ТАРАБХОНА Ё ТАЛАБХОНА ва ё нороҳатиҳои «Роҳат»

Иҷтимоъ 03.07.2009 14:14

Рӯзи истироҳат буд. Ба тарабхонаи "Роҳат" барои нони нонбоӣ рафтам. Дар толор чор панҷ нафар меҳмон буд, аммо панҷ шаш нафар пешхизматҳо мегаштанд. Китоби рӯйхати таомҳоро гирифта, 10-15 дақиқа нишастам, аммо ягон пешхизмат наомад. Ахиран худам даъват кардам, ки як ҷавони хушқаду қомат омад. Ман нимта "Ши", як порс лӯлакабоб фармудам. Ғайримунтазири ман пешхизмат аз ман пурсид, ки "ши"-яш чӣ хел хӯрок? Шарҳаш додам, ки аз сабзаҷоти (кабудии) тару тоза тайёр мекунанд. Пас омада гуфт, ки "Ши" нест! Ман ним порс мастоба фармудам. Мастобаро овард, аммо бидуни чакаю ҷурғот. Пас аз ин ман пурсидам, ки чаро мастоба бидуни ҷурғот аст? Ӯ гуфт, ки баъзеҳо ҷурғот намехӯранд.

Боз манн суолаш кардам: Шумо калимаи "мастоба"-ро мефаҳмед? Гуфт, ки на…

Гуфтамаш: Мастоба бе ҷурғот намешавад, чунки худи номи мастоба бо адабӣ "оши биринҷӣ бо мост". Мост бо адабӣ ҷурғот аст. Нархи ним порс мастоба 5 сомониву 40 дирам буд. Дар дарунаш оши биринҷӣ, 4 дона гӯшт ба андозаи пистаи кӯҳӣ. Дар ҳоле ки ба ивази 5 сомонӣ дар бозор 300 гр. гӯшт медиҳанд. Як замон лӯлакабобро овард; иборат аз 4 катлетча дар косаи оҳанини эмолӣ пӯхтагӣ. Бояд ҳаққи гапро гуфт. Дар пойтахт фақат дар тарабхонаи "Роҳат" лӯлакабоб ва лағмонро ба таври суннатӣ ва аз рӯйи қоида мепазанд.

Масалан, дар бисёр ошхонаҳои шаҳр лағмон ва лӯлакабобро нодуруст мепазанд. Дар ошхонаи пушти "Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) бо номи "Ойдин" лӯлакабоб иборат аз 3 дона катлети дар об пӯхтагӣ мебошад, ки бо номи лӯлакабоб пешкаш мекунанд. Дар ошхонаи миллии "Сироҷиддин" воқеъ дар роҳи бозори Шоҳмансур лӯлакабобро дар косаи чӯянии сарпӯшдор бо об бухор карда мепазанд. Ҳамаи лӯлакабобҳои ошхонаҳо аз 3 катлет иборат буда, аз 100 гр. гӯшт иборат аст. Агар 100 гр. гӯштро чун лӯлакабоб ба 9 сомониву 40 дирам мефурӯшанд, пас 1 кг гӯштро ба 90 сомонӣ мефурӯшанд. Куҷост инсоф?! Ба ҷойи он ки қимаро ба равған кабоб кунанд, катлети бӯғиро ба ҷойи лӯлакабоб мефурӯшанд.

Дар толори тарабхонаҳои хурд мизоҷон хеле кам ба назар мерасанд, ки сабабаш хеле гарон будани нархи хӯрок, дуюм, хизмати хуб нарасонидани пешхизматҳо мебошад. То даъват накунед, ба наздатон барои хидматрасонӣ намеоянд.Ва агар чой биёранд, пиёла намеоранд. Агар хӯрок биоваранд, қошуқу вилкаро фаромӯш мекунанд. Дар болои мизҳо намаку мурч, уксусу дигар маводи лозимӣ вуҷуд надорад. Бояд ҳамаи онҳоро талаб кунед. Пешхизматҳо ба вазифҳои худ хунсардона муносибат мекунанд. Умуман, дар шаҳри Душанбе соҳаи хӯроки умумӣ ба таври муносиб фаъолият надорад. Хизматрасонии маданӣ вуҷуд надорад. Дар маркази шаҳр ягон чойхонаи миллӣ ё ҳаммоми умумӣ вуҷуд надорад. Дар саҳифаи рӯзномаҳо ин масъала пайваста ба миён гузошта мешавад, аммо масъулон гӯш ба ба карӣ мезананд ва дар баробари ин ба талаботи мардум аҳамият намедиҳанд.

Зокир Мирзоев,

сокини пойтахт

P. S. Дарвоқеъ масъалае, ки Зокир Мирзоев онро баррасӣ кардааст, мавзӯи рӯз ва мушкили аслӣ аст, ки бо он ҳар яки мо қариб, ки дучор шудаем. Бахусус ҳамроҳи меҳмонони хориҷӣ рафтан ба чунин тарабхонаҳо ва дар пеши онҳо сархам шуданро бисёриҳо ҳам чашидаанд. Аз ин рӯ масъулон бояд ба ин масъала ҳарчӣ зудтар расидагӣ кунанд ва ин мушкил танҳо масъалаи ҳалношуда дар пойтахт нест, балки дар саросари минтақаҳо дида мешавад. Гоҳо тӯли роҳи дароз меҳмонони хориҷӣ беҳтар медонанд, чизе тановул накунанд. Воқеан ин доғ аст, масъулини мӯҳтарам, ки шӯстанаш бар дӯши шумост! Мо мунтазири посухи шумо ҳастем.


Зокир Мирзоев,
сокини пойтахт
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97