Бозор Собир: Театри Лоҳутиро вайрон не, музейи адабиёт ва санъат кунед!

Фарҳанг ва адаб 03.06.2016 17:05

Ҳаёти устодони санъат дар ҳамин театр гузаштааст. Ва низ ҷанозаи хеле аз устодони адабиёту санъатро аз ҳамин даргоҳ ба роҳи охират гусел кардаанд. Театри Лоҳутӣ ҷойи муқаддас ва таърихист. Ин муқаддасгоҳ, ки қадамгоҳи бузургони санъату ҳунару адаби тоҷик аст, ба ҳеч ваҷҳе набояд вайрон шавад! Беҳтар аст музейи адабиёт ва санъат шавад!

 Ин ҷо қадамгоҳи ҳунарпешаҳои маъруф Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, Хайрӣ Назарова, ки мо дар ҷавонӣ дар ҳамин театр ҷамолашро дидаву об шуда будем ва даҳҳо тани дигар аст.

Ҳамчунин қадамгоҳи Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳабибулло Назаров, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар ва дигар бузургони мо аст. Санъати тоҷикро зодгоҳаш ҳамин театри Лоҳутӣ аст ва ҷойи видоъ бо шахсиятҳои маъруфи театру кино ва адабиёт низ ҳамин театр буд. Аз пушти ҷанозаи хеле аз онҳо аз ҳамин даргоҳ роҳ паймудем. Шабҳои зиёди эҷодӣ, шеърхониҳо, сурудхониҳо, суханрониҳои таърихӣ маҳз дар ҳамин ҷо мегузашт. Ҳанӯз он хотираҳо пеши назар аст.

Барои ҳамин зарур аст то музейи адабиёт ва санъат шавад. Бино нағз ҳам ҳаст, мустаҳкам. Ҳеч бадӣ надорад. Ба музей зебанда аст. Як ошёнаашро музейи санъат ва як ошёнаашро музейи адабиёт мешавад кард. Чойхонаи Роҳат ҳам дар паҳлуи он беҳтар аст, ки биистад. Зеро он як гӯшаи санъати тоҷик аст. Ва ин ҷо ҳам қадамгоҳи устодони санъату ҳунару адабиёт аст. Суҳбатҳои муҳим маҳз сари як пиёла чойи чойхонаи Роҳат сурат мегирифт, баҳси театр, ҳунар ва адабиёт. Устодони санъату адибон маҳз дар ҳамин чойхонаи таърихӣ ҳамроҳи меҳмонони олиқадри ҷумҳурӣ чойи кабуд нӯши ҷон кардаву онҳоро меҳмондорӣ мекарданд. Он танҳо як чойхона нест, қадамгоҳи гузаштагони номдори тоҷик ва ҷойи таърихӣ аст.

На санъат музей дорад, на адабиёт музей дорад. Ҳардуи ин музейро дар ҳамин театр ҷо кардан лозим. Ҳар нависанда дар хонаи худ музей кардааст, аммо охир ин ба талаботи музей ҷавобгӯ нест. Музейи адабиёт ва санъат зеби ҳамин бинои театри Лоҳутӣ дорад, ҳамаашро ҷамъ карда дар ҳамин ҷо як музейи таърихӣ бояд сохт. Ин шоиру нависандаву ҳунарманд чизи бисёре надоранд. Як шиму костюму як галстуку шояд кулоҳе дошта бошанд. Китоби бисёре низ надоранд. Ман дар хонаи аксарияти шоирону нависандагон будам, дар хонаи Миршакар низ як бор будам, Миршакар китобхонаи калон дошт. Ҳеч касе дигар чунин китобхона надошт. Аз ин рӯ беҳтар аст, ки музейи нависандагон дар яке аз ошёнаҳои театри Лоҳутӣ ҷой дода шавад, дар дигар ошёна музейи ҳунарпешагон.

Ин таърихи миллат аст. Онро вайрон кардан дуруст нест.

Бозор Собир

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97