ХУШУНАТ ДАР ХОНАВОДАҲОИ АВРУПОӢ

Иҷтимоъ 24.03.2010 14:37

Дар ҳоле, ки рӯзи 8-уми март дар бархе аз кишварҳо ҳамчун рӯзи бонувон таҷлил мешавад, чанд рӯзаке пештар аз он яке аз вебсайтҳои маъруфи аврупоӣ: Globalissues дар бораи афзоиши хушунат нисбат ба занон дар Аврупо дарак дод. "Рушди моддӣ занонро ҳимоя намекунад. Теъдоди заноне, ки дар оила мавриди хушунати ҷисмониву равонӣ қарор мегиранд, дар Аврупо аз ҳад гузаштааст", - менависад муаллифи мақолаи "Аврупо: хушунат ба хона меояд" Сабина Заккаро (Sabina Zaccaro) дар Globalissues. Бино ба гузориши Шӯрои Аврупо, алорағми ташдиди қавонин дар Аврупо зӯроварӣ нисбат ба занони ҳама қишрҳои ҷомеа пайваста рӯ ба афзоиш дорад.

Дар як гузориши ин Шӯро омадааст, ки аз 12 то 15%-и бонувони аврупоии синни аз 16-сола боло аз хушунати хонаводагӣ ранҷ мебаранд. Гуфта мешавад, ки навобаста ба ноҳамгунии ҷомеаҳо ва қавонини мавҷуда дар ҳар ҷойи Аврупо занон аз зӯровариву хушунати лафзӣ, эҳсосотӣ, ҷисмонӣ ва ҷинсӣ азият мекашанд. Пайомади ин хушунат дарду ранҷу бемориҳои пӯсту парешонӣ дар хоб ва системи асаб, суъистифодаи алкогол ва аз даст додани ҷойи кор мебошад. Иллату ранҷу аламҳои дигар низ ҳастанд, ки инҷо мухтасар зикр кардем.

БЕШ АЗ САД ҲАЗОР ЗАНИ БРИТОНИЁИИ СИТАМКАШИДА…

Дар ин мақола гуфта мешавад, ки: "Дар Бритониё, тақрибан ҳар дақиқа бонуе хушунатзада ба полис занг мезанад". Ҳамчунин ҳар ҳафта ду зан дар Инглистон ва Велс аз дасти шарикони ҷинсии феълӣ ё собиқаашон кушта мешавад. Инро полиси Бритониё ва гузоришҳои созмони "Занони Аврупо муқобили хушунат" (Women against Violence in Europe (WAVE), ки ҳафт сарпаноҳи занонро дорост, таъйид мекунанд.

Никола Харвин, мудири иҷроияи "Федеросиюни дастгирии занон" - кӯҳантарин созмони дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Бритониё низ мегӯяд: "Дарки сиёсиву иҷтимоии машокили таҳқири занон афзоиш меёбад. Аз ҳамин рӯ, барои дифои занону атфол ва ҳушдор додан нисбати хушунат ба онҳо боз бисёртар кор кардан зарур аст".

Танҳо дар соли 2009 беш аз 108 000 зан ва 39 000 наврас, ки мавриди зӯроварии ҷисмӣ ё ҷинсӣ дар оилаашон қарор гирифтаанд, ба ин созмон муроҷиат кардаанд.

6 000 0000 ЗАНИ ЛАТХӮРДАВУ ТАҶОВУЗШУДАИ ИТОЛИЁ

Дар Италия, бино бар гузориши Муассисаи миллии шумориш (статистика, ISTAT) 6,7 миллион зан аз 60 миллион шаҳрванди ин кишвар дар умри худ ҳадди ақал як ё ду бор ё латукӯб шудаанд, ё номусашон таҷовуз шудааст.

Муаллифи мақолаи "Аврупо: хушунат ба хона меояд" дар охир менависад, ки тиқи маълумоти Вазорати дохилаи Фаронса ҳар се рӯз як бону ё зани фаронсавӣ аз дасти соҳибхонааш кушта мешавад. Танҳо дар соли 2008, мутобиқи ҳисоботи полиси ин кишвар, 156 зан дар ҳолатҳои зӯровариву монанд ба он кушта шудаанд. Дар байни мардон бошад, касоне ки дар пайи хушунати оилавӣ ба қатл расидаанд, ҳамагӣ 27 мард гуфта шудааст. Даҳ нафар тифлакро падаронашон нобуд кардаанд.

РУШДУ ПЕШРАФТИ МОДДӢ КОФӢ НЕСТ…

Ин аст воқеияти ҳаёти занони ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини Аврупо. Аврупое, ки орзуи ҳазорон ҳазор осиёии хаста аз демократияи маҳаллӣ.

Пешрафту рушди иқтисодӣ дар ҳар кишваре аз муҳимтарин авомили ободии ҷомиъа дониста мешавад. Вале агар дар ҷомиъаи он кишвар ахлоқиёт коҳиш биёбад, арҷмандии арзишҳои олии инсонӣ зери суол мераванд. Суоли матраҳ ин аст, ки агар дар Аврупои пешрафта хушунат нисбати занон рӯ ба афзоиш аст, пас оё мешавад ҳаёти иҷтимоии онҷоро барои кишварҳои ҷаҳони савум "намуна" гирифт?

Ин матлаб бо дастгирии Бунёди ҷамъиятии «Переспектива +» чоп шудааст.


З. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97