«Худӣ» метавонад Самарқанду Бухоро бисозад

Иҷтимоъ 21.12.2010 10:10

istgoh_1Ё чаро тоҷик бо ҳама тамаддунофарӣ гирифтори бӯҳрон аст?

Ё нақлиёт дар вақташ меоянд, нархҳо арзон ва ҷойҳои кор муҳайё мешаванд, вале бо рӯҳҳои шикаста ва арзишҳои беқурбшуда чӣ метавон кард?

Калимаҳои калидӣ: Худӣ, сиёсат, қудрат, замони нав (modernity), ҷомеаи суннатӣ, миллат, дунявият, дин, имон, ақл, индивидуализм, зомбӣ, амнезияи сиёсӣ, пажуҳи¬шгоҳҳои илмӣ, шизофренияи маданӣ, танқид ва таҳлил, ниқобҳо ...

Ҷомеаи ниқобҳо, шиорҳо ва сояҳо

Ин одамони шахшудаи кӯчаҳои шаҳр, ки атроф, одамон ва дунёи худро фақат сафеду сиёҳ мебинанд, гӯё ҳамеша дар интизори чизе ва касеанд. Интизориҳои зиёд онҳоро аз худ бегона кардааст ва ба ин ки дар ин минтақа таърих чӣ гуна шакл мегирад, коре надоранд. Ин ҳама мисли дар сояҳо гаштан ва ҳарф назадан ва интизор будан ба нақлиёт, ба нархҳои паст, ба ҷойҳои кор ва аз пайи рамзҳои холии зиндагӣ давиданҳо қисмате аз интизориҳост барои дигаргуниҳо дар сиёсат, қудрат ва шинохти худӣ ва аз ҳама муҳимаш зиндагии сифатан беҳтари инсонӣ. Дар сохтмони шахсият, дар таркиби худии ин мардум унсури қудрат аз худ дарак намедиҳад. Онҳо асири сояҳо, ниқобҳо ва шиорҳо шудаанд   ва дар зиндагии хеш, ҷомеаи хеш, нақши фаъол бозӣ намекунанд ва бозичаи дасти замон ва муҳит шудаанд. Чун зомбӣ байни зиндагӣ ва мурдан ҳаракат доранд. Шояд маршруткаҳо дар вақташ биоянд, нархҳо ҳам паст шаванд, ҷойҳои кор рӯзе ёфт шаванд, вале ин рӯҳи шикастаи инсон, ҷисмҳои аз ноумедӣ ва азоб хароб гардидаи қисмати зиёди мардум, арзишҳо, ормонҳои беарзишшудаи мардум кай бармегарданд? Фикри онҳо ҳам ранги рӯзгори онҳоро гирифтааст ва фақат он чиро, ки ба онҳо талқин карданд ки ин "сафед" аст ва ин "сиёҳ", ин "дӯст" ва oн "душман", ин "худӣ" ва он "бегона" бовар мекунанд. Дар ин доираи маҳдуд қобилияти фикр ва таҳлил карданро надоранд ва онҳоро ноқобилтарин ва бесалоҳияттарин мардум метавонанд вобаста ба хоҳишҳои худ, ин аксарияти ба гуфти Торро ба сарбозони чӯбин табдилёфтаро, ниқоби дилхоҳ пӯшонидан, ранги дилхоҳ кардан ва шиорҳои дилхоҳ ба дасташон додан. Дар сохтмони худӣ, дар шахсияти онҳо қудрат дигар ҳузур надорад. Ин ҷост ки ин ҷомеъа - ҷомеъаи ниқобҳо ва шиорҳост, ҷомеаи бандагӣ пеши касон ва ашёст, ҷомеъаест, ки   танқиди маданияти фасод вуҷуд надорад. Ҳанӯз ин мардум ҳар ҷо ки ҳастанд - дар синфхонаҳо, дар китобхонаҳо, дар бозорҳо, дар палатаҳо, дар истгоҳҳо ва ғайра интизории ҳалли мушкилоти худро мекашанд ва намедонанд, ки мушкилот ва ҳалли он ҳам худи онҳоянд. Дар ин ҷисмҳо рӯҳи ба тарс ва афсонаҳои ширин, ки онҳоро дар Ғарб афсонаҳои бузург (grand narratives) мегуфтанд, одат карда, кунҷе хазидааст ва қудрати муносибати дуруст бо дунёи берунро надорад.   Таҳлили воқеъияти ин мардум нишон медиҳад, ки сабаби ин тарс ва беқудратӣ на танҳо фишори ғайр аст, балки аслан ин надоштани дониш ва таҷрибаи худист, ки нуфуз(authority) ва қудрат (power) аз он ҷо сарчашма мегиранд, яъне "худӣ" дигар дар бархӯрд бо ҳақ, ҳақиқат, ҳастӣ ва воқеъият шакл намегирад. Мақсад аз навиштани ин мақола ин аст, ки бубинем чӣ гуна худ (шахсият)-и Тоҷик дар шабакаи қудрат ва гуфтугӯҳо (discourse) чӣ гуна бойиси таъсирпазирӣ ва тағйирёбӣ   гардидааст ва мегардад. Ин масъалаест, ки дар таърихи тафакури Ғарб аз тарафи М. Фуко ба миён гузошта шуда буд, ки ӯ субъектро (худӣ, шахсият) на ҳамчун сарчашма ва бунёди дониш, балки худ ҳамчун маҳсули шабакаҳои қудратӣ таҳлил кард.

