РӮЯМ СИЁҲ, КИ ШОИРӢ ЯК НОМИ ХОЛӢ ШУД!

Иҷтимоъ 08.10.2009 14:13

ГУЛРУХСОР: Бист сол пеш хато кардам.

Мутмаин бошед, имрӯз низ иштибоҳ мекунед!

Ахиран суханонеро аз шоири саршинос ва шахсияти маъруфамон бону Гулрухсор шунидам, ки мегуфт, дуруст аст, ки мо дар бист соли пеш чунин ақида доштем, ки бояд ба хатӣ форсӣ гузашт, аммо он вақт хато карда будаем. Мутмаинан, устод акнун низ иштибоҳ мекунед, тардид надошта бошед, ки агар фикр мекунед, иштибоҳ кардаед, он иштибоҳатон ҳам ношӣ аз мактаби бо хати кирилӣ хондаи шумо буд. Акнун ҳам ки ғалат мекунед, боз ҳам пайомади ҳамон мактаб ва хатест, ки хондаед ва медонед.

Шояд як сӯҳбататон, агар иштибоҳ накунам, бо Аҳмади Шомлу буд, ёдатон бошад, ки пазируфта будед, ки калимаи "олуда"-ро нодуруст истифода кардаед. Бача будам, ки хондам ва шумо иқрор карда будед, ки мо тӯли ин ҳама сол аз асли худамону забонамон бегона шудем. Аммо агар имрӯз боз ҳам ба ҳамон "олудаи"-атон боз гаштаед, чӣ ҳайф…

Устод, Шумо мутмаин нестед, ки агар тасаллути Аҳмади Шомлуро ба форсӣ медоштед, мо як Гулрухсори дигаре медоштем? Ман тардид надорам, ки иштибоҳи аксари шоирони мо, аз устод Қаноат гирифта то шумо, ва ба баъд, як заъфи аслӣ дар ҳамин хат буд. Ман аслан ҳайронам, ки чӣ тур бидуни донистани хати форсӣ мешавад ба форсӣ ё тоҷикӣ шеър гуфт(?). Донистан ба шакли донистани шоирони мо, яъне ҳарф ба ҳарф хондан ин ҷо кофӣ нест, бояд мутолиа ва иншо ба ин хат бошад.

Чизи дигар. Дар як соли пеш мақолае навиштам дар ин маврид, ки умдатан посух ба даъвоҳои Иброҳим Усмонов, устоди донишгоҳ ва мушовири собиқи Раиси ҷумҳур ва на танҳо мушовир буд. Он гоҳ дар баробари истиқбол аз ин матлаб, ҷамъе ҳам бидуни он ки номашонро ошкор кунанд, мисли мӯру малах ба он мақола дар саҳифачаҳои интернетиашон пардохтанд. Ман ба онҳо посух надодам ва намедиҳам. Вале шунидам, ки муаллим И. Усмонов аз ин матлаб нороҳат шудаанд. Ҳадафи ман ин набуд, вале ҷое аз ин матлаб боиси озурдагии хотирашон шуда бошад, мутаассифам. Аммо чун медонам, ки эшон ба усули озодии андеша эътиқод доранд, онҳоро мухотаб қарор додам. Онҳо ҳам гуфтанд, мо ҳам гуфтем. Вале ин ҷо бори дигар мегӯям, ки агар ҳар касе бовар дошта бошад, ки бо хати кирилӣ, ки дорем, миллати мо ба саодат мерасад, ба назари ман дақиқан иштибоҳ мекунад. Акнун суоли аслӣ боз ҳам ин аст, ки чаро? Ва як суоли дигар ин буд, ки бархе дӯстон гуфтанд, чаро ба И. Усмонов ба истилоҳ часпидед, дар ҳоле ки вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳам мухолифати шадид ба хат нишон дод? Он гоҳ чизе нагуфтам, агарчанд посухам ин буд, ки А. Раҳмонов як вазир аст ва зимни конфронс аз ӯ суол, ки шуд, посухи худро мутобиқ ба мавзеъи ҳамонрӯзаи давлати матбуаш баён кард. Агар ӯ мисли устодони дигар дар нишастҳои хос аз ин маърӯза мекард, китоб менавишт ва истодагарӣ мекард, мутмаинан ӯ низ мухотаб қарор мегирифт. Дигар ин ки ман аз вазири мӯҳтарам қаблан таваққӯе доштам, феълан надорам ва ҳанӯз ҳам фикр мекунам он чӣ Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, фикри даврони вазирии ӯст. Умедворем, баъди вазирӣ ӯ ба ҷойгоҳи илм бар гардад.

