Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Эътидол ва миёнаравӣ дар ислом

Фарҳанг ва адаб 09.07.2016 15:11

Ё чӣ гуна бояд дарк кард, ки «асли иллате, ки бархе аҳодис бар он бино гардида, аз миёни рафтааст»

 Яке аз вежагиҳои ашхос ва гуруҳҳои ифротии динӣ ин аст, ки ба масоили фаръӣ мечаспанд ва онро бузург ҷилва медиҳанд. Вале дар айни ҳол, аз даҳҳо амри муҳимми динӣ ё ғофил мемонанд ва ё ҳам онро поймол мекунанд.

 Ба унвони намуна; барои гуруҳи Толибон хуни инсон бемиқдортар аз оби ҷӯй буд, вале риши баланд ва пӯшидани дастор нисбат ба ҳар кори дигаре бартар мебошад. Дар мавориди зиёде дида шудааст, ки воизон барои ҷалби назари оммаи мардум ба калон кардани масоили фаръӣ даст меёзанд, ба ҳадде, ки масоили аслӣ, қурбонӣ мешавад ва ё ногуфта боқӣ мемонад.

Мусалламан, бо суханрониҳои пуршӯр мушкилоти мардум аз миён намеравад, балки бо кори хирадмандона ва тадбири фақеҳона метавон ба пеш гом ниҳод ва мушкилиро аз миён бардошт.

Шарҳи мафҳумҳо

Порае аз мафоҳим монанди исломи комил, исломи маҳз, имони комил, имони маҳз ва куфр... ошуфтаанд ва онҳое, ки бидуни тахассус вориди майдони фатводиҳӣ мешаванд, ғавғо барпо медоранд. Нахуст инки муфтӣ шудан ба фаҳм ва тахассуси болое ниёз дорад ва набояд ҳар касе ҷуръати онро дошта бошад, ки фатвои куфр ва имони дигаронро содир кунад. Сонӣ, ихлос қалбӣ ва нияти хайр барои судури фатво басанда нест, муфтӣ бояд дар кори худ олим бошад ва дар чизе, ки сухан мегӯяд, дорои тахассус бошад. Риоят накардани ин асл, дар мавридҳои фаровоне фитна барпо дошта ва мусибатҳо офаридааст. Худованд мефармояд: «Қад афлаҳ аламумнун алзинҳум фи салотаҳум хошиъун»: Ба ростӣ муъминон растагор шудаанд, онон, ки дар намозашон фурӯтананд.

Инҷо сухан аз муъмини комил аст, ки дар канори иқрор ва тасдиқи асари он дар намоз хошиъонааш бозтоб меёбад. Аммо замоне, ки паёмбар (ъ) мегӯяд: «Лоиумун аҳад кам ҳатти яҳаб лохия мо яҳаб ланфаса»: Ҳеҷ як аз шумо имон (комил) надорад то онки барои бародари (мусулмонаш) ҳамон чизеро биписандад, ки барои хеш меписандад. Мисдоқи ин ду нас, аз ҳам мутафовит аст; Яке муъмини комил ва дигаре муъмини маҳз аст, ва ҳаргиз набояд касеро, ки барои худ бештар аз дигарон мехоҳад, номусулмон пиндошт ва аз доираи ислом берун кашид. Ва ё ҳам дар ҳадиси дигаре омадааст: Мусулмон касе аст, ки мусулмонон аз (шарр) забону дасти ӯ солим ва дар амон бошанд.

Дар ҳадисе ба ривояти Аҳмад, ислом мутааллиқ ба ҷавориҳ ва имони мутааллиқ ба қалб дониста шудааст ва бад-ин сурат, кофир ба ду дастаи кофири эътиқодӣ ва кофири амалӣ тақсим мегардад. Муъмин бо феъли гуноҳ имони худро аз даст намедиҳад, ва ба унвони муъмин боқӣ мемонад, чунонки паёмбари акрам мефармояд: «...Ҳаргоҳ (мушрикон) калимаи шаҳодатро бар забон биоваранд, ба яқин хунҳо ва молҳои худро аз таарруз маҳфуз медоранд. Магар ба ҳаққи он (аз қабили қасос... ва дар бораи имони қалбӣ) ҳисобашон бо Худост.

