МИРОБИ ХУТАЛОН ҚАРЗДОР АСТ! ҚАРЗ…ДОР! Оё дар Хатлон як вакиле ёфт мешавад, ки дарди заминро эҳсос кунад?

Иҷтимоъ 05.10.2009 14:24

МИРОБИ ХУТАЛОН ВА 94 МЛН СОМОНӢ ҚАРЗ

Вазъи имрӯзаи хоҷагиҳои оби вилояти Хатлон боиси ташвиши ҷиддии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гардидааст. Бо чунин пешгуфтори пуризтироб Ғайбулло Афзалӣ, раиси вилоят дар иҷлосияи 20-уми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон маърӯзаи худро оғоз кард. Тибқи иттилои ӯ, имрӯз қарзи умумии хоҷагиҳои об аз андозҳо, музди меҳнат, ҳаққи истифодаи нируи барқ ва дигар соҳаҳо ба 94 млн сомонӣ расидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоле ки музди меҳнати аксари кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон барои таъмини рӯзгори моҳонаи кормандон нокифоя аст, аммо бар иловаи ин ҳамин музди меҳнати ночизи коргарон сари вақт пардохт намешавад. Аз ин бармеояд, ки дар поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатии коргарон идораи хоҷагии оби вилоят дар сафи пеш меистад.

Арқоми ифшо намудаи Ғайбулло Афзалӣ дар ин маврид, ки хоҷагиҳои оби вилоят аз музди меҳнати коргарони худ 20 млн сомонӣ қарздор мебошад, боиси нигаронӣ аст. Зеро тибқи иттилои ҳамин манбаъ баъзе аз коргарони хоҷагии об моҳе ҳамагӣ 50 сомонӣ музди меҳнат мегиранд. Аммо бо вуҷуди пардохти музди меҳнати ночиз ҳудуди 2000 нафар миробҳо дар кори ин соҳа содиқ мондаанд ва ҷойҳои кори худро тарк накардаанд. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар ин соҳа 260 нафар мутахассис намерасад. Дар баъзе аз пойгоҳҳои обкашӣ ба ҷойи шавҳару фарзандони ба муҳоҷирати корӣ рафта, масъулияти миробиро бонувон ба ӯҳда гирифтаанд. Имрӯз ҳолати техникии шабакаҳо ва пойгоҳҳои обкашии вилоят, чоҳҳои амудӣ дар ҳолати ташвишовар қарор дошта, ин вазъият ба ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расонидааст.

ҒАЙБУЛЛО АФЗАЛӢ МУТТАҲАМ МЕКУНАД

Тибқи иттилои Ғайбулло Афзалӣ дар таъмини шабака ва пойгоҳҳои обёрикунандаи хоҷагиҳои оби вилоят бо нируи барқ ҳисобу китоби дуруст нест. Сабаби асосии афзоиши қарзҳои хоҷагиҳои об ҳам дар он аст, ки кормандони барқ оид ба истифодаи нируи барқ ҳар гуна ҳисоботеро, ки ба масъулини хоҷагиҳои об пешниҳод намоянд, ҷониби дигар бидуни баҳсу баррасӣ ба он имзо гузошта, қарзҳои гаронро бар сари хоҷагиҳои кишоварзӣ бор месозанд.

ВОКУНИШИ КОРМАНДОНИ БАРҚ

Аммо аз сӯҳбат бо масъулини шабакаҳои барқии бархе аз навоҳии Хатлон маълум гардид, ки на ҳамаи далелҳои пешовардаи раиси вилоят дар иҷлосияи вакилони халқи вилояти Хатлон қобили қабул мебошанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, (ки барои таҳти фишори мақомоти болоӣ қарор нагирифтан, аз ифшои номашон худдорӣ кардаанд), маблағи истифодаи нируи барқ дар шабакаҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ аз рӯи ҳисобкунакҳои барқӣ муайян карда мешаванд ва тибқи қавоиди мавҷуда бидуни васли ҳисобкунакҳои барқӣ пойгоҳҳои обкашӣ ҳуқуқи истифодаи нируи барқро надоранд.

