ФАРДОИ ХАТЛОН ДАР ДАСТИ КИСТ?

Иҷтимоъ 29.03.2010 13:40

Теъдоди кӯдакони ноболиғ дар қаламрави вилояти Хатлон ба 1млн. 289 ҳазор нафар мерасанд. Ин лашкари ҳангуфт, ки 49,5% тамоми аҳолии вилоятро ташкил дода, нерӯи ояндаи ояндасози миллат маҳсуб меёбанд, имрӯз дар кадом шароит зисту зиндагионӣ доранд? Оё сатҳи таълиму тарбият дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба талабот ҷавобгӯй ҳастанд? Ин ва дигар суолҳои рӯзмара ҳамеша мавриди бахсан қарор дорад. Юсуф Сафаров як нафар аз коршиносони бахши пешгирӣ аз ҷинояткорӣ иброз медорад, ки тӯли солҳои 1990-2005-ум коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа имконнопазир буд.

Зеро ҳамасола як насли нави ноболиғон ба синну соли ҷавонӣ мерасиданд, ва теъдоди ҷиноятҳои содиршуда аз ҳисоби онҳо меафзуд. Баъд аз солҳои 2006-2007-ум андешаҳое пайдо шуданд, ки бояд пешгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ҷавононро аз синну соли томактабии насли наврас оғоз кунем. Яъне назоратро аз рӯи шароити зисту зиндагонӣ, ҷалби ноболиғон бо муассисаҳои томактабӣ ва баъдан мактабҳои таҳсилоти ҳамагони пурзӯр бояд кард. Як омили хуби ҷалби кӯдакон ба ҳаёти солим ин ба тарбият фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ба ҳисоб меравад. Аммо дар ягон давру замон тамоми насли навраси ҷомеа пурра ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудааст.

МУШКИЛИ АВВАЛ-ВОЛИДАЙН ВА КӮДАКОНИ БЕРУН АЗ БОҒЧА

Агар дар сатҳи ҷумҳур ҳамагӣ 10%-и кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуда бошанд, дар сатҳи вилояти Хатлон ҳамагӣ 103 адад муассисаҳои томактабӣ арзи вуҷуд доранд, ки дар онҳо ҳамагӣ 10 ҳазору 186 нафар кӯдакон ба тарбият фаро гирифта шудаанду халос. Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа бошад, ин омор 7%-ро ташкил мекунад.

Дар асоси маълумотҳои мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа Солеҳамоҳ Қосимова дар шаҳр 15 адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 2180 кӯдакон ба тарбият фаро гирифта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз то солҳои 1992 вақте аҳолии Қӯрғонтеппа ба 50 ҳазор нафар мерасид, дар шаҳр 21 муассисаҳои томактабӣ фаъолият мекарданд. Ҳарчанд, ки нуфузи аҳолии маркази вилоят ба 76 ҳазор нафар мерасад, вале теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар нисбати 18 сол қабл 6 адад коҳиш ёфтаанд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ду адад аз муассисаҳои томактабии шаҳри Қӯрғонтеппаро ба ихтиёри соҳаи тандурустӣ вогузоштаанд. Ҳамчунин як теъдод муассисаҳои томактабӣ, ки дар назди корхонаҳои саноативу кишоварзӣ вуҷуд доштанд, баъди хусусигардонии корхонаҳо муассисаҳои томактабии онҳо аз байн рафтаанд. Ҳамин тавр мо "очаг"-и ибтидоии пайдоиши ҷинояткорӣ насли синии томактабиро зери назорати ҷиддӣ гирифта наметавонем, то онҳоро ба ҳаёти солим ҷалб намоем.

Бо вуҷуди коҳиш ёфтани шумораи муассисаҳои томактабӣ боз ҳам таъминоти муассисаҳои боқимонда бо ғизо ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест. Тӯтинисо Раҷабова мураббии боғчаи бачагонаи "Офтобак"-и шаҳри Қӯрғонтеппа гарчанде аз сифати ғизои кӯдакони муассиса шикоят накард, аммо аз мазмуни гуфаҳояш маълум мешавад, ки муассисаҳои томактабии маркази вилоят ба чи гуна ёрмандиҳо ниёз доранд. "Маъмурият кӯшишҳо доранд, ки хӯроки кӯдакон беҳтар шавад. Кӯдакон бо бозичаҳои гуногун таъмин шаванд. Зеро аслан кӯдаконро ҳамин бой будани баззаи бозичаҳои муассисаҳои томактабӣ бештар ба худ ҷалб мекунанд".