Адами диққат дар ин маворид, фаровон дида шуда, ки оммаи мардум аз кофиртарошии воизон ба сутуҳ омадаанд ва бо андаке лағзиш, селе аз фатова ҷорӣ мегардад. Шояд аллома Иқбол бо дидан ин саҳнаҳо дар ашъори хеш «мулло»-ро «кофиргар» ва «кофиртарош» тавсиф кард.

Натиҷагароӣ

Инсони тундрав ба поён ва натиҷаи кори худ намеандешад ва зери унвони иҷрои вазифа, даст ба амал мезанад, аммо инсони миёнарав, қабл аз иҷрои ҳар коре, ба самара ва натиҷаи кори худ фикр мекунад ва чӣ басо, ки агар хайри андак ба шарри бузург бианҷомад, аз анҷоми он даст бармедорад. «Эй муъминон ба маъбудҳо ва бутҳое, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном надиҳед, то он худовандро аз рӯйи ҷаҳолат ва нодонӣ дашном надиҳанд».

Бутҳои мушрикон сазовори таън ва лаън аст, аммо чаро бояд аз ин кор даст кашид?!.. Зеро мушрикон ба вокуниши мушобеҳ мепардозанд ва худойи ҳақиқиро дашном медиҳанд, бинобарин аз хайри чунин коре бояд чашм пӯшид. Ба ривояти Бухорӣ паёмбар (ъ) хитоб ба Оиша фармуд: Агар бим аз навмусалмонии қавми ту набуд, ман таҳдоби Каъбаро ба ҳамон таҳдоби Иброҳим мениҳодам. Ва ё ин сухани паёмбар (ъ), ки дар ҳаққи мунофиқон гуфт: Онҳоро бигузоред ва накушед, то мардум нагӯянд, ки Муҳаммад даст ба куштори ёрони худ задааст.

Ин ҳама далолат бар ин дорад, ки натиҷагароӣ ва поённигарӣ дар ҳамаи умур як асли умда аст ва мусулмони миёнарав аъмоли хешро бар пояи он аёр медоранд.

 Худдорӣ аз якҷонибагароӣ

Аллома Салоҳуддин Салҷуқӣ «тахассус»-ро раҳбонияти аср медонад. Ин сухан ба ин маъност, ки мутахассисон дар ришта ва мавзуъи вежа чунон ғарқ мегарданд, ки аз соир паҳлуҳои зиндагӣ бехабар мемонанд. Мусибат онҷо афзунтар мегардад, ки мутахассис ҷаҳонро аз даричаи тахассуси хеш бингарад, ба соир риштаҳои илмӣ таваҷҷуҳ накунад ва ба ҳамаи пурсишҳо аз манзари дониши воҳиди хеш посух ироа диҳад. Фаровон дида шуда, ки равоншиносон, иқтисоддонон, ҷомеашиносон, сиёсатдонон ва... ҳар як чунон ба фазл ва бартарии дониши хеш яқин ҳосил медоранд, ки дигарон дар назаршон ҳеҷ менамоянд ва ба ҳамаи мушкилот як роҳи ҳал ироа медоранд. Чунин коре аз чаҳорчӯби эътидол ва миёнаравӣ по берун мениҳад ва дар доираи ифротигарӣ ва тундравӣ мелағжад. Бад-ин сурат, бояд мутаваҷҷеҳи осебҳои тахассус буд ва фурсат надод, ки ҷаҳони бад-ин паҳноварӣ ва гуногунӣ, дар як қолаб рехта шавад ва арсаи зиндагӣ танг ва торик гардад.

Маънии дигари якҷонибагароӣ он аст, ки инсон дар даври хеш роҳи ифрот ва тафритро бипаймояд; Ё хатои тарафро ба куллӣ нодида бигирад ва ё бар хилофе онро аз ҳадди лозим калонтар ҷилва дода ва аз тамоми паҳлуҳои неки тараф чашмпӯшӣ кунад.

