Азо доштан оё ровост

Иҷтимоъ 13.01.2011 19:09

 

Ё чаро либоси миллӣ барои бархе аз бонувон либоси мотам шудааст?

AzoИмрӯзҳо дар бораи пӯшидани либос дар ҳама ҷо, чӣ мадрасаву макотиби оливу миёна ва дар кӯчаву бозорҳо ҳарфҳое ва ҳам баҳсҳое сурат мегирад. Агар хато накунам рӯзе ё ҳафтае нест, ки дар ин ё он расона ё дар суханронии чеҳраҳои фарҳангиву мазҳабии кишвар дар ин бора матлабе гуфта ё аз тариқи радиову телевизионҳо пахш нашуда бошад. Услуби ба бар намудани пироҳани аврупоӣ дар байни бархе аз занони ноҳияҳои вилояти Суғд зиёдтар ба назар мерасад.

ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад?

Замони таҳсил дар шаҳри Хуҷанд борҳо шоҳиди он гаштаам, ки чӣ гуна ҳамсабақонам ба дарсҳо бо либосҳои аврупоӣ меомаданд. Ин барои ман аҷиб набуд, аҷиб он буд, ки дар вақти тӯю маъракаҳои хурсандӣ ҳама пироҳани аврупоӣ мепӯшиданд, аммо чун яке аз наздиконашон аз дунё гузарад, онҳо чанд муддат  куртаи сиёҳ ё либоси кабуди миллии остиндароз ба тан ва бар сар рӯймол мебанданд. Бо ҳамин ҳол камаш 40 рӯз азодорӣ  мекунанд. Ба назари ман либоси миллӣ дар фаҳмиши бархе аз занон либоси мотам гаштааст. Як ҳамсӯҳбатам гуфт, ки ман се сол дар Хуҷанд бо бонувон кор кардам, дар ҳақиқат ҳам аксари онҳо либоси аврупоиро ба дараҷаи олӣ ба бар менамоянду дар вақти мотаму мусибате ба сарашон омадан агар либоси ба бар кардаи онҳоро бубинӣ фикр мекунӣ, ки дар ҳаёташон либоси аврупоӣ напӯшидаанд. Шояд ин таъсири ҳамсарҳад будан бо Узбакистон бошад, зеро ин тарзи либоспӯшӣ бештар дар шаҳри Самарқанд ва миёни мардуми ургутӣ роиҷ аст.

 

Чаро гаҳ тоҷикӣ мепӯшему гаҳ аврупоипӯшем?

Чизи дигар ин аст, ки азо доштан барои мардуми Суғд хеле «ваҳмовар» аст. Таҳмина Бобоҷонова, як ҳамсӯҳбати дигарам гуфт, ки як хешамон аз Истаравшан вафот кард ва ҳангоме, ки ба он ҷо рафтам, дар ҳайрат афтодам. Ҳама либосҳои сиёҳ бар бар намудаву гирд нишастаанд ва яке аз хешовандони наздики майит дар мобайни онҳо рост истода сару рӯй ва мӯяшро канда дод мезад ва ҳар касеро, ки назадш меомад, задан мегирифт. Ман ин ҳолатро дида сахт тарсидам ва чанд рӯз бемор шудам. Пас, ин ҷо суоле пеш меояд, ки бо чунин мӯйканиву рӯйканӣ он шахсеро, ки аз даст додаанд, баргардонида метавонанд? Ё аз ин рӯйканиву мӯйканиҳои бефойида ба мурда, ки Худо раҳматаш кунад, чӣ манфиате мерасад? Ё либоси миллиро либоси мотам қарор додан чӣ маъно дорад ва ё чаро маҳз дар рӯзи мусибат занони мо аз либоси милливу мусалмонӣ ёд мекунанд? Чаро дар рӯзи мотами наздикону пайвандони хеш аз мусалмон будани хеш ёдамон мерасад ва боз бо пушти сар кардани мӯҳлати азодориамон дубора аврупоипӯш мешавем? Ин аз рӯйи кадом суннату анъана аст, ки чиҳил рӯз ва баъзан як сол худро дар либоси сиёҳу дароз ё кабуд мепечему баъди он боз ба «асли хеш» бармегардем? Ё ин ҳама аъмоли мо, ин азодориву мотамнишинии иддае аз занони мо тибқи фармудаҳои Худову Расули акрам аст?

Аз ин лиҳоз хостам бо якчанд коршинос дар мавриди гирифтани азо сӯҳбат намоям, ки дар вақти реҳлати хешовандону наздикон мотам гирифтан барои мусалмон шарт ва зарур аст, ё  бояд чанд рӯз дар мотам нишаст?

