Соҳиби хона шудан хоҳед, хитойиро шӯй кунед!

Иҷтимоъ 04.02.2011 09:31

14592_bМардони баномуси миллатро шавҳари хориҷӣ кардани духтарони тоҷик шояд ба ташвиш овардааст, ки ахиран тағйироту илова бар Кодекси оила дар парлумони кишвар барои баррасӣ пешниҳод шуд.

Аммо чаро ин ки рӯз то рӯз сафи пирдухтарон, фоҳишаҳо ва муҳоҷирзаноне, ки барои дарёфти рӯзӣ ба хориҷи кишвар мераванд ва ҳуқуқи даҳҳо заноне, ки ҳамсари дуюму сеюму шояд чоруму панҷум мешаванд, поймол шудаву аксар бадбахт ҳам шудаанд, кам касонро аз мардони минбарнишини мо ба ташвиш меорад?

 Шавҳари хориҷӣ: кӣ зид, кӣ тарафдор?

Ба иттилои вазорати адлияи кишвар дар муддати панҷ соли ахир ҳудуди 2 ҳазору 700 шаҳрванди хориҷӣ бо духтарони тоҷик издивоҷ карда, 600 нафар талоқ гирифтаанд.

Ҳамчунин ба қавли ин мақомот шаҳрвандони Тоҷикистон бештар бо шаҳрвандони Чин, Афғонистон, Ирон, Туркия, Ҳинд ва Покистон оила барпо мекунанд.

Бо ҳамин сабаб Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири Парлумони кишвар зарурати ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ ворид кардани тағйиротро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешниҳод кард.

Дар пешнависи ин санад, ки ба Маҷлиси намояндагон ироъа гардидааст, шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми бо шаҳрванди Тоҷикистон оила барпо кардан, бояд ду шартро риоя намояд. Аввал ин ки бояд дар як соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад ва дуввум аҳдномаи дуҷонибаро ба имзо расонад, ки хариди манзили истиқоматии шахсӣ барои ҳамсараш яке аз шартҳои асосии он ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, вакилони парлумон бо як овоз хостори эҷоди маҳдудият дар издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиён шудаанд.

Аз ҷумла, Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили мардум ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз пешниҳоди қаблии давлати Тоҷикистон дар бораи се соли иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар  кишвари мо барои издивоҷ пуштибонӣ кардааст.

Зимни баррасии ин масъала вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки дар бархе мавридҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳадафмандона ва боғараз, аз ҷумла дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон ё будубоши муваққат дар кишвари мо бо духтарони тоҷик издивоҷ мекунанд.

Ин ҷост, ки саволе матраҳ мешавад, дар ҳоле ки шаҳрвандони Тоҷикистон тарки ватан мекунанд, шаҳрвандии Тоҷикистонро гирифтани хориҷиён чӣ зарурат дорад ва бо чӣ ҳадафе сурат мегирад?

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон муқаррар кардани мӯҳлатро то се сол тӯлонӣ хонда гуфтааст, ки мумкин аст дар ин муддат тарафҳо танҳо никоҳи исломӣ карда ва баъдан ин хонаводаҳо аз ҳам ҷудо шаванд.

Аммо намояндаи президент дар Маҷлиси намояндагон Ҷумъахон Давлатов изҳор доштааст, ки бояд дар Кодекси оила мафҳуми «таъмини манзил» мушаххас шавад. Зеро имкон дорад шаҳрванди хориҷӣ манзилеро кироя гирифта, пас аз талоқ ҳамсару фарзандонаш бидуни сарпаноҳ монанд.

Шукурҷон Зуҳуров банди марбут ба таъмини манзили хусусӣ барои ҳамсари тоҷики шаҳрвандони хориҷиро то андозае мушкил дониста, онро навъе нақзи ҳуқуқи хориҷиён унвон кардааст.

 Тоҷикон бештар талоқ медиҳанд, то хориҷиён

Ба гуфтаи масъулони вазорати адлия ҳарчанд қарордоди издивоҷ дар кишвар аз соли 1998 ҷорӣ шудааст, аммо бештари арӯсу домодҳо аз он сарфи назар мекунанд. Вақте қарордоди мавҷударо касе риоя намекунад, чӣ ҳоҷат боз ба тағйирот ворид кардан аст?

