ТОҶИК МИЛЛАТ АСТ, НА "ПРОФЕССИЯ"!ва ё кӣ як миллати сарбаландро иҳонат карду мекунад?

Иҷтимоъ 12.04.2010 14:12

ИНФИҶОРҲО ВА САРНАВИШТИ МУҲОҶИРИНИ ТОҶИК

Бар асари ду таркиши пай дар пай дар Маскав рӯзи 29-уми март 39 нафар кушта ҳудуди беш аз 70 нафар захмӣ шуданд. Дар ин амалиёт се навҷавони Тоҷикистонӣ низ ҷоми шаҳодат нӯшида ва нафаре захмӣ гашт. Ин амали ноҷавонмардонаи террористонро тамоми мардуми тоҷик маҳкум намуданд. Аммо ин рафтори ношоями нобакорони номаълум ба сари тамоми мусулмонони Русия ба хусус муҳоҷири бечораи тоҷик бе таъсир нахоҳад монд.

Суханронии хашмини (боғазабонаи) ҷаноби Медведов бар алайҳи террористон ва нобудсохтани ишон, баҳонаи наве барои миллатгароён ва сохторҳои қудратии ин кишвар бар болои муҳоҷирини бегуноҳ, ки худ қурбонии ин сиёсат гаштаанд хоҳад гашт. Дар ин амали терористӣ Хадамоти амниятии федеролии Русия гурӯҳҳои ифротгароёни доғистониро муттаҳам сохта аст. Тибқи иттилои онҳо ин амалро занони фидоии террорист анҷом додаанд. Як чизи ҳайратовар он аст, ки хадамоти махсуси ин кишвар тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ, аз зани мусулмон будани террористон ва чи гуна амал намудани онон дарак ёбанд, аммо натавонистанд ки инро пешгирӣ намоянд. Саволест ҷавобаш нопайдо.Бо вуҷуди мотамшарик будани чандин кишвари мусулмон бо русҳо, аллакай рафтори ношоями кормандони милисаи ин кишвар ва ҷавонони миллатгарои он аллакай алайҳи тамоми мардумии сиёҳсар, бадкориҳои хешро шурӯъ намуданд. Аллакай овозаи латукӯби чанд зани мусулмон ва таҳқири мардуми муҳоҷир аз ҷониби соҳибватанон паҳн гашта аст.Аз сӯҳбати телефонӣ бо дустам Шоҳин аз шаҳри Маскав чунин хабар дод: Баъди ин амали террористи бо супориши президети ин кишвар тафтиш аз ҷониби милисаҳо басо сахт гаштааст. Дар тамоми метроҳо ва атрофи он ҳар як сиёҳсар боздошт шуда мавриди кофтукови онҳо қарор мегирад. Аксар бо ин баҳона на террористон, балки кисаҳои худро пур намуда истодаанд. Худи имрӯз боз ду ҷавони Доғистонӣ ва як зани миллаташ номаълуми мусулмон мавриди лату кӯби авбошони рус қарор гирифтанд, ки интизор меравад ин таҳдидҳо болои сиёҳсарҳо, аз ҷумла муҳоҷирини тоҷик бештар шаванд. Бо ин ҳама сахтиҳо тоҷики бечора маҷбур аст тоқат намуда, рӯ ба рӯи маргу ҳастӣ истода меҳнат намояд. Зеро барои таъмини хонадон ва айёл ягона манбаи даромад имрӯзҳо ҳамин кишвар аст.Дар ин мақола кӯшиш менамоем, ки чанд омил ва гиреҳҳои аслии муҳоҷиратро боз намоем.