Аммо ба ҳар сурат, эродҳое, ки ҷаноби Афзалӣ ироа доштанд, таҳлили сар сарӣ нест, зеро раис бештари вақти худро дар сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо сарф мекунад ва шубҳае нест, ки шабакаю пойгоҳҳои обкашиеро ҳам кашф карда бошад, ки бидуни ҳисобкунакҳои барқӣ кор мекардаанд. Коршиносони соҳа иброз медоранд, ки дар таъмини нируи барқ ва рафти пардохти он миёни кормандони барқ ва миробҳои вилоят эҳтимоли тақаллубкорӣ вуҷуд дошта метавонад.

ҚАРЗДОРОН БА ДОДГОҲ КАШИДА МЕШАВАНД

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, шабакаҳои барқӣ тасмим доранд, ки бинобар ба таъхир афтодани пардохти бақияпулиҳои истифодаи нируи барқ хоҷагиҳои оби вилоятро ба додгоҳи иқтисодӣ бикашанд. Чанде қабл дар ин бора Маҳмад Самадов, сардори шабакаҳои барқии ҷануби вилояти Хатлон дар сӯҳбате бо хабарнигорон иттилоъ дода буд, ки дар ҳолати ба таъхир уфтодани қарзҳо аз ҷониби Раёсати хоҷагиҳои оби вилоят, ногузир идораи барқрасон ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат мекунад. Мирзоалӣ Собиров, сардори раёсати хоҷагиҳои оби вилоят низ зимни суханрониаш дар ҳузури вакилони Хатлон аз 22 млн сомонӣ қарзи хоҷагиҳои оби вилоят аз андоз, 2,5 млн сомонӣ қарзи фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва маблағи қарзии 22 млн сомонӣ аз ҳаққи истифодаи нируи барқ ёдовар шуд. Мавсуф иброз дошт, ки аз сабаби он ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаққи истифодаи обро сари вақт пардохт карда наметавонанд, соҳа ҳатто аз музди меҳнати коргарони худ қарздор аст. Аммо Мирзоалӣ Собиров нагуфт, ки барои сари вақт бартараф кардани қарзҳо нисбат ба ҳеҷ яке аз хоҷагии кишоварзӣ ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат мекунад ё не.

БОЗ КӢ ҲАВАСИ МИРОБ ШУДАН ДОРАД?!

Ин дар ҳолест, ки гуфтем, сабаби афзоиши қарзҳоро раиси вилояти Хатлон дар бемасъулиятии худи роҳбарони ноҳиявии хоҷагиҳои об мебинад, ки дар вақти имзо мондани санадҳо оид ба истифодаи нируи барқи насосҳои обкаш беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Раис дар ҳамин маврид гуфт, ки ҳамин гунна хоҷагиҳои об ба чунин санадҳо имзо гузошта, бо ҷамъи ҳақи хизматрасонии худ ҳамаи ин қарзҳоро бар дӯши хоҷагиҳои кишоварзӣ бор мекунанд. Нуқтаи ҷолиб дар маърӯзаи Ғайбулло Афзалӣ ин буд, ки мегуфт: "Новобаста аз мушкилоти молии соҳа дар солҳои охир таваҷҷуҳи довталабон барои ишғоли вазифаи сардори хоҷагии оби ин ё он ноҳия зиёд шуда, онҳо ҳатто барои соҳиб шудан ба ин вазифаҳо ҳатто ба истилоҳ "тағодавонӣ" ҳам мекунанд".

Гарчанде ки дар бобати талоши довталабон барои ишғоли вазифаи сардори шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо чизе афзуда нашуд, аммо гумони мардум бар он аст, ки барои ишғоли вазифаи сардори шабакаҳои барқ бидуни "тағодавонӣ" ҳам даст хоҳӣ ёфт, агар шавҳари аммаат раис бошад.

