Шахсияти таърихии театри тоҷик даргузашт

Фарҳанг ва адаб 02.04.2019 10:24

Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруф, шаби душанбеи 1 апрел, дар синни 101-солагӣ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.

 Дар ин бора Шамсияи Қосим, набераи Мушаррафа Қосимова ба расонаҳо хабар дода гуфтааст, модаркалонаш бар асари куҳулати син аз беморӣ  ранҷ мебурд.

Шамсия дар сафҳаи Фейсбуки худ хабар додааст, ки “расми ҷанозаи Модар- Мушаррафа Қосимова пеш аз намози пешин дар масҷиди Қаламишкор баргузор мешавад. Пеш аз он, соати 12: 00 дар назди хонаашон (суроға-Бухоро, 2 назди рестурони Бухоро Палас) ҷаласаи ХУДОЗОФИЗӢ бо ҳунарпешаи маҳбуб дар назар аст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҷасади ин ҳунарманди маъруф дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда хоҳад  шуд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар даргузашти Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи варзидаро як талафоти бузург барои фарҳанг ва ҳунари тоҷик номид. Ба гуфтаи ӯ, Мушаррафа Қосимова дар театри тоҷик соҳибмактаб буд ва яке аз бунёдгузорони театр ба шумор мерафт.

Мушаррафа Қосимова, ки рӯзи 19-уми декабри соли гузашта садсола шуд, ба бовари санъатшиносон, тавонист бо иҷрои нақшҳои зиёде дар театр ва синамо то ба имрӯз ҳунари хонаводагии Қосимовҳоро ба мардуми тоҷик бирасонад.

Мушаррафа Қосимова ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии фақиди Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон аст.

Мушаррафа Қосимова даҳаи 1930 баъд аз кӯч бастани хонавода аз Самарқанд ба Душанбе ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд шомил шуда, ҳамзамонбарои таъмини зиндагии хонаводааш барои кор ба театр рафт ва ҳамин ҷо мондагор шуд.

Мушаррафа Қосимова нахуст бо Абдулҳақ Усмонов издивоҷ кард, ки соли 1942 дар набардҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум дар наздикии Сталинград кушта шуд. Мушаррафа соли 1946 бо ҳунарманди маъруфи вақт Муҳаммадҷон Қосимов издивоҷ кард. Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Мушаррафа Қосимова дар театр ва синамо нақшҳои зиёде иҷро кардааст. Унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Дар намоишномаҳои "Ҳаёт ва ишқ"-и Файзулло Ансорӣ, "Гавҳари шабчароғ"-и Сотим Улуғзода, "Дохундаи"-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои "Нисо", "Вохӯрӣ дар дара" ва "Дарду алами Афғонистон" нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи "Исёни арӯсон" ва "Ҷон модаракон" нақши модарро иҷро кардааст.

P.S.: Даргузашти шахсияти таърихии як асри тоҷикро барои миллати шарифи тоҷик таслият арз медорем!

 "Миллат"

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97