НИҲОДИ НАВИ МУҲОҶИРАТ БОЯД ЧИ ГУНА БОШАД?

Иҷтимоъ 04.05.2010 15:42

Чандест, ки аз ҷониби Ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбор зарурати ташкили ниҳоди ягонаи муҳоҷират ба миён гузошта мешавад. Ахиран президенти кишвар зимни ироаи Пайёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ ин нуктаро таъкид кард. Аммо ин ниҳод бояд кадом корҳоро ба анҷом расонад, ки мушкили муҳоҷират ҳалл шаванд ва ба низои дароянд?

 

Масъалаи таъсиси чунин як ниҳоди алоҳида дар доираи ҳукумат омӯхта мешуд ва як бор аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳукумат пешниҳод шуда буд, ки ниҳоде дар шакли кумита, оҷонсӣ ва ё вазорат ташкил ва мавриди омӯзиш қарор гирад. Боиси хушнудист, ки ин пешниҳод дар Паёми солонаи Раиси ҷумҳур садо дод. Дар баъзе кишварҳо дар ҳақиқат ҳамин таҷриба ҳаст. Дар кишварҳое, ки шумораи зиёди муҳоҷирон доранд, чунин як ниҳоде мавҷуд буда, ҳамеша аз паи ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ҳастанд. Аз Тоҷикистон ҳамасола теъдоди зиёди муҳоҷирин дар хориҷ кору фаъолият мекунанд. Мавҷудияти ҳамин гуна ниҳод зарур ҳаст ва ин бояд таъсис дода шавад. Масалан, агар гирем аз ҳисоби муҳоҷирини Русия ва дигар кишварҳо даромади хубе ба Тоҷикистон ҷамъ мешавад ва ин як самти бисёр муҳими иқтисодиёти кишвари мост. Дар ҳолати доштани чунин як ниҳод метавон ҳамин фазоро мусоидтар намуд ва шаҳрвандони мо, ки имрӯз бо надоштани он ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд, дар оянда шояд аз ин мушкил то андозае фориғ шаванд. Дар чунин ҳолатҳо ин гуна ниҳод метавонад мардумро омода намоянд. Аз ҷониби дигар дар кишварҳое, ки муҳоҷирон қарор доранд мушкилиҳои ба қайд мондан, гирифтани иҷозатнома барои кор, таъмини кор ва кулли дигар масъалаҳое, ки ба мақсади буду боши муҳоҷирин вобастаанд, вуҷуд доранд. Ин ниҳод бояд дар онҷо ба онҳо кӯмаки ҳаматарафа расонад. Ҳам аз нигоҳи машварат додан дар ҳалли масоил ва ҳам дар мариди таъмини ҷойи кор. Дар сурати мавҷудияти чунин як ниҳод метавонад масоили зиёдеро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ҳал намояд, ки ба манфиъати шаҳрвандон ва худи кишвар бошад.

Аз ин рӯ, мақоме, ки масъули таъсиси ин ниҳод аст, бояд тамоми масъалаҳои мавҷудбударо ба назар бигирад. Бояд қайд намуд, ки мушкилие, ки муҳоҷирини мо доранд асосан дар кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Барои он ки мо дар як давлати бузург тарбия ёфтем ва баъди ба даст овардани истиқлолият таҷрибаи ҳамаи мо дар бораи муҳоҷирин нокофист. Дар дигар давлатҳое, ки шаҳрвандони мо кору фаъолият доранд ин гунна мушкилиҳо ба чашм намерасанд. Зеро давлатҳои дигаре, ки муҳоҷирини моро мепазиранд реҷаи муайяни қабули кор доранд ва муҳоҷиринро аз рӯйи ихтисоси дақиқ ба кор мегиранд, ки ягон мушкили ба вуҷуд намеояд.

