Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Мазраъаи шеър

Фарҳанг ва адаб 23.11.2018 08:09

Субҳи 20 ноябр саре ба Интернет задам, то бубинам миллат таҷлили 80—умин зодрӯзи яке аз беҳтарин шоирони замонро, ки мутаассифона, аҷал то ба ин сана расиданаш амон надод, чӣ гуна истиқбол мегирад.

Бе ҳамҳамаю валвала, ҳамчуноне хоси миллати ботамкини ман аст, зодрӯзи тасвиргари шеъри ноб Бозор Собирро ҳар кадоме аз ошиқони шеър ба гунае таҷлил мекарданд.

Яке дар сафҳаи фейсбукаш шеъри ошиқонаи Устодро ҳаккокӣ карда буду фарде акси хешро бо Бозор Собир, ки акнун саҳфае аз таърих аст, дар сафҳааш кори дааст.

Дигаре ба хотири шустани занги хотираҳо миллатро ба фарорасии 80 —умин солгарди шоираш табрик мегӯяд.

Хеле фикр кардаму чун ҳамеша шумораи телефони Устодро барчидам, садои Шогуна омад: «Ҳа, ин Шумоед, шинохтам, ҳоло модарамро садо мекунам».

Ӯ маътал намеистад, ки аз номи падари шоираш бигӯямаш:

Як духтари қадбаланд шуд духтари ман,

Шаҳдухтари дилписанд шуд духтари ман.

Оинаи қаднамо харидан лозим,

Мовфиқ ба қади расо харидан лозим.

Садои янгаи Гулчеҳра маро аз умқи тасвирҳои зебои шоир берун мекашад.

«Адолат, хона биё!

Биё, ман тайёрӣ дидам!!!»

Садои қатъии ин шарики ғаму шодии шоир манро, ки намехостам дар ин рӯзи боронӣ аз хона берун биёям, водор месозад, роҳии хонаи Устод бишавам.

Дарро ба рӯям янгаи Гулчеҳра, ки дар даст лаълии пур аз самбусаи хушбӯй дорад, боз мекунад. Ва чун ҳамеша бо чеҳраи боз истиқбол мегирад ва мегӯяд, «бубин, чӣ қадар меҳмони олиқадрӣ, ки бо табақи пур аз самбӯса ба пешвозат баромадам».

«Хушдоманам дӯстам медорад», - мегӯяму вориди хона мешавам.

Хонаи Устод мисли ҳамеша пуртараддуд аст, янгаи Гулчеҳра миёни меҳмонхонаву ошпазхона рафту омад дорад, сари хони пурнозу неъмати Устод меҳмонони ҳамешагӣ Чинигулу Мамлакату Тоҷинисо, Ҷамолиддину чанде аз хешони Устод ҷамъ омадаанд.

Шоира Зулфия ҳам омадааст.

Хона ҳамон хона, хон ҳамон хони пур аз дастпӯхтҳои пурлаззати янгаи Гулчеҳра.

Аммо ҷои хандаҳои беғаши Устод холӣ

Ман сари по нишастаам.

Зулфияи шоир дар паҳлуяш бароям ҷо холӣ мекунад.

Янгаи Гулчеҳра курсиеро мегузорад, то ман бо ҳузур сари дастархон бинишинам.

Дастархон пур аз нозу неъмат аст. Аммо низоми ин хон баҳам рехтааст. Дарк мекунам, ки янгаи Гулчеҳра бо худ нест, парешон аст...

Зеро аз шинохте, ки ман аз меҳмондориҳои ин кадбону дорам ва хеле аз онҳое, ки сари ин хон боре нишастаанд, инро хуб медонанд, ҳама чиз дар ҷои худ бояд бошад ва ҳамаи инро янгаи кадбонуи мо бо заррабини чашм мебинад ва камбудро сари вақт ислоҳ месозад. Аммо имрӯз ӯ азизтарин касашро гум кардаву ҳушаш парешон аст.

Як - як онҳоеро, ки замони охир зиёд меҳмони ин хонадон мешуданд, бар мешуморад

Садои занги дар, янгаи Гулчеҳра бошитоб дарро во мекунад. Адиба бо як устоди ҷавони Донишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон, ки қадри зар мешиносад ва аз мухлисони шеъри ноб аст, меояд. Янгаи Гулчеҳра зери лаб мегӯяд: «Боз ҳамонҳо... ҳамон дӯстони ҳамешагӣ.

"Наомаданд..."

Суолбарангез нигоҳаш мекунам.

- Саидқул наомад, - мегўяд.

