Қудуми «муборак» - и Шарифхон Самиев

Иҷтимоъ 21.01.2011 09:58

Ё барфи аввал борид масъулон баҳои ду гирифтанд?

 

Samiev_va_QurghanАхиран шаби 13 ба 14-ум январ дар хоки вилояти Хатлон аввалин бор дар зимистони имсол барф борид. Мушкили нахустине, ки дар рӯзи аввали барфӣ пеш омад, якбора се -чор баробар баланд шудани нархи роҳкиро

дар самти Қӯрғонтеппа-Душанбе буд. Субҳи барвақт дар терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа мошинҳои сабкурави мусофирбар барои як нафарро то Душанбе расонидан, аз 20 то 25 сомонӣ маблағ талаб мекарданд. Гӯё роҳи ағбаи Фахробод ях баставу барои гузаштан аз ағба на ҳар ронанда «дилу гурда» доштааст. Мошинҳои мусофирбари «ГАЗел» бошад, ҳаққи роҳкироро дар ин хати сайр 15 сомонӣ нарх гузошта буданд. Гарчанде хидматрасонӣ дар ин самт ба шакли хусусӣ гузаштаааст, аммо сохтори масъуле, ки роҳи зиёдаравиро дар чунин ҳолатҳо бигирад, шояд то ҳанӯз нест. Ё ҳаст?

-Ҳамаи ин мушкилот зарба ба ҷайби мардуми бечора мезанад, - шикоятро оғоз кард ҳамсафари мо ва идома дод; -Инҳо инсоф надоранд. Барф бориду онҳоро Худо «дод». Дирӯз нархи роҳкиро аз 8 то 10 сомонӣ буд, имрӯз бубинед, 25 сомонӣ барои расонидани як мусофир ба масофаи 80 км.  Ҳозир ин барф то пагоҳ об мешавад, аммо нархи роҳкиро дигар ба зудӣ паст намефарояд.

Дар роҳ алами мусофирон дучанд зиёд шуд, зеро роҳсозон роҳи мошингардро аз барф тоза кардаанду шароити ҳаракати мошинҳо мисли ҳаррӯза буд. Аммо на он рӯзу на фардои он рӯз дигар нархи роҳкиро аз 20-25 сомонӣ дигар паст нафаромад.

 

Ташвишҳои зимистонаи шаҳриён

 Шабҳои барфӣ мушкили аслии бештари сокинони Қӯрғонтеппа чӣ гуна шабро рӯз кардан буд. Зеро норасоии гази табиӣ ва кор накардани шабакаҳои гармидиҳӣ дар шаҳр фишорро дар ноқилҳои барқӣ зиёд мекунад. Мардум дар хавфи он ҳастанд, ки ҳамин лаҳза дар ин ё он истгоҳи барқӣ садама рӯй медиҳаду онҳо аз нерӯи барқ ҳам маҳрум мешаванд. Гарчанде, ки мавзӯи харобиҳои шабакаҳои гармидиҳӣ дар маркази вилояти Хатлон забонзадаву кӯҳна шудааст, аммо ҳамасола дар мавсими сармо мардум он рӯзҳои хуши гузаштаро ба ёд меоварданд. Солҳои пеш дар мавсими сармо мардуми шаҳрнишин  волидайни дар деҳот сукунат доштаашонро ба шаҳр меоварданд. Зеро дар қубурҳои манзили шаҳриён оби гарм буду аз шарофати воситаҳои гармидиҳӣ дар манзилҳои зист сардии зимистон эҳсос намешуд. Ҳоло баръакс, шаҳриҳо фарзандонашонро барои таътили зимистона ба деҳот мефиристанд, то бар асари манзилҳои сарди бетонӣ бемор нашаванд. Дар ҳамин шабу рӯзе, ки дохили хонаҳои аксари сокинони шаҳри Қӯрғтеппа аз ҳавои беруни барфпӯш сардтар аст, боз ҳам бештари сокинони Хатлон чунин мепиндоранд, ки дар нисбати деҳоти вилоят шароити зист дар шаҳри Қӯрғонтеппа беҳтар аст.

