Замоне миллали абарқудрат баъди бархурди сиёсиву иқтисодию фарҳангӣ барои тороҷи молу сарват ва паҳну парешон намудани забону фарҳанги хеш ба сарзаминҳои ғайр дарафтоданд ва ин миллатҳои заиф мавриди истисмору истифодаи эшон ва ҳомили забону фарҳангашон гаштанд. Кишварҳояшон ба ғорату тороҷ, арзишҳои миллияшон дар кунҷи фаромӯшхонаҳо абадӣ ҷой гирифтанд. Мардуми тоҷик низ (бо вуҷуди шумори зиёдаш) ба ин қурбониёни таърихӣ шомил буда, асир ва мутеъи миллати абарқудрате (аз ҷиҳати ҳам сиёсиву иқтисодиву фарҳангӣ) гашт, ки ин асорат оқибатҳои талху нанговареро аз худ мерос гузошт.
Зиёиёни мо бештар тафаккури русӣ доранд
Оқибати шуми он дур кардани мардуми мо аз худшиносии миллияшон аст, ки имрӯз боиси нотафоҳумӣ дар ҷамоъаи мо гаштааст. Банда баъди хатми донишгоҳ асосан дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар бурдаам, чанд моҳест, ки дар ватан ҳастам ва он чиро, ки мушоҳида кардам, оромам нагузошт, то дар ҳаёти иҷтимоии кишвар каме дахл намоям. Хусусан мафкураи нируи пешбарандаи ҷомеа аҳли зиё муҳассир ва мутаҳайирам кард. Тафаккур ва рафтори аксари зиёиён (албатта ҳеч амре бидуни истисно нест) ба истилоҳ менталитети тоҷикӣ мувофиқу муносиб нест. Зиёии тоҷик бояд пайрав, ҳофиз, мубаллиғи ақида, расму оин, забону фарҳанги гузаштагони худ бошад. Ин ҷо мехоҳам зиёии имрӯзаи тоҷикро ба зиёии гузаштаи ӯ аз чанд ҷиҳат дар маърази муқоиса гузорам. Бузургони мо расмулхати миллии хешро доштанд, ки бо он осори гаронмояи хешро китобат ва ҳифз менамуданд. Аммо зиёии имрӯзаи мо бо расмулхати мардумоне аз ҳама ҷиҳат бароямон бегона, ки иҷборан ба сари мо бор карда буданд, аз осори бебаҳои мӯътабари гузаштаи хеш бехабар монда, ба фарҳангу адаби бегона бештар таваҷҷуҳ дорад ва заррае дар фикри баргашт бар он нест. Гузаштагони мо ному насаби хешро дар қолаби номгузории миллӣ месохтанд, аммо зиёии имрӯзаи моро "фалониюфу" "…пуф"-у "…туф"-у "…ич" ном мебаранд. Пас ӯро вориси Ҷаноби Русич хондан бо мантиқтар аст.
Дин хамирмояи фарҳанги мост
Яке аз хусусиёти хоси миллии мо дар ҳама замон худопарастии мо буд. Мардуми мо ҳаргиз бе Худо набудааст. Орду намаку обу равғану хамирмояро бо ҳам омехта, дар оташи тези дегдон ба нон табдил медиҳанд. Одобу ахлоқ, расму оин, илму фарҳанги мо бо дин махлут гашта, дин дар сохтори он нақши ҳамон ордро мебозад. Илму адабиёти барҷастаи мо, ки бо он ифтихор дорем ва тавассути он соҳибфарҳангии хешро собит месозем (албатта дар замони муосир чизе барои пешкаш намудан надорем ва доим гузаштаро хотиррасон менамоем) аз либоси динӣ орӣ нест ва ҳамаи бузургони мо бар замми олим, шоир, мансабдор будан арбобону ходимони барҷастаи дин буданд. Имом Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Муслим, Имом Мотуридӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саноӣ, Имом Ғаззолӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Баҳоуддини Бухорӣ, Абдулқодири Гелонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳазору ҳазорон нафароне аҳли зиёи тоҷик буданд, ки имрӯз бартарияти миллии хешро тавассути эшон нишон медиҳем. Уламои оламшумуламон ба мисли Синову Хайём дар баробари олими дунявӣ будан, донишмандони улуми динӣ ҳам буданд. Аммо аксарияти аҳли зиё имрӯз аз тарзу тариқи ҳаёти онҳо бехабар буда, роҳу равиш, расму одоти бегонаи бединии замоне маҷбуран бор намударо пайравӣ дорад.
Шаробу рақс- фарҳанги нави тоҷик
Шаробхорӣ яке аз одоти номашруъву номатлуб имрӯзҳо дар байни зиёиён ривоҷ дорад. Дар ҳоле ки майзадагӣ боиси заъфи мағзи инсонҳо шуда, қобилияти фикр карданро аз онҳо мегирад. Албатта ин падидаи номатлуб тавассути ғосибони бедин ҷомеъаи рӯшанфикрии моро сироят кардаву халлоқияти ин қишри ҷомеаро зери суол бурдааст. Вагарна чаро дар қаламрави кунунӣ ин миллат тайи ин садсола нобиғаеро арза накард?
Мутаассифона имрӯзҳо дар ҷомеаи мо кушишҳои дур намудани таъсироти дин аз ҷамъият ба назар мерасад. Дин худ як мафҳуми густурда буда, аммо онро дар ҷомеъ метавон одобу ахлоқ номид. Зеро он ҳад, андоза, меъёр ва доираи одоб, рафтор ва фаъолияти шахсро дар ҷамъият муаян мекунад. Тарҳ ва қолиби ҳаёту фаъолияти миллии мо аз рӯи низоми исломӣ сохта шуда, зиёда аз ҳазор сол дар рагу пайу қалбу устухони мо нақш бастааст ва ҷомеаи бидуни он созмондода як ҷомеаи сохтаву қалбакӣ хоҳад буд. