Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

“Институти Ҷӯрабек”

Фарҳанг ва адаб 23.06.2016 10:36

Дар даврони баччагии мо чаҳор тан аз сарояндагони маъруф буданд, ки дар кулли манотиқи Тоҷикистон маҳбубият доштанд. Эшон – Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Ҷӯрабек Муродов ва Абдулло Назриев буданд. Албатта, дигарон низ буданд, вале дар миёни мардум бештар ин номбурдагон сермухлистарин маҳсуб мешуданд. Ба иллати завқи махсуси минтақавӣ, ки аз қадим боз дар миёни мардумон падид омадааст, ҳар кадом аз ин бузургон дар минтақае аз Тоҷикистон доираи нуфузи бештари худро дошт. Масалан, сарояндаи мардумии минтақаи марказӣ наметавонист маҳбубияти комили завқиро ҳамчунон ки барои мухлисони ҳавзаи марказӣ эҷод мекард, барои шунавандаи ҷанубӣ ё шарқии кишвар низ эҷод кунад ва баръакс.

 Дар охирҳои солҳои 60-уми асри гузашта буд, ки сарояндаи мардумии дигаре бо номи Ҷӯрабек Назрӣ бо сабки хосси сарояндагӣ зуҳур кард ва ба зудӣ шуҳратёр шуд. Бори аввал буд, ки мо чунин оҳангҳо ва тарзи суруданро мешунидем, аз ин рӯ бароямон аҷиб буд. Онҳо ба ягон сабки дигари овозхонии маъмули тоҷикии то он замон шунидаамон монандӣ надоштанд. Дар он солҳо дар маҳалҳо, махсусан дар деҳае, ки ман мезистам, магнитофон хеле кам буд, аз ин рӯ натанҳо мо баччагон, балки калонсолон ҳам гирди магнитофон гирд омада, сурудхонии ин “ҳофизи нав”-ро мешунидем. Бо зуҳури телевизион (дар деҳаи мо) дар соли 1970 ё 71 буд, ки бори аввал симои ӯро дидам ва ин аввалин шиносоии ман бо ин марди ҳунар дар он “дунёи қадим”-и баччагиям буд.

Баъдан, эшон сахт маъруф шуд ва шогирдони зиёде тарбият кард, ки бо ибораи мардум як Ҷӯрабек Назрӣ ба чанд Ҷӯрабек Назрӣ тақсим шуд, зуҳури ин ибора бад-он сабаб буд, ки қариб ҳама шогирдон бо сабки хониши ӯ мехонданд ва ҳам муқаллидони зиёде падид омаданд, ки мардум тарзи хониши онҳоро “Ҷӯрабек назригӣ” мегуфтанд. Ин тарзи хониш то андозае сурудхониҳои маъмулии мардумиро шикаст, чунон ба назар мерасид, ки онҳо оҳангҳои хосси шарқӣ, марказӣ ё ҷанубии Тоҷикистон нестанд, балки оҳангҳое ҳастанд, ки барои завқи кулли ин мардумон офарида шудаанд. Ба ибораи дигар ҳофизи мардумие падид омад, ки дар радифи он чаҳор тани машҳури дар фавқ ёдшуда ҷой гирифт, вале бо ҷуғрофиёи бештари мухлисон...

Ӯро бори аввал ба истилоҳи маъруф “ба шакли зинда” дар назди бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар ҷанозаи шахси машҳуре, ки ба қатл расида буд ва алҳол дар ёдам нест, ки кӣ буд, дидам. Он яке аз рӯзҳои соли 1992 буд ва ҳукумат дар ҳолати нооромӣ ва дар ихтиёри мухолифони ҳукумати навшикасташудаи шӯравӣ қарор дошт. Ҷӯрабек Назриев дар иҳотаи чанде аз ҳозирин сухан мекард ва ҳар лаҳза бар қотилони маит лаънат мефиристод, аз ҳукумати ноустувори кунунӣ шикоят мебурд ва аз ин ки “муллоҳои мутаассиб” ба сари қудрат омадаанд ва аз ҳукумату ҳукуматдорӣ хабаре надоранд, ҳар навъ сухан мегуфт ва онро ибтидои бадбахтиҳои азими миллӣ маънидод мекард. Дар он лаҳазоти чунин сухан кардани ӯ вуҷуди маро тарсу ҳарос фаро гирифт, зеро ҳама суханон муқобили он мардумоне буд, ки дар он ҷаноза гирд омада буданд, ки гӯӣ лаънат ба худи онҳо мефиристод. Ба ибораи имрӯзӣ дар миёни мухолифини нав ба сари қудратрасида аз нақси давлатдории эшон мегуфт ва аз ин ки ба иллати ноуҳдабароии эшон ин фозил кушта шуд. Ман ки ба иллати ҷуғрофиёи таваллудам дар он миён аз “воҷибулқатлон” маҳсуб мешудам, ба зудӣ аз он “маҳфили марговар” берун шудам.