Худӣ чист?

Чаро Тоҷик ҳамчун қавме, ки соҳиби технологияҳои баланди худшиносист ба чунин бӯҳрони фарогир дучор шудааст? Замоне, ки ин қавм дар бораи 'худӣ', 'озодмард' ҳарф зад ва худро ҳамчун фард шинохт, ҳамсоягонаш худро ҳамчун қисмате аз авлод, қабила, нажод ё ягон мақулаи умумии дигар мешинохтанд. Чунон ки пештар қайд карда будем, "Худӣ""дар забони Тоҷикӣ калимаи бисёр суфта, амиқ ва пурзарфиятест, ки маънии ин мафҳумро ҳатто аз "Self"- и англисӣ дақиқтар ифода мекунад. Ин маънӣ, ҷавҳар ё нуқтаест, ки муносибату бархӯрди инсонро бо тамоми олами атроф ва бо ҳамаи идеяҳо, чизҳо, рӯйдодҳо муайян мекунад. Ҳарчанд ин мафҳум бори нахуст аз cӯйи аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба таври илмӣ ба миён гузошта шудааст, вале имрӯз дар Ғарб яке аз мафҳумҳои калидӣ дар илмҳои антропология (инсоншиносӣ), сотсиология, фалсафа, маданиятшиносӣ, равоншиносӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Ин мафҳум, ки аз Бухоро ва Самарқанд қадимтар ва зиндатар аст, шоҳиди он аст, ки Тоҷик баъди ҳама турктозиҳо тавонистааст худро аз нав сохтан. Чунин шаҳрҳоро ҳам инсонҳои соҳиби "худӣ" метавонанд бунёд кардан. Бояд қайд кард, ки бисёр муҳақиқони ғарбӣ, махсусан антропологҳо, барои ҷомеъаҳои суннатӣ ва ғайриғарбӣ доштани худиро (self) инкор мекарданд ва мекунанд, ки гӯё ин мардум танҳо ҳувияти умумӣ( collective) доранд. Метавон гуфт, ки агар ғарбиён аз давраи Декарт (1596 - 1650) дар бораи худии огоҳ (cognizing self (ego, I)) ҳарф задаанд, мутафаккирони Тоҷик барвақттар аз онҳо аз худии камолпазир (subjectivity) ё ба истилоҳи Хоҷа Носируддини Тусӣ (1201 -1272) "аз худии худ" огоҳ буданд, вале чун мавқеъи қудратро (донишро) муддате гум кардаанд, дигар онҳоро қудратмандони замон дар муносибатҳо ҳамсанги худ намедиданд ва барои онҳо "худӣ"(шахсият) қойил набуданд.