 Оҳиста ва пайваста

Аз фарқиятҳои рӯшани тундравон ва миёнаравон яке ҳам ин аст, ки тундравон, суннати илоҳиро, ки ҳар чизе вобастаи вақт ва замонаш мебошад намепазиранд ва дар зудтарин замон мехоҳанд ба аҳдофи хеш ноил оянд. Аз гандум зард шуда дар муддати чанд рӯз талаби хирман доранд ва аз ҳастаи зардолу, пас аз чанд ҳафта дарахти тановар ва пурмева интизор доранд. Дар ҳоле ки чунин афроде мавриди фармудаи паёмбаранд, ки асабашонро хаста мекунанд ва ба ҷое ҳам намерасанд. Баръакс, ашхоси миёнарав суннатҳои илоҳиро мешиносанд ва аз дари созгорӣ бо он ворид мешаванд, бо гомҳои оҳиста ва пайваста роҳ мепаймоянд, ором ва матин ва бо итминон масирро тай мекунанд ва бо гомҳои носанҷида ва хезишҳои беҷо ҳаёти худ ва мардумро ба хатар намеафкананд.

Дар дарозои таърих ин ифротиҳоанд, ки ба ҳавои расидан ба ҳадаф дар зудтарин вақт, моҷаро халқ медоранд, террор ва кудато барпо мекунанд ва тӯфоне аз хун ва ашк ҷорӣ месозанд. Дар иваз, миёнаравон бо кор ва кӯшиши созанда дар миёни мардум умре сипарӣ медоранд ва дар баробари номулоимиҳо шикебоӣ нишон медиҳанд, то заминаи бароварда шудани аҳдофи волояшон мусоид гардад. Шеваи кор ва муборизаи миёнаравонро ин ояи шариф нишон медиҳад: «Бо ҳикмат ва андарз додани писандида ба роҳи парвардигорат фаро хон ва бо онон бо шевае, ки некӯтар аст муҷодила кун».

Миёнаравон бо кори давомдор роҳи худро аз тундравон ҷудо месозанд, аммо муҳиммтар аз он, ин аст, ки эътидолписандон мадад ва нусрати илоҳиро бо кор ва кӯшиши пайгир ва ҳисобшуда муяссар медонанд. Дар ҳоле ки ифротиҳо бидуни онки имтиҳонеро сипарӣ кунанд ва таҷрибае аз гармӣ ва сардии рӯзгорро тай кунанд, муштоқи онанд, ки нусрати парвардигор шомили ҳоли онҳо гардад ва кор ба суди онҳо поён ёбад.

Зоҳиргароӣ

Аз наҳлаҳои фикрие, ки дар ҷаҳони ислом, тухми тундандешӣ ва тундравиро афшод, мазҳаби зоҳирӣ аст. Ин мактаби фикрӣ, ки дар гузашта чандон бузург ва ҷиддӣ набуд, дар даҳаҳои пасин ҷиддӣ ва қобили тааммул шудааст. Ин даста дар ҷаҳони ислом бино бар авомили мутааддид дар миёни ҷавонон ҷо боз кардаанд. Шиорҳои ҷавонписанд ва содаи эшон мӯҷиби ҷазби ҳазорон ҷавон дар сафи онҳо гардида ва ҷунбишҳои тундравонаеро шакл бахшидаанд.

Чунонки аз номи зоҳиргароён пайдост, бар зоҳир таъкид медоранд ва заҳмати таҳлили як ҳукми диниро намепазиранд. Ба унвони намуна: «Наҳӣ ал-набӣ ан ясофир болмусаҳаф ило аларз алкуфор вал-арз ал ъаду». «Паёмбари гиромӣ аз мусофират бо Қуръон дар сарзамини куффор ва ё сарзамин душман наҳӣ фармуданд».

Ҳар муҳаққиқе медонад, ки далели манъи ҳамли Қуръон ба сарзамини куффор ин аст, ки мабодо бар Қуръон иҳонате сурат гирад, аммо акнун, ки Қуръон дар ҳама ҷо ёфт мешавад ва мусулмонон дар саросари ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва хатари иҳонат ба Қуръон ончунон вуҷуд надорад, наметавон бар ҳукми ин ҳадис амал дошт.