Як нафар аз сокинони манзилҳои бетонии кӯчаи Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш ифшо шавад, дар бобати шароити зисти шаҳриҳо дар фасли сармо мегуфт: «Гарчанде, ки бинои баландошёнае, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, бо гази табиӣ таъмин нест, аммо бо истифода аз неруи фаровони барқ ва бухорӣ мо хонаҳои худро гарм мекунем. Аслан фикри зимистонро дар тобистон бояд кард. Мо дар бинои баландошёна истиқомат намоем ҳам, тобистон ҳезумро дар анборҳо захира мекунем. Гази моеъро дар якчанд зарфҳои газӣ захира мегирем. Мо дар шаҳр барои худ шароити зиндагии хоси деҳаро муҳайё кардаем. Агар «городской» гуфта, мунтазири масъулини хидматрасонии коммуналӣ шавем, саломатии худро аз даст медиҳем».

 

Ин ҷо Узбакистон айбдор нест!

 Умуман то боридани барфи аввал сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа чунин мепиндоштанд, ки то барф наборад масъулин мушкили газро дарк намекунанд, маълум шуд, хато кардаанд. Барф ҳам борид, аммо  гази табиӣ ба манзилҳои мардуми шаҳрнишин интиқол дода нашуд. Шояд масъулини КФБ «Қӯрғонтеппагаз» низ чунин интизор набуданд, ки сохторҳои болоии онҳо дар сардтарин шабҳои зимистон ҳам тасмими беадолатонаи худро аз амнияти мардум болотар гузошта, сокинони маркази калонтарин вилояти кишварро аз гази табиии маҳаллӣ маҳрум месозанд. Вале ҳамин тавр ҳам шуд. Дар таърихи беш аз 75 соли мавҷудияти шаҳр бори нахуст Қӯрғонтеппа зимистонро бе гази табиӣ паси сар карда истодааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳудуди 20 соли охир дар шаҳр шабакаҳои гармидиҳӣ аз фаъолият бозмондааст. Аслан шаҳр бо ҳамин хидматрасониҳои коммуналии аз қабили таъминоти манзилҳои мардум бо оби гарму, гази табиӣ, рӯшноии шабонарӯзиаш аз деҳот фарқ мекард. Аммо дар шаҳри Қӯрғонтеппа шабакаҳои гармидиҳӣ аз байн рафтаву тақдири минбаъдаи гази табиӣ номаълум боқӣ монда ва ягона воситаи хӯрокпазию рӯшноидиҳӣ ва гармкунии манзилҳои мардум ҳамин нерӯи барқ аст.

 

Қадами мубораки Самиев

 Шаҳрдори Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки гази маҳаллие, ки қаблан аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода мешуд, имрӯз ба Душанбе меравад. Баъди муроҷиати мо акнун ҳамагӣ 17 бинои бисёрошёнаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо гази табиӣ таъмин мешаваду халос. Ман,- гуфта буд Шарифхон Самиев,- таъмини аҳолиро бо гази табиӣ имсол ваъда намедиҳам. Мо бояд барои бо барқ зиндагӣ карданро биомӯзем. Аз ин рӯ бояд  шабакаҳои барқии шаҳрро дар ҷамъоварии қарзи истифодаи барқ дастгирӣ намоем, то мардум доимо бо неруи барқ таъмин бошанд.

Хушбахтона, дар шаҳре, ки беш аз 75 ҳазор аҳолӣ сукунат доранд, то имрӯз мушкили норасоии неруи барқ чандон мушоҳида намешавад. Гарчанде, ки рӯзона дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр неруи барқ қатъ мешавад, аммо шабона  тамоми биноҳои баландошёна бо барқ таъмин ҳастанд.

Ситорамоҳ, як сокини шаҳр дар сӯҳбат бо «Миллат» гуфт: «Бо истифода аз нерӯи барқ гарм кардани хонаҳои бетонии биноҳои баландошёна ғайриимкон аст. Дар шабҳои сарди зимистон гарчанде асбобҳои барқии гармидиҳӣ то саҳар ҳам фаъол бошанд, аммо ҳуҷраҳои манзили мо гарм намешаванд. Аз таъсири «спирал»-и асбобҳои барқӣ оби чашму димоғ хушк мешаванд, вале бо асбобҳои барқӣ тамоми хона гарм намешавад. Онҳое, ки шароит доранд дар манзилҳои худ оташдонҳои деҳотӣ насб кардаанд. Аммо бештари мардум ё аз нодорӣ ва ё «тафаккур»- и шаҳрӣ доштанашон бошад, ки аз насби оташдонҳои хос ба деҳот худдорӣ мекунанд. Ман имкон надорам, вагарна солимии фарзандонамро аз ҳама дигар меъёрҳо боло мегузорам»,- иброз медорад мусоҳиби мо.