Маро пас аз ин иттифоқи дидори нахустин, тасаввурот дар бораи шахси ӯ тамоман дигар шуд. Гумон чунон рафт, ки ӯ низ як нафар “боевик” (истилоҳи маъруфи он рӯзгори пурдаҳшат) аст, ки бо чунин ҷуръат алайҳи ҳукумат ва дастаҳои мухталифи хуношом ҳарф мезанад, вагарна дигаре наметавонад ин кори марговарро анҷом диҳад, дар сурате ки ҳар лаҳза нафарони нохушоянд ва “саркаш” бо суҳулат кушта мешуданд. Аммо чӣ гуна “боевик”, ки дар сангаре қарор надорад. Ва ин барои ман муаммо буд.

Аммо шиносоии бевоситаи ман бо ин марди то он замон бароям “дастнорас” ба ҳангоме даст дод, ки пас аз пароканда сохтани Институти шарқшиносӣ (1993) ва ба Институти дастхатҳо ҳамроҳ намудани он маро лозим омад, ки назди Ҷӯрабек Назриев – директор-муассиси ин муассисаи нави илмӣ – Институти дастхатҳо ва шарқшиносӣ барои эҳёи ҷои кори аздастшудаам равам. Ман дар Институти шарқшиносии парокандашуда собиқаи 10-солаи корӣ доштам.

Тасаввуроти ман дар бораи шахси ӯ ҳамчун марди мағрури саркаш, худписанд ва пӯшида дар табиати “боевикӣ” ҳамоно боқӣ буд. Маро нобоварӣ дар муносибат бо ӯ боз дар он буд, ки мегуфтанд, ки муносибаташ бо устоди ман – Ҳақназар Назаров чандон хуб нест. Дар ҳар сурат вориди Институт шудам, ки кори аздастшудаи худро сахт дӯст медоштам. Ӯро марди ба истилоҳи мардумӣ “заминӣ” ва ниҳоят самимӣ дарёфтам, ки маро бовар намеомад он марди сахтсухани “ҷангҷӯ” ва илова бар ин шахсе бо ин шуҳрату номварӣ то бад-ин ҳад хушмуомилаву корсоз буда бошад. Ҳарф сари он аст, ки устоди роҳнамои илмии ман, шодравон Ҳақназар Назаров собиқ директори Институти шарқшиносӣ дар он рӯзгори сангин бо туҳмату буҳтони муғризон гирифтор омада, чун баҳонае сохта нашуд, ки ӯро аз вазифа гиранд, роҳи дигаре ёфтанд, яъне Институтро барҳам заданд ва ман шогирди ӯ гумон доштам, ки дар Институти навтаъсис шояд маро бад-ин сабаб ҳам ба кор нагиранд. Аммо устод Ҷӯрабек Назриев маро чунон қабул карданд, ки гӯё чандин сол боз маро мешинохта бошанд ва бо камоли майл аз ҷониби эшон ба кор қабул шудам. Чунин муносибат чандин гумонҳои тахминии маро дар хусуси шахсияти ӯ комилан ботил сохт.

Муҳити корӣ дар Институти “нав” бароям тамоми ғайриодӣ намуд. Дар муносибот расмиёти қаблӣ аз қабили “Ҷӯрабек Назриевич” гуфтанҳо мушоҳада намешуд, балки мегуфтанд: “Акаи Ҷӯрабек ”, “Акаи Ҳақназар” ва амсоли ин. Ҳама баробар менамуданд, аз қабили фаррошу профессор, академику хоҷагидор. Дар муносибат раиси Институт бо ҳама ходимон аз техникӣ то волотарин кормандони илмӣ яксон буд. Муносиботи омиронае, ки дар шахси роҳбарони аввал ба мушоҳада мерасид, акнун мушоҳада намешуд. Ҳамчунон ки сарояндаи мардумӣ буд, ба назар чунон меомад, ки табиати мардумии касби аввалаш дар вазифаи директориаш низ асар кардааст. Дар ҳар сурат ин муҳит барои ман озодтар ва мусоидтар аз “режим”-ҳои қаблӣ намуд.

