ҚИССАИ БУЗҲОИ БОЙМУРОД ВА БЕПУЛИИ АБДУҶАББОР Ё "лоиҳа"-и "мактаббизнес"-и сояҳои ноаён

Иҷтимоъ 05.09.2009 14:59

ҲАЛОЛУ ҲАРОМ ДАР РАМАЗОН

Масъулини Ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон дар ҳошияи таклифи раиси вилоят Ғайбулло Афзалӣ тасмим гирифтаанд, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон дар тамоми 23 бозори тобеи худ нархи маҳсулоти ғизоиро аз 10 то 20% арзон фурӯшанд. Ба гуфтаи Ҷорӯбалӣ Сайдалиев, сардори Ҷамъияти матлуботи вилоят новобаста аз он ки нисбат ба тоҷирони мустақил кормандони матлубот, ки дар бозор кор мекунанд, дар маҷмӯъ 8%-и бори фурухтаашонро ба андоз месупоранд, розӣ шудаанд, ки нархи маҳсулоти ғизоиро 10-20% арзон ба фурӯш гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки тоҷирони мустақил аз фаъолияти худ ба ҷуз "патент" дигар ягон намуд андозе намесупоранд. Мавсуф иброз дошт, ки огоҳсозии тоҷирон оид ба маданияти тиҷорат, ҳалолу ҳаром ва хайрхоҳӣ дар моҳи Рамазон метавонад омили пешгирӣ аз беасос баландшавии нарху наво гардад. Ҷамияти мазкур барои ғанӣ гардонидани дастархони мардум дар моҳи Рамазон ва фасли зимистон хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғдро ба миқдори 300 ҳазор сомонӣ пешпардохт намудааст, то ин ки картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзиро харидорӣ намуда, ба Хатлонзамин ворид намояд.

ДУ ИДИ ПУРХАРҶ

Воқеан дар охири даҳаи аввали моҳи Рамазон иқдоми масъулини матлуботи вилоят таъсири худро дар бозорҳо ноҳияҳои ҷанубӣ расонидааст. Аммо дар ин шабу рӯз мардуми рӯзадор аз нарху навои ашёи мактабӣ, аз қабили китобу ҷузвдон ва сару либоси мактаббачагон ташвиши зиёд доштанд.

Раъно Тошпулотова, модари се фарзанд дар сӯҳбати сарироҳие бо мо иброз дошт, ки барои омодагии ҳар се нафар фарзандонаш беш аз 450 сомонӣ маблағ сарф намудааст, аммо тамоми ниёзҳои фарзандонашро ҷиҳати омодагӣ ба мактаб пурра бароварда насохтааст. "Ҳозир намедонам, ки барои дастрас намудани китоб барои мактаббачаҳо аз куҷо маблағ меёбам", - бо ҳастрат мегӯяд Раъно.

БУЗ БА ҶОЙИ "ТИЛЛОИ САФЕД"

Бобомурод Суюнов, як харидор аз ноҳияи Вахш бо таассуф иброз дошт, ки кори "колхоз" дигар маънӣ надорад, пул, ки намедиҳанд, пеш аз 1-уми сентябр ду сар бузамро фурӯхта барои кӯдаконам сару либос харидам. "Агар кӯдаконам имсол ҳам бесавод бимонанд, директори мактабро ҳамроҳи маорифаш товон мекунам",- нимшӯхию нимҷиддӣ мегӯяд Бобомурод.

Ин дар ҳолест, ки Ғайбулло Афзалӣ, раиси вилояти Хатлон дар машварати августии омӯзгорон иброз дошт, ки дар соли нави хониш дар мактабҳои вилоят 943 нафар омӯзгор намерасад. Айни замон дар муассисаҳои олии кишвар 10 ҳазор нафар ҷавонони Хатлон таҳсил доранд. Агар то соли 2007 45% духтарон ба мактаб ҷалб шуда бошанд, пас дар айни ҳол ҷалби духтарони деҳот ба мактаб 83% -ро ташкил медиҳад.

ОМӮЗГОРӢ КАСБИ ЗАНОНА МЕШАВАД

Файзалӣ, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иброз медорад, ки масъулини маорифи кишварро мебояд, ки бештар ба омода намудани омӯзгорон аз ҳисоби занону духтарон диққати бештар бидиҳанд, зеро бо чунин сатҳи маоши омӯзгорон ва он ҳам саривақт пардох нашудани он сол то сол ҷавонмардон ин касбро тарк карда истодаанд. Аз ин рӯ таҳсили писарон дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ кафолати дар оянда таъмини соҳаи маориф бо кадрҳои ҷавонро дода наметавонад.

