Зан барои дӯст доштан аст, на барои мушту лагад задан

Иҷтимоъ 08.01.2011 11:32

001h

Агар таърифи ҷомеъаи коммунистиро дар мавриди оила ба ёд биёварем, онро як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеъа маънидод карда, рукни асосии оила ном бурдааст.

Ҷои тардиду шак нест, ки хонавода дар ҳар давру замон ба сифати як гурӯҳи хешовандон масъулият доштааст ва пеш аз ҳама иҷтимоӣ кардани фарзандонро ба ӯҳда гирифта, барои бароварда сохтани ниёзҳои ҷомеъа масъулиятҳоеро бар дӯш мегирад.

Дар ҷаҳони имрӯза сохторҳои раҳбарии кишварҳо вобаста ба рушду инкишофи иқтисодашон тағйир ёфта, дар айни замон нақш ва мавқеъи хонавода низ дигаргун ва дар баъзе мавридҳо камранг низ гаштааст. Бо ин ҳама ҳанӯз хонавода ба унвони як ниҳоди иҷтимоӣ дар танзими рафтори зоду валад, инкишофу рушду тарбияти фарзандон ҷойгоҳу манзалати махсусеро ишғол карда, дар фароҳам овардани амнияти равониву иқтисодии аъзои хонавода нақши боризеро ифо мекунад.

Мутаассифона, баъзан бо андак ғалатфаҳмиҳое дар асари нодида гирифтани манфиатҳои тарафайн ва эҷоди хушунатҳо метавонад дар манофеъи умумии хонавода садамаҳое ворид намояд ва дар сохторҳои равобити миёни аъзои хонавода рехту гусастҳое эҷод намояд.

Дар аксар мавридҳо мушоҳида менамоем, ки яке аз аъзои хонавода талош мекунад то ба аъзои дигари оила ба ду шакл, ҳам ҷисмӣ ва ҳам равонӣ тасаллут пайдо намояд ва бар аъзои заъиф садама ва ё осебе бирасонад. Мушоҳидаҳо ва таҳқиқоти равоншиносон борҳо собит кардааст, ки аксаран мардҳо бо истифода аз зӯроварӣ ва латукӯби занон дар хонавода тасаллут ба даст меоранд ва бад-ин восита султаи худро мехоҳанд дар оила субот бидиҳанд. Аммо ин амали онҳо ба ҷуз расонидани осебҳои ҷисмӣ, физикӣ ва равонӣ чизи дигаре ба бор нахоҳад овард ва ин гуна тасаллутёбӣ ҳаргиз бар манфиати хонавода ва суббот миёни оила нахоҳад буд. Чунин як муносибат на танҳо маҳдудиятҳоеро миёни завҷайн, балки мумкин аст дар миёни тамоми аҳли хонавода ба бор биоварад. Аксаран дар натиҷаи хушунатҳои оилавӣ кӯдакони маъсум, ки ниёз ба тарбия ва кӯмаки волидайн доранд, дар асари ҷудошавии завҷайн ятиму бепарастор мемонанд ва минбаъд ҳамчун фарди маъюб ва дилшикаста рӯҳан бемор мегарданд, ки барои ҳамеша мавқеъи худро дар ҷомеъа аз даст медиҳанд ва ба як инсони бемор табдил меёбанд.

Хушунати хонаводагӣ дар тамоми фарҳангҳо, ҷавомеъ, нажодҳо, мазҳабу мардумони ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки  ҳар кадом дар мантақаи худ шаклу навъҳои худро дорад. Дар асоси оморҳои ҷаҳонӣ 90 дарсад аз қурбониёни хушунатҳои хонаводагӣ занон ва 10 дарсади онро мардон ташкил медиҳанд. Дар муқоиса бо кишварҳои санъатӣ ва пешрафта хушунати хонаводагӣ дар ҷомеъаҳои суннатӣ пуррангтар буда, дар асари паст будани сатҳи фарҳангӣ ва рушди иқтисодӣ ва ҷаҳонбинӣ ин оилаҳо ҳамеша дар вартаи пошхӯрӣ қарор мегиранд ва дар баъзе мавридҳо бидуни далелу бурҳоне занон ва ҳатто дар аксар мавридҳо кӯдакону фарзандони ин хонаводаҳо аз ҳуқуқи доштани сарпарасти хеш маҳрум мемонанд.

