Ҳамзабононро иттиҳоди Наврӯзӣ мебояд

Иҷтимоъ 29.01.2011 12:44

Ситоди Наврӯз дар Душанбе созмон ёфт

Navruzi_AjamДар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе барои дар сатҳи олӣ истиқбол гирифтани нахустин ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ситоди шаҳрӣ созмон ёфтааст. Раҳбарии ситоди мазкурро Насрулло Хайруллоев, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе бар уҳда дорад.

Ахиран Наврӯз аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд ва имсол ин ҷашни қадимаи ориёиҳо барои нахустин бор дар шаҳри Душанбе дар сатҳи байналмилалӣ бо ҳузури меҳмонони баландпоя ва намояндагони кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, дар Наврӯзгоҳи Душанбе таҷлил хоҳад шуд.

Наврӯз хуҷаста бод!

 

Ҳамчунин ворисони ҷашни бошукӯҳи Наврӯз дар саросари ҷаҳон барои пешвози ин ҷашни ҷаҳонӣ тараддуд доранд. Номае, ки аз Ландан аз ҳамзабонони гиромӣ дарёфт кардаем, барои шумо пешкаш мегардад.

Ё даъвате аз ҳамдиёрону ҳамфарҳангиён сари таҷили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз

Ситоди баргузории Наврӯз, ки ба таърихи 18 ноябри соли 2010 ба ҳиммати ҳамфарҳангиён дар мақарри мадрасаи Фирдавсӣ дар Лондон таъсис шуд, бо судури ин иттилоия барои баргузории маросими Наврӯз пешниҳодотеро ба ин иртибот барои ҳамфарҳангиён ва ҳамзабонони арҷманд мунташир мекунад. Ва аз мардуми бофарҳанги мо «дар остонаи фаро расидани Наврӯз ва оғози соли 1390 (мутобиқ ба соли 2011- и милодӣ) зимни ҳурмат ниҳодан ба ин ойини миллӣ ва ҷаҳонӣ, боарзиштарин ва беҳтарин ҷашнвора дар таърихи башарият хоҳиш менамояд то аз ҳар навъ омодагӣ, ки ҷашни Наврӯзро боаҳамият ва боарзиш ҷилва диҳад, дареғ наварзанд ва аз ин рӯзи муқаддас, ки беҳтарин ҷашн дар фарҳанги мо аст, ба беҳтарин ваҷҳ истиқбол намоянд. Ба қавли донишмандон ва пажӯҳишгарон чун ҳамин фарҳанг аст, ки ваҷҳи тамоюзи  инсон бо ҳайвон аст. 

Матни иттилоъия бад ин шарҳ аст: 

Ҳамватанони азиз, посдорони фарҳанги хуршеду мардумони сарафроз, бародарон ва хоҳарони мӯҳтарам!

Инак, ки дар остонаи фаро расидани Соли нави 1390 ва оғози сабзтарин фасли сол ҳастем, зимни орзуи соле сабз, пурбаракат, муваффақияту нишот, пешниҳодоти зеро ба огоҳиятон мерасонем:

1.        Чун дар остонаи беҳтарин ҷашни ҷаҳон, ки Наврӯз мебошад қарор дорем, ба манзури баргузории ин ҷашни бузуруг ба таври зебо ва муҷаллал ва зеботару муҷаллалтар аз гузашта аз тамоми посдорони Наврӯз дар ҳар куҷое дунё, ки ҳастанд, хоҳиш мегардад зимни бузургдошт ва посдошт аз Наврӯз (ин ҷашни бостонӣ ва мероси аҷдоди мо) ва талош барои таҳаққуқи ормонҳои мардуми мо (озодии фарҳанг, ҳунар, ҳувият, адолат ва демукросӣ) омодагии ҳамаҷонибаро эълом намоянд.

2.        Дар ҳоле ки ифротизм ва саҳунизм ва кӯҳнафикрон бо истифода аз муллоҳои бесаводу бехирад, ки ҳеҷ гуна огоҳӣ аз таърих, фарҳанг ва масоили ҳувиятӣ надоранд, талош мекунанд то азҳони мардуми фарҳангдӯсти кишварҳоро мағшуш ва гич сохта ва бо таблиғоти хасмонаашон ҷашни Наврӯзро камранг бисозанд, бино ба сифати инсонҳои бофарҳанг ва мусулмон зарур аст омодагии хешро барои истиқболи гарм аз Наврӯз ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар эълом бидорем.