МУҲОҶИРОНИ ФИДОӢ - ТАЪМИНКУНАНДАИ АСЛИИ МАРДУМ

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки хидмати корҷӯёни берунии тоҷик дар баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ ва нигоҳдошти низоми иқтисодии кишвар бе шаку шубҳа мавқеи муҳимеро дорост. Ин қаҳрамонони дар ҳеҷ куҷо нонавишта ва ранҷбарони дур аз ёру диёр, ҳамасола об дар дидаву сузи фироқи наздикон дар ҷигар ба тамоми сахтиҳову шиканҷаҳои нокасони хонасӯхта тоқат намуда, болишту оғӯши гарму нарми хешро ба ҷойхоби сарду каппаҳову таҳхонаҳои бугину чиркин иваз намуда, тамоми ёфтаашро фидои айёлу наздиконаш менамоянд. Бо истиснои бисёр теъдоди ками онҳо, ки камтар аз як фисадро ташкил медиҳанд, дигар тамоми тоҷикони муҳоҷир дар мадди аввал таъмини хонадонашонро мегузоранд. Аз мушоҳидаҳои хеш метавонам қайд намоям, ки бисёри аз муҳоҷиронро борҳо дидаам, ки ҳатто ба нимгуруснагӣ ва либосҳои кӯҳна тоқат карда, охирин дороияшонро фидои хонаводааш мекарданд. Инро ҳатто бисёре аз коршиносони кишвари рус низ таъкид кардаанд. Дар мизи гирде, ки соли гузашта дар шаҳри Екатеринбург таҳти номи "Мониторинги ҷамъиятӣ ва таҳқиқоти раванди муҳоҷирати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Свердлов" бо иштироки намояндагони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву таъмини ҳуқуқии давлатӣ ва ғайри давлатӣ шуда гузашт, тибқи пурсиш ва санҷишҳо бештар аз 92 фисади тоҷикони муқими онҷо ҳармоҳа пай дар пай ба хонаҳояшон пул ирсол менамоянд. Ба таври миёна ҳар моҳе 6 354 рублро ташкил медиҳад.

ЖИРИНОВСКИЙ ЧОР КОРГАРИ ТОҶИК ДОРАД

Бо вуҷуди пастзаниву бадбинии олиму оммии соҳибватанон кӯчаҳову нопокиҳои онҳоро пок намудаву барои онҳо коху хонаҳои зебо месозанд. Агар ин мардони кории иҷборӣ намебуданд, ҳоло дағдағаи шаҳрҳои овозадору хиёбонҳои зеборо метавонистанд дошта бошанд ё на? Дар ин гуфтаҳо бештар кишвари Русияро дар назар дорам, ки аксари мардуми мо дар онҷо кору фаъолият доранд ва асоситарин манбаи таъмини имрӯзаи кишварамон аз дидгоҳи молӣ онҳо мебошанд. Бо вуҷуди ин метавон қайд намуд, ки аз ҳама бештар аҳволи сахту риққатовар низ муҳоҷирини тоҷик дар ҳамин кишвар доранд. Бештари мардуми беҳавсалаи он, ки ба ҷуз нӯшидани арақу бадмастӣ кори дигаре надоранд, бо вуҷуди бетамизиҳои хеш боз тоҷиконро бо номҳои пасту нораво таҳқир менамоянд. Ин гуна рафтори нораворо нисбати миллати волои хеш на танҳо аз забони мардуми оддӣ, балки борҳо аз забони як зумра амалдорону сиёсатмадорони ин кишвар дар нишастҳои ишон ва ВАО-и он шунидаву дидаем. Ин зумра кормандони ВАО ва воломақоми Русия, ки муҳоҷиринро, ба хусус тоҷиконро чашми дидан надоранд, пайваста доди безори аз ишон мезананд, ва дар паи дур кардани онҳо аз ин кишвар мебошанд. фикр наменамоянд, аксари хонадони эшонро ин муҳоҷирин обод ва сер мекунанд. Аз милиса шурӯъ карда то ФМС-у токсиву иҷорадеҳу корфармову калаку гадову занони беҳаёаш. Поку озодагиро низ бо вуҷуде, ки моро "грязный" меноманд, бе муболиға аз ин мардуми озода омӯхтаанд. Ҳатто дар аксари хонадони ин афроди бадхоҳи муҳоҷирин боғбону хидматкоронашон на ягон миллати дигар, балки ҳамин тоҷиконанд. Ба таври мисол Жириновскийеро, ки пайваста алайҳи муҳоҷирин теғ бар каф аст, дар бӯстонсарояш чор тоҷикписар кор менамояд. Инро ӯ боз бо ифтихор дар як барномаи телевизионии Русия намоиш дода, ахлоқи хуб ва меҳнатдустии онҳоро васф намуд. Ин гуна масоил зиёданд. Пас аз чи бошад, ки дар доирҳои васеъи ин кишвар ба хусус шаҳри Маскав ва атрофи он Тоҷик бештар на чун меросбари фарҳанги волову нерӯи созанда ва ободкор, балки кӯчарӯбу сиёҳкору гадову тарсуву мавводи мухаддирфурӯш шинохта мешавад, ки тимсоли пасттарин образро дар байни оммаи мардум ба худ касб намуда. Борҳо аз забони ақвоми гуногун инро шунидаем, ки агар ягон амали пастеро ёдовар шаванд, "чӣ ман магар тоҷикам" гуфта ҷавоб медодаанд, ки аз тоҷик будани хеш шарми кас меомад. Ин номро кӣ ба гардани мо бор намуд? Чаро мо бадин сатҳ поён фуромадем?

