Подоши қарзи падар қатли тифлони ӯ шуд

Иҷтимоъ 27.12.2010 09:38

firdavs-kotil_1ё кӯдакони нозбӯ чӣ тавр қурбони қарздори падар шуданд?

Ҳанӯз пешниҳоди Президент дар бобати мавриди муҳокимаи мардум қарор додани лоиҳаи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тариқи матбуоти даврӣ ба дасти мардум нарасида, ки дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ҳодисаи куштори се фарзанди ноболиғи як хонадон аҳли ҷомеъаро ба даҳшат овард.

Дар лаҳзаҳои нахустини ошкор гардидани ин ҳодисаи мудҳиш фарзияҳои мухталифи аз тарафи кӣ ва чӣ гуна содир шудани ин ҷинояти нангин миёни мардум раду бадал мешуданд. Субҳи рӯзи дигар аллакай мақомоти қудратии вилоят воқеъиятро каме равшан карданд.

Тифлони як хонадонро кӣ кушт?

Тибқи иттилои сардори хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бону Офоқи Қодириён 16-уми декабри соли 2010, соати 18-16 дақиқа хабар расид, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Дзержинский бинои 9, ҳуҷраи 9 ҷасади ба хун оғӯштаи се ноболиғ дарёфт шудаанд. Шахси номаълум бе монеъа ба манзили Олимҷон Бекназаров ворид шуда, бо истифода аз корд фарзандони ӯ Бекназаров Шоҳҷаҳон, хонандаи синфи 3-юм, Бекназарова Лобар, хонандаи синфи 7 ва Наргис Бекназарова соли таваллудаш 1995, хонандаи синфи 9-умро, ки ҳамагон толибилмони мактаби таҳсилоти ҳамагонии №12 шаҳри Қӯрғонтеппа будаанд, ваҳшиёна ба қатл расонидааст.

Мардум, боварам намеояд!

Ба гуфтаи прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Ғуломов тафтишоти ҳодисаи мазкур шаби 16 декабр оғоз гардида, аз пурсиши гумонбаршуда Фирдавс Саидов маълум шудааст, ки ҳар се нафар ноболиғро ӯ бо истифода аз корд ба ҳалокат расонидааст. Айни ҳол сару либоси хунолуди гумонбаршуда, корд ва дигар далелҳои шайъӣ аз ҷониби мутахассисон мавриди тадқиқ қарор дода шудааст. Бино бар иттилои манбаъ нисбати ин ҳодиса бо моддаҳои 104, қисми1, бандҳои (а, в, и, е, л) ва 249, қисми 4, банди (б) Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, тафтишоти иловагӣ идома дорад.

-Маросими дафни шаҳидони ноболиғ рӯзи даҳшатро мемонд. Вақте аз як хона ба якбор тобути се фарзанд, се кӯдаки дар ҳукми гулро бароварданд, ҳолати падару модари шаҳидони ғуррамаргро ман тасвир карда наметавонам,- мегӯяд, як нафар аз ҳамсояҳои оилаи Бекназаровҳо. Он рӯз мактаби таҳсилоти ҳамагонии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки фарзандони оилаи Бекназаровҳо он ҷо таҳсил мекарданд, мотамхонаро мемонд. Беш аз 3 ҳазор нафар талабагону омӯзгорони мактаб аз як дигар суол мекарданд; Наход? Қотил чӣ мехост? Чаро Наргис баъди дарс сӯи хонаашон шитоб дошт?

Дар рӯзи дуюми ин ҳодиса падари кӯдакони маъсуму шаҳид Олимҷон Бекназаров ҳанӯз аз гиря ором нашуда буд. "Ман ин мусибати ба сарам омадаро ҳатто ба душмани худ, ба ҳамон нохалафе, ки фарзандонамро ваҳшиёна ба қатл расонидааст, хоҳон нестам. Вақте яке аз фарзандонам андак бемор мешуд, ман тобу тоқатро аз даст медодам. Охир ба якбор се ҷигарбандамро ба қатл расонидаанд, чӣ гуна ин ғамро, ин мусибати гаронро таҳаммул бикунам, Худоё, маро нируву сабр ато кун."

Олимҷон ба ҳар нафаре, ки ба хонааш барои ҳамдардӣ меомад, нақл мекард; «бачаеро, ки мисли фарзанди худ кӯмаку дастгириаш мекардам, якҷоя тиҷорат мекардему ба хонаҳои ҳам рафту омад доштем, наход барои пул шуда, ҳамаи фарзандони маро ба қатл расонад. Мардум, боварам намеояд.»

Бо ризояти Олимҷон асбоби сабти овозро фаъол кардаму ӯ ба нақл оғоз кард.

