Кортҳои пластикӣ ва нафақагирони нигарон

Иҷтимоъ 19.01.2011 15:35

KortДар соли нави даҳаи дуввуми қарни ХХ1 Тоҷикистон боз гоми наве ба сӯи ҷаҳони мутамаддин бардошт.  Дар радифи аксар кишварҳои олам тарзи нави хидматрасониро барои бознишастагон ё нафақахӯрони мо рӯйи кор овард. Бо супориши Ҳукумати кишвар аз ин ба баъд тамоми нафақагирони кишвар соҳиби кортҳои пластикӣ хоҳанд гашт.

 

Кортҳои пластикӣ: хуб ё бад?

Ин раванд барои соири кишварҳои олам навигарӣ нест, зеро бархе аз кишварҳо солҳост, ба ин тарзи хидматрасонӣ фаъолият доранд ва одат кардаанд. Тибқи фармони мазкур дигар ҳар кас метавонад нафақаи худро аз «банкомат»-ҳо бигирад. Дар ҳамин ҳол ба мо хабар доданд, ки дар навоҳии дуру наздик аллакай чанд моҳ аст, ки мардум барои гирифтани чунин корт нусхаҳои шиноснома ва аксҳои хешро ба марказҳои нафақадиҳӣ супурдаанд, вале аксари онҳо то ҳанӯз намедонанд, ки ин чӣ гунна усул аст ва чӣ хубӣ ва нохубие дорад. Суоле, ки зеҳнҳоро машғул кардааст, ин аст, ки оё ин раванд саривақтӣ аст ва манфиате дорад ё барои пирони барҷомондаи тоҷик боз ҳам мушкилӣ эҷод хоҳад кард?

Мӯътабар Камолова, мудири шӯъбаи суғуртаи иҷтимоӣ гуфт, ки «мо ин тарзи нави хидматрасониро ба таври озмоишӣ аз соли 2009 дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе шурӯъ карда будем ва бештар аз ҳафтсад нафар нафақагирро бо кортҳои пластикӣ таъмин кардем. Аз соли гузашта беш аз 59 ҳазор сокини шаҳри Душанбе ва Кӯлобу Қурғонтеппаро низ ба ин тарзи хидматрасонӣ гузаронидем. Имсол дар назар аст, ки беш аз 100 ҳазор нафар сокини шаҳрҳои кишварро давра ба давра ба ин усул гузаронем. Ба назари мо ин гузариш саривақтӣ аст ва барои шаҳрвандони мо дастрастар хоҳад буд. Ин як шакли шаффофи хидматрасонӣ аст ва онҳо метавонанд дар ҳар куҷое аз кишварамон, ки бошанд, пас аз даҳуми ҳар моҳ бевосита ба  пуррагӣ аз «банкомат»-ҳо пули хешро бигиранд. Дигар он гапҳое, ки «касир пуламро дер дод ё надод аз байн меравад.»

Кишвари Тоҷикистон дар қатори нодортарин кишварҳои олам қарор дорад, чӣ аз ҷиҳати техникӣ ва чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ. Бе барқӣ ва мушкилоти роҳҳо сартосари кишварамонро фарогир аст. Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки қисмати бештари мардуми мо деҳнишинанд ва дар деҳот барои ба ин шакл гузаштан заминаҳо то ба ҳол омода нестанд. Хубтар мебуд, ки барои ҳар коре аввал заминаҳо тайёр намуда, пас  онро рӯи кор биёранд, вагарна барои мардуми роҳдур ва барҷомондагон мушкилӣ эҷод хоҳад кард. Кишвари мо дар қабули баъзе қарорҳо бештар ба кишварҳои пешрафта такя менамояд, ки дар он кишварҳо тамоми заминаҳо фароҳам аст. Аммо мо аввал онро қабул менамоему баъд дар фикри фароҳам овардани заминаҳо ва шароит мешавем. Бале, ба шакли замонавӣ  гузаштан  ва дар ҷайб доштани корти пластикӣ хуб аст. Дар ҳама ҷо метавонӣ кам ҳам бошад, беғам пули хешро бигирӣ. Аммо тарафи дигари масъала норӯшан аст. Ҳамагон медонанд, ки аксар солхӯрдагони мо аз истифодаи чунин чизҳои ба қавли мо мудерн ноогаҳанд ва наметавонанд аз он истифода намоянд ё барҷомондагонеанд, ки пештар ба хонаҳояшон бурда пулашонро медоданд. Ҳоло онҳо чӣ кор бояд кунанд? Маҷбуранд, аз касе хоҳиш кунанд,то онҳоро то дари банкомат биёрад ва ё касеро пул бидиҳад, ки рафта пулашро бигирад. Бештари мардуми солхӯрдаи мо сокинони деҳотанд ва тавре медонем, дар аксар ҷой на барқ асту на «банкомат», пас онҳо чӣ гуна нафақаи худро бигиранд?

Давлат ном мӯйсафеди деҳоти дурдаст дар ин бобат чунин гуфт: «Моҳи ноябри соли гузашта моро гуфтанд, ки китобчаҳои нафақагириатонро иваз менамоем. Мо нусхаи паспорт ва чанд донаи акс гирифта, ба ҳамон намояндагон додем. Инак чанд вақт шудааст, ки дараки ягон карта нест. Рости гап, аз асли воқеъа нав огаҳ гаштам, ки он картаи пулгирӣ будааст. Агар як кор кунанду дар ҷойҳои мо ҳамин «банкомат» кушоянд ва ё ягон илоҷашро ёбанд хуб, вагарна маҷбурем, ки барои гирифтани ҳамон маблағи ночиз 20-25 сомонӣ дода, ба маркази ноҳия равем, ки ин нисфи нафақапулиям мебошад.»