Бояд гуфт, ки чун  мехоҳанд дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик, ба хусус занҳо  гоми муҳим бигузоранд, бояд миёни зану шавҳари тоҷик ҳамчунин аҳдномае дар бораи масъулияти тарафайн баста шавад. Зеро сафи занҳои талоқдида аз шавҳарони тоҷик сол ба сол афзоиш ёфтаву касеро ин ба ташвиш намеоварад. Масалан, тибқи омор аз соли 1998 то 2009 дар ҷумҳурӣ шумораи талоқ ба 5 ҳазору 593 адад расидааст. Аммо тибқи иттилоъи Кумитаи занон ва оила дар соли 2010- ум 100 ҳазору 440 адад ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 6 ҳазору 125 ҳолати талоқ воқеъ шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 284 ҳолат зиёд аст.

Акнун агар муқоиса бикунем, дар давоми панҷ сол аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 600 талоқ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ду соли охир 2000 никоҳи хориҷиён бо арӯсони тоҷик сабти ном шудааст.

Ба қавли Сумангул Тағоева ин теъдод бештар ҷавонон ҳастанд ва он никоҳҳое мебошанд, ки расмӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аммо ин теъдод танҳо аз рӯи никоҳҳои расмӣ муайян гардидааст, пас аз рӯйи никоҳҳои ғайрирасмӣ, яъне никоҳи мусулмонӣ талоқ бешумор аст. Чаро вакилон сари он намеандешанд, ки шавҳарони тоҷик низ бе додани манзили зисту бе бастани кадом шартномае аз ҳамсаронашон ҷудо шудаанд?

Агар ин қадар дар ҳаққи занону духтарони миллат ғамхорем, пас бояд барои рафъи мушкилоти издивоҷҳои дохилӣ аввалтар бояд чора биандешем. Пас аз он ба издивоҷи арӯсон бо хориҷиён.

 Омилҳои зиёд шудани пирдухтарон

Оё воқеан сол то сол шумори занону духтарон нисбати мардон зиёд мешавад? Чаро духтарони тоҷик майл ба шавҳарони хориҷӣ мекунанд? Кадом омилҳо ва сабабҳо бойиси он мегарданд, ки як духтари мусалмони тоҷик сар ба болини як ҷаноби хориҷӣ мегузорад? Сабабгори бадбахтии занону духтарон чӣ ва ё кӣ буда метавонад?

Агар дар маҷмӯъ ба ин саволҳо ҷавоб биҷӯем, боз ҳам сабабгори асосӣ фақр, бенавоӣ ва мушкилоти иқтисодист.

Вазъи бади иқтисодӣ ҷавонмардони баору номуси миллатро маҷбур кардааст, то аз ватану азизони худ барои солҳо дур бошад. Ҳатто бархе ногузир ба русдухтарон издивоҷ кардаву фарзанддор шудаву абадан дар дом банд мондаанд.

Ва маҳз ҳамин муҳоҷирати бардавоми мардони кор занону духтарони тоҷикро рӯз то рӯз ба кӯйи бадбахтӣ мебарад ва ҷомеаро амиқан ба ботлоқи фаҳшу фасод мекашад. Гуфтем, ки як қисмати мардҳо дар хориҷ оила барпо карда, ба ватан барнамегарданд, қисмати дигар бо марги табиӣ ва ё иҷборӣ аз байн мераванд ва бештари ҷавонмардон ҳам, ки ин ҷо хонадор мешаванд, арӯсони муштипару нозбӯи худро бо падару модар гузошта ба Русия сафар мекунанд ва бархе ҳатто ба муддати чор - панҷ сол ба хона пас намеоянд. Ва натиҷа ҳамон телефонталоқҳои пайдарпай аст, ки ахиран боиси нигаронии ҷомеа ва мавриди баррасӣ дар расонаҳои мустақили кишвар гардидааст.

Раиси Кумитаи занон ва оила Сумангул Тағоева низ дар як нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки омили таъсиррасон дар аз ҳам пошидани низоми хонаводаҳо дар баъзе ҳолатҳо маҳз муҳоҷирати корист, зеро вақте ҷавонон танҳо никоҳи мусулмонӣ доранд ва чун ба муҳоҷирати корӣ мераванд, қисми зиёдаш тавассути телефонҳои мобилӣ ҳамсаронашонро талоқ медиҳанд.

Акнун ҳамаи ин омилҳо бойиси он гашта, ки қисмате аз мардҳои дар кишвар буда, аз ин фурсат сӯистифода бурда, бархе духтаронро ба худ маъшуқа сохтаанду қисмати дигарро пинҳонӣ зани дуюму сеюму… чорум кардаанд. Шояд занҳои дуюму сеюме, ки худро хушбахт бишуморанд ва аз ин тарзи зиндагӣ розӣ бошанд, аммо занҳои авали ин ҷавонмардон аз «кабутарони дубома»-и худ розианд?    Бисёре аз ин никоҳҳои ғайриқонунӣ ба мусибати занону фарзандони беҳуқуқи онҳо табдил мешавад. Иддае аз ин занони ноумедшуда, роҳ ба сӯи кӯчаи фаҳшу гадоӣ ва ноумедиву афсурдагӣ меоваранду тавакалан муҳоҷир мешаванд. Аммо намедонанд охири ин роҳ куҷост.