Дар заминаи пошхӯрии хонаводаҳо фарзияҳои мухталифе мавҷуд аст. Ба хусус равоншиносону ҷомеъашиносон фикри худро дар ин мавзӯъ иброз доштаанд, ки ҳар кадом дар заминае ҳақиқатеро ошкор кардааст. Агар рӯҳониёни суннатии мо хонаводаҳоро ба сулҳу мадоро даъват намоянд, вале иллати тасаллут доштани мардро дар хонавода танҳо дар асоси аҳкоми динӣ маънидод менамоянд, ки бояд мард ҳамеша аз болои зан бартарият дошта бошад ва ҳуқуқи бештареро дар хонавода касб намояд. Аммо файласуфону мутафаккирон назари дигареро пеш оварда, на дар ҳама маврид бартарияти мардро ошкор месозанд. Файласуф ва ҷомеъашиноси англис Ҷон Лок мӯътақид аст, ки инсон қабл аз вуруд ба ҷомеъаи маданӣ дар вазъияти табиӣ ба сар мебарад. Дар чунин вазъияти инсон дар садади ҳифзи ҷон ва дороии худ бармеояд ва мутаваҷҷеҳ мешавад, ки бояд риояти ҷону моли дигаронро низ бигирад. Ӯ мегӯяд: «Вазъи табиӣ дорои қонуни табиӣ аст, ки онро назорату ҳидоят ва ҳамаро муваззаф ба риояти он мекунад. Ин қонун, ки ҳамон ақл аст, ба ҳама инсонҳо, ки ба хости худ бо он машварат мекунанд, меомӯзад, ки ҳама бо ҳам баробаранд ва ҳеҷ кас набояд, ки ба зиндагӣ, саломатӣ, озодӣ ё дороии дигарон осебе бирасонад, зеро ҳама инсонҳо офарида ва махлуқи як созанда ва фарзонаи мутлақ буда ва хидматгузори як пешво ва фармонфармо ҳастанд ва тавассути фармони ӯ барои иҷрои авомири ӯ ба ин дунё омадаанд».

Бо ин назар Ҷон Лок хушбинии худро дар бораи зоти башар иброз доштааст ва мегӯяд, ки инсон мутаваҷҷеҳи ҳуқуқи табиии худ шуда ва ба ҳуқуқи табиии дигарон низ пай мебарад ва ба ҳамин далел бояд ба ин ҳуқуқ эҳтиром гузошт. Аз сӯи дигар Томос Ҳобез бо бадбинии бештаре ба ин мавзӯъ менигарад. Ӯ мегӯяд: «Инсон дар вазъияти табиӣ ҳеҷ эҳсоси вазифае нисбат ба дигарон надорад ва вазъи табиии инсон, ҳолати ҷанг алайҳи ҳама аст». Тавре дида мешавад, инсони Ҳобез ба тадриҷ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дигар инсонҳо ҳамдигарро мекушанд. Ӯ ҳамчунин мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ин афрод аз ҷумлаи худи ӯ беш аз ҳар чиз ба дунболи касби қудрат, назорат, тасаллут ва андӯхтани сарват аст. Ба гуфтаи Ҳобез ин эҳсос сабаби гаройиш ва адами эътимод ба якдигар мешавад. Бо он ҳам Ҳобез таъкид мекунад, ки танҳо барои ҳифз, нигаҳдошт ва имкони тасаллут бар дигар афрод «барои сулҳ талош кунем».

Пажӯҳишҳои ҷомеъашиносӣ ва равоншиносӣ омилҳои гуногунеро дар пайдоиши хушунатҳои хонаводагӣ иброз доштаанд. Нигоҳи ҷавомеъ нисбат ба зан гуногун буда, дар ҷомеъаи пешрафта талоши зиёде барои дастёбии занон ба ҳуқуқашон сурат гирифта, дар ҷомеъаи суннатӣ ҳамоно нигоҳҳои мардсолорӣ ва истибдодӣ ҳанӯз боқӣ мондааст. Тавонмандии ин тарзи тафаккур ба русуми анъанотӣ шаклҳои тозае бахшидааст, ки ба зан ба унвони ҷинси дуввум ва дар ҳолатҳое ӯро ҷузъи дороиҳои мард мегӯянд. Издивоҷҳои ғайрихоҳишотӣ ва қабл аз  вақт дар оянда бойиси пошхӯрӣ ва хушунатҳои хонаводагӣ мегардад.

Мусаллам аст, дар ҷомеъае, ки фарҳанги гуфтушунид, баҳси дутарафа ва табодули назар вуҷуд надошта бошад ва қудрати мард аз болои зан эҳсос гардад, низоъ ва садаҳои пошхӯрӣ ва ҷудоии зану мард бештар рух медиҳад. Аксаран хонаводаҳои суннатии мо ба иллати адами қабули фикри тарафайн аз байн мераванд ва муҳаббатро дар миёни аъзои хонавода аз байн мебаранд, ки натиҷа ҳамон хушунату душманӣ ва шикастани андому содир кардани ҷиноятҳои сангинеро ба бор овардан асту бас. Аз тарафи дигар, дар хонаводаҳои суннатии мо аҳамияти бештаре ба зоти писарон дода мешавад ва ҳамеша кӯшиш мегардад, ки мардҳо бартарияти бештареро касб карда бошанд. Дар чунин як фазо ҳамеша муҳити сангдилонае эҷод мегардад, ки зан, ба хусус духтарон дар тарбия ва таълим пушти парда қарор мегиранд ва нисбат ба онҳо тақрибан аҳамияте дода намешавад. Дар тасаввури ҷомеъаи суннатии мо ҳамеша зан бояд дар мутеияти мард қарор бигирад ва набояд ӯ дар ҷомеъа ва муҳити хонавода аз ҳуқуқе бархурдор бошад.