Аммо мудири шӯъбаи суғуртаи иҷтимоӣ қайд кард, ки ин паҳлӯи масъаларо низ ба назар гирифтаанд. Дар ҷавоб ба суоли мо, ки чунин ашхос чӣ кор бояд кунанд(?), номбурда гуфт, ки «Мардум бояд нигарон набошанд, мо ду шакли хидматрасонӣ дорем, «посттерминал» ва «банкомат»-ҳо. «Банкомат»-ҳо дар дохили бонкҳо ва марказҳо гузошта мешавад.  Вазифаи «посттерминал»-ҳо аз он иборат аст, ки манотиқи дурдаст ва бебарқро намояндагони «Амонатбонк» бурда дар хонаҳояшон маблағашонро месупоранд».

Инчунин бархе аз коршиносон ва масъулин ин равандро мусбат баҳодиҳӣ намудаанд. Бо вуҷуди сахтиҳое, ки дар рӯзҳои аввал пеш меояд, онҳо гумон мебаранд, ки натиҷаи хубе хоҳад дошт. Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон онро хуб баҳо дод. Ӯ ба ин назар аст, ки «Истифода аз кортҳо ба назари ман чанд афзалият дорад. Зеро ин таҷриба дар аксари кишварҳои олам нишон дод, ки ҷанбаҳои мусбат дорад ва барои онҳо яке аз воситаҳои маъмулӣ гаштааст. Як паҳлӯи масъала он аст, ки пули миллиро аз фарсудашавӣ эмин медорад. Дуввум он, ки ҳар як нафақахӯр ҳамон маблағи зарурияшро метавонад рафта гирад, гарчанде медонем, ки нафақапулӣ он қадар зиёд нест. Ӯ метавонад рафта ҳамон чил ё панҷоҳ сомонияшро гираду боқимондаашро дар суратҳисобаш нигоҳ дорад. Барои фаҳмондадиҳии мардум дар порлумон ҳам мо як қатор корҳоро анҷом додем.  Ин талаби замон аст. Бо вуҷуди он, ки дар мадди аввал барои мардуми дурдасти деҳот шояд мушкилие пеш орад, аммо дар маҷмӯъ ба манфиати мардум аст. Дар порлумон аллакай ҳама аз кортҳои пластиқӣ истифода мекунанд. Гарчӣ дар рӯзҳои аввал каме душворӣ дошт, ҳоло барои мо як амри маъмулӣ гаштааст».

Нафақа чанд аст?

Пӯшида нест, ки нафақаи сокинони кишварамон дар қиёс ба дигар кишварҳои олам хеле ҳам поин аст.  Ҳукумати кишвар ҳадди ақали нафақаро моҳи июли соли гузашта аз 60 сомонӣ ба 80 сомонӣ боло бурд, ин ба 18 доллари амрикоӣ баробар аст. Бештари мардуми кишвар танҳо аз ин намуди нафақа бархурдоранд, агарчӣ ҳастанд касоне, ки то ба 400 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд. Гирифтани нафақа яке аз масъалаҳоест, ки то ба ҳанӯз бо пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Борҳо аз забони нафақахӯрон ва коршиносони ин соҳа дар расонаҳои мухталиф назару баҳсҳо оиди ин мавзӯъ сурат гирифта буданд, ки аксар ноқаноатмандии хешро иброз доштаанд. Ин масъаларо бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар низ дар барномаҳои пеш аз интихоботии хеш  қайд карда буданд. Ба хусус поён бурдани сину соли нафақахӯрон ба ҳадди замони Шӯравӣ ва боло бурдани маъоши онҳо. Онҳое, ки солҳои дароз дар зери офтоби тафсон меҳнат кардаву ватанро обод намудаанд, имрӯз наметавонад ба ин пули гирифтааш ҳатто нонпулии якмоҳаашро ба даст биоварад.  Ягона пуштибони онҳо ҳамон фарзандони баномусашон ҳастанд, ки бидуни ҳеч амру фармоне (!) масъулияти фарзандии хешро дар назди волидайн эҳсос намуда, дар кишварҳои дуру ғурбат ҷонҳои хешро ба гарав монда, рӯзгори онҳоро таъмин менамоянд.

 

Муҳоҷирон аз куҷо нафақа мегиранд?

Аммо ана ҳамин мардони хонабон дар сурати ҳаводиси нохуше ва ё ба синни нафақа расидан, аз куҷо бояд нафақа бигиранд? Зеро то ба ҳол ин паҳлӯи масъала ба пуррагӣ роҳи ҳал пайдо накардааст. Ва то ҳоли ҳозир миёни Русия ва Тоҷикистон дар бобати ба таври расмӣ кор кардан ва супоридани андоз тавофуқ нашудааст. Хуб аст, ки барои ин гуна афрод бояд дар фонди суғурта ва андоз суратҳисобе кушода шавад то онҳо битавонанд маблағе дар он гузаронанд, то дар сурати сар задани ягон ҳодисаи нохуш ё расидан ба сини пирӣ онҳо битавонанд нафақа бигиранд. Ба қавли мардум, то дар пирӣ хор нашаванд. Ба ҳар сурат ҷорӣ шудани корти пластикӣ барои гирифтани нафақа падидаи нав ва хуб аст, агар шароит барои он фароҳам шавад ва ҳадаф аз гузаштан ба ин усул танҳо тақлиди кӯр-кӯрона ва ба хотири пулшӯйӣ набошад. Аммо хубии ин падида дар ҳоли ҳозир он аст, ки масъулон фурсатеро барои фароҳам овардани шароит барои бознишастагон ҳам ҷудо кардаанд. Не?!

Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97