ШАҲРОШӮБИ ҚУРҒОНТЕППА ё эй вой, аз ҳукумат сад гила…

Иҷтимоъ 15.07.2009 14:19

ДЕВОНАГӢ ДАР ҚУРҒОНТЕППА

ё мардум аз ҳукумат гила доранд

Як ду сол қабл дар шаҳри Қурғонтеппа мардум аз рӯ ба рӯ шудан бо гирифторони бемориҳои рӯҳӣ худро бо чор тараф мезаданд, то ин ки дучори нохушие нагарданд. Кам набуд ҳодисаҳое, ки "Фарҳод-девона" (ӯро кӯдакон чунин ном мебурданд) донишҷӯйдухтарон ва ё занони роҳрӯбро лагадкӯб накарда бошад. Ё худ бонуи Анна, ки бо панҷаҳои партоболуда ва лабони бо авторучка кабуд кардааш, мардони олуфтаро дар ҳоли табоҳ мегузошт.

Ва аз чи буд, ки ҷабрдидаҳо аз девонаҳо не, балки аз ҳукуматдорон домангир буданд, ки чаро беморони рӯҳиро бе назорат гузоштаанд. Ва шояд онҳо ҳақро мегуфтанд.

Инак бо гузашти солҳо мардуми Қурғонтеппа ба хатарҳои сари роҳӣ одат карданд. Акнун духтарон чун Фарҳодро аз дур бубинанд ё роҳашонро дигар мекунанд, ё ӯро таҳдид мекунанд, ки "Фарҳод милиса омад"!

Мардон бо Аннаи шӯхтабъ рӯ ба рӯ шудан замон бонг мезананд.

- Анна, пеш наё, ки мезанумут!

Ҳамин тавр Қурғонтеппа як шаҳри бозест ва касе ба дигаре кор надорад. Ба ҷуз баъзе аз бозорнишинони шухтабъ, ки ба Анна "сурхиву сафеда" ҳадя карда, ӯро васваса мекунанд, ки худашро арӯсак кунад.

Гӯиё шаҳр бояд ҳамин тавр бошад, гадо гадоӣ кунаду беморони рӯҳӣ озодона сангандозиву рақсу сурудхонӣ ва ҳатто тартибу интизомро дар кӯчаҳои шаҳр халалдор кунад. Гоҳҳо ин манзараҳоро дида, бархе аз роҳгузарон бо нишони эътироз садо баланд мекунанд: "Наход, ки ҳукуматдорон ҳаминҳоро набинанд?"

АМИРШО МИРАЛИЕВ МАСЪАЛАРО ҲАЛ КАРД, АММО…

Бояд гуфт, ки таъмини шароит барои нигаҳдории гирифторони бемориҳои рӯҳӣ ҳанӯз дар замони ҳокимияти вилояти Хатлонро ба ӯҳда доштани Амиршо Миралиев роҳи ҳалли худро ёфта буд. Дар баробари таъсиси маркази равонпизишкӣ дар маркази вилоят шаҳри Қурғонтеппа барои 70 кат беморхонаи рӯҳӣ кушода шуда буд. Аммо гирифторони бемориҳои рӯҳӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр рӯз ба рӯз зиёд мешаванду кам не. То имрӯз барои саришта кардани ин гурӯҳи одамон сохторе пайдо нашудааст, ки ин масъулиятро ба дӯш бигирад.

САД МУШКИЛИ МАРКАЗИ РАВОНПИЗИШКӢ

Масъулини маркази равонпизишкии вилояти Хатлон мушкилоти худро доранд. Ба гуфтаи Алиҷон Назаров, сардухтури маркази равонпизишкии вилояти Хатлон сол то сол шумораи мутахассисона соҳа коҳиш ёфта, норасоии кадрҳои равонпизишк ва дигар кормандон дар маркази равонпизишкии вилоят бештар ба назар мерасад.

