ТЕЛФУНИ БИБИ - ҶАВЛӢ, "ТЕРРОРИСТ"-ҲОИ НАВРАС ВА "МОГИЛЬНИК"-ҲОИ МАКТАБҲО

Иҷтимоъ 29.12.2009 14:20

КАМПИРҲОИ ПЕШРАФТА

Инак соли 2010 фаро мерасад. Соли пешомадро Президенти кишвар соли илму маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардааст. Агар ҳамин фарҳанги техникии мо дар доираи доштани телефонҳои мобилию ҳаҷми маблағҳои сарфнамудаи аҳолӣ барои телефонҳои дастӣ баҳо дадо мешуд, бешубҳа мо метавонистем бигӯем, ки соли илму маориф ва фарҳанги техникиро ба сари баланд пешвоз мегирем. Зеро имрӯз аз кӯдакони ноболиғ сар карда, то бибиҳои 80 сола дорои телефонҳои мобилӣ буда, ингуна технологияи замонавиро як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии худ шинохтаанд.

Биби-Ҷавлӣ як кампири 81 сола бо истифода аз телефонҳои мобилӣ аз ҷойгоҳи хоби худ ҳам бо фарзандону наберагонаш, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, тамос мегирад ва аз аҳволи онҳо хабардор мешавад.

Бачам - мегӯяд кампир- ду сол шуд, ки ҳамин телефонҳо дастгирмон шудааст. Аввалҳо телефон як чунг мегуфт, хона ба хона мегаштум, ки ягон ҳамсояи мефаҳмидагӣ гап задана нишонум бидиҳад. Ҳозир ҳамаашро мефаҳмум. Кампирак айнакҳои шикастаашро дар теғаи биниаш рост карда, чи тавр СМС фиристодану чи гуна фаҳмидани ҳисоби дар телефонаш мондаро ба мо нишон медиҳад.

Ба гуфтаи Биби-Ҷавлӣ агар ҳукуматдорони мо ҳамин кори таъмину истифодаи нируи барқро ҳам мисли алоқаи телефонӣ бисозанд, ҳам барқ сарфа мешаваду ҳам талафот камтар. Аммо ин бонуи солхӯрда боварӣ дорад, ки рӯзе мерасад, ки тоҷикон ҳам барқи худро мисли мавҷҳои алоқа ба гуфте "пачка" карда, мефурӯшанд.

МАКТАБҲОИ КОМПЮТЕРДОРИ БЕМУАЛЛИМ

Воқеан барномаи давлатии бо компютер таъминкунии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар яке аз иқдомҳои наҷиби ҳукумат дар панҷсолаи пеш аз соли илму маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти раёсати маорифи вилояти Хатлон алъон 1303 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон бо 8532 ҷуфт компютер таъмин гардидаанд. Ба гуфтаи Нуралӣ Азизов, муовини сардори раёсати мазкур дар ду-се соли охир нақшаи бо компютер таъмин кардани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон 81, 1 % иҷро гардидааст.

Мақсади асосии амалӣ намудани барномаи давлатии таъмин кардани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо компютер ин ба насли наврас омӯхтани технологияи замонавӣ ва пайвасткунии мактабҳо ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва бо ин омил воқифгардонии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз иттилооти ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, - мегӯяд Нуралӣ Азизов.

Аммо гарчанде ки бо компютер таъмин кардани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон дар умум мусбӣ арзёбӣ мегарданд, аммо сатҳи омӯзиши фанни компютер на дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон ба талабот ҷавобгӯй аст.

Тавре дар як сӯҳбат Пирҷон Тоҳиров, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 38-и ноҳияи Вахш гуфт: "Ду сол қабл бо дастгирии Вазорати маориф ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ дар мактаби мо як синфхона бо компютерҳои замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд. Инак як сол мешавад, ки аз сабаби нарасидани омӯзгори касбӣ компютерҳо дар ин синфхонаҳо бекор хобидаанд".

КОМПЮТЕРҲОИ ДАРБАСТА

Дар бобати сатҳи омӯзиши компютер дар мактабҳои деҳот Файзалӣ Мирзоев, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 40 -и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мегӯяд, ки бинобар он ки дар фасли зимистон рӯзона нируи барқ қатъ мегардад, компютерҳо дар мактаб бекор мехобанд. Бо вуҷуди ин, ки хонандагони мактаби мо дар ҳама мавсими соли хониш аз компютерҳо истифода бурда наметавонанд, аммо дар озмунҳои фанни компютер ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, - иброз медорад ӯ. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки шароити омӯзиши фанни компютер дар ин мактаб дар нисбати дигар мактабҳои минтақа беҳтар аст.