Махсусан дар замони тамаддуни исломӣ - Тоҷикон тавонистанд олитарин технологияҳои сохтмони худиро инкишоф диҳанд, ки имрӯз ҳам барои мо ва дигарон сахт омӯзанда ҳастанд. Баъзан фикрҳои бемаъние садо медиҳанд, ки ин халқ, яъне Тоҷик "пир шудааст". Вақте ки ҳақ, ҳақиқат, ҳастӣ ва имконияти таҷриба ва дониши онҳо пирӣ надоранд чун метавонад халқе, ки соҳиби чунин забони тамаддунзо ва соҳиби худии омодаи ҷустуҷӯи ҳақ, ҳақиқат ва ҳастист пир шавад. Ин нуқтаи таҷриба ва дониш нуқтаест ки озодӣ, қудрат ва муносибат аз он оғоз мешаванд. Ман бовар дорам, ки ин халқро эҳёи бузурге дар пеш аст.   Вале ҳанӯз дар раванди шинохт ва имтиҳонанд. Хусусан ҳолате, ки имрӯз дорем ва ду унсури аслии сохтмони ҳувияти тоҷикӣ - ақл ва имон - дар гирдоби кашмакашҳои сиёсӣ мондаанд, аз он дарак медиҳанд, ки бисёр унсурҳои сохтмони худӣ (фард, шахсият) мисли "дониш", "озодӣ", "қудрат" ҳанӯз заифанд. Фикр мекунам, масъалаи шинохти худӣ (субъект, шахсият) ва таъсирпазирии он аз қудратҳои мавҷуда имрӯз яке аз масъалаҳои асосии фалсафаи Тоҷик аст, ки бо шинохти он метавон баҳо дод, ки чӣ ҳол дорем ва дар кадом замон зиндагӣ дорем ва мақоми дониш, имон ва ақлониёт дар ин ҷомеа куҷост. Шинохти худӣ (шахсият, субъект) ин шинохти воқеият аст ва баръакс шинохти муҳит - воқеият (маданият) ин шинохти худист, ки доимо дар сохтмони якдигар нақш мебозанд.

Дунёи нав ва тоҷик

Бӯҳрони фарогир (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва равонӣ) дар Тоҷикистон нишондиҳандаи бӯҳрон дар сохтмони "худӣ"-и Тоҷикист, яъне арзишҳо ва унсурҳое, ки Тоҷикро - Тоҷик месозанд ва зиндагисозанд дар раванди сохтмони фардҳо коре намекунанд, ё суст кор карда истодаанд. На фақат омм, балки хос, яъне онҳо, ки роҳбарият ва ашрофият мекунанд, низ ба ин бӯҳрон (факат на иқтисодӣ) гирифторанд ва маҳз фаъолияти солҳои охири раҳбарон исбот намуд, ки унсурҳои калидии сохтмони худӣ ва шахсияти инсон ва муносибат дар ҷомеъа дар сатҳи даркорӣ шинохта нашудаанд ва амал намекунанд. Инро махсусан бо таҳлили шинохт ва фаҳмиши сиёсат ва қудрат ва амали онҳо дар ин контекстҳо (матнҳо) метавон донист. Ин масъаларо набояд имрӯз хурд гирифт ва онсӯтар аз калимаҳо ва мафҳумҳо дар бораи он маъниҳо, ки   шахсият ва дунёро месозанд, фикр бояд кард. Ҳар амал ва рӯйдод дар ҷомеа реша дар сохтмони худӣ, фикр, эҳсосот ва хоҳишҳои шахсиятҳо дорад. Ва ҳар кас, ки роҳи худшиносиро нагузаштааст, чӣ гуна метавонад бомуваффақ роҳбарӣ кардан ба хусус дар дунёи мураккаби имрӯз, ки фаҳмиш, дониш ва таҷрибаи аслро аз шахсиятҳо талаб дорад. Махсус барои Тоҷики асри 21 ин раванд маънии доштани дониш ва таҷрибаи дунёи нав (modernity) ва дунёи суннатии худро дорад ва надоштани ин фазилат бойиси рӯй додани амнезияи(фаромӯшхотирии) сиёсӣ, фитна ва тарс мегардад. (Мутмаинам, ки вақте дар ин мамлакат биноеро "бинои замонавӣ" гуфта мекушойанд, бисёриҳо аз "замонавӣ" танҳо хишти пухта ва пластикаро мефаҳманд. Ва гуфтан метавон, ки мо ҳисси замонаро гум кардаем.) То ҷое мо ҳама мисли дигар мардуми Шарқ бо ин маданият ва муносибатҳое, ки имрӯз дорем офаридаи ин воқеаҳо ва рӯйдодҳои давраҳои бо ном мавҷҳои ҷаҳонишавием (globalization), ки зери пардаи муносибати тамаддунҳо ва давлатҳо   хоҳиши мустаҳкамшавии нуфуз ва қудрати давлатҳои мустамликадории Ғарб ниҳон буд. Ин қудратҳо дар «ин гуна» будани мо нақши муайян дошт ва дорад.