Имрӯз ин талаботи замон аст ва Президент дуруст қайд намуданд, ки чанд ниҳод фаъолият дорад ва масъулият бар дӯши ҳеҷ кадоми онҳо нест. Қисме аз мушкилиҳоро, ба монанди гум шудани шаҳодатнома ва корҳои судиро имрӯз вазорати мо, қисми дигареро Вазорати корҳои дохилӣ хал менамояд, ва боз дигар сохторҳо. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки ҳамаи онро бояд якҷо намоем. Як чизи дигари муҳим ин гап сари сиёсати кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Агар мо ниҳодҳои имрӯзаро кору фаъолияташонро таҳлил намоем онҳо ба масъалаҳое сару кор доранд, ки аллакай ба вуҷуд омадааст. Дар он ҷо як сиёсати пайгирона ва дуру дароз вуҷуд надорад. Дар ҳолати таъсиси як кумита ё оҷонсӣ ё вазорат метавонад сиёсати кор бо муҳоҷиронро муайян кунад ва тақсимбандии муҳоҷирони мо дар хориҷ ва дар кадом самтҳо кор карданашон ва бо онҳо бояд чӣ кор кард мушаххас мешавад. Ин як чизи васеъ буда метавонад дар оянда барои Тоҷикистон суди зиёде орад, ҳам дар омода намудани коргарони мо ва ҳам дар баробари ин ҳамчун як пайомаде барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони мо дар хориҷа.

 

Моёншо МАҲМАДБЕКОВ, мудири шӯъбаи муҳоҷирати Институти демографияи АИ ҶТ

 

Барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ бояд як ниҳоди мустаъқиле таъсис дода шавад. Пештар низ дар ин маврид пешниҳодҳое шуда буданд. Зеро вақте ин ниҳод дар назди Вазорати меҳнат буд ба талаботи имрӯза ҷавоб надод, боз чандест, ки дар назди Вазорати корҳои дохилӣ амал мекунад, вале то ба ҳол мушкилот ҳалли худро наёфтаанд. Ман фикр мекунам зарур аст бояд сохтори алоҳидае ташкил шавад. Зеро теъдоди муҳоҷирони мо кам нашуда истодааан ва барои ба эътидол даровардани ин раванд бояд чунин як ниҳоди алоҳидае ҷиҳатитанзими он таъсис ёбад. Чанд ҷизро зимни ташкили ин ниҳод бояд дар мадди аввал гузошт:

Якум, намояндагие, ки аз ҷониби сохтор дар кишварҳои хориҷа амал менамояд бояд бозорҳои меҳнатии он кишварҳоро омӯзад. Дар асоси талаботи бозори ҳамон кишвар муҳоҷиронро тайёр намояд ва ҷойҳои холиро пайдо кунад. Барои бастани шартномаҳои меҳнатӣ байни кишвари кордеҳ ва намояндагони миёнрави дохилӣ мусоидат намояд. Ин вазифаи асосии намояндагони ин ниҳод бояд бошад. Агар онҳо содиқона амал намоянд, боварӣ дорам мушкилиҳо роҳи ҳалли худро меёбанд.

Дуввум, бояд дар дохили ҷумҳурӣ пойгоҳҳои махсус барои таълими корҷӯён ташкил карда шавад. Муҳоҷирон дар асоси талаботи имрӯзаи кишварҳои корфармо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Сеюм, мо на танҳо бо Русия, балки бо дигар давлатҳо бояд рафтуомадро шурӯъ намоем. Таҷрибаи солҳои 70-уми Туркияро ба назар гирем. Баъди буҳрони солҳои 1975 дар Аврупо беш аз сесад ҳазор муҳоҷирини туркиро аз Олмон хориҷ намуданд. Вале аз лиҳози он ки аксари онҳо дар тӯли даҳ сол тавонистанд мутахассиси хуб шаванд, баъди солҳои 70 бозори кишварҳои Шарқи наздик ва дигар кишварҳоро аз худ намуданд. Ҳолати имрӯзаи мо чӣ гуна аст?. Масалан 14 000 ҳазор тоҷик аз Черкизбозор берун шуданд, ба ҷуз аробакашӣ дигар кореро наметавонистанд. Ҳоло дар кадом ҳолатанд ба ҳама маълум аст. Дар дигар ҷоҳо низ аксари тоҷикон ба корҳои руфтурӯб ва боркашӣ машғуланд, ки ягон ояндаи некеро интизор шудан имкон надорад.