Ба ҳар сурат новобаста аз мушкилоти молӣ ва вазъи ташвишовари соҳа иддае барои ишғоли вазифаи роҳбарии хоҷагиҳои оби навоҳии Хатлон талош ҳам доранд. Ин ҷо раиси муҳтарам ишорае ҳам карданд, ки сабабгори асосии ҳолати ногувори соҳа ва муҳити кору фаъолияти масъулини ин соҳа заъфи будани назорат аз ҷониби ниҳодҳои марбута ҳам мебошад.

МУШКИЛОТИ ОБ ВА ТАЪСИРИ ОН БА

ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ

Дар соли ҷорӣ барои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои вилоят 2 млн 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Аммо дар баъзе аз ноҳияҳои Хатлон, аз қабили Носири Хусрав, Фархор, Ҷилликул, Қубодиён, Румӣ, Бохтару Вахш ин маблағҳоро пурра аз худ накардаанд. Вазъият чунин аст, ки имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 22 ҳазор гектар заминҳо дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор доранд. Ба гуфтаи Ғайбулло Афзалӣ новобаста аз он ки шӯршавию ботлоқшавии заминҳои ҳосилхез зиёд ба назар мерасанд, аммо дар тӯли тамоми солҳо ягон нафар аз сабабгорони шӯршавию ботлоқшавии заминҳо муҷозот нашудаанд. Дар бобати вазъи техникии қубурҳои обкашӣ шабакаҳои обёрикунандаи шаҳру ноҳияҳо масъулин иброз медоранд, ки аз 195,2 км ин қубурҳо 11,5 км-и онро, ки корношоям гардидааст, бояд иваз намуд. Дар мавриди сари вақт тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо раиси вилоят пешниҳод намуд, ки хоҷагиҳои оби минтақа экскаваторҳоро омода созанд, маблағи хизматрасонии онҳоро хоҷагиҳои кишоварзӣ пардохт намоянд. Дар ҳамин ҳол сардори раёсати хоҷагиҳои оби Хатлон Мирзовалӣ Собиров иброз медорад, ки 160 адади экскаваторҳои дар мувозинати хоҷагиҳои об мавҷудбуда, аз солҳои 1960 инҷониб кор карда, бештари он корношоям шудааст ва имрӯз 14 ҳазор километр заҳбуру заҳкашҳои дар ҳудуди Хатлон мавҷудбуда, сари вақт тоза карда намешаванд.

ЧӢ БОЯД КАРД?

Маҳз дар иҷлосияи вакилони халқи вилояти Хатлон баррасӣ намудани ҳолати хоҷагиҳои оби Хатлон ва аҳволи заминҳо тариқи насосҳои обкаш обёришаванда бесабаб нест. Ба хусус пешниҳоди раиси вилоят бобати он ки дар ноҳияҳои кишоварзӣ марказҳои хусусии хизматрасонии техникӣ таъсис дода шавад, бояд аз ҷониби вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қобили мулоҳизаронӣ бошад. Зеро вакилони халқ агар ин масъаларо дар назди интихобкунандагони худ баррасӣ намоянд, боварии комил дорем, ки дар вилоят ҳастанд соҳибкороне то барои ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ маблағҳои худро сарф намоянд. Бубинед дар оғози солҳои 2000-ум пешниҳоди коршиносони соҳаро бобати хусусигардонии соҳаи хоҷагиҳои об нодида гирифтем. Ба ҷойи он иддае аз мардуми ҳушёр бо истифода аз маблағҳои гранти асосиатсияҳои истифодабарандагони обро таъсис дода, созмонҳои хайриявиро бобу хоҷагиҳоро фиреб дода аҳволи соҳаро аз буддаш вазнинтар гардониданд. Бобати найрангбозиҳои иддае аз масъулини асотсиатсияҳои истифодабарандагони об масъулини вилоят дар иҷлосияи мазкур ҳам ёдрас шуданд. Воқеан агар созмонҳои хайриявӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ба хусус системаи обёрикунии заминҳои водии Вахш таваҷҷуҳ дошта бошанд, акнун мебояд кӯмакҳои амалию молии худро расонанд.