Вакте мо дар бораи модернитӣ (дунёи нав) ҳарф мезанем, бояд дар хотир дошт, ки халқҳои Осиёи миёна ва аз он ҷумла Тоҷикон қисман бо арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои модернитӣ (яъне ғарбӣ) аслан дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар давраи мавҷи аввали ҷаҳонишавӣ (globalization) шинос шуда буданд. Бояд қайд кард, ки дар замони мавҷи аввали ҷаҳонишавӣ, ки дар давраи мустамликадорӣ гузашт, арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳоӣ ғарбӣ паҳн мешуданд, вале масъалаи муқобилгузории дин бо сиёсат ва ё дунявият ва дин вуҷуд надошт. Чаро дин яке аз калимаҳои калидии ин мақола аст? Барои он ки дин мисли фарҳанг, як нуқтаи муҳим дар сохтмони худӣ ва ҷомеъаи Тоҷикон мебошад ва дин пеш аз ин ва имрӯз ҳам дар ин сохтмон нақши калидӣ дошт ва дорад. Давраи мустамликадорӣ замоне буд, ки ҳанӯз арзишҳои динӣ дар ҷомеаи ғарбӣ нақш доштанд ва инчунин он вақт мамолики мусулмонӣ   заиф буданд ва мустамликадоронро ҳанӯз зарурияте набуд, ки масъалаи дин ва сиёсат бардошта шавад. Вале чун масъалаи асоси масъалаи қудрат буд ва ҳаст ҳукуматдорони Ғарб бо ёрии шарқшиносони вақт (якҷояшавии дониш ва қудрат) дар куҷо будани муқобилятро ба сиёсати худ мешинохтанд. Масалан, генералҳои рус бисёр хуб медонистанд, ки дар Осиёи миёна ва Қавқоз танҳо онҳое муқобилият нишон медиҳанд, ки мисли Эшони Дукчӣ (охири асри XIX)ва Имом Шомил (нимаи дуюми асри XIX), соҳиби дониш ва таҷрибаи суннатии хешанд. Баъдан Тоҷикон арзишхои дунёи нав ё модернитиро дар давраи шӯравӣ ба воситаи фаҳмиши (interpretation) болшевикии он қабул карданд. Чунонки ба ҳама маълум аст ин таҷрибае барои мардуми мо сахт вазнин буд ва аслан ба вайрон кардани роҳҳои худсозии сунатии Тоҷикон равона шуда буд, то ин одамони мағзшуста барои афсонаи бузурге, бо номи коммунизм, дар хидмат бошанд.

(Идома дорад)

Меҳмоншоҳ ШАРИФОВ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97