 Оғуши гарми шавҳари хориҷӣ беҳтар ё бистари сард?

Боре зимни мулоқоти Президенти кишвар бо тоҷикони муқими Русия аз ҷониби як нафаре масъалаи муҳоҷирати бемавриди бонувон бардошта шуд, ки баъдан Президент тақрибан ба ин маънӣ гуфта буд, ки ин ҳуқуқи ҳар нафари дар кишвари демократӣ зиндагӣ дошта аст ва мо наметавонем ҳуқуқҳои бонувонро поймол бикунем.

Тавре дар боло гуфтем, духтарони тоҷик ғайриқонунӣ зани дуюму сеюм шуда, аксар бадбахт мешаванд, пас беҳтар медонанд, ки ҷавонмарди хориҷиеро ҳамсар интихоб кунанд.

Яке аз дӯстонам мегӯяд, ки хориҷиҳо дар бисёр маврид бо муҳаббат ба духтарони тоҷик оила барпо мекунанд ва дар муҳаббату қавлашон сахт устуворанд. На вазъи оилавӣ ва на роҳи дур монеъашон намешавад. Масалан, ҷавони тоҷик гӯё дӯст медорад, аммо агар духтар аз кадом як гӯшаи дури кишварамон бошад, хароҷоти роҳро ҳисоб карда, аз дӯстдоштааш, аз бахташ даст мекашад. Ё ин ки дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки ҷавонони тоҷик ҳам вақте дӯст медоранд, тайёранд «аз осмон ситора биёранд», вале агар духтар дар хона ягон мушкили оилавӣ дошта бошад, «волидони ман аз чунин оила арӯс намекунанд»-гуфта, бори масъулияти муҳаббат карданро аз шонаҳояш холӣ мекунад.

Аз ин рӯ беҳтар аст, ки издивоҷ бар пояи муҳаббат сурат бигирад ва маҳрияее дар шакли шартнома бо ризоияти тарафайн ба имзо бирасад, ки дар ҳолати мушкил пеш омадан, тарафҳо аз ҳаққи худ маҳрум нашаванд. Хоҳ хориҷӣ аст ва хоҳ ҳамватан.

Зеро дини Ислом ҳам занро мавриди эҳтиром қарор додааст ва ба назар ва хости зан дар интихоби шавҳар, ки асоситарин марҳила дар зиндагӣ аст, эҳтиром мегузорад. Зеро ояндаи зан ба интихоби шавҳар вобастагӣ дорад. Ҳамчунин Ислом миллату нажодро намешиносад ва ҳарчанд зани мусалмон наметавонад бо ғайримусалмон оиладор шавад, аммо дар сурати Исломро қабул кардани як масеҳӣ ё ғайримусалмон ӯ метавонад, духтари тоҷики мусалмонро ба ҳамсарии хеш интихоб намояд.

Тавре дар боло дар мавриди муҳоҷират қайд кардем, барои он ки дар воқеъ сади роҳи ба қавле ин «зуҳуроти номатлуб» ё  ин ки вайроншавии генофонди миллиро бигирем, аввал бояд саноат ва иқтисоди кишварро барқарор созем  то ҳоҷат ба муҳоҷирати мардон ба хориҷи кишвар намонад. Зеро аз рӯйи ҳисоботи оморӣ танҳо дар нимсолаи аввали соли гузашта шумораи муҳоҷирони корие, ки ба Федератсияи Русия барои кор рафтаанд, 365 ҳазорро ташкил медод. Тибқи маълумотҳои охир то 1 январи соли 2011-ум ҷамъи умумии шумораи онҳое, ки  дар давоми сол ба Русия ва дигар кишварҳо барои кор рафтаанд, 735 ҳазорро ташкил мекунанд.

Дар ҳамин ҳол сатҳи зиндагӣ занҳоро ҳам бетараф нагузошта, шумораи муҳоҷирони корӣ аз ҳисоби занон низ сол то сол меафзояд. Ва аз рӯи варақаи муҳоҷирати корие, ки собиқ Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ ҷамъоварӣ кардааст, айни ҳол шумораи занҳое, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, афзоиш ёфта, 10-12 дар сади шумораи умумиро ташкил мекунанд.

Акнун мӯҳтарам вакилон бояд андеша бикунанд, ки воқеъият дар куҷост ва барои пешгирӣ намудани ин масъала аввал бояд кадом мушкилро ҳал кард?

Саида қурбонова

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97