КИТОБҲОИ КАМУ ГАРОНБАҲОИ "САРПАРАСТ"

Бо ин вуҷуд дар мағозаю дӯконҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бозори китобфурӯшон имрӯзҳо гарм аст. Мутаассифона дар ҳамин соле, ки таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба ҳифзи забони давлатӣ зиёд аст, қиматтарин китоб дар дӯконҳои тоҷирон ҳамин китоби забони тоҷикӣ аст. Тоҷирони растаи китобфурӯшии шаҳри Қурғонтеппа сабаби баланд шудани нархи китоби забони тоҷикиро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯё ин китобҳо бо сифати баланд, аммо бо теъдоди кам чоп шудаанд. Аз ин рӯ арзиши ин китобҳо гаронтар аст.

Дар варақаи охирини китобҳои зерин чунин навишта шудааст: Ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи хайрияи "Сарпараст". Ҳамин "Сарпараст" китобҳои забони тоҷикиро барои синфи 1-ум 100 ҳазор нусха, синфи 2-юм 70 ҳазор нусха, синфи 3-юм 70 ҳазор нусха, синфи 8-ум 120 ҳазор нусха чоп кардааст. Дар ҳамин ҳол китоби "Узбек тили" барои синфи 8-ум 38 ҳазор ва "Она тили" барои синфҳои 3-юм бо теъдоди 36 ҳазор нусха нашр шудааст. Агар ин маълумот дақиқ аст, пас дар муқоиса бо омори нуфузи аҳолии Тоҷикистон сабаби бо ин теъдод нашр шудани ин китобҳо суолест, ки посух мехоҳад.

ЗАБОНИ ИНГЛИСӢ АРЗОНУ ТОҶИКӢ ГАРОН

Дар растаи китобфурӯшҳо аз китобхарии бародароне, ки худро Абдуҷаббору Абдуғаффор муаррифӣ карданд, тааҷуб кардам. Ин ду толибилм аз як оилаи рустоӣ, ба хотири арзонтар будан, ба ҷойи бо 14-15 сомонӣ харидории китоби "Забони тоҷикӣ" ба нархҳои 7 - 8 сомонӣ китобҳои "Русскый язык" ва "English"-ро харидорӣ намуданду ба саволи банда, ки забони тоҷикиро чи тавр аз худ мекунед, чунин посух доданд: "Китобҳои қиммата бойбачаҳо мехаранд, барои мо ҳамин арзонакош ҳам мешавад…". Аммо фаромӯш кардам суол кунам, ки дар мактабашон муаллифи забони инглисӣ доранд ё не?! Ба ҳар сурат ҳадс мезанам, ки шояд бародарон фикр карданд, ки аз фанни "забони тоҷикӣ" муаллим доранд, худаш мефаҳмонад, аммо ҷойи муаллими инглисиро китоби "English" иваз мекунад. Аммо "Русский язык"-ро ба хотири оянда, барои роҳнамоӣ дар "Черкизбозор" гирифта бошанд?!

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрабой Солиев, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ба тамоми мактабҳои кишвар теъдоди зиёди китобҳо ворид гардидааст, ки ин китобҳо барои як сол ба қисме аз хонандагон супорида мешавад.

МАВСИМИ "ОБУНАПУЛӢ"-ВУ "ПЕЧКАПУЛӢ" РАСИД

Ҳамин гуна соли нави хониш оғоз гардид. Дар ҳоле ки бӯҳрони молӣ буҷаҳои хонаводаҳои бе ин ҳам камбизоатро қашшоқтар кардааст, волидайнро харроҷоти зиёдатӣ, аз қабили обунапулӣ, печкапулию ҳезумпулӣ, моҳонапулию спектаклпулӣ ва …пулиҳо дар пеш аст.

Аз ҳама бештар ду масъалаи муҳимие, ки дар соли хониши 2009-2010 таваҷҷуҳи мардуми Хатлонро ҷалб месозад, ин эълони озодсозии хонандагон аз пахтачинӣ ва маъракаи обунаи "ихтиёрии" хонандагону омӯзгорон ба маҷаллаҳои "навбаромад" мебошад. Дар боби аз маъракаи пахтачинӣ озод кардани толибилмон бояд гуфт, ки деҳқонон ташвиши дигар дошта мегӯянд: "Имсол вазъияти пахта муташанниҷ аст".

Аммо мавзӯъи доғи соли гузаштаро, аз қабили обунаи хонандагон ба маҷалахо ва "сояҳои ноаён" ё худ "крыша"-ҳои тоҷирони навбаромад бо номи "мактаббизнес"-ро дар соли нави таҳсил пайгирӣ хоҳем кард.


Ҷамолиддин УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97