Имтиёзҳои IRS – овоза ва ҳақиқат

Иҷтимоъ 06.01.2011 12:31

khushyori

Ҳафтаи гузашта баъди эътирозҳои чандкаратаи мардуми Ҳушёрӣ, хабаре расид, ки ширкати IRS имтиёзҳое барои бошандагони ин маҳал ихтисос додааст. Мо хостем барои таҳқиқи хабар он ҷо рафта ва бо шеваи пулситонии ин ширкат аз ронандагон ва бошандагони ин мавзеъ аз наздик ошно бишавем. Яке аз қазияҳои пурсарусадотарин ва нодири соли 2010 пулчинии ширкати IRS дар роҳи Варзоб дар наздикии пойтахти тоҷикон буд. Тайи чанд моҳи охир бошандагони деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, нисбати сохтани гузаргоҳи пулчинии ширкати IRS дар байни деҳа ва пул ситонидани ин ширкат ҳангоми гашту гузори сокинон эътироз доштанд.

Муқаррарот пул супоридан аст

Эътирози сокинони Ҳушёрӣ дар сархати ахбори нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ҷо дода шуд. Аммо ахиран тафси ин сарусадоҳо паст шуда, дар мавриди қаноат бахшидан ба ниёзҳои сокинони ин мавзеъ ғайбатҳое шунида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сар аз 1 апрели соли 2010, роҳи Душанбе-Хуҷанд -Чаноқ пулакӣ эълом шудаааст ва пулситонӣ аз сӯи ширкати IRS сурат мегирад.

Эътирози асосии мардум сари ҷойгир кардани яке аз дарвозаҳои пулчинии ширкати IRS дар байни деҳаи Ҳушёрӣ аст ва сокинони ин маҳал маҷбуранд ҳар дафъаи убур аз ин дарвоза ҳаққи роҳро пардохт кунанд.

Ширкати IRS, ки хидматрасонии фаннии роҳи Душанбе-Чаноқро бар дӯш дорад ва худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, бо вуҷуди чанд дафъа мулоқоташ бо эътирозгарони деҳаи Ҳушёрӣ то ҳол забон наёфтааст. Ба ҳар ҳол хостем, хабару овозаву ҳақиқати онро муайян кунем.

Ҳафтаи гузашта баъди эътирозҳои чандкаратаи мардуми Ҳушёрӣ, хабаре расид, ки ширкати IRS имтиёзҳое барои бошандагони ин маҳал ихтисос додааст.

Мо хостем барои таҳқиқи хабар он ҷо рафта ва бо шеваи пулситонии ин ширкат аз ронандагон ва бошандагони ин мавзеъ аз наздик ошно бишавем.

Роҳ сӯи Варзоб пеш гирифтем. Дар гузаргоҳи пулситонии даромадгоҳи Варзоб, бо пардохти 3 сомонӣ моро раҳо карданду ба самти Ҳушёрӣ роҳро идома додем.

Билохира, баъди чанд дақиқае ба гузаргоҳи пулситонии Ҳушёрӣ ҳам расидем. Хостем, пиёда гузаргоҳро убур кунем, аммо ронанда пешниҳод кард, ки на, бояд бо мошин убур кунем, шояд барои дохил шудан ба деҳа пул наситонанд, хабар аст, ки имтиёзе ҷорӣ кардаанд, дақиқтарашро шумо бифаҳмед, ки ин мардум аз убуру мурур чи қадар маблағ мепардозанд.

Баъди дохил шудан ба тарозу гуфтем, мо аз 100 метр бештар намегузарем, гуфтанд, фарқе надорад, муқаррарот ҳамин аст, ки пулашро супоред. Муқарраротро риоя карда, 6 сомониву 40 дирам супорида, аз гузаргоҳ убур кардем.

Гузаргоҳи Ҳушёрӣ воқеан дар байни деҳа сохта шуда, гаштугузори мардуми маҳалро бо нақлиёт мушкил кардааст.

Бо чанде аз сокинони маҳал ҳамсӯҳбат шудем, онҳо норозӣ буданд, мегуфтанд, ҳар навбат масъулин ба онҳо ваъдаи ҳалли масъаларо медиҳанд, аммо ҳанӯз ҳам ин масъала ҳалли худро наёфтааст ва умедвори беҳбуд ҳастанд.