Дар баъзе аз биноҳои баландошёна, ки шояд оилаҳои доро ё калоншавандаҳо сукунат доранд, дудаи бухорӣ аз ошёнаи аввал то боми биноро сиёҳ кардааст. Ҳамсояҳо беибо мегӯянд, ки онҳое, ки дар манзилҳои баландошёна оташдонҳоро насб кардаанд,  рафтори дуруст мекунанд. Модоме, ки барои таъмини мардуми шаҳрнишин воситаҳои замонавии гармидиҳӣ мавҷуд нест, бигзор сокинони шаҳр низ аз усулҳои бобоӣ истифода бурда дар манзилҳои худ бухорӣ шинонанд. Зеро барои ҳифзи солимии фарзандон мо бояд аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бубарем. Баъдан ки шароити зист хуб шуд, боз деворҳои биноро таъмир мекунанд.

 

Ночор бояд зистан, ё…

 Зимни пурсиши мардуми камбизоати шаҳр ба саволи «Шабҳои сарди зимистон чӣ аҳвол доред?» яке мегӯяд: Вақте кӯдаконамон ба бистари хоб медароянд, ба онҳо як зарфи полиэтилении пур аз оби гармро медиҳему онҳо зарфҳои гармакро оғӯш карда, хоб мераванд. Нисфи шаб ҳатман зарфҳоро, ки хунук шудаанд, аз ҷойхоби кӯдак мегирем.

Дигаре мегӯяд: То ба хоб рафтани тифлакам бо ҳаври даҳон кафони дасту пояшро гарм мекунам. Аммо шабҳои сард ба солимии кӯдакон беасар намондааст. Тез- тез гирифтори бемории роҳи нафас мешаванд, аммо илоҷи дигар надорем. Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

ZimistonИмрӯзҳо аз сӯҳбат бо мардум чунин эродҳо бештар садо медиҳанд. Дирӯз шабакаҳои гармидиҳӣ харобу валангор шуд. Имрӯз лӯлаи газамонро ба сӯи дигар бурданд. Фардо кӣ медонад, метарсем, ки ҳаққи ба обу барқ доштаамонро аз мо кам накунанд.  Аммо суоли матраҳ ба масъулини хидматрасонии коммуналӣ, ки сабабгори норозигии мардум мешаванд ин аст, ки «Оё мушкили бегазиро дар маркази Хатлон роҳи ҳал ҳаст? Ва ё роҳҳои дигари барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳӣ вуҷуд дорад?» Ё хомӯшии мардуми оддӣ аломати ризо гуфта, ҳамагон бе масъулият шудаем? Оё маркази таҳлилию тадқиқотие надорем, то кирдору рафторҳои моро дар бобати хомӯшию бетарафиамон ба ҳалли мушкилиҳои ҷомеъа мавриди баҳс қарор дода, аз оқибатҳои он ҷомеъаро огоҳ намояд?

Воқеан, вақте барфи аввал меборад, одамон ба ҳамсояҳо барфӣ мебаранд. Хонавода ва касоне, ки зиракиро аз даст медиҳанд, бояд ба шахси барфӣ оварда, зиёфат ороянд. Аммо нафароне, ки «найранг»-ҳои ҳамсояро пай мебаранд, ӯро боздошт намуда, рӯяшро бо дудаи таги дег сиёҳ мекунанд. Ин бозӣ ба ҳаёти ҳамарӯзаи мо сахт шабоҳат дорад. Оне, ки зиракии сиёсиро аз даст додааст, аз ҳаққаш дигарон баҳра мебардоранд. Аммо агар зираку ҳушёр бошад, рӯйи онҳоеро сиёҳ мекунад, ки бо мардум «найранг»-бозӣ мекунанд. Ҳукуматдорон аз кори худ розиянд, аммо баҳои халқ ба  онҳо ғайриқаноатбахш аст.

Пас, чӣ бояд кард,  ё ночор бояд зист?!

Ҷамолиддин Усмониён

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97