Салом бародарони азиз!
Медонам, ки шумо хеле дилсӯзу ватанпарастед, вагарна рӯзноманигори мустақил намешудед. Ин ҷониб нусхаи ба ном "Шаҳодатномаи нафақагир"-ро бароятон мефиристам. Як фикр бикунед, он ба кадом давлат тааллуқ дорад? Ба Тоҷикистони "соҳибистиқлол" ё ба Тоҷикистони Русия? Зеро ки ин ҳуҷҷат ба тамомӣ бо забони русӣ таълиф шудааст! Ҳар қадар фикр кардам, ақлам нарасид, ки ин забон ба мо чи алоқа дорад? Чанд рӯз пеш аз матбуот иттилоъ ёфтам, ки дар Тоҷикистон тахминан панҷоҳ ҳазор русу русзабон мондааст. Агар чунин аст, магар забони ин ақаллият ин қадар азиз шуда, ки ҳазорон ҳазор нафақагирони мо шаҳодатномае бо забони аҷнабиён таълифшударо бо худ мегардонанд?
Дақиқан дар Вазорати ҳифзи иҷтимоии кишвар бехабарон кор мекунанд! Банда дар кӯю кӯча ба бенангию беномусӣ бисёр рӯ ба рӯ мешавам, вале ин ҳуҷҷати расмӣ ба забони давлатӣ туф кардааст. Воқеан, мехоҳам аниқ бикунам, ки забони ҳақиқии давлати тоҷикон кадом аст; тоҷикӣ ё ҳануз ҳам русӣ, ё ҳарду, вале бештар русӣ? Магар вақти он нарасидааст, ки ҷойгоҳи (статуси) "забони муоширати байни миллатҳо" будани забони русӣ аз Сарқонуни ҶТ бардошта шавад? Дар акси ҳол забони ноби тоҷикӣ ҳеҷ вақт "ҷон" намегирад. Ҳини эҳсосот бисёр як чизи муҳим ёдам рафтааст: ЗАБОНРО СОҲИБАШ ЗАБОН МЕКУНАД!Бо эҳтиром,
Ҷамшед, сокини ш.Душанбе