МАКТАБИ БЕКИТОБИ АБДУҶАББОР РАҲМОНОВ

Бояд ё форсиро бипазирем ё ба мактаби русӣ бигузарем.

Ба назари ман барои наҷоти миллат, яъне дар оянда як миллати бо иззат будан, ду роҳ дорем: Яке ин ки хати форсиро бипазирем, ки фикр мекунам, маслиҳат ҳамин аст. Роҳи дигар ин ки забони расмиамонро ба русӣ табдил кунем. Гузинаи севум ин ҷо вуҷуд надорад. Ба шарҳи ин ду нукта хоҳем пардохт, аммо қабл аз он ду сухан дар бораи иштибоҳоти ҷонибдорони форсӣ.

Дар воқеъ як иштибоҳи рӯшанфикрон ва ҷонибдорони форсӣ дар ибтидо ва то ҳамакнун ин буда, ки аз рӯи эҳсос ва ихлос зарурати гузаштан ба форсиро бештар барои иртибот бо гузашта таъкид мекарданд. Ва ҷанбаи дигари онро аслан зикр намекарданд. Дар ҳоле ки ин хат акнун барои ояндаи миллат бисёр муҳим аст. Ин хат аслан барои доштани мактаб зарур аст. Ин ҷо масъала ба худии худ сари хат, яъне василаи ифодаи фикр дар рӯи қоғаз ба танҳоӣ нест. Ин ҷо масъала бузугтар аз он аст, ки то кунун пиндоштаем. Яъне масъала ба мактаб бар мегардад. Бо ин хате, ки феълан дорем, метавон гуфт, мактаб вуҷуд надорад, яъне мактаби комилу тамомаёре, ки аз он ба унвони мутаххассис шахсе берун биояд. Мактабе, ки мо дорем, як мактаби бекитоб аст. Агар хонум Гулрухсор ба унвони мактаб чор девору як аксе бар ин деворҳо ва се китоби бемуҳтаворо дар назар дошта бошад, дуруст мегӯяд. Вале мо вақте иддао мекунем, ки бояд ба хати форсӣ рӯ овард, ҳадафи мо маводу матлабу адабиёти фаровон барои гирифтани маълумот ва фарогирии таҳсилот аст. Яъне боз ҳам баҳс баҳси доштани мактаб аст. Баҳси хат ба худии худ нест. Агар имкон, зарфият ва маълумотеро, ки ба хати форсӣ феълан барои гирифтани таҳсилоти умумиву донишгоҳӣ мавҷуд аст, ҳадди ақал 20 дарсади онро дар хати кирилӣ дошта бошем, метавонем умедвори беҳбуд бошем ва баҳс кунем. Аммо хати кирилии мо мутмаинан, 10 дарсади зарфият ва имкони хати форсиро барои гирифтани маълумот надорад.

Мактаби миёнаи бекитоби мо фақат хондану навиштанро ёд медиҳад, фикр карданро намеомӯзад. Ба ҳар сурат давраи мактаби умумӣ ё миёна пушти сар мешавад, бо он ки донишомӯз ҳади ақал навиштанро ёд мегирад. Аммо аз донишгоҳу донишкадаҳо билохира бояд мутахассис берун биояд. Ва суол ин аст, ки оё бо хати кирилии забони тоҷикӣ гирифтани таҳсилоти олӣ, хоса дар риштаи улуми дақиқ, имкон дорад? Манзурам диплом нест, таҳсилот аст. Ҳар касеро виждон ва инсоф бошад, посухаш ба ин суол нест. Бубинед, мо донишгоҳи нақлиёт доштем, ки баста шуд ва дар донишгоҳи техникӣ бахши ҳавонавардӣ дорем. Ва ё дар ҳамин донишгоҳ ҳатман мазмунҳое назири "легкое, тяжёлое машиностроение" тадрис мешавад. Мутмаинам, ки на дар бахши ҳавонавардӣ ва на дар бахши мошинсозии сангин ҳеҷ адабиёте ба ин хати кирилӣ ва ин забонамон вуҷуд надорад. Агар баъди солҳо адабиёти таълимӣ пайдо ҳам шавад, ин ба маънои он нест, ки барои парвардани як мутахассис кофӣ бошад. Барои мутахассис шудан, як нафар даҳҳо баробари адабиёти таълимӣ, бояд адабиёти иловагӣ ва илмӣ мутолеа кунад. Адабиёте, ки дар китобхонаҳои донишгоҳҳои мо ба хати кирилӣ ва забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Таҳсилоти улуми дақиқ ва техникии мо то кунун ба забони русӣ анҷом шудааст ва адабиёте ҳам агар пайдо шавад, бо ҳамин забон аст. Бо забони тоҷикӣ кори илмӣ анҷом намешавад, навгониҳои илмии дунё ҳам солҳост, ки ба тоҷикӣ тарҷума намешавад.