Ба ҷойи қарзро додан ҷони фарзандонашро ҳам рабуд

"Боре ба Фирдавс пули калон лозим шуду аз ман 10 ҳазор доллар қарз пурсид. Мо, ки чанд вақт якдигарро мешинохтем, ба ӯ қарз додам. Аз рӯи ваъда бояд баъди 2 моҳ, яъне 10-уми декабр ин пулро ба ман бармегардонд. Аз ваъда чанд рӯзи дигар гузашт. 16-уми декабр субҳи он рӯзи мудҳиш писарчаам Шоҳҷаҳон андаке нотоб шуду дар хона монд, ману ҳамсарам ба бозор рафтем. Фирдавс ба хона занг зада, аз Шоҳҷаҳон мефаҳмад, ки ӯ танҳо аст, омада ӯро мавриди шиканҷа қарор медиҳад, то писарам ҷойи пулҳои маро ба ӯ нишон диҳад. Азбаски Шоҳҷаҳон намедонист, ки мо пулҳои зиёдатиро дар куҷо мегузорем, шояд "намедонам" гуфтани ӯ бойиси ғазаби қотил шуда бошад. коршиносони мақомоти қудратӣ гуфтанд, ки ӯ аз захмҳои корд ба ҳалокат расидааст. Дар ҳамин вақт духтарчаи дуввумам Лобар аз бозор ба хона бармегардад, то ноништа карда ба мактаб равад. Аммо ба дасти қотил афтида, баъди шиканҷа ва аз захми корд ӯ низ ба ҳалокат мерасад. Ноомад ва бадии корро бубинед, ки духтари калониам Наргис дар ҳамон рӯз чӣ фикре ба сараш мезанад, ки аз мактаб барвақттар ба хона меояд. Ӯ дар назди долони бино бо Фирдавс рӯ ба рӯ мешавад, вале чизеро пай набурда, ба хона медарояд. Гарчанде, ки қотили фарзандонам то ин дам ду тифли бегуноҳи маро кушта, 8 ҳазор сомонию 2 ҳазор долларро пайдо карда буд, аммо ба ин қаноат нашуда, аз паси Наргис ба хона даромада, ба ӯ ҳуҷум мекунад. Наргис 15 сола буд, вале ҷисман баробари духтарони 18 сола буд. Ба фикрам Наргиси ман ба осонӣ асири дасти қотили ноҷавонмард нашуда, ба ҳимояи худ хеле кӯшиш мекунад. Аммо духтарбача куҷову ҷавони 18 солаи бо корд мусаллаҳ куҷо. Ташхис нишон дод, ки одамкуши ноодам ба чанд ҷойи духтарам бо корд зада, ӯро низ ба ҳалокат мерасонад. Барои он, ки овози кӯдаконро ҳамсояҳо нашунаванд, он ноҷавонмарди разил садои телевизорро баланд карда, ба қатли фарзандони ман ва ғоратгарӣ даст задааст.»

Ҳилаҳои тоҷири ҷавон

-Баъди анҷоми ҷиноятҳои содир кардааш,- идома дод,Олимҷон,- ӯ назди ман меояду биё ба Душанбе равем, ман пулро тайёр кардаам, гуфта, маро ба Душанбе бурд. Дар роҳ илтимос кард, ки телефонамро ба ӯ диҳам то ба шариконаш занг занад, ки мо барои пул омада истодаем. Дар роҳ бо телефони ман бисёр нағма кард. Ман аз ҳамаи ин нақшаҳои ӯ бехабар ҳамроҳаш Душанбе рафтам. Намози асрро дар як масҷиди шаҳр хондем. Хонаашон рафта бо волидайнаш дидорбинӣ кардем. Падараш дар омади гап гуфт, ки Фирдавс бачаи росткор аст, қарзатро бармегардонад. Моро гусел карданд. Фирдавс маро ба чанд ҷойи дигар гардонида, оқибат намози шомро ҳам дар як масҷиди дигари шаҳр хондем. Баъд эҳсос кардам, мисле ки вақтро медуздад, маро беҳуда ҳар тараф мебурд. Як вақт хостам ба хона занг занам, то ҳамсару кӯдаконам дар хавотир нашаванд. Ба ёдам омад, ки телефонам ҳанӯз дар дасти ӯ аст. Дар аввал нахост телефонро ба ман диҳад. Вақте телефонро гирифтам, бинам рақамҳои маро ба телефони худаш "переадресатсия" карда, садои занги телефонамро хомӯш кардааст. Ман то ҳол чизеро пай намебурдам. Вақте бо хешу пайвандон телефонӣ дар тамос шудам, ҳуш аз сарам парид, қариб девона мешудам.

Ёде аз шаҳидони ғуррамарг

Роҳбари синфи Наргиси шаҳид Мӯҳтарам Камолова бо таассуф мегуфт, ки баъди чаҳор рӯзи ин ҳодиса то ҳанӯз ба худ наомадааст. Пайваста аз доруҳои оромкунандаи қалбу асаб истифода мебарад, Худованд ба волидайни кӯдакони қатлшуда сабру шикебоӣ ато кунад, ки чунин рӯзи сиёҳ ба сарашон омадааст. Наргиси мо дар мактаб хонандаи фаъол буд, ҳа¬мон рӯзи ҳодиса аз дарси 6-ум баҳои аъло гирифта, шитобон ба хона меравад, мо дигар ӯро надидем. Ӯ то нисфирӯзӣ дар мактаб таҳсил мекарду нимаи дуввуми рӯз дар бозор ба волидайн кӯмак мерасонид. Лобар хонандаи синфи 7-уми мактаб сардори синф буду яке аз хонандагони намунавии мактаб ба ҳисоб мерафт. Аз сӯҳбат бо хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти ҳамагонии №12 шаҳри Қӯрғонтеппа маълум гардид, ки ҳар се мақтулони ормонӣ дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил мекардаанд. Муҳаррам Носирова роҳбари синфи Шоҳҷаҳон иброз дошт. Синфи аввалро бо баҳои аъло хатм карда, дар ду соли минбаъдаи таҳсил бо рафтори хуб аз хонандаҳои намунавии синф маҳсуб меёфт.