Чорум, инро низ бояд таъкид намоям, ки донистани забон ва омӯзонидани он ба муҳоҷирин ҳатмист. Дар сурати донистани забон ва ошноӣ бо кишвари корфармо муҳоҷир метавонад осониеро барои худ фароҳам орад.

Ба назари ман дар таъсиси ин сохтор бояд ҷалби мутахассини соҳаро ба эътибор гирифта шавад. Бояд дар коркарди ин ниҳод коршиносони соҳаи муҳоҷират ва бозори меҳнатро ҷалб намуд. Ин шарти зарурӣ ба назари банда мебошад. Аз ин рӯ, фикр мекунам ин Паём аз ҷониби Раиси ҷумҳур боиси дастгирист ва бояд аз ҷониби масъулини ин соҳа ба таври бояду шояд коркард шавад.

 

Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА,сардабири ҳафтаномаи «Наҷот»

 

 

Мушкилоти рӯзафзуни масоили муҳочирини тоҷик Ҳукумати ҶТ-ро маҷбур сохт, то дар сохтори хеш таҷдиди назар намояд. Эмомали Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш, ки дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси Олӣ онро ироа дошт, ки як ниҳоди вижае дар мавриди кор бо муҳоҷирин таъсис дода шавад.

То ба имруз чандин вазорату ниҳодҳои алоҳидаи ҳукумат масъалаи доғи кишвар ва миллат, мушкилоти муҳочиринро гуё расидагӣ мекарданд, вале кори назаррасеро анҷом дода натавонистанд. Дар умум мушкилоти мазкур роҳи ҳал пайдо накард, он боз ҳам печидатар гардид. Кор то ба ҷое расидааст, ки макони буду боши муҳоҷирини тоҷик ҳатто мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои терористии рус қарор гирифтааст. Ва заҳмати дипломатияи тоҷик танҳо ҳамин будааст, ки дар интиқоли афроди ба шаҳодатрасида ба ватан гуё тавони кумак расониданро дораду бас .

Раҳбарияти Ҳизби нахзати исломии Точикистон дар асоси омӯзиши масоили муҳочирин дар хориҷи кишвар ва таҳлилҳои хеш ҳанӯз ду сол қабл пешниҳод карда буд, ки дар ҳоле ки маблағи воридотии муҳоҷирин новобаста ба мушкилоти рӯзафзуни онҳо, чанд баробари буҷаи кишвар ва василаи аслии рушди иқтисод қарор гирифтааст, бояд ниҳоди алоҳидае ин масъаларо расидагӣ намояд. Яъне барои мисол, таъсиси вазорати муҳоҷирин амри зарурӣ мебошад. Ва ин масъала як аз масоили барномаи интихоботии ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли равон низ буд.

Бубинед, ду сол сипарӣ гардид, то ҳукумат ба дарки зарурати ин масъала бирасад. Як ҳизби сиёсӣ дар шароити феълии низоми давлатдории кишвар ҳамин кадар метавонад, ки аз печидагии мушкилот ҳушдор бидиҳад.

