SOS: «Вирус»- и бачакуш дар Хатлон

Иҷтимоъ 26.01.2011 19:11

Virus_bachakushИсқоти ҳамл дар гузаштаи начандон дур барои мардуми мусалмони тоҷик як фоҷиаро мемонд ва он уболи сахт дониста мешуд. Бо мурури замон ва раванди ҷаҳонишавӣ барои ҷомеъаи Тоҷикистон низ исқоти ҳамл ба як амали муқаррарӣ табдил ёфт.

Бинобар гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустии Хатлон исқоти ҳамл бо иҷозаи бонувон бо далелҳои иҷтимоӣ ва ё носолимии зан амалӣ мешавад. Омили дуввуми исқоти ҳамл ин бидуни ихтиёри занони ҳомила рух медиҳад. Яъне бинобар таъсири ин ё он беморӣ ва ё фишори ҷисмонӣ ҳомиладории зан қатъ мешавад. Гарчанде дар сатҳи вилоят масъулини соҳаи тандурустии Хатлон нишондоди исқоти ҳамлро рӯ ба пойин арзёбӣ доранд, аммо дар навоҳии гуногуни Хатлон ин арқом ташвишовар ба назар мерасад.

 Бонувони Қумсангир аз ҳамсарони «шӯх» сироят шудаанд

Фирӯза Шамсова, роҳбари беморхонаи ноҳиявӣ ё худ менеҷери сохтори госпиталии ноҳияи Қумсангир иброз медорад, ки дар соли 2010 дар ноҳияи Қумсангир бачапартоии занони ҳомиладор зиёд ба назар мерасад. Мутаассифона мо бонувонеро низ ба қайд гирифтем, ки 4-5 маротиба пайваста тифлони батни худро аз даст додаанд. Чунин ҳолатҳо ба солимии занон хатари зиёд дошта, ҳатто бойиси безурётии онҳо мегардад. Агар дар як соли охир 76 ҳолати исқоти ҳамл ба қайд гирифта шуда бошад, аз ин теъдод 80 дар сади он бидуни ихтиёри занон рух додааст.

Ба гуфтаи Фирӯза Шамсова барои таҳқиқ хуни бонувоне, ки пайваста исқоти ҳамл ё худ «бачапартоӣ» доранд, ба бемористони ҷумҳуриявӣ фиристода шуда буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби бачапартоии бонувон ин сироятшавии онҳо ба вируси «Цитомиголовирус» ва дигар вирусҳое мебошад, ки шавҳарони онҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия сироят шудаанд. Дар ҳоле ки соли 2010 дар ноҳия 2671 нафар бонувон фарзандони солим таваллуд кардаанд, ин нишондоди бачапартоии бонувони ноҳия ташвишовар арзёбӣ мегардад. Дар солҳои пеш сироятшавии бонувон ба ин гуна вирусҳо камтар буд ва мусаллам аст, ки сабабгори афзоиши сатҳи занони гирифтори ин вирусҳои барои ҳомиладорӣ хатарнок аз ҳисоби шавҳарони онҳо мебошад, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

 Дар Қӯрғонтеппа ин вирусро «худӣ» мегӯянд

UlmasoyДар ҳамин ҳол Улмасой Раҷабова, директори маркази солимии репродуктивии шаҳри Қӯрғонтеппа иброз медорад, ки манбаи хуруҷи вирусҳое, ки бойиси исқоти ҳамли занон мегардад, на Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ, балки бадани худи инсонҳо мебошад.