Дар сахттарин рӯзгор таҳти роҳбарии ӯ ба кор шурӯъ намудам. Давлати ба тозагӣ шикаста тамоми иҷтимои мамлакатро бо худ шикаста буд, ҳукумати навин, ки дар тахти вайронаҳои собиқ нишаста буд, чизе надошт, ба истилоҳи маъруф ҳамаро аз сифр сар мекард. Хотири ҳама парешон ва кулли мардум дар ин фикр, ки имрӯз ба фарзандони худ аз куҷо қутти лоямуте ба даст биёваранд. Фикри фардо гӯё вуҷуд надошт. Эътибори одам қариб билкулл аз миён рафта буд. Касеро бар касе эътимод набуд. Гӯё ҳама дар ҷангалистони бузурги шубҳаву гумону ноумедӣ афтода будем. Тамоми шаб анбӯҳи мардум дар назди нонпазхонаҳои хурду бузурги давлатӣ барои дарёфти нон ҷон ба каф гирифта, интизорӣ мекашиданд ва бештаре аз мардум бад-ин минвол то саҳар ба мақсуди деринтизори худ намерасиданд.

Дар чунин вазъият идора кардани корхонаҳои давлатӣ (умуман, ҳар гуна корхона), нигоҳ доштани молу мулки он, идора кардани коргарони мушаввашхотир аз ҷумлаи корҳои мушкили он замони беназмӣ ба шумор мерафт. Баъзе роҳбарон аз ҷониби гурӯҳҳои номаълум таъқибу таҳқир, гирифтори туҳмату буҳтон ва ҳатто то ба қатлу нестӣ расонида мешуданд. Нигоҳ доштани коллективҳои илмӣ бисёр мушкил афтод. Теъдоде аз зиёиёну донишмандон тарки ватан карда, ба мамолики ороми ҳамсояи дуру наздик рахт барбастанд. Теъдоде дигар дар ҷомаи душманӣ алайҳи давлати навбунёд дар гӯшаҳо ғунуданд. Кори илм чун дигар соҳҳоти иҷтимоии мамлакат рӯ ба заъфу беҳосилӣ овард. Хиёнат дар кори илм ва иқтисоду маънавиёт ривоҷ гирифт...

Дар чунин шароит, ки на ҳама офатҳои онро гуфтам, Ҷӯрабек Назриев дар сари кор буд. Баръало мушоҳада мешуд, ки ӯ барои гурусна нагузоштани ходимони илмии Институт (акнун гумон меравад, ки шояд) тарки хоб ҳам мекард – чунонки сарвари як хонавода тамоми шабро дар навбати нон мегузаронд то ноне як ё ду барои аҳли хонаводааш пайдо кунад – ва барои бештар аз сад нафар кормандони илмии Институт нон меёфт ва ба Институт меоварду ба ҳар кас мувофиқи теъдоди хонаводааш тақсим мекард. Ин аз бузургтарин сифати як мард дар чунин рӯзгори сахт аст, ки тамоми суханони дигар дар муқобили он ночизанд. Яъне нагузошт, ки нафаре аз ходимони илмӣ рӯзи худро дар ба даст овардани нон талаф кунад, ба ибораи дигар, аз ин ҷониб тавонист хотири донишмандонро то андозае ором созад, то кори имтидоди таҳқиқоти илмӣ дар Институт қатъ ё кам нагардад. Мо дар он лаҳазоти вазнин фикр намекардем, ки эшон аз куҷо ва чӣ гуна нон пайдо мекунад ва онҳоро ройгон ба ходимон медиҳад. Чунон менамуд, ки ин бояд ҳамин тавр буда бошад. Вале акнун он амали ҳамидаи устод имрӯз маро дар ҳайрат мегузорад, ки ин корро чӣ гуна анҷом медод? Маоши мо дар он рӯзгор дар ҳудуди камобеш аз се доллари амрикоӣ буд, ки тақрибан ба сеяки як халта орд рост меомад ва ин кумакҳое ки аз заҳамоти устод ба мо мерасид, гумон мекунам баробар ва ё бештар аз он маош буд, зеро устод дар баробари нон пайваста аз ҳисоби ташкилотҳои гуногун барои мо аз қабили равғану биринҷу макарону шаккар ва амсоли онҳо кумакҳо мерасонид. Аз ин лиҳоз низ қариб ҳама ӯро дӯст медоштанд. “Қариб” гуфтан бад-он хотир аст, ки нафари бе душману бадхоҳ дар ҷаҳон хеле кам аст. Чунонки Саъдии бузург фармуда буд, ки агар подшоҳ пайваста ба сари мардум зар бипошад, вале боз ҳам нисфе аз мардум норозӣ бошанд.