3. Ситоди баргузории Наврӯз дар Лондон зимни омодагӣ барои баргузории бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ин беҳтарин ҷашн дар сайёраи мо аз тамоми посдорон ва дӯстдорони Наврӯз хоҳиш мекунад, азми худро барои ин ҷашни бузург ба намойиш бигузоранд ва дар остони Наврӯз аз ҳамин акнун бо доир намудани маҷолис талош намоянд, монанди сойири мардумони бофарҳанги ҷаҳон омодагии лозим барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзро дошта бошанд, то тарзи андеша ва афкори кӯдакони моро аз бефарҳангӣ ва беҳувиятӣ наҷот дода бошем.

4.        Дар маросими Наврӯз, зимни ҳурмат ниҳодан ба фарҳанги чандинҳазорсолаи мо аз чеҳраҳои ҷаҳоншинос монанди Умари Хайём, Ибни Синои Бухороӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Саъдӣ, Абурайҳони Берунӣ, Робиаи Балхӣ, Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Дақиқӣ, Убайди Ҷавзҷонӣ, Бедил, Унсурии Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Шаҳиди Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Заҳири Фориёбӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Низомии Арӯзӣ, Ҳамидуддини Балхӣ, ва ҳазорон ҳазор олиму донишманди саршинос, ки имрӯз бойиси ифтихори мо ҳастанд, бояд ёдоварӣ гардад.

5. Ҳадяи мо ба якдигар барои Наврӯзи 1390 ва ё ҳар ҷашни дигари миллӣ ва давлатӣ бояд як китоб бошад, яъне мешавад китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бошад, рубоиёти Умари Хайём, «Гулистон»- и Саъдӣ, «Девони Хоҷа Ҳофиз», «Маснавии маънавӣ», ё осори Бӯалӣ Сино, ҳикмат ва фалсафаи Абурайҳони Берунӣ, «Таърихи Табарӣ», «Фарҳанги Амид», «Ғиёс- ул- луғот» ва ё «Сафарнома»-и Носир Хусрав бошад ва ё як аз ҳазорон китобҳои муҳиму гаронарзиши дигари форсӣ.

6.        Ба ҳангоми таҷлили ҳар ҷашне барои комгорӣ ва расидан ба озодии фарҳангӣ, ҳунарӣ ва шинохти миллӣ, барои рушду рифоҳи миллат ба даргоҳи Эзиди мутаъол дуъо бикунем.

7.        Ба нишонаи ёде аз шуҳадои ҳамешаҷовидони мо, ки ба хотири дифоъ аз арзишҳои инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва таъмини демукросӣ, ки тавассути фарҳангситезон ва низомҳои ғайридемукротӣ ва мустабид ба шаҳодат расидаанд, шамъҳоро бояд равшан афрӯхт.

8.        Ба нишонаи ҳамроҳӣ бо кишоварзон ва боғдорон дар кишвар ва эътироз ба сиёсатҳои ғалат ва хушунатбори давлатҳои кӯҳнафикр дар арсаи бозсозӣ ва тавзеъи ғайриодилона кӯмакҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ шиъорҳо ва пустарҳои бояд омода шавад.

9.        Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти амниятӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва маъишатӣ бисёре аз ҳамфарҳангиёни мо дар маърази душвориҳои сангин қарор доранд ва рӯзҳои душвореро сипарӣ менамоянд. Бо ҳамгироии бештар ва бо ёрии худованд ва ҳамватанони бо эҳсос бояд барои ояндаи беҳтар биштобем.

norooz110. Ситоди баргузори Наврӯз бо таваҷҷӯҳ ба арзиши ин ҷашни бузург ва эҳтиром ба фарҳанги зебои мо аз тамоми фарҳангиёни арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамояд, то дар баргузории ҷашни Наврӯз ин ситодро ёрӣ ва ҳамкорӣ расонанд. Ин ҳамкорӣ метавонад хондан ё ирсоли шеър бошад ё ирсоли мақола дар бораи таърихи Наврӯз ва фарҳанги ҳақиқии мо, ё дизойн (ороиш)- и толор мутобиқи ҷашни Наврӯз ё наққошӣ, рассомӣ, овозхонӣ, ҳамкорӣ дар таҳияи ҳафтсин, намойишнома ва ғайра кӯмакҳои дигар.

Бо орзуи озодӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва сарбаландии ҳамфарҳангиён, ҳамзабонон ва мардумони бо фарҳанги дар ҳар куҷо, ки ҳастанд, ва ба орзуи баргузории Наврӯзи хубтар, беҳтар ва муҷаллалтар аз ҳар соли дигар.

Ҳар рӯзатон Наврӯз ва Наврӯзатон пирӯз бодо!

 

Дуктур Нурулҳақ Насимии Хуросонӣ,

Ситоди баргузории Наврӯзи Лондон.

 

 


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97