Омилҳои ҷиноятзо

Нисбати гумонбаршуда фарзияҳо гуногунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки Фирдавс Саидов низ зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа буда, баъдан бо волидайнаш ба шаҳри Душанбе кӯч бастаанд. Тибқи маълумоти парвандаи гумонбаршуда рӯзи 11 ноябри соли ҷорӣ ба сини 18 солагӣ расида, чандест, ки ба тиҷорат шуғл доштааст. Фарзияи дигар низ вуҷуд дорад, ки ӯ чанд вақт боз аз пойтахт молу колои истеҳсоли туркиро ба бозори шаҳри Қӯрғонтеппа оварда, ба нархи яклухт ба дигар савдогарон мефурӯхтааст. Бинобар гуфтаи муфаттишони прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа шаби ошкор шудани ҳодисаи мазкур маълум гардид, ки гумонбаршуда, баъди содир кардани қатлу дуздии маблағҳои пулӣ ба якчанд нафар шаҳрвандон, сокинони навоҳии Бохтару Вахш қисме аз қарзҳои худро баргардонидааст. Шаби амалиёт, ки дар он намояндагони тамоми сохторҳои қудратии вилоят иштирок доштанд, тамоми шоҳидон ва нафароне, ки бо гумонбаршуда вохӯрию сӯҳбатҳо доштанд, пурсида шудаанд. Аммо ҳанӯз барои мо маълум нест, ки бо чӣ сабаб як ҷавони тоза ба олами тиҷорат воридгашта даст ба қатли тифлони нозбӯ ва ғорату дуздӣ задааст?

Равоншиносон иброз медоранд, ки содир намудани ҳама гуна амалҳои номатлуб нахуст аз пайдо шудани ин андеша дар зеҳни инсон пайдо мешавад. Баъдан ашхосе, ки андешаҳои худро идора карда наметавонад, гоҳҳо фикрҳои бади худро бо забон баён мекунад. Рафта-рафта андеша ба гуфтору гуфтор ба кирдор табдил меёбад. Сарчашмаи пайдо шудани ҳа¬маи ин рафторҳои номатлубро комилан шарҳ додан имконнопазир аст. Аммо мусаллам аст, ки як омили хуруҷи андешаи даст задан ба ҷиноятҳои қатлу ғоратгарӣ дуздию мардумфиребӣ ҳамон филмҳои тариқи қочоқ ба кишвари мо воридшуда мебошад, ки афкору мағзи ҷавононро дигаргун кардааст.

Амри маъруф беҳтар аз филмҳои зӯроварию даҳшатзост

Дар чанд моҳи охир фурӯши сабтҳои амри маъруф дар қаламрави Хатлон ба якборагӣ коҳиш ёфт, аммо мутаассифона дискҳои кинофилмҳои хо¬риҷӣ, ки дар онҳо қатлу ғоратгарӣ, таркишу террор, таҷовузу дигар амалҳои номатлуби инсонӣ дар сатҳи баланди касбӣ рӯи навор омадаанд, озодона ба фурӯш бароварда шудаанд. Ё шояд масъулини дастгоҳи идеологии кишвар тамошои чунин филмҳоро бойиси вайрон шудани маънавиёти ҷавонон намедонанд? Ё чаро, ки дар замони Шӯравӣ ба ҷузъ филмҳои хусусияти тарбиявӣ доштаи хориҷӣ дигар филмҳо пешкаши тамошобин намешуду дар ҳоли ҳозир бошад, баракс аст.

Гарчанде воситаҳои замонавии дастрасии мардумро ба филмҳо ва маънавиёти дигар кишварҳои ҷаҳон маҳдуд кардан имконнопазир бошад ҳам, аммо ҳадди ақал воситаҳои оддии паҳнкунии фарҳанги хатарзоро дар дохили кишвар метавонем пешгирӣ намоем. Охир рӯзи сиёҳе, ки бар сари Олимҷон Бекназарову ҳамсари ӯ омад, метавонад бар сари ҳар хонадони тоҷик биояд?!

Аз ин рӯ мебояд ҳар нафар сокини кишвар лаҳзае худро ба ҷойи волидайни се кӯдаки дар як рӯз қатл шуда тасаввур кунад. Ва барои пешгирӣ аз чунин ҳаводиси даҳшатбор натанҳо андеша кунад, балки тадбир биҷӯяд. Зеро оила як сутуни қасри пуршукӯҳест, ки мо онро давлат меномем.

Ҷамолиддини УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97