Ин дар ҳолест, чуноне зикр шуд, Тоҷик бо нерӯи созанда ва ахлоқи басо накӯи хеш тавонистааст соҳибтамаддун будани хешро дар Русия ва дигар кишварҳо нишон диҳад ва мақбули мардуми бо фарҳангу корфармоён гардад. Мақсади Қадам яке аз муҳоҷирони тоҷик нақл кард, ки "имрӯз тоҷикон дар бисёр соҳаҳои гуногун, ба хусус соҳаи сохтмон мавқеи хело баландеро ба худ касб намудаанд. Бо тамоми фишорҳо ва сахтгириҳои сохторҳои гуногуни ин кишвар, дар байни тамоми корҷӯёни Русия яке аз мақомҳои асосиро доранд. Зеро аксари ҷавонони мо аз амалҳои нолоиқ аз қабили айёшӣ, коргурезӣ ва ғайра ориянд ва нисбат ба дигарон дар кор пуртоқаттару содиқтаранд. Кореро, ки ду се русу укроину ғайр анҷом медод, як тоҷик ба хубӣ сариштаи онро мерафт. Инро низ борҳо корфармоёни ин кишвар дар суханрониҳои хеш қайд намудаанд. Аз ин рӯ бо тамоми сахтгириҳо аз ҷониби давлат, бештари корфармоён ба корҷӯёни Осиёӣ ба хусус тоҷикон таваҷҷуҳ доранд. Корҷӯёни тоҷик, ки аксаран бо нияти ободии рӯзгори хеш ба ин кишвар сафар менамоянд, аз ҳеҷ коре ҳарос надоранд ва корро аз сидқ анҷом медиҳанд. Ба таври мисол як бинои бисёрошёнаро дар маркази шаҳри Маскав бо даст сохтаву гаҷкорӣ намудаанд, ки ба гуфти як архитектори рус дар ҷаҳон камназир аст. Ин гуна мисолҳо зиёданд. Пас ин номи пастро аз куҷо касб намудем? Кӣ онро ба гардани мо бор карда аст?

ЛӮЛИЁН ТОҶИКРО БАДНОМ КАРДАНД

Шояд аввалин касоне, ки дар бадномии тоҷикон "поягузорӣ" намуданд, лӯлиён ё ҷӯгиёнанд. Дар замони нооромиҳо лӯлиёни зиёде аз Тоҷикистон ва Узбакистон ба Русия сар дароварда бо лавҳаҳои "беженец"-и дар гардан дар ба дари қавмҳои Русия гадоӣ менамуданд. Бо ин баҳонаи барояшон муносиб кисаҳои хешро пур намудаву доғи гадоиву ифлосиву чиркиниро бар гардани мардуми мо бор менамуданд. Ҳатто он замон матлабе, ки аз ҷониби ВАО-и Русия мерафт, дар зерноми гуреза акси марди ришдори ҷомапуши ҷугӣ, ё ҷӯгизане бо тифлашро мегузоштанд. Борҳо мардуми қафқозу русу дигареро медидем, ки дилсӯзона дар бораи кӯмакашон ба ин гурезаҳо қисса мекарданд. Он замон хаймаҳои онҳоро дар тамоми гӯшаву канори шаҳрҳои Русия дидан мумкин буд. Ҳатто дар маркази шаҳри Маскав ҳам. Чуноне бародар Амонулло нақл кард, ки "мо он замон дар назди меҳмонхонаи Русия кор мекадем ва прорабамон омада бо шӯхӣ гуфт: "ба қарибӣ ҳамшаҳриҳои шумо ба Кремл хоҳанд даромад" ва ба мо хаймаҳои каме дуртар аз меҳмонхонаро нишон дод. Мо бо як азоб тавонистем ӯро қонеъ намоем, ки тоҷик дигару ҷугӣ дигар аст. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки тамоми ҷугиҳо ҷомаву тоқӣ доранд ва занонашон низ сару либоси миллӣ мепӯшанд. Тоҷикон одатан замони шӯравӣ кам аз ватан берун мерафтанд ва камтар дар байни мардуми Русия маъруф буданд. Дар он замон бошад тамоми осиёиҳо бо ҳамин тоқӣ ва ҷома дар байни дигар ҷамоҳир машҳур буданд. Аз ин рӯ бештари мардуми он тоҷик гуфта, онҳоро қабул намуданд. Худоро шукр ду се соли охир аксари мардум тавонистанд фарқ байни ҷӯгӣ ва тоҷик гузоранд. Аммо хело дер шуда буд. Аллакай ин номи гадоӣ, ношустарӯӣ ва дарбадариро дар гардани мо бор намуда буданд.