 

Мусалмон либоси мотамӣ надорад!

Аксари мардуми тоҷик, ки хешро мусалмон меҳисобанд, азо доштан ва мотам гирифтанро ба дини Ислом рабт медиҳанд, лек аз нигоҳи соҳибназарони умури дин азодорӣ ба ислом қариб ҳеч иртиботе надорад. Рӯҳонии саршинси кишвар Маҳмудҷони Тӯраҷонзода оид ба ин мавзӯъ чунин ибрози назар кард. «Азо доштан дар ойини мусалмонӣ танҳо се рӯз ҷойиз аст ва дар бораи пӯшидани либоси махсус, масалан куртаи сиёҳ ё кабуд ягон санади саҳеҳе нест. Баракс, олимони аҳли тасаннӯъ ин амалро манъ кардаанд, танҳо мотами мусалмон ин дурӣ ҷӯстан аз маҳофили хурсандӣ ва шодиву сурур аст. Аммо ин гуна либоспушии сиёҳу кабуд дар мазҳаби аҳли ташайю маъмул  аст. Ҳамзабонӣ ва ҳамзистии тӯлонӣ бо онҳо дар бархе аз мардуми кишвари мо низ таъсир гузоштааст. Мо маргро як роҳи бозгашт ба сӯӣ Офаридгори хеш медонем. Худованд дар Қуръон фармуда: «Он касонеро (мужда бидеҳ,) ки чун бад-эшон сахтӣ (ва ё бало ва ё андӯҳе) бирасад, гӯянд: Мо аз они Аллоҳем ва ҳаройина  ба сӯӣ Ӯ бозмегардем.

 

«Айб мекунанд»

Оиша Қаршиева, як сокини шаҳри Хуҷанд сабаби ба бар намудани пироҳани аврупоиро барои занони хуҷандӣ дар он медонад, ки нархи матоъ он ҷо гарон аст. «Як метр матоъи тоҷикӣ аз 50 сомонӣ арзон нест, агар се метр  матоъ бихаранд, 150 сомонӣ мешавад. Онро боз камаш ба маблағи 30 сомонӣ  медӯзанд.  Агар пироҳани аврупоӣ бихаранд, дар 100-150 сомонӣ ҳам пироҳани хуб харидорӣ менамоянду ҳам замонавӣ». Ба суоли он ки пас, чаро мо либоси миллиямонро ба либоси мотам табдил додаем ва дар рӯзҳои маъмулӣ аз он дурӣ меҷӯем, гуфт, ки  «аз гузаштагони мо чунин мерос мондааст, ки дар вақти вафоти яке аз наздикон пироҳани сиёҳ ба тан намоем.  Ин ба он далолат медиҳад, ки ҳамон инсони чунин либос ба бар намуда хурсанд нест. Матоъи сиёҳи ӯ бозгӯи дили сиёҳгаштаи ӯ низ ҳаст.  Агар чунин пироҳан напӯшему ба сар рӯймоли калон набандем, моро мардум механданд, айб мекунанд.»

 

Дигар бас аст!

Дар вақти пайгирӣ намудани ин матлаб аз бисёр масоили динӣ бохабар шудам ва барои худ сабақи хубе бардоштам. Дар китоби «Ғамгин машав», дар тарҷумаи Набиюллоҳи Суннатӣ ба нашр расидааст, навиштаи ҷолибе ҳаст, к ибо оварданаш мехоҳам дарси ибрате барои мотамзадагону азодорон гардад. Он ҷо хондам, ки Пайғамбари акрам мефармояд : «Вақте Худованд касеро дӯст медорад аз ӯ шахси аз ҳама наздикашро мегирад, агар ӯ сабр кунад, пас барои ӯ дарҳои Ҷаннат боз аст». Сабур будан хислати бузургонест, ки бузургиро аз сабр ёфтаанд. Мову шумо низ ба ҷуз сабр дар баробари мусибати ба сарамон омада, дигар чорае надорем. Бале, ба ҷуз сабр кардан ва шукри Худо гуфтан, чун мусаллам аст, ки ҳеч  махлуқе абадӣ дар Замин намонда ва оқибати зиндагӣ дар ин дунё боз ҳамон бозгашт ба сӯйи холиқи хеш аст. Ва ин «мардум моро механданд»-гӯиҳои баъзе  аз афроди ноогоҳ шаҳодат аз он медиҳад, ки мардум то ҳанӯз на барои худ, балки ноогаҳона барои дигарон ва бо тарс аз хандахариши як тӯдаи бехабар аз қавонину қавоиди исломӣ нашудан зиндагӣ мекунанд.

Фархундаи  ФУРҚАТДУХТ,

донишҷӯи ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97