Нигоҳ доштани Ганҷинаи дастхатҳо – бузургтарин ғановати маънавии миллии мо аз ҷумлаи мушкилтарин корҳои он рӯзгор буд. Ҳар лаҳза гурӯҳе, ҳатто як тан яроқбадасте метавонист бо суҳулат онро ба яғмо барад, ё хиёнаткоре оташ занад ва амсоли ин. Устод Ҷӯрабек Назриев тавонист ин мушкилро низ ҳал кунад. Ҳатто ду ё се бор, ки хазинаи китобҳоро об зер кард, ба воситаи ҳушёрии устод китобҳо наҷот дода шуданд ва ҳеч кадом зарар надид. Мо намедонистем ӯ аз куҷо ба зудӣ аз чунин фалокатҳои ногувор огоҳ мешуд. Баъзеҳо шухиомез мегуфтанд, ки ӯ чашмҳои зиёд дорад, ки қабл аз ба хона рафтан баъзеро дар деворҳои Ганҷина мегузорад. Ин амалҳои фаврии устод, сахтгириҳо ва ҳам ғамхориҳои ба истилоҳ “падарона” воқеан намудори як нафар соҳибхонае буд, ки бо тамоми ҳастӣ аз хона, молу ашё ва аҳли хонаводаи худ ҳифозат мекард.

Аммо ҳар киро (хосса роҳбарро) душману бадхоҳ, бадбину бидгӯй ҳамеша дар камин ҳаст, ки устод низ аз ин маҳута берун набуд. Дар хусуси ӯ бадгӯиҳое ҳам буданд, аз қабили ин ки китобҳои Ганҷинаро мефурӯшаду талаф мекунад, ҳатто китоби бузурги Инҷиле дар он шаборӯз аз Тоҷикистон дуздида ва дар фурудгоҳи Маскав ошкор шуда буд, мешунидам, ки дар Академия ва Институт онро моли Ганҷина таъбир мекарданд. Дар сурате, ки ошкор шуда буд, ки он китоб аз хазинаи Энсиклопедияи советии тоҷик рабуда шуда ва ду китоби ҳамгуни он ки дар Ганҷина ҳифозат мешуданд, дар ҷои худ маҳфуз буданд ва то имрӯз боқиянд. Ҳатто боре ба таври шӯхӣ ба устод гуфтам, ки намешавад, ки мо ҳамин Инҷилро ба таври расмӣ бо иҷозати Ҳукумат ба мамлакати Исроил фурӯшем ва бо пули он тамоми дастхатҳои миллии худро, ки дар дасти мардуманд ва ҳар рӯз мешунавем, ки аз роҳи қочоқ фурӯхтаву нобуд шуда истодаанд, барои Ганҷина харидорӣ намоем. Устод каме ҷиддӣ шуда гуфт, додари ҷон, шояд чунин иҷозат гирифта шавад, аммо дониста бош, ки будани он дар ин ҷо ба маротиб аз фурӯхтанаш муфидтар аст, он алҳол аз ҷумлаи ғановати маънавии миллии мост на аз исроилиён, ин дарҳамбарҳамиҳо гузаштанист, обод хоҳем шуд ва баъд хоҳем фаҳмид, ки чи корҳои некеро таҳаммул кардаем. Ӯ мегуфт: Нурмуҳаммадҷон, додари азиз, шояд ман баъзе феълҳои нохуб дошта бошам, ки аз мавҷудияташон пай набарам, вале ба ҳеч ваҷҳ, Худо шоҳид, ки ман сари мӯе ба дороии миллат хиёнат намекунам. Аммо ман дар ҳар сурат кӯшиш мекунам, ки аз ҳукумат ва ё дигар роҳҳое маблағ ба даст биёварам ва он китобҳои “мерафта”-ро харидорӣ карда ба Гангҷина биёварам. Ва ӯ ба қадри имкон ин гуфтаашро амалӣ кард; ҳам биноро таъмир кард ва ҳам китоби зиёде ба Ганҷина ворид намуд.