Ҳамсӯҳбати мо Ашӯр Одинаев мегӯяд: «Мо дар поёни деҳа боғ дорем, бор мебарем, бор меёрем, мурда аст зинда аст, деҳаи поён мерем, 4-5 бор мегузарем, ҳар дафъа пул медиҳем ин дар куҷо тӯғри мехурад?...»

Дар мавриди имтиёзҳои муайянкардаи IRS ва маълумоти бештар гирифтани мо, ҳамсӯҳбатон- сокинони деҳ моро тавсия доданд, ки бо раиси маҳалла ҳамсӯҳбат шавем.

Халқ зиди давлат набудааст ку!

Барои аниқ муайян ва маълум кардани имтиёзҳое, ки аз ҷониби ширкати пулчин ба сокинони маҳал муайян шудааст, суроғи раиси маҳалларо гирифта, пайдояш кардем. Пурсиши аввали мо аз раис, аз чӣ сар задани норизоиятии мардум буд.

Гулмурод Қурбонов, раиси маҳаллаи Ҳушёрӣ гуфт: «Аз бозсозии роҳ, мардуми Ҳушёрӣ хеле розӣ ҳастанд. Норизоятии мардум сари дигар масъала аст. Дар деҳае, ки ман раис ҳастам, аз ҳамин тарозу то маҳали поён 150-200 метрро ташкил мекунад. Як зиддияти мардум дар ҳамин буд, ки хатсайрҳои самти Душанбе - Ҳушёриро аз ҳамин пост намемонданд, ки бигзаранд. Дар вохӯрии охире, ки 17 декабр сурат гирифт, намояндагони ВКД, КАМ, муовинони вазирон иштирок карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки дарду алами халқ аз чӣ аст. Дар охир ҳаминро гуфтанд, ки халқ бар зидди давлат набудааст- ку. Ҳукумат ҳамин имтиёзҳои нозук, яъне атрофи ҳамин 150-200 метрро баррасӣ кунад, халқ ҳеч гуна зиддияти дигар надорад».

Шерова сарпӯши мост

Аз сӯҳбат бо раиси маҳалла маълум шуд, ки ҳатто кӯшишҳои ҳукумати маҳалӣ низ фоидае наовардааст. Дар мавриди нақши ҳукумати ноҳияи Варзоб дар пиёда сохтани хостаҳои мардум аз ширкати пулситони IRS ҷаноби Қурбонов қайд кард, ки «худи раиси ноҳия, ҳоло сарпӯши мо ҳастанд. Раиси ноҳия Ситора Шерова ҳам дар суханронияш гуфт; «медонистам, ки аз мошинҳои майдаю калон ҳамин гуна пул меситонанд, тарозуро дар ҳудуди ноҳия иҷозат намедодам. Ба ин дараҷа расидани корро ҳеч кас интизор надошт».

Дар мавриди он ки чаро дар оғози сохтани тарозуи гузаргоҳ, мардум вокунише накарданд ва кор то ба эътироз расид, Гулмурод Қурбонов гуфт: «Вақти оғози сохтани тарозу, мо роҳбари асосии ин ширкатро пайдо карда натавонистем, танҳо ҳамон коргароне, ки ин ҷо буданд, прорабу сохмончиён, ҳамин қадар мегуфтанд, ки мо бо иҷозаи раиси ноҳия ва он тарафашро худи ширкат маслиҳат кардааст. Ва мегуфтанд, мошинҳои аз 15 тонна боло бошад, сари ҳар тонна пул гирифта мешаваду халос. Аз шаҳрвандон пул ситонида намешавад».

