ТОҶИКОНИ БЕСОҲИБИ «ПИТЕР»

Иҷтимоъ 03.06.2010 21:17

Банда яке аз муҳоҷирини иҷбории кории тоҷик дар кишвари Русия мебошам, ки беш аз 12 сол шуд, ки умри хешро дар ғурбат ва дур аз ёру диёр ба сар мебарам. Барои дарёфти қути лоямут дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар кору фаъолият кардам. Аз коргари одӣ шурӯъ намуда, то дараҷаи соҳибкори инфиродӣ расидам. Мо, гарчанде аз Ватани азизамон дур бошем ҳам, тамоми ҳушу ёдамон пайваста бо он аст. Яъне танҳо ҷисмему рӯҳамон дар диёри хеш. Пайваста ба ҳама бурду бохти кишварамон шарикем ва доимо дар паи ободии он ва боло бурдани обрӯи тоҷик талошҳо дорем.

Ҳамеша аз тариқи сомонаҳои интернетӣ аз ҳоли мардуми кишварамон огоҳӣ меёбем. Вақтҳои охир тамоми қишрҳоии ҷомеъаи Тоҷикистон нисбати муҳоҷирин таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир менамоянд. Ба хусус, дар саҳфаҳои матбуоти тоҷик инъикоси мушкили муҳоҷири ба чашм мехурад. Ман борҳо аз тариқи сайти интернетии ҳафтаномаи дӯстдоштаам-"Миллат" мақолаҳои ҷолиберо дар бораи ҳаёти тоҷикони Маскав хондам. Дар ҳақиқат он нокомиҳо ва он беадолатиҳое, ки нисбати тоҷикон аз ҷониби худҳо ва бегонагон сар мезанад, дидаму чашидаам. Ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербург иқомат дорам ва хостам барои ин нашрияи дӯстдоштаам каме бошад аз ҳоли муҳоҷирини "питерӣ" хабар диҳам. Аҳволи муҳоҷирони тоҷике, ки дар шаҳри Петербург кор ва зиндагӣ мекунанд каме бошад ҳам нисбати дигар шаҳрҳои Русия беҳтар аст. Инро ман аз таҷрибаи худам, ки дар чанд шаҳрҳои Русия - Маскав, Волгоград, Новокузнетск муддате кор ва зиндагонӣ кардам, мегӯям. Масалан, дар шахри Петербург муҳоҷирон ба корҳои паст, тавре ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳо ба кӯчарӯбӣ ва амсоли он машғуланд, хело ҳам кам мебошанд, яъне ки ангуштшуморанд. Бештари муҳоҷирон ба соҳибкорӣ, савдои меваю сабзавот, мусофиркашонӣ, дар мағозаҳои фурӯши гӯшти ҳалол ва ошхонаҳову каҳвахонаҳои ҳалол машғуланд. Як қисми дигар дар корхонаҳо ва ширкатҳои биносозӣ ҳамчун устои касбӣ ё ки коргари ҳамакора яъне (разнорабочий) кору фаъолият мекунанд. Ман дар бозори "Сеная" ба ҳайси соҳибкор ба савдои меваҳои хориҷӣ ба таври чакана ва яклухт ҳафт сол боз фаъолият мекунам. Дар бозори "Сеная" беш аз ҳаштод фисади тоҷикон ба тиҷорат машғуланд. Аз ин рӯ, дар ғайб онро нимшӯхиву нимҷиддӣ халқи русзабон "мальенкая Таджикистан" мегӯянд. Дар дохили бозор тоҷикон чаҳор ошхонаи миллии "Ҳалол" доранд, ки дар онҳо ҳама вақт таъомҳои миллӣ, ки бо гӯшти дасткуш пухта шудаанд вуҷуд доранд ва нӯшидани машруботи алкугул тамоман манъ аст. Инчунин чандин нонвойхонаву сартарошхона ва дигар нуқтаҳои маводи маиширо дар даст доранд. Як масҷиди дигареро, ки имкониати намозгузории беш аз 1500 одамро дорад, муҳоҷирини тоҷики ин бозор бо пули худ сохтаанд. Аз ҳамин сабаб бозори мо маркази тоҷикони Питер гаштааст ва дар ҳамаи рӯзҳои хубу нохуби муҳоҷирини ин шаҳр мо шарикем. Пайваста бо кӯмаки ҳамватанони худ бе ёрдами консулгарӣ ва диаспораҳои тоҷикӣ кӯшиш мекунем. Асосан барои ба Ватан ирсол намудани бародарони фавтидаи худ ки, вақтҳои охир хело зиёд ба чашм мерасанд пайваста кӯшиш менамоем. Дар давоми ду сол қариб сад ҷасади ҳамватанонро аз ҳисоби худ ба ватан равон намудем, ки барои як нафар фавтида 45000 рубл лозим аст ва инро бе мадади консулгарӣ ва ҷамъиятҳои бо ном тоҷикӣ ба анҷом мерасонем. Ҳеҷ коре натавонем, кӯшиш мекунем бародарони ғурамарги мо ки дар зиндагӣ осудагиии ҳаётро надидаанд ва дар ғарибӣ ҷони худро супоридаанд, ақаллан дар Ватани худ осуда бихобанд.