Дар хусуси ба роҳ мондани корҳои илмӣ, махсусан тарбияи мутахассисон аҳаммияти хосса медод. Ҳатто бо яке аз ходимони илмӣ, ки бисёр ҷавони фаъолу сермаҳсул буд, аммо аз нигоҳи ҷомеашиносии он рӯзгор бо ҳам каме мухолафат доштанд (дар он лаҳазот тамоми ҷомеаи Тоҷикистон чунин буд ва ҳанӯз сулҳи маъруфи тоҷикон даст надода буд), муомалае кард, ки ҳама дар ҳайрат шуданд. Ба шароити вазнини молии Институт нигоҳ накарда он ҷавонро ба Маскав барои ҳимояи рисолаи докторӣ равон намуд, гуфтанд чаро аз “рақиб”-и худ дастгирӣ кардӣ? Гуфт, ба ҳар ҳол ҷавони миллатдӯст ва донишманд аст, агарчи моро ҷаҳонбиниҳои гуногун аст, вале дар ҳар сурат, хидмати ӯ ба ин миллат хоҳад расид. Ва эшон бомуваффақият ҳимоят карда баргашт ва ҳоло воқеан ҳам дар хидмати ин миллат аст.

Ҳикояти дигар аст, ки наметавонам нагӯям. Чунонки дар фавқ гуфта будам, чун Институти шарқшиносӣ шикаста шуду Ҳақназар Назаров аз он берун афтод, баъдан ба “Институти Ҷӯрабек” (ибораи маъруфи он рӯзҳо) ба кор қабул шуд. Устод рӯҳафтода набуд, мегуфт ман аз ин бозиҳои академикӣ аз “қадим” бохабарам ва ба ҳангоми директор шудан оқибати онро низ тасаввур карда метавонистам, фақат аз як чиз хиҷолат мекашам, ки баъзеҳо туҳматҳои бар сари ман бофтаро ҳақ мепиндоранд, аммо инҳо низ ба зудӣ хоҳанд фаҳмид. Туҳмат асосан сари ин буд, ки гӯё устод аз сиёсати шӯравӣ дастгирӣ намекард, чунонки гуфтем, ин баҳонаи сохтаи муғризон барои шикастани Институт буд, ки баъдан ошкор шуд.

Мо гумон мекардем, ки акаи Ҷӯрабек низ бо ӯ сари душманӣ ё бадбинӣ дорад ва чун устод Назаров узви академия буд, акаи Ҷӯрабек наметавонист, ки ӯро ба кор нагирад, бино бар ин аз ночорӣ ӯро ба кор қабул кардааст. Зоҳиран чунин менамуд. Ва устод низ ба кор камтар меомад, асосан дар хона таҳқиқот мебурд ва дар ҳамин давра буд, ки бузургтарин китоби худ – “Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон” (Душанбе, 1998. 656 с.)-ро таълиф ва мунташир намуд. Ҳар вақт мегуфтам устод, чаро ба кор камтар меоед, оё аз акаи Ҷӯрабек ранҷидагии хотире доред? Мегуфт, кори муҳимме дорам, ки анҷом додани он бароям аз ҳар кори дигар азизтар аст. Ва ин навиштани ҳамин китобе буд, ки гуфтам. Устод дар имтидоди ин муддат ҳар саҳар ба кор меомад ва бо ҳама вохурӣ мекард ва баъд аз як ё ду соат бармегашт ва ман ҳам гумон мекардам, ки ба хотири таълифи ҳамон китобаш зуд бармегашт. Рӯзе пай бурдам, ки чаро ӯ зуд бармегардад. Гап сари он буд, ки устод ба таври расмӣ дар шуъбаи матни классикӣ номнавис буд ва бояд матнҳои классикиро ба кириллӣ баргардон мекард, чун ин корро хуш надошт, зеро ӯ донишманди соҳаи дигари илм буд, ӯ таҳқиқоти амиқи илмиро дар мавзӯъҳои муосири афғонистоншиносӣ анҷом медод ва шояд (ин албатта, фикри имрӯзии ман аст) таҳти роҳбарии нафари дигаре, ки соҳаи таҳқиқоти устодро дарнамеёфт ва ҳам дараҷаи расмии илмииаш ба маротиб аз устод пасттар буд, илова бар ин аз роҳбари шӯъба суханҳои таҳқиромез мешунид (ба иллати он туҳмати сохта, ки бар устод баста буданд) кор кардан барояш сахттар менамуд, ки дар ҷои таъйиниаш наменишаст. Ва маро ҳам гумон ин буд, ки шояд Акаи Ҷӯрабек низ будани устодро дар Институт намехоҳад.

