Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

400 сол аз таваллуди Сайидои Насафӣ мегузарад

Фарҳанг ва адаб 13.12.2018 11:33

Бахшида ба 400-солагии яке аз барҷастатарин симоҳои адабиёти асри XVII – XVIII  Сайидои Насафӣ дар Академияи илмҳо Конфронси байналмилалии «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» ҷараён дорад.

Дар ин конфронс олимону муаррихон ва намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок доранд.

Масоили таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии замони Сайидои Насафӣ, афкори иҷтимоию фалсафӣ, вазъи косибону ҳунармандон, омӯзиш, мактабу мадорис, инъикоси вазъияти сиёсӣ дар навиштаҳои таърихӣ, омилҳои камнур будан ва таҳқиқи академии сарчашмаҳои таърихӣ, нашри илмию академӣ нашудани таърихномаҳои замони Сайидои Насафӣ, диди таърих ва таърихнависии замони Сайидои Насафӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ин конфронс бо ибтикори Маркази мероси хаттии Акдемияи илмҳои Тоҷикистон баргузор шудааст.

Зимнан, Миробид Сайидои Насафӣ бо ашъори рангину баландмазмун чун хуршед ба дӯстдорони шеъру адаб нур ва гармӣ мебахшад. Шоир ба ҷаҳони шеър бо манзума, мухаммас, мусаддасу ғазал ва дигар жанрҳои адабӣ ворид гардида, дар як муддати кӯтоҳ шоири пешгоми замон гаштааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97