ТАХРИБИ 80%-И ЧОҲҲОИ АМУДИИ ХАТЛОН

Бояд гуфт, ки як сабаби дигари бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ин аз кор мондани чоҳҳои амудӣ мебошад, ки ба баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ оварда расонидааст. Чуноне, ки масъулин иброз доштанд, аз 150 адад чоҳҳои дар вилоят мавҷудбуда ҳамагӣ 30 адади он фаъол истифода бурда мешаванду халос. Ба гуфтаи сардори раёсати хоҷагии оби вилояти Хатлон агар ҳамаи ин чоҳҳо коршоям мешуданд, ҳолати 20 ҳазор гектар заминҳои ба эрозия дучоргардида, беҳтар мешуду ин заминҳо ҳосили хуб медоданд.

ЗАМИНҲОИ БЕКОРУ МАРДУМИ ФИРОРӢ

Воқеан дар вилояти Хатлон бо роҳи тақсимоти одилонаи замин ва босамар истифода бурдани заминҳои бекорхобида метавон даҳҳо ҳазор сокинро бо ҷойи кору шуғли доимӣ ҷалб кард. Бубинед, дар валояте, ки даҳҳо ҳазор сокинонаш барои дарёфти қути лоямут ба хориҷи кишвар муҳоҷир шудаанд, беш аз 21 ҳазору 492 гектар замини боир мавҷуд аст. (Боир заминҳоеро мегуфтаанд, ки бинобар нарасидани нируи корӣ истифода бурда намешаванд). Инчунин бинобар истифодаи нодурусти заминҳо, шӯршавию ботлоқшавӣ, аз кор баромадани каналу шабакаҳои обёрикунанда ва дигар сабабҳо танҳо дар соли ҷорӣ 10 ҳазору 474 гектар заминҳои вилояти Хатлон аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ҳамзамон тибқи иттилои Алишер Зиёев, муовини раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон айни замон захираи давлатии замин дар Хатлон ба 72 ҳазору 180 гектар мерасад. Мо бошем барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ бобати пешгирӣ аз афзоиши бекорӣ дар кишвар ва таъмини муҳоҷирони кории ба ватанбаргашта бо кор ярмаркаҳои "афсонавӣ" ташкил медиҳему, эътиқоди мардумро ба сиёсати ҳукуматдорон боз ҳам "зиёда" мегардонем.

ОЁ ВАКИЛОН АЗ АЗОНИ АФЗАЛӢ БЕДОР ШУДАНД?

Хулоса, ин навбат иҷлосияи вакилони халқи вилояти Хатлон басо диққатҷалбкунанда доир гардид. Зеро раиси вилояти Хатлон дар баробари ошкор намудани камбудиҳои кори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят инчунин "бозиҳои пасипардаги"-и масъулини баъзе аз соҳаҳоро низ ифшо кард, ки барои пешгирӣ аз бартараф намудани мушкилоти иқтисодии соҳаҳои қарздор барои мақомоти назоратӣ луқмаи тайёр ҳам шуда метавонад.

Воқеан мавзӯи истифодаи самараноки замин, ҷалби соҳибкорони дохилию хориҷӣ, муҳоҷирони корӣ барои маблағгузории рушди соҳаи кишоварзӣ, тақсимоти одилонаи замин ва дигар мавзӯъҳои марбут ба он аз қабили масъалаҳои ҳалталаби вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки барои дар минбари Маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ намудани онҳо вакилони моро ҷасорату масъулияти дигар мебояд. Ба ҳар ҳол аз муҳокимаи мушкилоти соҳаи хоҷагии обу вазъи мелиоративии заминҳо дар иҷлосияи вакилони халқи Хатлон чи миробу чи заминдорон умедҳои зиёд доранд. Аммо аз натиҷаҳои ин иҷлосия чи суде бармеояд, вақт муайян хоҳад кард.

Вагарана бо ин қарзҳое, ки хоҷагиҳои оби вилоят доранд, Худо нигоҳ дорад, ки боз ягон мироб барои раҳоӣ шудан аз қарзи об худро обӣ накунад. Худо нигоҳ дорад!


Ҷамолиддини Усмониён
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97