ЧЕРКИЗБОЗОР МОЯИ ДОҒИ ДОМОНИ ТОҶИК

Дигар омили бадномии муҳоҷирини тоҷик бозори Черкиз ва амсоли он бозорҳо буд, ки борҳо аз ҷониби коршиносони дохиливу хориҷӣ мавриди интиқод қарор гирифта буд. Аввалин тоҷиконе, ки дохили Маскав гаштанду дигар ҷоеро намедонистанд, дар шароити сахти зисти он замон, ягона ҷои зисти хеш ҳамин бозорро сарпаноҳ қарор доданд. Бо вуҷуди он, ки қисмате аз мардуми тоҷик аз ин бозор соҳиби хонаву дар гашта рӯзгорашонро обод намуданд, он доғи ношустании аробакашу бардаро дар гардани тоҷикон ниҳоданд. Яъне як "квартали" коргарони сиёхи тоҷик буд. Беҳад шукр, ки муҳоҷири тоҷик аз ин зиндон наҷот ёфт ва аммо номи "бача" солҳо аз ин миллат дур нахоҳад гашт.

"АСКАРБАЧАҲО"- И АЗ ХИДМАТ ГУРЕЗОН

Илати дигаре, ки боиси пастшавии обруи муҳоҷирини тоҷик дар Русия гаштааст, навҷавонони хидматгурез мебошанд. Аксаран ба ҷуз деҳаи хеш ҷоеро надидаву бе ягон таёрӣ ба кишвари рус сафар менамоянд. Бисёриҳо бо надонистани забон ва оддитарин одоби қонунҳои зиндагии мардуми бегона ва надоштани ягон ихтисоси муайян ва дури аз фарҳанги хеш номи тоҷикро дар байни дигар ақвом паст намудаанд. Дар паст будани худшиносии миллӣ ва тарзи рафтору муомила бо мардуми худиву бегона гуноҳи волидайн ва устодони макотиб низ мебошад. Бе эътибории онҳо дар тарбияи насли навин, боиси коҳиши фарҳангиву тарбиявии ишон гаштааст. Бо ин назарногири онҳо низ дар пастравии фарҳангу обрӯи миллат саҳм доранд. Барои ин ҷавонони беғайрату бедониш, ки танҳо дарёфти якчанд танга аз тамоми чиз арзиши болотаре дорад, на парвои Ватан доранду на аз Миллат.

Аз ин рӯ бояд масъулини давлатӣ ва маъориф сари ин масъала андеша намоянд то ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар дили ҷавонон зинда созанд. Ба хусус бо ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ навобаста аз фарзанди ки буданаш, аз шоҳ ё гадо. Зеро касони хидматнамуда бо вуҷуди шароити на он қадар хуби хидмат аз як қатор одатҳои зиндагӣ: шустушуи либос ва тоза нигоҳ доштани хеш, ҷои хурду хоб ва баъзе аз хусусиятҳои зиндагӣ бархурдор мегарданд, ки дар тамоми умр барои ишон сармашқи зиндагӣ мегардад.