-  Саидқул кист?

Ҳайратзада мегӯяд: - Билолов?! (Манзураш, ки магар ман метавонам Саидқулро нашиносам.)

- Ҳо, Саидқулро мегӯед

…Тоҷинисои Азиз қиссаи ба назди Саидқул Билолов барои сохтани як филми мустанад дар бораи Бозор Собир рафтанамонро ба ҳозирин нақл мекунад… Ман, ки ҳанӯз дар ин хонаи ошно ҷойи хешро наёфтаам, бидуни ин ки ба нақли Тоҷинисои Азиз гӯш бидиҳам, ба ҷои нишасти Устод хира мешавам, табассуми малеҳи устод ва бефарқ нигаристанҳош ба рафтори атрофиён, пеши назарам меояд. Ин қадар нигоҳи беғаш… Танҳо хоси ӯ буд. Намедонист, ки кӣ бо чи ғаразе меҳмони ӯст. Муҳимтар аз ҳама бояд меҳмон нохӯрда аз хонаш наравад. Савғотиро ҳам ҳеч гоҳе фаромуш намекард: Гулчеҳра, ку биёр, чӣ дорӣ?!...

Ӯ дигар нест. Табассумаш ҳам пушти абрҳои тира панаҳ мешавад. Ҷамолиддину Чинигул мехоҳанд бираванд, янгаи Гулчеҳра исрор мекунад, то торти зодрӯзи Устодро бичашанд. Барои рафтан ба сари мазори шоир тасмим мегирем. Ҷамолиддину Чинигул субҳ рафтаву зиёрат кардаанд. Янгаи Гулчеҳра, Тоҷинисои Азиз, Зулфияи Атоӣ ва ман омодаи рафтан мешавем. Адибаи Азиз эълон мекунад, «ман бо яке дигар меравам пеши Устод, гапаш дорам дар танҳоӣ…»

Янгаи Гулчеҳра дастагулҳои қаблан омодаро мегираду роҳакӣ мешавем. Аз миёни гулҳо дастагулҳои сафедро ҷудо мекунад ва дар дасти ман медиҳад ва мегӯяд: Инҳоро ту бигир! (Манзураш дастовези ту бошад дар назди Устод!) Ёдам ба охирин шаби шеъри Устод дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ рафт, Устод амр кард, то гулдастаҳои зеборо ба мо туҳфа кунанд. Ва яке аз хешони устод бо дастагулҳои мо дар дами дар нигоҳ карда, маъзаратхоҳӣ кард, ки имкон нашуд гулҳоро ба Устод инъом кунед?! Бо ифтихор гуфтем, на ин инъоми Устод ба мост!

Гулҳои сафедро рӯи санги мазори Устод мемонам ва дилам таҳ мекашад. Аммо акнун дармеёбам, ки чаро ман дар хонаи Устод ноҳинҷор будам. Зеро дигар Устод он ҷо набуд. Ин ҷост!!!

Устод ин ҷост! Дар Мазори Лучоб! Зери санги мармар хуфта, шоири ҳамеша пуртуғён дар диёри хомӯшон.

Резаборон аст… Атроф сард, дили ман ҳам ях баста. Янгаи Гулчеҳра низ бо фарқ аз парешониҳое, ки дар хонааш дошт, ин ҷо мисли ҳамеша, чун як наварӯс, ки Устод буду ӯву меҳмононаш, давутоз дорад. Гулҳои хушкидаро аз рӯи қабри устод мечинад, об меҷӯяд то гулҳои овардаашро дар гулдон бигузораду манзили сутуни хонадонашро муаттару хушбӯй созад. Ашк рухсораашро мешӯяд, худ ба худ мегӯяд: "имрӯз рӯзи зодрӯзаш аст, набояд бигирям!" Ӯ рисолати зан буданашро иҷро мекунад! Ӯ рисолати як ёри бовафоро анҷом медиҳад. Ҳамчуноне ки шоирро дар зиндагӣ ҳамраҳӣ мекард, ба либосаш, ба рахти хобаш, ба когазҳои сари болин парешонаш расидагӣ мекард, мехоҳад хонаашро, манзили охирати шоирро ороставу пероста нигаҳ дорад, то Бозор аз дигарон кам наорад!!!

