"ДАРСИ ИБРАТ"
Моҳе қабл дар як деҳаи ноҳияи Ҳамадонӣ ҷавоне бо чанд зарби табар аз ҷониби як марди миёнасол кушта шуд. Кормандони милисаи ноҳия саривақт ҷинояткорро боздошт намуда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Зимни баррасии парванда маълум шуд, ки ҷавони қатлшуда бо духтари қотил робитаи ошиқона дошта, шабҳо ҷавон барои дидорбинӣ бо маъшуқааш ба назди хонаи ин мард меомадааст. Борҳо мард ба ҷавон ҷиддӣ ҳушдор дода ва хоҳиш мекунад, то чунин рафтор накунад ва обрӯяшро назди ҳамсояҳо нарезонад, ки ӯро ба қатл хоҳад расонд.
Ин дар ҳолест, ки ҳама мефаҳманд, ки мард ҷиддӣ ин суханҳоро сари забон овардааст ва аз ин рӯ метавонистанд садди роҳи ҷавон барои вуруд ба ҳавлии мард гарданд. Аммо афсӯс…
Шабе, ки охирин шаби зиндагии ҷавон буд, ӯ ҳамроҳи рафиқонаш аз тӯйе бармегардад ва дар хонаи яке аз онҳо, ба истилоҳ "клип" ҳои ошиқона тамошо мекунанд. Аз нақли шоҳидон, ки ба мо пас аз рух додани ҳодиса қисса намуданд, рафтори "қаҳрамонона" и клипҳои тоҷикӣ ҷавонро таҳрик медиҳад, то ба сӯи марг бишитобад. Марге, ки ҷавон пеш аз истиқболаш мехост, мисли "қаҳрамонҳо" и клипҳо қаҳрамонӣ нишон диҳад. Аммо чӣ қаҳрамоние...
Падари духтар ба "ваъда" аш вафо мекунад ва ҳатто сари ҷавонро бо табар аз танаш ҷудо месозад. Даҳшат! Ва мавзӯъ барои сарояндаҳои клипсоз, ки ҷавони гулгункафан мисли бархе аз онҳо, ки дар зер зикрашон меравад, мехост "қаҳрамонӣ" нишон диҳад…
Шояд номи он сарояндае, ки ҷавонро водор кард, то ба чунин кор даст бизанад, дар парвандаи ҷиноӣ наомада бошад ва ин низ гуноҳи қотилро каму беш накунад, аммо ҷавонони тақлидкорро мебояд то аз "қаҳрамониҳо" и клипсозони муосир ибрат нагиранд. Дар ҳамин маврид наметавон сари масъалаи клипсозии сарояндагони тоҷик, ки замони ахир ба истилоҳ ба ҳадди ифрот расидааст, таваққуф кард.
ЛЕНИН ДУРӮҒ НАГУФТА БУД!
Насли замони Шӯравӣ ҷумлаи машҳури доҳии "пролетариати ҷаҳон" ро дар мавриди кино ё синамо хуб дар ёд доранд. Ленин гуфта буд, ки "барои мо аз ҳама санъатҳо муҳимтаринаш кино аст!". Манзури Ленин ин буд, ки тариқи намоиши филм метавон ҳама чизро тарғиб кард ва имрӯз мебинем, ки ӯ дурӯғ нагуфта будааст. Ба маврид аст, зикр кунем, ки клип ҳам ҷузъе аз филм, яъне намоиши зинда аст. Пас, бархе сарояндаҳои мо бо клипҳои ба истилоҳ "фачу лач" и худ чиро тарғиб кардан мехоҳанд?!
Воқеан, пас аз ба соҳибистиқлол расидани Тоҷикистон ва пайдо шудани дастгоҳҳои рақамӣ клипсозӣ миёни санъаткорони тоҷик ба ҳукми анъана даромад. Клипҳои нахустини санъаткорон он қадар бад набуд, вале ба ногаҳ ин кор миёни санъаткорон авҷ гирифта, то ҳади ифрот расид ва сарояндагон бо клипҳое дар осмони ҳунар зуҳур карданд, ки аз диданашон ангушти ҳайрат нагазидан номумкин буд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳама сокинони Тоҷикистон талош доранд сароянда шаванд ва қабл аз ҳама бо клипи худ машҳур гарданд. Ҳоло шояд аз ин ҷост, ки кор ба ҷое расида, ки бе муҳобо бархе аз сарояндагон ба маънову мазмуни клипи сохтаашон сарфаҳм намераванд.