Ҳоло, ки ҳукумат чунин як ниҳодро агар таъсис медиҳад ва таъхири зиёд ҳам сурат гирифтааст, онро набояд василаи тақсимоти мансабҳои навбатӣ ба гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор дод. Баръакс дар ин ниҳоди муҳим ва масъулиятнок афроди соҳибназар, хештаншиносу миллатдӯстро ворид кард ва салоҳиятҳои бештареро қоил бояд шуд. Пеш аз хама ҳайсияти муҳоҷирини тоҷикро новобаста ба машғулияти онҳо дар баробари ҳуқуқи шаҳрвандони кишвари Русия ва муҳоҷирони кишварҳои дигар барқарор бояд кард, то ин ки онҳо ҳамчун як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол ифтихор дошта тавонанд. Илло агар мисли ниҳодҳои марбутаи вазоратҳои хориҷа, меҳнат ва дохила, ки танҳо паи дарёфти манофеъи хеш кор мекарданд, вазорат ва ё кумитаи навтаъсис ҳам кор бигирад, ҳеҷ кадом мушкили муҳоҷиринро ҳал нахоҳад кард.

 

 

Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, коршинос

 

Паёми ҳарсолаи Президент ба Маҷлиси Олиро мардуми Тоҷикистон бо умед интизор мешаванд. Зеро дар Паёми худ Президент, маъмулан самтҳои асосии рушди мамлакат дар оянда, пешрафту камбудиҳоро нишон медиҳанд. Илова бар ин, Президент ҳамасола дар бораи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳам масъала ба миён мегузоранд. Имсол ҳам Президент дар Паёми худ чанд масъалаи нав, аз ҷумла созмон додани мақоми мустақилеро ба миён гузошт, ки бояд минбаъд бо масоили муҳоҷирони меҳнатӣ машғул гардад. Албатта андешаи созмон додани чунин мақоми давлатӣ хеле хуб аст, зиёда аз ин он бояд чандин сол пеш матраҳ мегашт. Зеро танҳо чунин мақом метвонад масоили мубрами ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба таври ҷиддӣ ҳаллу фасл намояд. Аммо бояд зикр намуд, ки бидуни қонуне, ки фаъолияти чунин мақомро матраҳ месозад фаъолияти судманди чунин мақом ғайриимкон аст. Яъне дар навбати аввал бояд масъалаи қонунӣ будани он ҳал гардад. Сипас мақоми мазкур бояд дар кишварҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври оммавӣ фаъолият мекунанд, намояндагӣ дошта бошад ва онҳо бо мақомоти давлатии ҳамон кишварҳо робитаи қавӣ барқарор намоянд ва ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиро муҳофизат кунанд.

 

Гавҳар ҶУРРАЕВА, таҳлилгари соҳаи муҳоҷират

 

Дар воқеъ, ташкил кардани як сохтори алоҳидаи муҳоҷират боиси дастгирист. Масалан, Қирғизистон кумитаи муҳоҷират дорад, ки дар самти муҳоҷирони русиягиаш нисбат ба Тоҷикистон корҳои бештареро анҷом додаанд. Сохтори нави муҳоҷират бояд дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиро дар хориҷи кишвар бештар кор кунад. Дар таркиби ин сохтор ҳатман бояд шӯъбаи таҳлилӣ вуҷуд дошта бошад, ки ба таҳлили равандҳои муҳоҷират бештар сару кор гирад. Пеш аз ҳама ин ниҳоде, ки ташкил мешавд бо мақомоти қудрати Русия тавонад муносибату ҳамкории хуб дошта бошад. Зеро бештари мушкилиҳре, ки дар Русия муҳоҷирони мо бо он рӯ ба рӯ мешаванд, масъалаи ҳуқуқии онҳо мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аксари муҳоҷирон мо дар гирифтани асноди зист ва иҷозатнома барои кор мушкилӣ мекашанд. Инчунин аз ҷониби кормандони қудратии Русия нисбати муҳоҷирини мо фишорҳо ва пастзаниҳо ба чашм мерасад. Бояд қайд намуд, ки ин ниҳод кӯшиш намояд то тамоми ташкилоту диаспораҳои ҷамъиятҳои тоҷиконро мутаҳид намояд ва бо якҷоягӣ тавонанд, мушкилоти муҳоҷиринро осон намоянд.


  
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97