Сабаби зиёдшавии исқоти ҳамл ин як гурӯҳ бемориҳои вирусологӣ  аз қабили  «Ситогемоглобин» «Токсаплагмоз» «ГРПС», сироятҳои хломолидӣ ва «уроиплазмоз» мешаванд, ки онҳо дар таркиби хуни ҳар инсон вуҷуд дорад. Як омиле сабаб мешавад, ки дар таркиби хуни инсон «консентратсия»-и ҳамин вирусҳо зиёд шуда, ин вирус тариқи алоқаи ҷинсӣ аз зан ба шавҳар ва ё баръакс мегузарад, - мегӯяд Улмасой Раҷабова. Аммо ин вирусҳо табобатшаванда ҳастанд. Айни замон диспансери бемориҳои пӯсти вилояти Хатлон дорои таҷҳизоте мебошад, ки тавассути он чунин ташхисҳо гузаронида мешаванд ва гирифторони вирусҳои номбаршуда ба табобат фаро гирифта мешаванд. Дар таҷрибаи мо даҳҳо ҳолате шудааст, ки баъди ба табобат фаро гирифтани гирифторони ин вирус хонаводаҳо соҳиби фарзанди солим шудаанд.

 Ноҳияи Ҷомӣ: вирусро ҷавонмардон овардаанд?

Аммо мутахассиони соҳаи тандурустии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ба он боваранд, ки «вирусҳои бачакуш»-ро муҳоҷирони корӣ аз Русия овардаанд. Тӯҳфа Нозирова, сардухтури маркази солимӣ репродуктивии ноҳия дар ин бора чунин мегӯяд: «Дар бадани ҳамаи мо мавҷуд будани чунин вирусҳоро касе инкор намекунад. Аммо яке аз сабабҳои асосии бачапартоии бонувони деҳот ин шавҳарони онҳо мебошанд, ки дар Русия гирифтори ин беморӣ шуда, баъди ба хона баргаштан ҳамсарони худро сироят мекунанд». Ба гуфтаи Тӯҳфа Нозирова дар соли 2010 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар умум 148 ҳолати исқоти ҳамл ба қайд гирифта шудааст. Агар дар 80 ҳолат бонувон бо ихтиёри худ ҳамли худро исқот карда бошанд, пас дар 68 ҳолат исқоти ҳамл бо сабабҳои носолимии бадан, яъне бидуни ихтиёри бонувон рух додааст.

Мавсуф иброз медорад, ки бачапартоии занон сабабҳои дигар низ дорад. Баъзеи онҳо то имрӯз фосилаи таваллудро риоя намекунанд. Аз рӯи назарияи тиббӣ модарон баъди фарзанди аввалиро аз синамаконӣ ҷудо намудан, бояд ду соли дигар ҳомиладор нашаванд, то неруи бадани онҳо пурра барқарор шавад. Аммо ин қоидаҳоро бештари бонувони мо риоя намекунанд ва дар бештари маврид бадани занони харобу лоғар тавони бардошти ҳамлро накарда, тифли батнашонро исқот мекунанд.

Агар масъулини марказҳои солимӣ - репродуктивии шаҳрҳои вилоят омори исқоти ҳамлро дуруст ифшо карда бошанд, пас чунин менамояд, ки исқоти ҳамли ихтиёрӣ ва исқоти ҳамли аз асари ин ё он беморӣ дар ноҳияҳо ба хусус маҳаллаҳое, ки ҷавонмардонашон ба муҳоҷирати корӣ мераванд, бештар ба қайд гирифта шудааст.

 Рақами гуногун, андешаҳо мухталиф

Райҳона Мирзоева, директори маркази солимӣ - репродуктивии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар соли 2010 нишондоди исқоти ҳамл дар вилоят ба ҳар ҳазор нафар занони қобили таваллуд 69 ҳолатро ташкил медиҳад, ки ин нишондод рӯ ба пастравӣ дорад. Зеро дар соли 2009 исқоти ҳамл дар вилоят ба ҳар ҳазор нафар зани қобили таваллуд 84 ҳолатро ташкил медод. Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби 19 ҳазор нафар занони қобили таваллуд ҳамагӣ 19 ҳолати исқоти ҳамл ба қайд гирифта шудааст.