Пас роҳи воқеъият меояд ва ин ҷо сари хати форсӣ ва забони русӣ банд мешавад. Аз ду якеро бояд интихоб кард.

Даъвои истифода аз хати форсӣ, як амри воқеъгароёна ва ақлписанд аст. Пеш аз ҳар чиз ин масъаларо дар заминаи манфиати молӣ ва маънавии тоҷикӣ матраҳ мекунем. Зеро бо хати форсӣ ҳама адабиёт, шурӯъ аз таълими кӯдак то равоншиносӣ ва ҷадидтарин фанноварии ҳатто ҳастаӣ мавҷуд аст. Камоли беинсофӣ ва нодонист, ки ҳама кори анҷомшударо мо дубора бо масрафи ҳангуфт анҷом диҳем. Яъне пеш аз ҳама баҳси мо сари истифода аз имкон ва зарфияти мавҷуд дар хати форсист. Аммо пеш аз он мо бояд ин воқеиятро бипазирем, ки дар воқеъ хати кирилӣ дар забони тоҷикӣ имкон ва зарфияти баробар ба сифрро дорад. Таъкид мекунам, зимни ин баҳс замон матраҳ нест.

Аммо дар забони русӣ ин хат, яъне кирилӣ ба ҳар хати дигари роиҷи дунё метавонад баробарӣ кунад. Зеро ҳадди ақали адабиёти зарурӣ барои гирифтани таҳсилот дар забони русӣ бо хати кирилӣ мавҷуд аст. Ва мо низ дар ҳоли ҳозир имкони дубора пардохтан ба забони русиро комилан аз даст надодаем. Ва ин имкон ҳамчунон ҳифз шудааст. Зеро мутахассисон, яъне муаллимону устодони фаровоне, ки ба забони русӣ тасаллут доранд, шукри Худо, ки ҳанӯз мавҷуданд.

Ба ин далел ман ду гузинаро воқеӣ мебинам, яке хати форсӣ ва дигаре мактаби русӣ, ки дар сурати дуввумӣ масири таърих андаке дигар хоҳад шуд, ва ин шояд навъе хиёнат низ бошад. Аммо боз ҳам аз надоштани мактаб он беҳтар аст. Гузинае севуме гуфтем, ки вуҷуд надорад.

Бо хат ва забоне, ки то кунун ҳатто як барномаи компютерӣ вуҷуд надорад, чӣ гуна метавон даъвои ояндасозӣ кард?

Аммо ин устодони муҳтарами мухолифи хати форсӣ аз устоди арҷманди донишгоҳ то вазири маорифи муҳтарам ва ахиран шоири мардумӣ кадоме аз ин ду гузинаро қабул доранд? Ва ё шояд роҳи севумро медонанд?

ҚОНУНИ ЗАБОН ВА РӮШАНФИКРОНИ

ХОМӮШИ ТОҶИК

Ва акнун боз дар бораи изҳори назари хонум Гулрухсор ва Қонуни нави забон.

