кӯдакон мешавад, шояд як каме сода низ шудаем. Шояд ин зудбоварии холаи Умурзоқова нишони солхӯрдагиаш бошад. Ибодат Умурзоқова дар сӯҳбат бо он зудбовариаш гуфт: Ман аввал дар маҳаллаи Қазоқон танҳо зиндагӣ мекардам. Ҳамсояҳоям маро бо фарзандонашон дар кӯчаву бозор дида латукӯб мекарданд “ту беватанӣ, ту бесоҳиб” мегуфтанд ва мехостанд хонаву ҷойи маро аз худ кунанд. Аз он ҷо намедонистам ба куҷо равам, хонаамро на мемонданд, ки фурӯшам ва на мемонданд, ки иваз кунам. Ман аз шавҳар барвақт ҷудо шуда будам, як духтарча доштам, ки ӯ низ вафот кард. Хонаам аз падару модарам ба ман мерос монда буд. Маҷбур шудам, ҳавлиамро бо хонаи якҳуҷрагие, ки дар  кӯчаи Раҳмон Набиев воқеъ буд, иваз намоям. Якуним моҳ дар онҷо зиндагӣ кардам. Дар ин ҷо низ ҳамсояҳо фаҳмиданд, ки ман танҳоям аз пайи ба даст даровардани хонаам шуданд. Ҳатто дар бораи як нафари онҳо, ки шогирди мактаб буд, ба директори мактаб шикоят кардам. Директор ба сӯи ман хандида, “Ту беваи шалақӣ” гуфт. Ба суд шикоят кардам, ҳамсояҳо рафта тарафи ӯро гирифтанду дар ин миён ман айбдор шуда мондам. Парвинаи дугонаам бо падараш бо ман хеле меҳрубонона рафтор мекард, ӯ маро ба хонааш овард, ки танҳо зиндагӣ накунам. Гуфт, ки дар хонаи мо баҳузур нишаста шеърҳоятро навиштан мегирӣ, ман барои ту хидматгор мешавам. Онҳо хеле фақирона зиндагӣ мекарданд. Баъд аз чанд рӯз онҳо ба хонаашон усто оварда, ба таъмири хона сар карданд. Аз Парвина пурсидам, ки “шумо аз надоштани маблағ менолидед, аз куҷо пул ёфтед, ки хонаатонро таъмир мекунед?” Гуфт, ки “Апаҷон, ба мо пула Худо дод”. Он замон чизе, ки мегуфтам, онҳо зуд иҷро мекарданд, ман ҳатто аз чунин меҳрубонии онҳо дар ҳайрат будам. Бехабар аз он ки  муддати дар хонаи онҳо буданам, он худонотарсҳо хонаи маро фурӯхтаанд. Пас аз фурӯхтани хона муносибати онҳо бо ман тағйир ёфт. Ҳар рӯз бо ман ҷанҷол мекарданд, дар ин миён ман хостам, ки ба хонаам баргардам, маро падараш зери мушту лагад гирифт, ки хонаат нест, ту куҷо меравӣ. Он вақт фаҳмидам, ки маро фиреб додаанд. Акнун якуним сол шуд инҷоям, аз пайвандону хешонам касе нест, ки ба ман барои гирифтани хонаам кӯмак кунад.