Донишомӯзони синфҳои болоии баъзе аз мактабҳои вилоят мегӯянд, ки дар дигар фаслҳои соли хониш низ гарчанде онҳо як фан оид ба барномаҳои компютер ва қоидаҳои бехатарии истифодаи онро меомӯзанд, аммо аз компютерҳои мактаб истифода намебаранд.

Зимни як сӯҳбате, ки оид ба омӯзиши наврасон аз фанни компютер бо сокинони ноҳияи Вахш доштем, онҳо иброз доштанд, ки барои наврасони баъзе аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Вахш аз синфхонаҳои компютерӣ дида, партобҳои заҳрхимикатҳои доманакӯҳҳои ноҳияи Вахш, ки онро "могильники Вахш" ном мебаранд, дастрастар аст. Ин партобгоҳи заҳрхимикатҳоро "могильник" гуфтан хато аст, мегӯянд баъзе аз сокинони ноҳияи Вахш. Зеро "могильник" ҷоеро мегӯянд, ки дар он ҷо чизе маҳфуз буда, онро намекушоянд. Аммо ин партобгоҳҳо муҳофизат надоранд ва наврасон ҳам ба он дастрастӣ доранд. Акнун худ мушоҳида кунеду хулоса бароред, ки "могильник" кадом аст. Партобгоҳҳои заҳрхимикатҳои Вахш ё баъзе аз синфхонаҳои қуфлбастаи компютерӣ, ки баъзан рӯзҳову моҳҳо дарҳои онҳо кушода намешаванд.

АСБОБҲОИ БАРҚИСТЕҲСОЛКУНИ БЕСӮЗИШВОРӢ

Дар боби мушкили барқ ва ба таъхир монондани машғулиятҳои компютерӣ Нуралӣ Азизов, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, ки имрӯз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон бо 770 адад асбобҳои барқистеҳсолкунӣ ё дизелӣ таъминанд. Аз ин бармеояд, ки 59%-и мактабҳои вилоят бо асбобҳои барқтаъминкуни дизелӣ таъминанд.

Аммо пурсишҳои мо собит месозанд, ки дар мактабҳои дорои асбобҳои барқистеҳсолкуни дизелӣ низ бинобар мушкили дастрасткунии сӯзишвории дизелӣ синфхонаҳои компютерӣ дар фасли зимистон фаъол нестанд. Воқеан баҳри дастраст кардани сӯзишворӣ барои ба кор даровардани ҳамин 770 адад асбобҳои барқтаъминкунии синфхонаҳои компютерӣ аз кадом ҳисоб маблағ ҷудо мешавад, суолест, ки матраҳ бояд шавад.

БАЧАҲО "БОМБИТ"

КАРДАНРО ЁД МЕГИРАНД

Пушида нест, ки дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳои ободтари баъзе аз навоҳии вилоят марказҳои бозиҳои компютерӣ фаъоланд, ки дар онҳо наврасони 12-13 сола ҳам мустақилона сари мизи компютер менишинанд. Аммо дар ин марказҳо бачаҳо на омӯзиши барномаҳои муфиди компютерӣ, балки "террор", ҳуҷумҳои мусаллаҳона ва танҳо муштзаниву парондан ва ба гуфти худи наврасон "бомбит" карданро ёд гирифтаанд. Бечора волидайн, мисли Биби-Ҷавлӣ умед мебандад, ки дар ояндаи наздик насли нави тоҷик рӯи кор меояд, ки бо маҳорату кашфиётҳои хеш аз захираю имкониятҳои Тоҷикистон истеҳсолоти пешрафтаро рӯи кор меоранд.

Воқеан агар дар соли илму маориф ва фарҳанги техникӣ нируҳои ақлонии мо харидори худро ёбанду мардуми деҳот барои омӯзиши фанни компютер барои фарзандони худ маблағ ҷудо кунад, ин насл дар оянда кашфиётҳои беназире хоҳанд кард, ки оламиёнро дар ҳайрат хоҳанд монд.

Алъон физики ҷавон Муҳаммаднабӣ бо боварӣ мегӯяд, ки имкони тариқи мавҷ интиқол додани нируи барқаз НБО то истгоҳу нуқтаҳои охири истифодабарандагони нируи барқ вуҷуд дорад. Аммо барои амалӣ намудани ин пружа қабл аз ҳама маблағҳои калон барои ташкили "лабораторияҳо"-и замонавӣ зарур аст. Ба гуфтаи Муҳаммаднабӣ дер ё зуд ҷомеаи ҷаҳонӣ ин "система"-и ояндасозро кашф ва мавриди истифода қарор хоҳад дод. Аммо агар барои ташкили лабораторияҳои илмӣ маблағ пайдо шавад, ҳамин кашфиётро ман дар муддати 5-7 сол мавриди амал қарор дода метавонам.

Ҳоло таъминоти нируи барқро дар сатҳе идора дорем, ки ҳатто нафароне аз барқи мо рӯзу сол ройгон истифода мебаранд.


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97