Ахиран бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур Қонуни нави забон барои баррасӣ ба маҷлис муаррифӣ шуд. Аксари рӯшанфикрони тоҷик аз хиҷолат ҳатто изҳори назар дар мавриди тарҳи ин қонунро ҷоиз надиданд. Албатта ду се шахсияти фарҳангӣ истисност. Вале ҷое барои шарм доштан ҳам вуҷуд дорад. Зеро зиёии тоҷик имрӯз аз баҳра мондааст. Кори зиёӣ тавлиди фикр ва андеша аст. Агар инро меъёр қарор диҳем, пас имрӯз мо зиёӣ надорем. Ман ҳамаи рӯзномаҳои як ҳафтаро, ки барои нашри онҳо қувваи садҳо тан сарф мешавад, дар чанд дақиқа ба истилоҳ "мехонам". Аммо чизе ҷалби таваҷҷуҳ намекунад. Зеро андеша шах шудааст, тафаккуре мушоҳида намешавад, ангеза нест… зиёӣ мурдааст… Рӯшанфикрон дар мавриди таҳаввулоти атроф изҳори назар намекунанд. Агар кардаанд ҳам, тамаллуқ кардаанд. Дар рӯзи Истиқлол боз ҳам раиси ҷумҳур адешаи дигаре баён кард ва боз ҳам ба ҷои рӯшанфикрон. Ва он таъкид ба тақвияти андешаи миллӣ ва истиқлол буд. Аз донишманди хушном Рустами Ваҳҳоб пурсидам, ки раиси ҷумҳур бо ин кор мехоҳад бигӯяд, чӣ? Гуфт; "ин дарки як ҳақиқати мусаллам аст". Ва ҳадафи раиси ҷумҳур ангеза додани фикри рӯшанфикрон аст. Ба ин фикр мувофиқам, аммо боз ҳам вокунише надидам. Фикри рӯшанфикрон то ҷое ях кардааст, ки умеде барои дубора об шудани он нест. Вале Рустами Ваҳҳоб чизи дигар гуфт. Гуфт, ки рӯшанфикрон ҳар чи гуфтанд ба самар нанишаст ва фикр мекунам то ҷое хаста шуданд ва диданд, ки назарашон натиҷае намедиҳад, аз гуфтан монданд. Ман ба ин андеша аммо мувофиқ нестам ва фикр мекунам, вақте рӯшанфикри миллат аз гуфтан монд, он миллат мурдааст. Чаро Аҳмадшоҳи Масъуд то охирин қатраи хун аз мубориза намонд, чаро Устод Раббонӣ бо беш аз ҳафтод соли умр хаста нашуд, аммо Нур Табаров ва Бӯрӣ Каримов хаста шуданд(?!). Ман мегӯям, инҳо ва даҳҳо мисли онҳо, ки миллат ба онҳо эҳтиром гузошт, сазовори эҳтироми ин милллат нестанд. Бадбахтии ин миллат дар сӯи тафоҳуми мутақобил аст. Ин ҳам беэҳтиромии бузургон ба омми ин милат аст, ва гоҳе баръакси он. Мисле, ки дар намунаи Нур Табаров ва Бӯрӣ Каримов дидем. Ин ду ва назири он ду дар ин фикранд, ки ҳукумате аз Маскав ва ё ҳукумате маскавгаро меояд ва боз вазифаҳои онҳоро ба онҳо боз хоҳад дод? Ба ибораи Бозор Собир, сад ҳайи уф гуфтанҳои падари бузургам барои Нурмаҳамад ва Бӯрибек. Аввалин умедвориро ҳаминҳо бӯғӣ карданд.

Вале зиёинамоҳои дигари мо, ҳатто аз тамаллуқ ҳам мондаанд. Шояд хонум Гулрухсор ва онҳо низ дар ҳамин фикранд, ки мабодо, агар ҳарфе бигӯянд ва баъди бист сол боз он фиркашон ҳам иштибоҳ маълум шавад. Аммо шарти демократия ҳамин аст, изҳори назари ҳар кас ва таҳаммули он аз сӯи дигарон, ҳатто агар ғалат ҳам бошад. Барои ҳамин бигӯед назаратонро, наҳаросед, шуморо маҳкум намекунанд.