Бояд қайд кард, ки намояндагони консулгарии Тоҷикистон хело кам ва қариб, ки ҳеҷ фаъолияте намекунад, мо онҳоро дар ягон мусибате, ки дар аксаряташон шахсан иштирок доштам, надидаем. Ҳоло дар боздоштгоҳҳои махсус (спецприёмник)-и ин шаҳр беш аз 70 муҳоҷирини тоҷик дар банданд ва интизори онанд, ки кай онҳоро ба Ватан мефиристанд. Вазъи зиндагии онҳо сахт мебошад. Баъзеяшон то шаш моҳ шудааст, ки дар онҷо қарор доранд. Агар нафаре, ки толеаш баландӣ кунаду хешу таборе дошта бошад, хешонаш пули билети тайёраро дода, ба ватан равонаш менамоянд. Аммо касоне, ки хешу табор надоранд фақат ягона роҳи наҷот ва умедашон Худованд асту халос. Хайр чӣ кор кунем зиндагӣ ҳамин гуна ба сари тоҷик дар ин қарн уфтодааст. Масалан як ҳодисаи нанговар аз ёдам ҳеч намеравад.

Миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ буд аз сохтмоне тоҷикбачаҳо занг заданд. Дар онҷо тоҷикписаре аз ошёнаи 21-якум сарозер ба замин уфтодааст. Ҳамроҳи акаи Бурҳон- раиси тоҷикони бозори мо, ки пайваста дар интиқоли фавтидагон ва аз моргҳо баровардану кафан кардану ҳуҷҷатҳоро тахт кардан ва ба ватан равон кардани онҳо, саҳм мегирад рафтем (акаи Бурҳон ҳамаи ҳамин корҳоро бо таври ихтиёрӣ мекунад). Ӯ худ ҳам соҳибкор аст. Хулоса, ба сохтмоне ки воқеа рух дода буд рафтем. Ҷавони фавтида аз ноҳияи Дарвоз буда як моҳ пеш аз диёраш барои дарёфти нон омада буд. Мо дохили сохтмон шудем ва дар майдончаи сохтмон ҷасади ҷавони ноком болои замини яхбаста мехобид ва гирду гирду атрофи он аз хуни ҷавони тоҷик лолагун буд. Дар атрофаш, якчанд мардикори муҳоҷири тоҷикро дидем, ки бо чашмони пурашк ва симои саропо изтироб, ғам, тарс ва ноумедӣ нишаста буданд.

Он манзараи даҳшатовар то ҳол аз пеши назарам нарафтааст. Тасаввур кунед, зимистони хунук, замини яхбаста, ҷасади ҷавони нокоми тоҷик, ашки ғами ғарибиву навмедӣ ва оқибат танҳоӣ дар ин мулки ғарибу дур аз диёр бо амри тақдир. Танҳо ягона умеди мо фақат талаб кардан аз Худо ва фақат аз Худо буд. Ба мисли ин фоҷиаҳоеро, ки дар мулки ғарибӣ ба сари корҷӯёни тоҷик меоянд нақл кунем шояд, ки хаҷми матлаб аз китоби "Ҳазору як шаб" ҳам калонтар шавад.

Як чизро бояд қайд намоям, ки кашмакашиҳое ки байни ҷавонони муҳоҷир дар натиҷаи маҳалгароӣ солҳои пеш рух медод, ҳоло хеле ҳам кам гаштааст. Сабабашро ман дар натиҷаи зиёд гаштани масҷидҳо ва баланд гаштани ҳисси миллии ҷавонон мебинам. Чунки баъди намозгузориҳо, ходимони дин амри маъруф намуда, ҷавононро ба одобу ахлоқ ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунанд. Дар охир гуфтанием, ки аз ноумедиҳо басе умед ҳасту поёни шаби сияҳ сафед аст..

Аммо бо умеди рӯзҳои неки ободии тоҷику Тоҷикистон дар ин диёри ғариб даст ба дуъо дорем.

Сархушкии ин боғ надорад кафи афсӯс,

Гар реша дар об аст, умеди самаре ҳаст.


Азиз КАДАМОВ
Санкт - Петербург
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97