Барои мисол зиёданд занҳое, ки аз шавҳаронашон бо сабабҳои гуногун ҷудо шудаанд ва барои "сӯзонидан" и собиқ шавҳари худ бояд ҳатман бо як марди бегона "клип" созанд ва бархеи дигар бемантиқу бемазмун бисароянд: "Ёри бевафо бимирад, бимирад!.."
"PMC" Ё ТАҚЛИД БА ҲАМА
Шояд ҳамин сарфаҳм нарафтанҳо буд, ки сарояндагони мо дар баробари суруддуздӣ ё копихонӣ, инчунин ҳунари клипсозиро низ аз бегонагон бе ягон азоби виҷдон мавриди истифода қарор додаанд ва дар мавриди мутобиқ сохтани онҳо ба хусусиёти миллати худ сари мӯе наҷунбидаанд. Ҳунармандони тоҷикро бештар клипҳои намоишии овозхонҳои ирониасли муқими Урупо тариқи шабакаи телевизионии "PMC" ( Рersion Мusic Сhanal) ба худ ҷалб намудааст. Онҳо аз ин телевизион дар сурудаҳояшон чунон бардошт кардаанд, ки шояд урупоиёнро ҳам дар тааҷҷуб монданд. (Барои мисол Садриддини Наҷмиддин, ки чанд таронааш бо клипҳое, ки дар нақшҳо духтарони қариб пурра урён бозида буданд, аз ин шабака намоиш дода шуд). Аммо сарояндагони мо (М. Равшан, С. Сафарзод, Шабнаму Ҷонибек, Фарзона, С. Маҳмуд, Зиёвиддини Нурзод ва даҳҳои дигар) шояд намедонистанд, ки ҳадафи "PMC", ки аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ маблағгузорӣ мегардад, бо намоиш додани клипҳои нимурён бо забони инглисиву форсӣ танҳо ба хотири зарба задан ва аз байн бурдани фарҳанги мардуми Ирони исломист. Ва ҳунармандони ирониасли муқими Урупо, ки режими кунунии Иронро намеписанданд, бо гирифтани сармоя ба намоиш додани чунин клипҳо ҷалб мешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки фарҳанг низ бо сиёсат тавъам аст ва маълум аст, ки намоиши клипҳое бо "фарҳанги бараҳнагӣ" ба фарҳанги исломии Ирон чӣ таъсире мегузорад. Яъне, маълум аст, ки онҳо бо ҳадафи муайян ба чунин иқдом даст мезананд, вале тавре дар боло зикр кардем, суоле бепосух аст, ки сарояндагони мо аз сабти клипҳои ҳаммонанд бо "PMC" чӣ ҳадаф доранд?
Яқинан, бо далелҳо метавон гуфт, ки онҳо ҳадафе надоранд ва танҳо дар паи пайравии кӯр кӯрона бо ғарбиён чунин клипҳо месозанд. Аммо онҳо бехабаранд, ки пайравии кӯр кӯрона ва беҳадафи онҳо оқибат ба чӣ ҳадафҳои даҳшатноке расидааст ва мерасад. (Мисоли рӯшан дар боло зикр шуд.)
ТАРҒИБИ ТАЛОҚ ВА ХУДКУШӢ
МИЁНИ ҶАВОНОН
Мазмуни аксари клипҳои сарондагони мо ба қавли худи онҳо "ғамангезанд" ва аз ҳаёту рӯзгори худи онҳо ва ё наздиконашон баргирифта шудааст. Шояд ҳамин кӯшиши "ғамангез" нишон додан ба хотири "дилҳоро ба дард овардан" аст, ки мардҳои сарояндаи мо оҳиста оҳиста ба худ овози маҳини занона касб кардаанд ва қариб мондааст, то садои сурудхонии воқеан мардона миёни сарояндагони мард ба нестӣ бирасад (Ҳамчуноне ки рақси мардона қариб аз байн рафтааст.). Ҳатто сурудҳои даъват ба Ватандӯстиро низ сарояндагони мо бо лаҳни занона месароянд, ки ин хеле аламовар аст. Сарояндагони тамоми миллатҳои дунё сурудҳои ватандӯстиро бо як овози пурғурур ва хастанопазир месароянд, ки шунавандаро ба далериву мардонагӣ ва дифоъ аз шаъну шарафи Ватан даъват мекунанд. Аммо дар мо... оҳангҳои бисёр хуби давъваткунанда ба мардонагию ватанхоҳиро бо лаҳни бисёр оҷиз, ки бештар ба зориву тавалло монанд аст, месароянд, ки дар дил на мардонагиву ғурур, балки ғаму дарду оҷизиву хастагиро бедор мекунад. Тасаввур кунед, ки ҳамин гуна сурудҳо агар бо садои воқеан мардона суруда мешуд, чӣ шӯре дар дили меҳандӯстон бедор менамуд.