Дар ҳоли ҳозир дар 13,5 воҳиди ҷойҳои кории пешбинишуда ҳамагӣ 3 нафар кору фаъолият доранд. Дар шӯъбаи дармонгоҳи аз 9 басти корӣ 8,5 воҳиди корӣ холӣ аст. Ва масъулияти кори ҷойҳои холӣ бар дӯши сардухтур вогузор гардидааст. Ба гуфтаи Алиҷон Назаров дар ҷойи 32 воҳиди корие, ки барои кормандони миёнаи тиббӣ ҷудо шудааст, ҳамагӣ 4 нафар кор мекунанд. Ҳамчунин аз 33 воҳиди корӣ барои кормандони хурди тиббӣ 24 воҳиди корӣ холӣ мондааст. Рӯзи ба беморхона рафтани мо як нафар аз мутахассисони марказ аз сабаби он ки бо 174 сомонӣ рӯзгори хонаводаашро пеш бурда наметавонад, дар назди садухтур эътироз дошт, ки аз кор меравад…

Ба гуфтаи сардухтур яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани теъдоди мутахасиссони равоншинос ин сатҳи хеле поёни музди меҳнат ва нооқилона пешбинӣ гардидани таъминоти музди маош мебошад. Ӯ мегӯяд, ки дар марказ аз корманди хурди тиббӣ (фаррош) то мутахассис-равоншиносе, ки беш аз 30 сол таҷрибаи корӣ дорад, ҳамагон музди маоши якхела- 61 сомониву 17 дирам мегиранд. Идораҳои болоии соҳа ин тарзи таъминоти музди меҳнатро ба кадом ченак чен кардаанд, барои мо норӯшан аст.

Музди маоши Раҳмоналӣ Уззоқов, мудири шӯъбаи бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон, ки 27 сол боз ҳамчун духтури равоншинос фаъолият дорад, ҳатто барои роҳкирои ӯ аз хона то ҷойи кор кифоя намекунад. Ман,- мегӯяд Раҳмонали, аз соати 8 -и субҳ то 5-и шом дар 1,5 воҳиди корӣ фаъолият мекунам. Ин 115 сомонӣ маоше, ки мегирам, ҳатто ба як халта орд намерасад. Бовар мекунед, ҳар рӯз як бор азм мекунам, ки корро тарк мекунам. Аммо азобҳои донишҷӯӣ пеши назарам меояд ва аз сухани мардум, ки хоҳанд гуфт "Ноӯҳдабаро будаасту аз кор пешаш кардан" шарм дошта, бо умеди ояндаи нек кор карда истодаам.

ШАЙТОН НОУМЕД, БАНДА БА УМЕД

Дар ҳоле ки равоншиносони вилояти Хатлон аз сатҳи пасти музди меҳнат шикоят доранд, аммо Муҳаббат Шарифов, масъули бахши маънавиёти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ояндаи рушди соҳаи тандурустии вилоят хушбин буда, бовар дорад, ки дар ояндаи наздик ин мушкилот зина ба зина ҳали худро меёбанд. Агар мо таҳлили ҳаматарафаи умуман кормандони соҳаи тандурустиро ба шароити имрӯза нисбати бозори истеъмолӣ нисбат диҳем. Ҳоло ҳам музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ба дараҷаи шароити имрӯза баробар шуда наметавонад, бо таассуф иброз медорад, Муҳаббат Шарифов.

ДОҒИ СУДИИ ТАБИБОН ВА МАВСИМИ "ОБЛАВА"

Масъалаи дигаре, ки табибони равоншиноси вилояти Хатлонро ба ташвиш меоварад, ин аст, ки дар чанд соли охир прокуратураи (додситонии) ҳарбӣ 6 нафар равоншиносро бо ҷурми ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани ҷавонони рӯҳан носолим ва дигар камбудиҳо дар рафти сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба ҷавобгарӣ кашида, ҷаримаи калон бастааст. Усмоналӣ Турдиалиев аз ҷумлаи ин табибон аст, ки қарорҳои баровардаи мақомоти айбдоркунандаро нисбати худ ноодилона меҳисобад. Ба гуфтаи ӯ, бояд дар назди Вазорати тандурустии кишвар комиссияи махсус таъссис дода шавад ва чунин ҳолатҳоро бояд комиссияи тиббӣ таҳқиқу таҳлил намояд.

