Мехоҳед ҷанозаи шуморо кӣ бихонад?

Фарҳанг ва адаб 18.05.2012 15:08

Ахиран дар Тоҷикистон тасмим бар ин шуд, ки ҷуз имоми масҷиди маҳалла касе дигар ҳаққи баргузориии маросими ҷанозаро надорад. Нашрияи «Миллат» бо ин суол, ки «Ҷанозаро кӣ бояд бихонад ва оё иҷрои васияти майит муҳим аст ё не?» ба чанде аз соҳибназарон муроҷиат кард.

Завқибек Солиҳов, журналист:nazar

Аз оне, ки Кумитаи дин мегӯяд, ҷаноза бояд кӯтоҳ бошад, шояд барои бештар ҷабр накардан ба майит ва манъ накардани ҷасад бошад. Вале бояд донист, ки то чи андоза дароз шудани ҷанозаро қабул надорад, Кумитаи дин. Чун ки ҷаноза лаҳзае хеле эҳсосист ва марг бештар ба ёди инсон мерасад. Ва каме насиҳат кардани инсонҳо дар ин маврид хеле саривақтӣ аст. Ҷанозаро аз нигоҳи ман бояд фарзандони ҳамон майит хонанд. Яъне ҳамаи мо, ки даъвои мусалмонӣ дорем, бояд ба ҳамон ҳадде аз Ислом бохабар бошем, ки ҷанозаи волидони худро худамон хонем, Худованд волидони моро нигаҳбон бошад. На танҳо ҷаноза, балки дар дигар масъалаҳои азодорӣ ба монанди майитро шустан ва дар қабр мондани онҳо фаъол бошанд фарзандон. Бубинед, дар мо ҳатто баъзе фарзандон дар намози ҷанозаи волидайн иштирок намекунанд, чун ки намозхон нестанд. Боз мардуми мо як феъли дигар доранд, ки пеш аз марг васият мекунанд, ки ҷанозаро фалон руҳонӣ хонад, вақте он рӯҳонӣ шояд аз ноҳияи дигар аст меояду ҷанозаро хонданӣ мешавад, ин норизогиро аз сӯи рӯҳонии ҳамон маҳал ба вуҷуд меорад. Чунин ходисаро чанд сол пештар дар як ҷаноза, ки тариқи телефонҳои мобилӣ наворбардорӣ шуда буд, дидам. Ду рӯҳонии хеле шинохта, ки намехоҳам номашонро ин ҷо бигӯям, барои хондани ҷаноза қариб даст ба гиребон мешуданд. Он рӯҳонии маҳаллӣ, даъво мекунад, ки бояд ҷанозаро ӯ хонад, вале фарзандони майит мегӯянд, ки не, падарошон васият кардааст, ки ҷанозаро он рӯҳонии дигар хонад. Ба ҳамин рӯҳонии маҳал қаҳр кардаву рафтан хост ва ҳатто қариб бо яке аз хешовандони майит даст ба гиребон шуд. Аз ин сабаб хуб аст, ки ҷанозаро фарзандон хонанд. Ҳамчунин мо бояд васияти онҳоро низ ба назар бигирем.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин:

Мо барои ҷаноза муҳлат муайян накардаем, вале шариъати Ислом талаб мекунад, ки кӯтоҳ бошад. Баъзе ҳамин муллоҳо мавъизаеро сар мекунанд, ки нораво аст гӯем, мешавад. Бояд имоми маҳалла онро бихонад.

Маҳмадалӣ Файзмуҳаммад, раиси комиссияи тафтишоти ҲНИТ:

nazar_2Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.

Ҷаноза тибқи китобҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки аз Қуръон ва аҳодиси Расули акрам гирифта шудаанд, ин аст, ки агар султон ва ё ноиби султон ширкат дошта бошанд, авлавият ба онҳо дода мешавад. Баъди он қозӣ ва ё ноиби қозӣ. Дар сурати набудани онҳо ҳаққи аз ҳама бештарро имоми маҳаллае, ки майит аз пушташ намоз гузоштааст ва валии он ҳаққи имоматии ҷанозаро доранд. Валӣ шахси наздики мурдаро мегӯянд, мисли писар, падар, амак ё бародар. Он чи ки дар китобҳо омадааст, як авлавиятгузорӣ аст. Имрӯзҳо ин масъала дар Тоҷикистон хело печида шудааст ва баъзе аз уламо ин мавзӯро ҳатто ба баҳсҳо мекашанд. Ба назари ман ба соҳиби майит ҳақ бидиҳанд, то касеро интихоб кунад ва ё худаш имоматӣ кунад, беҳтар он аст. Зеро падар пул масраф карда, фарзандашро илми дин  омӯхтааст, хуб аст, ӯ ҷанозаи падар ё модари худро бихонад. Дигар ин ки агар ягон донишманди маъруфе ҳузур дошта бошад ва валии майит ӯро пешдаро кунад, беҳтар аст. Пайғамбари Худо фармудааст, ки касе аз пушти олими бо тақво намоз гузорад, мисле дар пушти набие намоз гузошта бошад, савоб мегирад.

Дигар ин ки дар рӯзи ҷаноза тибқи Ислом бояд дар бораи майит суханони нек бигӯянд. Ин фармудаи Пайғамбари Ислом аст, ки мурдагони худро ба некӣ ёд кунед ва дар ин маврид аҳодиси зиёде омадааст. Аммо дар ин панҷ дақиқа фақат ҳамин қадар метавон гуфт, ки он қарздор аст ё не ва халос. Лоаққал бигузоранд, ки наздикони мурда алами дилашонро бароранд. Ин маҳдудсозиҳо мардуми аламзадаро дар болои сӯхта намкоб пошидан аст.

 

Сайидашӯров Ёралӣ, пайрави мазҳаби шиъаи исмоилия:

nazar_1Ба фикри шахсии ман, умуман дар мазҳаби исмоилия фақат ва фақат бояд ҷанозаро халифа бихонад. Дар сурати набудани халифа фақат ҷойнишинаш иҷозати хондани ҷанозаро дораду халос, яъне ҳамон ҷойнишине, ки интихоб карда шудааст, ҳамон кас метавонад ҷаноза кунад. Аммо дар ин маврид, ки оё соҳибони мурда метавонанд, ки ҷаноза кунанд? Не, билкулл  наметавонанд ҷаноза кунанд. На танҳо дар мазҳаби исмоилия, дар аҳли ислом домуллоҳо ҷаноза мекунанд. Дар мо фақат халифа инро иҷозат дорад, дар набудани халифа фақат ҳамон ҷойнишинаш метавонад ҷаноза кунад. Дар мавриди васияти майит, ки бояд фалон домулло ё халифа ҷанозаашро хонад,   амри иҷрои васият вуҷуд дорад, аммо ба шарте, ки халифаи ҷамоъат иҷозат бидиҳад, зеро ин тавр агар нашавад, ин беэҳтиромӣ нисбат ба ҳамон халифаи интихобшуда мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97