Аз сӯи дигар бештари сарояндагони мо аз " хиёнати ҳамсар ё ошиқ (маъшуқ) и худ" ва чӣ тавр онҳо барои ин гуноҳи "нобахшиданӣ" ранҷ кашидаанд, дар клипҳои худ ҳикоят мекунанд. (Зиёвиддини Нурзод, Фарзонаи Хуршед, ...) . Гурӯҳи дигар аз қаҳрамониву талошҳои худ дар мавриди ба даст овардани ёри дӯстдоштааш ҳикоят мекунад ва барои расидан ба ҳадафи худ ё ба марг мерасад ё ба маҳбас меафтад. Ва ҳамин тавр ғами худро тариқи клип баён намуда, онро ба тамошогарон низ бор мекунанд (Меҳрубони Равшан, Рӯзибеки Файзалӣ...) .
Як нуктаро ҳеҷ сарфаҳм намеравам, ки сарояндагони мо аз клипсозии худ дар Дубаю Амрико ва Ҳиндустону дигар кишварҳои пешрафта бо мошинҳои қиматбаҳои хориҷию паричеҳраҳои бемислу монанд, дар Тоҷикистон чиро тарғиб кардан мехоҳанд? Ё онҳо бо сабти чунин клипҳо мардуми қашшоқи Тоҷикистонро, ба истилоҳ "доғ доғ" мекунанд, ки ана инҳо доранду шумо не?! (Садриддини Наҷмиддин, Фахриддини Малик, Сӯҳроби Сафарзод, Шабнами Сурайё...)
Дар клипҳои номбаршуда усулҳои махсусе намоиш дода мешавад, ки он ҳатман ба тамошогар бетаъсир намемонад. Ба унвони мисол дар як клип вақте духтар хиёнати писари дӯстдоштаашро мебинад, тариқи истеъмоли дору худро ба ҳалокат мерасонад ва духтари дигаре худро ба роҳи мошин ҳаво медиҳад ё ин ки писаре ба хиёнат тоб наоварда, худро ба дор меовезад.
Маълум аст, ки ҳама ҷавонон мафкураву андешаи якранг надоранд. Аз ин рӯ қисме аз онҳо талош мекунанд, то худро боре дар нақши қаҳрамонҳои клипҳо бисанҷанд. Бо фароҳам омадани шароити мусоид (худое накарда дӯстдоштаи духтаре зан бигирад ё занеро каме ҳамсараш ва хушдоманаш тунд гӯяд) ҳатман онҳо ба коре даст мезананд, ки аз оинаи телевизион ва дискҳои "ситораҳо" дидаанд. Пас, магар дар афзоиши талоқу худкӯшӣ миёни ҷавонон "қаҳрамони" ҳои сарояндагони тоҷик дар клип консертҳо саҳм надоранд?!
ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ
БА КУҶО МЕНИГАРАД?
Аз мазмуни клипҳои тоҷикӣ дар ин матлаб "қатрае аз баҳр" гуфтам.
Мисли "чағораи баъди борон" ҳар рӯз дар осмони ҳунари тоҷик сарояндае пайдо мешавад. Аз хулосаҳои мантиқӣ бар меояд, ки барои онҳо одоб, сунат ва умуман тарбияи ҷомеа, ба хусус тарбияи насли ҷавон муҳим нест, балки онҳо бояд дар зудтарин фурсат бо сабти ду се клипи бемазмуну бемантиқ "албоми сурдҳо" и худро ба бозор бароранд.
Аммо ин ҷо ҳайронам, ки то кунун Вазорати фарҳанг ба куҷо нигаристааст?! Ҷои пушида нест, ки ҷомеаи мо демократист, вале фаромӯш набояд кард, ки демократия ҳаду ҳудуд дорад ва мо онро дар доираи одобу ахлоқи шарқиёнаи худ бояд дарк намоем, на ин ки ҳар кас чизе хоҳад, агар бар зарари умум ҳам бошад, сабт кардан гирад. Аз ин рӯ фикр мекунам, ки бояд дар назди Вазорати фарҳанги кишвар шӯъбаи махсусе оид ба назорати мазмуни сурдҳои сарояндагон, ба хусус клипҳои онҳо вуҷуд дошта бошад, ки қабл аз дастраси ом шудан аз назорати он гузарад.
Дар сурати дигар мо ноогоҳона ба решаи фарҳанги худ теша мезанем.
Абдулмӯъмини ШЕРХОН