Аз 9 боз 3-ро тарҳ карданд

Дар хусуси имтиёзи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки мардумро ба маркази ноҳия ва шаҳри Душанбе интиқол медиҳанд, раис қайд кард, ки «вақте раиси ноҳия аз ин ширкат талаб карданд, ширкат рӯйхати се деҳаи боло ва ду деҳаи поёнро талаб кард ва мо пешниҳод кардем. Дар охир онҳо ба ҳамин хулоса омаданд, ки тамоман бепул карда наметавонем, вале ягон имтиёз додан мумкин аст. Аз 28 маршрути пешниҳодкардаи мо, ки мусофир мекашонанд, ҳамагӣ 9 –тояшро қабул карданд ва ба наздикӣ боз сетои дигарро «минус» карданд ва шаштояш боқӣ мондааст. Имтиёзи инҳо ҳамин қадар ҳаст, ки ҳангоми даромад ва баромад 1 сомонӣ мепардозанд». Дар мавриди нақлиёти хусусӣ бошад, ҳамсӯҳбати мо гуфт: «Мо рӯйхати мошинҳои хусусиро пешниҳод кардем, дар ҳоли ҳозир пул намегиранд ва онҳо талаб доранд, ки «карта» бихарем, то ҳоло ягон нафар аз «карта»-ҳояшон харидорӣ накардааст. 70-80 фоизи мардум ҷойи кор надоранд, камбағал ҳаст, ба зӯр рӯз мегузаронанд».

Аз мушоҳида ва пурсишҳо пай бурдем, ки пул напардохтани мошинҳои хусусӣ муваққатӣ аст. Онҳо минбаъд бояд аз кортҳои 50 фоиза истифода кунанд. Дар мавриди шеваи хариду корбурди кортҳо поёнтар сӯҳбат хоҳем кард.

Олимҷон Бобоев ақиб намегардад

Гулмурод Қурбонов мегӯяд, «аз муроҷиате, ки ба Ҷаноби олӣ кардем то ҳоло ҷавобе нагирифтем. Аз вазири нақлиёт низ ҷавоби расмӣ нагирифтем, аммо пас аз муроҷиат ба вазири нақлиёт Олимҷон Бобоев, онҳо ҳудашон омаданд ва инҷо раиси ноҳия Ситора Шерова ҳам буданд. Олимҷон Бобоев гуфтанд, ки мо дигар ақиб гашта наметавонем».

Модар бо 5 фарзанд худро ба дарё партофтан мехост

Мо кӯшиш кардем аз 10 нафаре, ки қаблан тазоҳур карда буданд, касеро пайдо кунему ҳамсӯҳбат шавем. Мутаассифона касеро пайдо накардем. Гулмурод Қурбонов гуфт, худи ширкат пешниҳод кард, ки назди тарозу одами бисёр ҷамъ нашаваду 10 нафар намояндаатонро пешниҳод кунед, мо онҳоро бо пешниҳоди ширкат пешбарӣ кардем. Ҳоло бештари онҳо дар деҳа нестанд, аз пушти рӯзгорашон ба Русия рафтаанд. Онҳо танҳо таклифи халқро мегуфтанд. Мегуфтанд, ки мо аз тарозуи аввал саркашӣ намекунем, лекин дар ҳамин масофаи 150-200 метр ҳар дафъаи гузаштан 6 сомонӣ супоридан дар ягон меъёр рост намеояд. Ҳатто ҳолате буд, ки аз як нафар 6 маротиба пул ситониданд, ҳар гузаштан 7, 4 сомонӣ. Амбулаторияи деҳа дар дигар тарафи тарозу воқеъ ҳаст ва рӯзе мешавад, ки се-чор маротиба модарон фарзанди бемори худро инҷо меоранд. Ҳатто ҳамингуна воқеа шуд, ки модари панҷ фарзанд , падараш аз дунё гузашта буд, фарзандаш бемор шуда омада дар як рӯз то 6 маротиба пул ситониданд, 7 сомониву 40дирамӣ. Ӯ омада ҳамин гуна эътироз кард, ки шумо ҳамчун раиси маҳалла ҳамин мушкилиро рӯшноӣ намеандозед, ман ҳозир бо 5 фарзандам худро ба дарё мепартоям, дигар имконият надорам.