Равонпизишкони Хатлон мегӯянд, ки чун онҳо доғи судӣ пайдо мекунанд, набояд, ки дар маъракаи ояндаи сафарбаркунии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ роҳ дода шаванд. Аммо ин тавр нест, чун мавсими сафарбаркуни оғоз гардид, онҳоро боз ба комиссияҳои тиббӣ "даъват" мекунанд. Маро,- мегӯяд Усмоналӣ Турдиалиев,- 900 сомонӣ ҷарима бастанд ва ин маблағро қарз карда, пардохт кардаам. Мо духтурони равоншиносро дар як ҳолати ногувор гузоштаанд.

ПИРОН МЕРАВАНД,

ҶАВОНОН НАМЕОЯНД

Ба гуфтаи Алиҷон Назаров, сардухтури маркази равонпизишкии вилояти Хатлон ин ва дигар мушкилиҳои мавҷудаи соҳа, бахусус маблағи ночизи музди меҳнати духтурони равонпизишк боиси он шудааст, ки таваҷҷуҳи кадрҳои ҷавон ба соҳаи равонпизишкӣ коста гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, аз соли 1992 инҷониб ягон нафар мутахассиси ҷавон барои кор кардан ба маркази мазкур муроҷиат накардааст. Дар баробари ин тӯли ин солҳо беҳтарин мутахассисони соҳа аз кор рафтаанд. Ҳозир дар марказ ҳамагӣ 3 нафар духтур боқӣ мондааст, ки сину соли онҳо аз 53-сола боло аст. Мо имрӯз нафақа равем дар ҷои мо ягон нафаре намемонад, ки кор кунад,-бо таассуф мегӯяд Алиҷон Назаров.

Аз маълумотҳои идораи тандурустии вилояти Хатлон бармеояд, ки мушкили норасоии кадрҳо дар тамоми муассисаҳои тиббии вилоят ба назар мерасад. Бинобар гуфтаи Маҳмадӣ Шукуров, мудири шӯъбаи бахши иқтисод ва ба нақшагирии идораи тандурустии вилояти Хатлон нақшаи басти вазифаҳои духтурҳо дар вилоят бештар аз 6 ҳазор пешбинӣ шудааст. Аммо дар вилоят ҳамагӣ 2,5 ҳазор нафар духтурон кор доранд мекунанду халос. Агар воҳидҳои корӣ барои ҳамшираҳои тиббӣ зиёда аз 15 ҳазор ба нақша гирифта шуда бошад, аз ин ҳамагӣ 8 ҳазор зиёдтар кор карда истодаанд. Норасоии кормандони хурди тиббӣ ҳам ҳудуди 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аммо Раҳмоналӣ Уззоқов, мудири шӯъбаи бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон аз таъмини кормандони соҳа бо музди меҳнат ва нақшаҳои пешбинишуда дар соҳаи тандурустӣ изҳори ташвиш дорад. Агар,- мегӯяд, Раҳмоналӣ,- музди меҳнати моро ба қадри лозим баланд набардоранд, дар баробари ин бо мурури замон хизматрасонии тиббӣ барои гирифторони бемориҳои рӯҳӣ низ пулакӣ шавад, аҳволи беморон, ки қариб ҳамаи онҳо аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, чӣ мешавад?

ИМТИҲОНИ ЗАФАР

Новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда имрӯзҳо табибони беморхонаи рӯҳии вилояти Хатлон дар касби интихобкардаи худ содиқона кор карда истодаанд. Ҳангоме, ки бо табибони беморхонаи рӯҳӣ сӯҳбат доштем, як нафар аз шифогирандаҳо, ки Зафар ном доштааст, озими утоқи кори духтурон шуда, мисли аскарбачаҳо иҷозаи ворид шудан пурсиду бо овози баланд арз кард:

"Рафиқ духтур! Ман пурра сиҳату солим ҳастам, ба ҳуҷҷатҳои ман имзо гузоред!"

Мо бо табибон хайрбод намуда, аз муҳити беморхона берун баромадем, дар кӯча олами дигаре ҳукмфармо буд. Ва овози имтиҳонсупории Зафар аз пушти тирезаи беморхона баланд ба гӯш мерасид:

Ин чи шӯрест, ки дар даври Қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаю шарр мебинам.

Аспи тозӣ шуда маҷрӯҳ бар зери полон,

Тавқи заррин ҳама бар гардани хар мебинам…


Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97