Дар ноҳияи сарҳадии Панҷ аз ҳисоби 23 ҳазору 500 нафар занони қобили таваллуд дар як сол 115 исқоти ҳамл ва ҷанин ба қайд гирифта шудааст. Бинобар гуфтаи Пирназар Сангов, роҳбари беморхонаи марказӣ ва менеҷери госпитали ноҳияи Панҷ агар дар 49 ҳолат исқоти ҷанин бо нишондиҳандаҳои духтурон бобати хатари ҳомиладорӣ барои солимии ин занон гузаронида шуда бошад, пас дар 66 ҳолат занон бидуни ихтиёр ҳомиладории худро аз даст додаанд.

Мутахассисон иброз медоранд, ки як сабаби афзоиши исқоти ҳамл дар баъзе аз минтақаҳои вилоят ин бармаҳал ба шавҳар додани духтарони ҷавон мебошад. Зеро вазъи иҷтимоии бештари мардум дар сатҳи паст қарор дошта, духтарони ҷавони ин гуна хонаводаҳо тавони бардошти ҳомиладориро надоранд. Улмасой Раҷабова, директори маркази солимии репродуктивии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки ӯ ҷонибдори боло бурдани синни хонадоршавии духтарон мебошад. Ба гуфти ӯ аслан синну соли фаъол барои таваллуд аз 20 то 35 солагӣ мебошад. Азбаски дар ҷомеъаи мо духтаронро нисбатан ҷавон ба шавҳар медиҳанду дар баробари норасоии витаминҳо дар бадан боз ҳам хонаводаҳо фосилаи таваллудро риоя намекунанд, хатари исқоти ҳамл онҳоро таҳдид мекунад.

 Даму нафаси мулло ва «Қайтарма»

Тибқи андешаи олимони риштаи дин исқоти ҳамле, ки баъди 120 рӯзи ҳомиладорӣ бо ихтиёри бонувон амалӣ карда мешавад, агар бинобар хатари ҳомиладорӣ ба солимии инсон бошад, ба қонуну қавоиди Ислом мухолифат надорад. Вагарна дар Ислом исқоти ҳамл мамнӯъ аст. Аммо пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва риояи фосилаи таваллудро муллоҳо низ раво донистаанд.

Ҷиҳати пешгирӣ аз исқоти ҳамли бидуни ихтиёри бонувон ё худ «бачапартоӣ», ки бинобар бемории занони ҳомила рӯй медиҳад, байни табибон ва муллоҳои «дамгар» андешаҳои гуногун ба назар мерасад. Зеро зимни пурсиши мо бештари занони ҳомиладор, ки барои пешгирӣ аз «бачапартоӣ» ба муллою эшонҳо муроҷиат мекунанд, маълум мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо «даму нафас»- и диндорон низ ба беморон кӯмак мерасонад. Метавон даҳҳо мисол овард, ки мегӯянд, бо истифода аз «оби дам», ё «қайтарма»- и муллоҳо занон соҳиби фарзанд шудаанд. Табибони хатлонӣ асрори даму дуои муллоҳоро ба эътимоду эътиқоди мардум ва эҳсоси бовари онҳо рабт медиҳанд. Аммо муллоҳои дамгар бошанд, алъон аз шарҳу тавзеҳи асрори даму дуо худдорӣ мекунанд. Шояд барои онҳо ҳамин эътимоду эътиқоди мардум, ки бар асари дуои даму нафаси онҳо фарзанддор мешаванд, кифоят бошад, ки ба ин баҳс ҳамроҳ шуданро раво намедонанд.

Вале дар вилояти Хатлон масоили исқоти ҳамл чӣ ихтиёрӣ бошаду чӣ бидуни ихтиёри занон ниёз ба тадқиқоти ҷиддӣ дорад. Зеро дар ҳарду маврид ин амал ба солимии зан модар хатар дорад. Дар кишварҳои дорои ҷомеъаи солиму мардумони огоҳу бомаърифат ба пешгирии ҳамли номатлуб диққати бештар равона карда мешавад ва занон камтар ба ҳолати исқоти ҳамл расонида мешаванд.

Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97