Имтиёзи 1 ва 3 сомона

korti plastikiБарои аниқ кардану аз наздик ошно шудан бо имтиёзҳои барои мардуми ин маҳал муайян кардаи ширкати IRS назди кормандони гузаргоҳи Ҳушёрӣ омадем. Онҳо дар аввал моро хуб истиқбол накарданд ва ҳатто сӯҳбат кардан нахостанд. Зудтар рад шудани моро аз онҷо интизор буданд. Дар аввал аз гузаргоҳ акс бардоштани моро манъ карданд. Мо гуфтем, аз қавли шумо кадом гапе наменависем ва аз шумо ниёз ба ахбор дар мавриди ширкататон надорем, барои мо танҳо фаҳмидани имтиёзҳои мардуми ин маҳал аст, ки аз сӯи ширкати шумо муайян шудаасту чигуна аз ҷониби гузаргоҳи шумо риоя мешавад. Чанде пас нафаре, ки онҷо худро сардори гузаргоҳ муаррифӣ кард, ба кадом нафаре   сим зада аз ҳузури мо ӯро огоҳ кард ва пас аз сим задан каме бо мо нарм шуда, сӯи девор ишора карда гуфт: «Ана ин эълони фурӯши кортҳо ва ба шумо дигар чиро ҳам нишон медиҳам». Зуд дохили хонача шуда ва дар дасташ қарори раиси ширкат дар мавриди имтиёзи 1 сомонӣ додан ба 6 микроавтобуси (Тангем) мусофиркаш (аз 28 маршруткаи пешниҳодшудаи мардуми маҳал) ва рӯйхати мошинҳои хусусӣ берун омад.

Пас аз сӯҳбат бо сардори гузаргоҳ маълум шуд, ки аз кули нақлиёти мусофиркаш ҳамагӣ шаш адад (Тангем), имтиёзи 1 сомониро доранду халос. -Барои боқимонда,- гуфт сардори гузаргоҳ, -кортҳои имтиёзноки 3 сомонӣ муайян шудааст, онҳо метавонанд кортҳоро харидорӣ кунанд ва 50% нисбати дигарон арзонтар аст. Яъне ба ҷои 6, 4 сомонӣ барои ҳар бори рафту омад 3,2 сомонӣ месупоранд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки чизи дигаре, ки мардуми маҳалро нороҳат кардааст, набудани пиёдароҳ аз ду паҳлӯи тарозу аст, ки мо аллакай як тарафашро сохтаем.

Яъне аз оғози ба истифода додани тарозу аз паҳлӯи он пиёдароҳ мавҷуд набудааст. Чун тарозу дар байни деҳа сохта шудааст, ин ҳолат барои гаштугузори мардум ва хонандагони мактаб мушкил эҷод мекардааст.

Аммо аз сӯҳбат ва мушоҳидаҳо бо мардум маълум шуд, ки касе аз мардуми маҳал корт харидорӣ накардаасту шавқ ба харидани корту имтиёзҳои 1 сомониву 50 фоиза надоранд. Танҳо мехоханд ё гузаргоҳ аз байни деҳа бардошта шавад ё гашту гузори мардуми маҳал аз гузаргоҳ бепул бошад.

«Бетонка» низ аз IRS бошад?

Чун рӯз бегоҳ шуда буд, мо қасди бозгашт ба Душанберо кардем. Бо супоридани 6 сомониву 40 дирам, вақти бозгашт дар гузаргоҳи Ҳушёрӣ, роҳи Душанберо пеш гирифтем. Аммо дар гузаргоҳи Варзоб моро роҳи убур надоданд. Убур танҳо бо супоридани 3 сомонӣ иҷоза аст. Вақте мо дар Ҳушёрӣ маблағро супоридаем, дубора барои берун баромадан аз роҳи пулакӣ чаро 3 сомонии дигар месупоридаем? Вақте ҳақиқатро аз пулчинак пурсон шудем, ҷавоб гуфт, муқаррарот чунин аст. Муқарраротро риоя карда, 3 сомонӣ супорида, аз роҳи пулакӣ бадар рафтем. Мо таҷриба кардем, ки барои як мошини сабукрав, ки аз Ҳушёрӣ ба Душанбе меояду бегоҳ баргашта меравад, бояд 18 сомониву 80 дирам пардохт кунад. Нафаҳмидем, ки 3 сомонии супорида барои берун шудан аз роҳи «сеҳрнок» ба кадом хотир аст. Ё роҳи «Бетонка» низ аз ширкати IRS бошад?

Умари Давлат

Ҷамшеди Муаззам,

Фирдавси Рустам

Душанбе -Ҳушёрӣ- Душанбе

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97