Рӯзи 23 августи соли 2009 Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ҳампеша ва шоир, корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар синни 69 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ дунёи фониро падруд гуфт. Зимнан, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ибтидои солҳои шастуми асри ХХ баробари як насли бурдбор ва маъруф ба арсаи адабиёт қадам ниҳод. Ӯ муаллифи китобҳои «Як шоха гул», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халҳ», «Ҳар тори мӯ вафоям» мебошад. Ахиран Шоҳмузаффар Ёдгорӣ романҳои «Васваса» ва «Талош» иборат аз се қисмро ба анҷом расонда, ки дар навбати нашр мебошанд. Идораи нашрияи «Миллат» марги боз як фарзади соҳибмаърифати ватанро барои дӯсторони каломи ноб ва аҳли қалам таслият мегӯяд.