Боре хуни номусам боло гирифт, ба истилоҳи иғроқомез “дил аз ҷони азиз шустам” ва назди Ҷӯрабек Назриев даромадам. Гуфтам, устод оё шумо аз ҳоли устоди арҷманд Ҳақназар Назаров хабар доред? Гуфт, чӣ шудаст? Он ҳолати ӯро барояш гуфтам ва ин ки донишманде бо ин бузургӣ, ягона нафаре, ки узви Академияи илмҳо дар Институти мост ва сарвару асосгузори илми афғонистоншиносӣ дар Тоҷикистон аст ва тамоми донишмандони Афғонистон ӯро ба манзалаи классики ин илм медонанд, мо дар дохили як Институт ё як кабинет ӯро ба дурустӣ намешиносем ки кист, ӯ ҳатто ҷои нишаст надорад! Акаи Ҷӯрабек аз ҷой бархост ва бо таааҷҷуби изтиробомез пурсид, чӣ хел ҷои нишаст надорад?! Суханҳо бисёр рафт ва акаи Ҷӯрабек аз ин “нақс”-и рафта афсусҳо хӯрд ва гуфт, чун ҳар рӯз устодро мебинам, ки хушҳол асту бардам, гумон мекунам, ки корҳои эшон барҷост. Пас ба зудӣ ҳамон рӯз ҷонишини худро фармуд барои устод кабинети алоҳидаи корӣ ҷудо карда, то пагоҳ онро ба пуррагӣ ҷиҳозонид. Чун саҳар устод ба кор омад, акаи Ҷӯрабек худ устодро ба ҳузураш даъват намуда, пас аз чанде ҳамроҳ ба утоқи тозаи кории устод ворид шуданд. Шароит барои устод чунон сохта шуд, ки дигар касе музоҳими ӯ намешуд, ӯро дар кори таҳқиқу таълиф комилан озод гузошт. Ин буд, ки дар ин давра устод арзишмандтарин китобҳои дигари худро навишт, аз қабили “Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён”, “Аз таърихи пайдоиш ва паҳншавии ақвому халқҳо дар Осиёи Марказӣ”, “Нақши эрониён-тоҷикон дар таърих ва фарҳанги ҷаҳон”...

Чун сухан бисёр аст ва мутаассифона, фурсат андак, наметавон дар ин авроқ ҳамаро гуфт, шояд дар замони мусоидтаре, ки агар вақту имкон даст диҳат, ҳамаро гӯям. Аммо ҳамин ҳоло бо ҷумлае мехоҳам сифати шахсияти Ҷӯрабек Назриевро, то ҷое ки ман дарёфтаам, баён кунам: Шахси ниҳоят маъруф дар санъати сарояндагӣ аз оҳанг бастан то волотарин шеър интихоб кардан барои онҳо ва падид овардани мухлисон дар ҷуғрофиёи бештар, камназир будани тарзи роҳбарии ӯ дар муносибот бо зердастон, ғамхорӣ дар ҳаққи эшон ва амонатдории амволи арзишманди миллию давлатӣ, муносибати пурмуҳаббати дӯстона бо ҳар кӣ агар мешиносад ё на, эҳтирому дилсӯзӣ зоҳир кардан ба табақаи камбизоат, нороҳат шудан аз корҳои ноҳаққонаи баъзе соҳибмансабон ва дар баъзе маврид дар рӯяшон гуфтани алфози нохушоянд барои онон ва баъзан бад-ин восита “бадном” шудан, камтар таҳаммул кардан бар нагуфтани суханҳое, ки набояд гуфт, бо шухӣ аз худ таъриф кардан, пайваста ба “як пиёла чой” даъват намудани ҳамсуҳбат ва дар бештари маврид амалӣ сохтани он, баъзан ба зудӣ хашмгин шудан ва ба ҳамон суръат фаромӯш кардани он, бисёр огоҳ будан аз бурду бохти ашхоси шинохта, бисёр шеър донистан ва зуд маъниро дарёфтан, аз таърихи адабиёти форс-тоҷик хеле огоҳ будан, бо баъзе аз мухолифони ҷиддии худ то дербоз насохтан, шарти эҳтирому муҳаббатафрӯзиро ба ҳамсуҳбати худ риоят доштан, ба нудрат аст, аммо ба иллати бад дидани касе сифатҳои хуби ӯро камтар эътироф кардан (шояд дар зоҳир), ҳамчунон пайваста афсӯс хӯрдан аз коҳиш ёфтани пажӯҳишҳои илмӣ дар Институт ва то андозае гусаста шудани низом дар ин самт ва ғайраву ҳоказо...

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97