МУШКИЛИ ДУВВУМ-МАКТАБ

Гарчанде сол то сол сатҳи таълиму тарбият дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят рӯ ба беҳбудӣ меорад, аммо боз ҳам сифати таълиму тарбия, тайёр намудани омӯзгорони ҷавон барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва аз мактаб дар канор мондани насли наврас аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф боқӣ мемонад.

Ба андешаи омӯзгорони соҳибтаҷриба солҳои охир сатҳи таълим дар муассисаҳои олие, ки барои соҳаи маориф омӯзгор тайёр мекунанд, коста гардидааст. Ба гуфтаи омӯзгор Маҳбуба Толибова ҳатто ба мактабҳои маркази вилояти Хатлон баъзан хатмкунандагони муассисаҳои олие ба кор меоянд, ки донишу саводи кофӣ надоранд. Бо сабабҳое, ки онро бояд масъулини муассисаҳои олӣ шарҳ диҳанд ҳар сол ба мактабҳо омӯзгорони ҷавоне ба кор меоянд, ки ҳатто таърихи рӯзро дуруст навишта наметавонанд, бо забони адабӣ озодона сухан гуфта наметавонанд. Толибилмони имрӯ¬за бедоранд, ҳар як ҳаракати омӯзгорро мушоҳида намуда ҳама камбудии омӯгоронашонро ҳис мекунанд. Вақте омӯзгор ба талаботи хонандаи мактаб дарс гуфта натавонад, албатта сифати таълиму тарбият хуб намешавад, ва хонандагон аз донишомӯзӣ дилсард мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки бештари мутахасисони ҷавоне, ки ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон ба кор меоянд, хатмкунандагони Донишгоҳи Давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Коршиносни соҳаи маориф иброз медоранд, ки роҳи асосии маҳви бесаводӣ ва тайёр намудани мутахассиони ҷавон барои соҳаи маорифи Хатлон, пешгирӣ аз тақаллубкори дар вақти қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ мебошад. Аммо то имрӯз усулҳои қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ натиҷаҳои самарабахш надодаанд, ба истиснои таъмини квотаи президентӣ ба толибилмони боистеъдод, ки истифода аз ин имтиёз ҳам на ба ҳамаи ҷавонони боистеъдод муйясар мешавад.

МУШКИЛИ СЕЮМ-КӮЧАЮ БОЗОР

Дар яке аз рейдҳои махсусе, ки ҳафтае қабл дар кӯчаю бозорҳои маркази вилояти Хатлон баргузор гардид 30 нафар кӯдакони синну соли мактабӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар вақи дарсхонӣ дар кӯчаҳо оворагардию дар бозорҳо ба майдасавдогарӣ машғуланд. Мутаассифона, аз се ду ҳиссаи ин кӯдаконро фарзандони сокинони шаҳрнишини Қӯрғонтеппа ташкил медиҳанд. Ин ки ҷалби насли нав¬раси деҳот ба муассисаҳои томактабӣ дар кадом ҳол аст ҷойи шарҳ ҳам нест. Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯбаи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати вилояти Хатлон иброз медорад, ки барои пешгирӣ аз сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасон бояд пеш аз ҳама рейдҳои махсусро доир намуда, воқеиятро рӯи қоғаз биёрем ва аз далелу арқомҳо набояд тарс дошта бошем. Зеро офтобро ба доман пӯшонида намешавад. Агар мо воқеиятро сарфи назар кунем, ҳеҷ гоҳ таҳлилҳои воқеӣ карда наметавонем, ва дар пешгирӣ аз сатҳи ҷинояткорӣ, паст кардани сатҳи бесаводӣ ва ба мактаб фаро гирифтани кӯдакони оворагард натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварда наметавонем.

Тибқи иттилои масъулини шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон масоили пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро бевосита раиси Хатлон Ғайбулло Авзалов зери назорати худ қарор додааст. Ҳамкориҳои самарабхши як соли охир миёни шӯбаи мазкур бо дигар сохтор¬ҳои гуногуни кор бо ноболиғони вилоят чунин натиҷа дод, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби ноболиғон дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19 адад кам гардад.

Аммо боз ҳам аз мактаб дар канор монда, дар кӯчаю бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа оворагардии ноболиғон мушкили ҳалталаби масъулини вилояти Хатлон боқӣ мемонад. Пӯшида нест, ки дар нисбати маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа мебояд аз оворагардии ноболиғони деҳот ва паст рафтани сатҳи таълиму тарбият дар мактабҳои дигари ноҳияҳои вилоят ба ташвиш овардаст.

"МАШҚГОҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ" ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ХАТЛОН

Мавзӯи дигаре, ки ояндаи ҷомеаи моро зери хатар мегузорад, ин фаъолияти "марказҳои омӯзиши тирпаронӣ"-марказҳои компутерӣ мебошанд, ки кӯдакони мо аз назорати волидайн дур монда, соатҳои зиёд дар онҷо машғули бозиҳои компутерӣ шуда "маҳорат"-и худро сайқал медиҳанд. Бубинед, ҷомеаи мо аз сайт¬ҳои порнографӣ дар ҳаросанд ва сари ҳар мизи компутерии марказҳои мазкур эълон оид ба манъ будани истифода аз ин сайтҳои порнографӣ овезон хаст. Аммо касеро бозиҳои компутерии тирпаронӣ, тарконидани обеъктҳои махсус, ҳуҷумҳои мусалаҳона ба бонку дигар иншоотҳо ба ташвиш намеорад. Ҳатто волидайн ба фарзандони худ маблағ медиҳанд, ки рафта дар марказҳои компутерӣ ин ҳунарҳоро омӯзанд. Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки хукумати вилояти Хатлон иброз медорад, ки як поси шаб дар якчанд марказҳои компутерии маркази вилоят даҳҳо нафар наврасонро вохӯрдаанд, ки ба бозиҳои тирпаронӣ машғуланд. Шуғли наврасон ба бозиҳои даҳшатноки компутерӣ то вақту соатҳое давом меёбад, ки волидайни онҳо дар хоби нозанд. Дар боби он ки ҳамин бозиҳои компутериро барои вайрон кардани маънавиёти наслҳои кишварҳои пасошӯравӣ киҳо фикр карда баромадаанд, андешаҳо гуногунанд. Гарчанде равоншиносон таъсири бозиҳои компутериро ба равони кӯдакон шадид ва манфӣ арзёбӣ намудаанд, аммо то ҳол нафаре аз масъулини соҳаҳои маорифу тандурустӣ нисбати ин масъала вокуниши ҷиддие нишон надодаанд.

НОБОЛИҒОНИ НИЁЗМАНД

Масъалаи дигар, ки солҳои пешин аз мадди назар дур монда буд, ин таваҷҷуҳи дигаргунаи ҷомеа ба кӯдакону наврасони маъюб аст. Тибқи иттилои расмӣ айни замон дар вилоят 28 ҳазору 903 нафар ноболиғони маъюб ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 4876 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум мебошанд. Ба гуфтаи Майрамбӣ Ғафурова, агар дар самти иҷрои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷичикстон дар маҳалаҳо ҳар нафар аз масъулини сохторҳои марбут ба ноболиғони маъюб содиқона кор кунем, ояндаи ҳамин кӯдакони ниёзмандро каме ҳам бошад беҳтар карда метавонем. Масъалаи муҳим вобаста ба ҳаёту тақдири кӯдакони маъюб ба таълими махсус фаро гирифтани онҳо мебошад. Зеро кӯдаки маъюбе, ки имрӯз дар оғӯши волидайн аст, фардо бузург шуд, маҷбур аст, ки барои дарёфти қути лоямути худ шуғле пайдр кунанд. Чун борҳо дар кӯчаҳои шаҳр нав¬расони маъюбро вомехӯрем, ки ба пойафзолтозакунии роҳгузарон машғул буда, бо ин роҳ барои худ луқмаи ноне меёбанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо бо даст¬гирии созмонҳои хайриявӣ як лоиҳае амалӣ мешавад, ки дар доираи он ноболиғони маъюбро, ки ба мактаб рафта наметавонанд, дар хонаҳо мураббияҳои махсус илму дониш омӯзанд. Ҳозир барои ба таълими махсус фаро гирифтани тамоми ноболиғони гурӯхи аввал чораҳо андешида шуда истодааст. Дар баробари ин соҳибкори маҳалли Раҳматулло Саъдуллоев лоиҳаи дастгирии ноболиғони маъюбро маблағгузорӣ намуда, аз ин пас ба кӯдакони маъюб кӯмакҳои махсус расонида мешаванд.

Хулоса, дар ҳоле, ки ҳукумати вилояти Хатлон хоҳони бознигарӣ аз ҳаёти имрӯзу тақдири минбаъдаи насли наврас шудааст, масъулини зерсохторҳои марбут ба ноболиғони шаҳру ноҳияҳоро мебояд, ки ин иқдомро содда нагиранд ва дар таҳлили вазъи воқеии ҳаёти ноболиғон аз рӯи бояду шояд кор бигиранд. Вагарна бо ин бепарвоҳои бархе аз масъулини соҳаҳои марбута ва ноболиғонро ҳаволаи бозору бозиҳои компутерӣ намудан, фардо ҷомеаи моро чӣ интизор аст, мебояд бонги хатар зад.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97