Аммо мо чӣ кор мекунем?! Миллате, ки бо шоиронаш ҳамеша ифтихор дошт, чӣ кора аст? Намедонам, ки охирин бор кай инҷо омадаам, зеро бо қабристон аз бозе ки падару модарам он ҷоро макони охирати хеш интихоб кардаанд, кам меравам, зеро бо рафтанашон насохтам, бо «хона»-и навашон насохтам (!). Давродаври мазорро мегардам, аз сари қабри бузургон гузар мекунам, қабри Сайф Раҳимзод гулпуш аст, маълум аст, субҳ зиёраташ кардаанд. Иттифоқан, имрӯз Ӯ низ зодрӯз дорад... Бар сари хоки Марат Орифов, ки паҳлуи модари маъруфаш хуфтааст, боз меистам. Тӯдаи хок! Дигар ҳеч

Хокаш тоза аст…  Гулу гулдастае ҳам надорад, ман низ дасти «холӣ» омадаам. Як каф дуо барояш мекунаму бармегардам. Ҳар кадом аз хуфтагони ин мазор шахсони маъруфи диёранд, ба завқу салиқаи гуногун сари гӯрашон сангу ҳайкал гузошта шудааст.

Ба сари мазори Бозор Собир бармегардам. Аз масъули гӯристон мепурсам, чаро мазори яке муҳташаму дигаре сода меъморӣ шудааст? Мегӯяд: Ақрабои майитҳо вобаста ба дороияшон инҳоро оростаанд. Янгаи Гулчеҳра зери лаб мегӯяд: Бозор хеши сарватманд надорад охир…

Ба манзили Устод Қаноат, ки тоза санг гузошта шудаасту ниматамом аст, ишора мекунаму мепурсам: Фикр накунам, хонаводаи Устод инро сохта бошанд, не?! Янгаи Гулчеҳра аз шунидааш мегӯяд, ки инро «завод» сохтааст. Кадом «завод»? Агар манзур «Талко» аст, ин як коргоҳи давлатист ва агар ин коргоҳ ҳамчунин иқдоми хайрро пеша гирифтааст, ҳатман бо дастури давлат ин корро мекунад, пас бояд дар ин маврид бар турбати ҳамаи ин бузургоне, ки инҷо хуфтаанд ва ҳатман ба давлату миллат хидмат кардаанд, яксон муносибат шавад. Ҳамчуноне қабри Устод Қаноатро оростаанд, қабри Бозор Собирро ҳам такмил кунанд. Маҳз эътирофи Бозор Собир аз суи давлати кунунӣ буд, ки турбати ӯро аз он суи уқёнус ба Тоҷикистон оварданд ва ин ҷо хок карданд. Пас масъули оростагиву перостагии қабри шоир на танҳо янгаи Гулчеҳра аст, балки давлат ва ҳамаи мо ҳастем ва агар кадом заводе, коргоҳе, ширкате ё «Талко», ки иқдоми хайрро пеш гирифтааст, дар амри иҷрои рисолат барои арҷгузории бузургон дар такмили қабри шогирди Устод Қаноат низ, ки ҳампаҳлуи якдигаранд, иқдом кунад, кори хайре хоҳад шуд. Хоса агар гап дар мавриди “Талко” бошад, мудири он Шералишо Кабиров намунаи насли нави мудирони бо тафаккури муосир, муваффақ, ватандӯст ва огоҳу донишманд аст. Зеро Бозор Собир дар ҳаққи устодаш Қаноат мегӯяд:

То дар садафи чашми ту парварда шудем,

Чун гавҳари чашм гавҳари зинда шудем.

Шогирдеро, ки Устод Қаноат дар навҷавонияш ба таъбири худаш чун гавҳари чашм ҳифз намуду парварид, мо низ ҳатман хоҳем тавонист, ки хоки ӯро азиз дорем.     

Ҳамсари шоир оҳиста ба гӯшам мегӯяд, шаҳрдорӣ рафтам, то иҷозат бидиҳанд қабрро каме бозсозӣ кунем, яке аз муовинони шаҳрдорӣ нозебо ҳамроҳам бархурд кард ва гуфт, он ҷо ҳама чиз ҳаст, боз чӣ мехоҳед?! Гуфтам: Танҳо иҷоза мехоҳам, охир, барои гул коштан сари мазори шоир, ҷой нест!..

Ашки бари рухсори зани шоирро пок мекунам: - Шумо ғам нахӯред, худи раиси шаҳр, ки огоҳ шаванд, ин корро ба эҳтироми шоир ҳатман мекунанд.

Муҳим ин аст, ки худи шоир садҳо мазраъаи гулкориро дар дили ҳазорон ва миллионҳо фарзанди миллат обод кардааст, мазраъаҳое, ки барои шодоб мондан аз ҳич касе иҷоза намегиранд.

Адолати Мирзо 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97