УЗРИ БАДТАР АЗ ГУНОҲИ ГУЛРУХСОР

ё бузургон иштибоҳ намекунанд

Аммо акнун бирасем сари "чисто сердечные признание"-и устод Гулрухсор. Ман фикр мекунам, ки чунин "эҳсоси гуноҳ" кори баде аст, на фақат барои Гулрухсор, балки барои наҳзати ба камолнарасидаи миллати тоҷик. Наҳзате, ки дар соли 1992 хафа шуд ва ҳанӯз ҳам нафасаш рост нашудааст. Ва чунин изҳори назар инкори тамоми ҳаракат ва талошҳо барои арзишҳои миллӣ низ метавонад дониста шавад. Чун Гулрухсор, замоне дар саргаҳи андешаи миллӣ ва наҳзати озодихоҳӣ қарор дошт, изҳори назари ӯ метавонад фаротар аз баёни мавқеи хусусии ӯ бошад. Агар мегӯед, Шумо иштибоҳ кардаед, ин ба маънои иштибоҳ танҳо дар мавриди хат нест, балки баъди чунин изҳороте бардошти аввалӣ ҳадди ақал ин аст, ки тамоми кори шумо иштибоҳ буд. Аммо ман фикр намекунам, ки наҳзати миллӣ ва озодихоҳӣ кори иштибоҳе буд. Ҳақиқати он ҳам рӯз аз рӯз бештар собит мешавад. Он ҳам андешаи миллӣ, истиқлоли миллӣ ва иззати миллӣ буд. Давлат имрӯз қадам ба қадам он чиро пайгирӣ мекунад, ки рӯшанфикрони миллӣ ва наҳзати миллӣ дар бист соли пеш меандешид ва мегуфт. Ин андешаҳо, ки акнун амалӣ мешавад, дар мақолаҳо, суханрониҳо ва таъкиди пешвоёни ҳаракати миллӣ дар бист соли пеш садо медод. Кам чизе ба онро мушовирони муҳтарами давлат изофа кардаанд. Ва боз аз ҳамин Қонуни забон. Дақиқан, бист соли пеш, рӯзи қабули Қонуни забонро дар ёд доред, озодамарди фақид, Тоҳири Абдуҷаббор хитоб ба раиси маҷлиси олӣ чӣ гуфта буд? Агар ёд надоред, сабти он дар ТВТ боқист ва гуфта буд: "Дар тарҳи қонун омадааст, ки забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо озодона амал мекунад. Аммо то ҷое, ки маълум аст, озодона амал кардан хислати забони давлатист. Агар як забони дигар озодона амал мекунад, пас имтиёзи забони давлатӣ чист?"

Акнун бигӯед, ки дар тарҳи нави қонуни забон, ки бист сол баъд таҳия шудааст, муҳимтарин нукта ҳамин набуд, ки боиси таваҷҷуҳи ҳама шуд, забони муошират? Чи нуктаеро ба пешниҳоди бист соли пеши пешвоёни наҳзати миллӣ мушовирони имрӯзи давлати мо афзуданд?

Бонуи иззатманд, мутмаинам, ин воқеъиятро мепазиред, ки ҳақиқат ноқис намешавад. Агар инро мепазиред ва бо забони Фирдавсӣ шеър гуфтаед, пас забонатон тоҷикии форсии дарист. Забони форсии бе хати форсӣ, аммо, ҳақиқати ноқис аст. Оё ҳақиқат ноқис мешавад?!

Оё Гулрухсор метавонад ҳам шоир бошад ва ҳам набошад?

Изҳори таассуф низ пояҳои ифтихорро заиф мекунад ва худро хатокор нишон додани шахсиятҳои наҳзати миллӣ, мисли шумо, ба раванди китобати таҳаввули таърихи миллат латма мезанад. Аз ҳамаи пешниҳоде, ки шумо доштед, давлати феълӣ фақат хати форсиро қабул накардааст, ки дер ё зуд қабул хоҳад кард. Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки; "мо, шояд манзур рӯшанфикрони мо аст, дар пояи андешаҳои бист соли пеши Тоҳири Абдуҷаббор пой мекӯбем". Аз замони хондани ин ҳарф ҳар рӯз ба он меандешидам, то баъди чанд моҳ, зимни муаррифии тарҳи нави Қонуни забон ин ҳақиқат бори дигар рӯнамо шуд. Акнун ба ин натиҷа расидам, ки сӣ соли дигар ҳам дар пои андешаҳои бист соли пеши Тоҳири Абдуҷаббор, пешвои ҳаракати истиқлолхоҳии Тоҷикистон пой хоҳем кӯфт. Яъне дар пеши пои Шумои бузург, Гулрухсор… Пас ҳайф аст, ки бигӯед хато кардаед.


Раҳматкарими ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97