КУРБОНИЁНИ "ТРАНЗИТ" ВА ХИДМАТИ "ХИРСОНА"-И ВАО

Пайвастани мардуми тоҷик бо маводи мухаддир ва сару кор бо он низ дар ин байн ба бадбинии мардуми кишвари рус оварда расонид. Ин амали зишту палидеро, ки як гурӯҳи мардуми мо анҷом медоданд, боиси бадбинии тамоми корҷӯёни бечора гардид. Агар дар байни сад нафар шаҳрвандони ин кишвар як тоҷик ба даст меафтод, тамоми васоити ахбори ин кишвар ва мардуми он тоҷикро медиданду халос. Ҳар куҷое, ки номи героин ё амсоли он бошад, ҳатман номи тоҷик дар сархати он аст. Ба хусус дар ВАО-и кишвари Русия. Бо шунидани номи тоҷик нахустин саволи ҳамагон аз мавводи мухадддир буд. Ҳатто дар филмҳои криминалии русӣ нақши мавводфурӯш ҳама вақт тоҷик ва қотилу террорист чечен аст, ки дар эҳёи нафрат нисбати ин ду миллат дар байни мардуми ин кишвар, боис мегардад.

Боз як чизи дигари ҷолиби қайд ин аст, ки имрӯзҳо тамоми корҷӯёни Осиёи Миёнаро доираҳои гуногуни ин кишвар тоҷик мегӯянд. Ин истилоҳи умумии тамоми мардикорон шудааст. Дар он ҷо узбак ҳам тоҷик асту қирғиз ҳам. Сабаби асосии онро коршиносон дар он мебинанд, ки имруз шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари Русия ба маротиб афзуда ва бештарини онҳо ба корҳои нисбатан пасту сиёҳ машғуланд. Ба қавли дигаре аз коршиносон шояд соҳибмулк ва бештар шинохта шудани мо дар байни ин миллат мебошад. Ба ҳар ҳол ҳар гуна, ки бошад имрӯз ин истилоҳ дар ин кишвар аллакай ҷои худро гирифта, ҳатто узбаконеро вохурдаам, ки хешро тоҷик муарифӣ менамуданд. Сабабаш? Аз масъулин посух мехоҳад.

ВАО-И ДУШМАНИ ТОҶИК

Дар бадном кардану бадбин намудани тоҷикон ба таври оммавӣ аз ҳама бештар иддае аз кормандони ВАО-и ин кишвар саҳмгузоранд. Бо ин "хидмат"-и хеш номи тоҷикро тавонистанд бадбини ҳамагон созанд. Борҳо мушоҳида намудаем, ки агар ними дунёро худи русҳо сузанду ними муҳоҷиринро сар зананд, ҳама қуфли хамушӣ ба лаб мезананд. Худо накарда агар як ҷинояте аз ҷониби муҳоҷирин сар занад, худи ҳамон рӯз тамоми сархати рӯзномаҳо ва ахбори талевизиони онҳоро таъкид рӯи исми тоҷик "зеб" медихад. Қонушиканӣ ва ҷиноёти аз ҷониби муҳоҷирин сар задаро даҳчанд мартаба зиёд намуда, ба мардум мерасонанд. Гӯё ҳамасола ҳисоботи ҷурми онҳо чиҳил фисадро ташкил медода бошад. Ин аз забони бисёре аз мақомоти баланд¬пояи ин кишвар низ пахш мешавад. Мири шаҳри Маскав Лужков пайваста ин рақамро такрор менамояд, ки тибқи гуфтаи баъзе аз коршиносони ин кишвар дурӯғи маҳз аст. Олга Чудиновских, мудири бахши демографияи факултаи экономикаи ДДМ ба номи Ломоносов ин гуфтаи Лужковро рад намуда, дар маҷаллаи "Российская Миграция" (07.08.2009) исбот намудааст, ки ҷиноёти аз ҷониби муҳоҷирин сар зада, танҳо 3,8 %-ро ташкил медиҳад. Аммо ин рафтори ношоями ин қабил рӯзноманигорон, ки якеро сад нишон дода, тамоми ҷиноётро дар сари муҳоҷирин заданӣ мешаванд, боиси авҷи бадбинӣ ва латукӯби мӯҳоҷирини бечора аз ҷониби калакҳо ва милисаву дигар мардуми он мегардад.


Аъзамшоҳи ҚУҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97