Иллати ҳама хушунатҳо дар ҷомеъаи суннатии мо надоштани маълумоти зарурӣ ва огоҳӣ аз қавонин сабаб мешавад, ки ашхосе, ки муртакиби ҷурм мешаванд ва оқибати хушунатҳоро андеша намекунанд, пас аз гузашти фурсати андаке ҷурми худро такрор мекунанд ва аз оқибатҳои аъмоли худ биме надоранд.Сабаби дигари эҷоди хушунатҳо бесаводии хонаводаҳост, ки бо андак камбуди рӯзгор дар хашму ғазаб шуда, корро то ҷое мерасонанд, ки бойиси марги аъзои хонавода мегарданд.

Яке аз иллатҳои ба бор омадани хушунатҳои хонаводагиро равоншиносон аз муҳити кори мард, ки дар кадом савия қарор дорад, арзёбӣ кардаанд. Ба қавли эшон марде, ки дар муҳити носолим кору фаъолият мекунад ва аз тарафи ҳамкорон ва ё роҳбарият мавриди таҳқиру сарзаниш қарор мегирад, ҳамон нафратҳои дар дилаш ҷойгиршударо бар сари хонаводааш мерезад. Фақру тиҳидастӣ ва камбудиҳои молиявӣ муҳимтарин омилҳои пошхӯрӣ ва хушунатҳои оилавӣ маҳсуб меёбанд. Бекорӣ ва соири пархошҳои иқтисодӣ мӯҷиби пайдоиши ҳамин хушунатҳост, ки имрӯз ба сифати як падидаи иҷтимоӣ буруз карда, ҷомеъаи моро фаро гирифтаанд.

Агар дар ҷомеъаи суннатии мо тафовутҳое миёни зану мард ба сурати сунъӣ гузошта бошанд, пас ин иддаои ғалатро дини мубини ислом рад мекунад ва воқеъиятро ошкор месозад, ки зану мард дар ҳама мавридҳо бо ҳам баробарҳуқуқанд. Дар ин шакке вуҷуд надорад, ки ислом ба каромати инсонӣ, адолат, тақво ва риояти усули ахлоқӣ таваҷҷӯҳе вижае намудааст. Ислом дар замони зуҳури худ низ ба нисбати макотиби динии дигар, имтиёзот ва ҳуқуқи бештареро ба занон эъто кард ва чолишҳои ваҳшатнокеро аз муқобилашон бардошт. Қуръони маҷид мегӯяд, ки инсонҳо аз як нафси воҳид халқ шудаанд ва дар адои таколифи динӣ ва иҷтимоӣ ба таври баробар бояд саҳм бигиранд.

Натиҷаҳо ва омӯзишҳо бори дигар собит месозад, ки тарбияти нодуруст, беэътимодӣ дар сатҳи фард ва иҷтимоъ, осебҳои ҷисмиву равонӣ, гусастҳо дар равобити одии хонавода аз ҷумлаи натиҷаҳои рафтори хушунатборанд. Танҳо мард метавонад фазои солимеро дар хонавода эҷод намояд ва барои аҳли хонавода ва ақориби хеш намунаи беҳтарини тарбияро тӯҳфа бидорад. Зеро, бача ҳамеша бо тақлид аз падар рафторашро бо гузашти вақт тағйир медиҳад ва ҳамин, ки хислатҳои неки падарро мебинад, онро зуд дар тафаккури хеш ҷой медиҳад ва онро ҳамин, ки бузург шуд ва хонаводае барпо кард, ба зудӣ амалӣ менамояд.

Беҳтарин хислати одамӣ ва ба хусус мардҳо эҳтиром бар ақидаи аҳли хонавода аст, ки бояд дар табодули афкор якдигарро эҳтиром намоянд ва хушунатеро нисбати занони хеш дар тафаккурашон ҷой надиҳанд. Озори зан аз тарафи мард ин худ як номардист. Зан ҳамеша ва дар ҳама маврид қобили дӯстдоштан аст ва ҳамин зан аст, ки чароғи хонадони мо рӯшану гарму дурахшон аст. Дӯст доштану эҳтироми зан аз фазилатҳои ҷавонмардист.

Ибодуллоҳи Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97