Ва ё ҳам ҳадиси дигаре ҳикоятгари ин аст: «Наҳӣ ал-набӣ аламроҳ ан тасофир биғайри маҳрам». Паёмбар аз мусофирати зан бидуни маҳрам наҳй фармуданд.

Мусофират дар қуруни қадим муддатҳо ба тӯл меанҷомид ва навъҳои хатарҳо метавонист дар камини мусофир бошад, дар чунин вазъияте ҷаноби Паёмбар сафари занонро бидуни маҳрам мамнуъ қарор дод. Вале имрӯз аз сафарҳо хатарзудоӣ шудааст; парвози ҳавопаймоҳо итминони бештаре пайдо кардаанд, агар зане аз як шаҳр ба шаҳри дигар ва ё аз як кишвар ба кишвари дигаре мусофират кунад, чӣ хатаре метавонад ӯро таҳдид кунад?... Мусалламан дар ҳоли ҳозир иллате, ки ҳадис бар он бино гардида, аз миён рафтааст. Аз ин гуна масоил фаровон аст, ки ба сухани Қарзовӣ «зоҳиргароёни ҷадид» сурати насусро меъёр қарор дода ва ҳозир ба ҳеҷ таъдиле дар он нестанд, ки дар натиҷа мӯҷиби сахтгирӣ шудааст.

Ҷамъбандӣ

Эътидол ва миёнаравӣ аз мафҳумҳое аст, ки бисёр ба кор меравад, аммо таҳлили лозим дар он маврид сурат нагирифтааст. Ин халоъ (холигӣ) боиси он шуда, ки ҳар гуруҳе худро муътадил бихонад ва ошуфтагӣ дар зеҳн ва равони мусулмонон ҷорӣ созад. Бо таваҷҷуҳ ба хатаре, ки аз сӯи тундравон, ислом ва мусулмононро таҳдид мекунад, бозбинии чунин мафоҳиме аз ниёзҳои асосии дунёи ислом ба шумор меравад. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин гуна баҳсҳо, аксари ҷавононро нисбат ба ислом дилсард карда ва меҳри омӯзаҳои ғайрро дар дили онҳо ҷо додааст. Баръакс ҷавонони эҳсосотӣ ва тундрав, эътидолгароёнро ба муҳофизакорӣ ва адами побандӣ муттаҳам медоранд ва аз он фаротар гоҳе нигоҳ ва шеваи бархурди эътидолиро ба тири иттиҳоми «исломи амрикоӣ» менавозанд. Ҳақиқат ин аст, ки ислом вежагиҳое дорад, ки дар адён ва макотиби дигар назири он дида намешавад, аз ҷумла осонгирӣ дар умур ва адами хушунат як асли асосӣ аст. Тарҷеҳи сулҳ бар ҷанг асли дигаре аст, ки касе наметавонад аз он чашмпушӣ кунад. Онҳое, ки дар ҳамаи мароҳил ва ҳама ҷо ҷуз ҷанг чизе намешиносанд, бояд мутаваҷеҳ бошанд, ки огоҳияшон аз ислом умқ ва реша надорад. Ҳамон гуна, ки яктопарастӣ умдатарин асли исломӣ аст, ҷомеъи байни мода ва маъно, дунё ва охират аз усули дигари ислом аст ва ҳар онки ба яксу билағжад, ба ҳар нияте, ки буда бошад, аз роҳи рост инҳироф варзида ва ба хато рафтааст. Ба ҳамин минвол, ислом дини воқеъгароӣ аст, дар олами хаёл ба тарҳи масоил намепардозад, қавонини ҳоким бар низоми ҳастиро ба расмият мешиносад ва чизе фаротар аз он намехоҳад ва бо хаёландешӣ ба суроғи ҳали масоил намеравад. Дар ҳоле ки ҳар як аз ин усул дархӯри таҳлил ва колбудшикофианд то ҷавонони мусулмон аз сатҳи мавзуот ба умқи он раҳнамуд гарданд ва посухҳои ақлоние дарёфт кунанд.

 Абдулҳафизи Мансур,

вазири пешини фарҳанг,

Вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97