Ibodatkhola_02Дар ин марказ ҳамаи шароитҳо барояшон муҳайёанд, аз чизе танқисӣ намекашанд. Аммо он ғамхорие, ки пайвандонашон бояд нисбати онҳо бикунанд, аз дасти кормандони ин марказ намеояд, ҳарчанд мехоҳанд барои онҳо коре кардан. Андешаи он ки оё кадом фарзанд ҷуръат мекунад, ки ба модар ё падараш чунин рафтор бикунад дар сар чарх мезанад, аммо ҷавоб ёфтан ба ин суол хеле мушкил аст. Лек аз дасти фарзанди худобехабар ҳар кор меомадааст. Ҳарчанд бархе аз онҳо одамони бе хонаву дар ва бе фарзанд бошанд ҳам ва ночор умри худро дар ин ҷо сипарӣ мекунанд, аммо бештаре аз онҳо соҳиби нӯҳ ё ҳафт фарзанд мебошад, ки аз ҳоли онҳо боре ҳам хабар намегиранд. Ва бояд бигӯем, ки ҳар чӣ кишт кардӣ, оқибати кор ҳамонро медаравӣ. Агар чунин фарзандон каме ҳам бошад бар умқи ин панд фурӯ рафта бошанд, маънии онро албатта дарк мекунанд. Аммо вой бар ҳоли он фарзанд, ки чизеро дар ин маврид дарк намекунад. Сӯҳбати мо ба охир расид. Мо бо онҳо хайру хуш намудем, аммо онҳо бо умеде ба сӯи мо менигаристанду ашк мерехтанд. Яке бо умеди оне, ки мо мушкилоти онҳоро ҳал мекунем, дигаре фикр мекард, ки фарзандаш ин навиштаҷоти моро хонда Худо тавфиқаш медиҳаду ба дидорбинии онҳо меояд.

Алии Бедакӣ ва падарбезор, ҳарду ҷинояткор!

PS: Вақте ин матлабро барои чоп ба «Миллат» супурдем, аз тариқи Интернет хабар ёфтем, ки Музаффар Давлатов, мӯйсафеди 75 солаи раштӣ, падари ситезаҷӯйи мусаллаҳу мухолифи давлат Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ки тайи шаш моҳи ахир дарди сари зиёд иҷод карду хунҳои ноҳақи бисёре рехту дар ибтидои моҳи январи соли равон аз ҷониби нирӯҳои интизомии кишвар дар як задухӯрди мусаллаҳона дар ноҳияи Рашт ба қатл расид, боздошт шудааст. Мақомот як сабаби боздошти падари Алии Бедакӣ, ин пири по бар лаби гӯр расидаро дар он медонанд, ки аз аъмоли хабиси фарзандаш медонистаасту ба ниҳодҳои амниятӣ хабар надодааст ва ӯ барои “хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди содиршавии ҷиноят дастгир карда шудааст.»  Вале суъол ин ҷост, ки чаро ин падари пиру нотавон барои аъмоли ношойиста ва ғайриинсонии фарзандонаш бояд ҷавоб гӯяду он нохалафе, ки падар ё модари солхӯрдаву дардманд ва мӯҳтоҷи ғамхории хешро ба хонаи пиронсолон бурда мепартояду худ роҳат айшу ишрат мекунад, бояд беҷазо монад. Вале кистанд он ноҷавонмардону номардумҳо, фарзандони нохалаф, ки ба дарки нигоҳубини падару модар дар айёми пирӣ намерасанд. Пас, онҳоеро ҳам, ки дар нисбати нигоҳубини волидон бемасъулиятӣ, (Куҷо бемасъулиятӣ, ин ҷиноят аст!)  мекунанд, бояд мисли падари Алии Бедакӣ боздошт гарданд ва ба сахттарин муҷозот кашида шаванд. Пешниҳоди мо ин аст, ки ҳар фарзанде нисбат ба падару модари хеш беэҳтиромӣ мекунад, аз нигоҳубини ишон сар мепечад ва билохира онҳоро ба хонаи пиронсолон ҷой мекунад, бояд сахт муҷозот шавад. Ҳар фарзанде, ки волидони хешро ба хонаи пиронсолон бурдааст, бояд ҷояш кунҷи тори зиндон бошад, шояд дар маҳбаси сарду тору ҳавлнок падару модари дар ғарибхона будааш ба ёдаш бирасад ва аз кардаи хеш ангушти надомат бигазад. 

Шояд сахт гуфтем, аммо чаро падарон масъули гуноҳи фарзандонанду фарзандони ҳақношинос волидайнро аз ҳақи зистан дар кулбаи худ, ки барои ободии он заҳмати як умри инсонро кашидаанд, маҳрум месозанд?

Фархундаи  ФУРҚАТ, Ниҳонии  ҚАДАМ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97