Мусалмонии мо ба ном асту бас…

Фарҳанг ва адаб 02.08.2013 10:41

Ramadan1 viewЁ савоб танҳо барои гӯштфурӯшу пиёзфурӯш нест

Дар Тоҷикис-тони имрӯза ислом аслан хусусияти назариявӣ дорад. Қариб аксарият аҳкому аркони шариатро хуб медонанд, вале вақти анҷоми ин амалҳо худро нодида мегиранд.

Тоҷикон хуб медонанд, ки хайру саховат некию некукорӣ ва дастгирии дармондагон дар моҳи мубораки Рамазон  дар даргоҳи илоҳӣ чи қадар арҷу подоше дорад. Аммо ин амалҳои шоистаро танҳо ашхоси ангуштшумор  ба ҷо меоваранд ва ҳамагон дар ин моҳи муборак ба ҷои ба қадри ҳоли худ анҷом додани амалҳои нек ҳамеша фурушандагони бозору фурушгоҳҳоро сарзанишу маломат мекунанд, ки онҳо инсофу диёнатро кайҳо аз даст додаанд. Гӯё, ки риояти инсофу диёнат танҳо барои онҳо воҷиб бошад. Мо бо нияти ҳимояи ин тоифа қалам ба даст нагирифтаем ва ин идаъо дар ҳақи онҳо низ то андозае дуруст аст, аммо аз рӯи инсоф нест. Оё  шумо ягон  маротиба дидаед, ки дар нақлиёти мусофирбар моҳи Рамзон роҳкиро арзон шуда бошад? Ё фурушандагони бензин бо шарофати  ин моҳ ба мошини шумо бензини аз нархҳои ҳаррӯза арзонтарро рехта бошад. Ё аз фурушандае шунидед, ки барои ба бозор расонидани молаш ронандаи мошини боркаш аз ӯ нархи роҳкироро ба шарофатии ин моҳи муборак камтар талаб кардааст. Ё аз қассоб қиссаи дар ин моҳ харидорӣ кардани чорпои арзонеро шунидаед? Дар ёд доред, ки барои гирифтани доруе ба дорухона рафтед ва доруфурушон он доруи зарурии шуморо ба хотири ин моҳ бо нархи арзон фурухта бошанд? Агар мо ин суолгузории худро идома диҳем, шояд чанд саҳифа пур шавад, вале барои идаоъи хеш ҳамин қадарашро кифоя медонем.

Дари хайру саховат дар кишвари мо чунон баста гардидааст, ки ҳатто ширкатҳои истеҳсолкунандаи об (ин боигарии худодод  ба кулли миллат мансуб аст) дар ин моҳ як шиша обро  бар касе ройгон намедиҳанд. Дар ин моҳ на танҳо аҳли бозор, балки бояд ҳама аз давлат шуруъ карда то шаҳрвандони имкониятдошта ба қадри ҳол хайру саховатро пеша кунанд то ин ибрат ба дигарон гардад.

Ба чи хотир бошад мардуми мо аслан некию некукориро қариб фаромуш кардаанд. Саҳаргоҳон ҳазорон мошин аз ноҳияҳои шаҳр холию ним холӣ ба марказ мешитобанд ва бегоҳӣ вақти аз кор баромадан баракс аз марказ ба ин  ҷойҳо роҳсипор мегарданд. Боре надидем, ки ронандае дар назди касе истода, ба ӯ пешниҳод карда бошад: "Бародар, ман ба фалон самт меравам, агар шумо ҳам ба ҳамин самт рафтанӣ бошед, марҳамат". Ҳар рӯз бо як дӯсти қадрдонам баъди кор ба мошини ӯ ба хона бармегардем. Дар роҳ мардуми интизорро мебинем. Ва қарор бар ин шуд, ки назди онҳо биистем ва  даъват кардем, ки ба фалон ҷой равонем, марҳамат ба мошин биншинед. Бовар мекунед, ин одамон бо як нигоҳи шубҳаангез ва нобоварона ба мо нигариста ҳар чи зудтар бо ваҷоҳати  нороҳатгаштаашон аз ин таклиф аз пеши назарашон дур  шудани моро мехостанд.

Дӯсте қисса кард, ки дар Олмон чунин одат аст, агар шумо озими ин ё он шаҳр бошед, ё ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя сафар карданӣ ҳастед, пешакӣ дар сайти махсус вақти сафари худро  навишта муайян мекунед, шахсоне ки роҳи сафарашон бо роҳи сафари шумо мувофиқ меафтад, шуморо ба он шаҳри бароятон лозим ройгон оварда мерасонанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки аксари шаҳрвандони ин кишвар мусалмон нестанд, вале амалҳои исломиро аз мову шумо хубтар анҷом медиҳанд.

Калимаҳои "бактерия" ва "вирус" дар ҳаёти инсонӣ аз чӣ  бошад, ки маънии манфиро касб кардаанд ва баробари шунидани ин калимаҳо мо дар худ як  нороҳатиро эҳсос мекунем, ҳол он ки бо шарофати баъзе аз ин бактерияҳо мо саломатии худро барқарор мекунем ва бисёрии онҳо барои  солиму бардам мондани мо низ мусоидат мекунанд. Ин вирусу бактерияҳо дар ҳаёти иҷтимоъ ҳамтоёни худро низ доранд ва имрӯз он бактерия ва вирусҳои зараррасону зиёновар ва фанокунанда ҷомеъаи моро фаро гирифтаанд. Ин вирусҳо "бахилӣ", "нотавонбинӣ", "ҳасудӣ" "гурусначашмӣ", "кинаварзӣ" ва ғайра ном доранд. Биёед, ин вирусҳои носолим ва дардангезро бо антибиотикҳои неккукорӣ  дар ботини худ нобуд сохта бактерияҳои ҳаётбахиши "одамият", "саховатмандӣ", "хайрхоҳӣ", "некукорӣ", "ҷавонмардӣ"-ро дар ҷомеъа  инкишоф бидиҳем ва он зуд ҷомеъаи кишварро "сироят карда" дар бозорҳою фурушгоҳҳои  мо арзонӣ ва  баракатро ҳамеша дар амалҳоямон солим нигоҳ дорад.

Ку як таҷриба кунед, бубинем, ки чун аст?!

                                                                                                                                                                         Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97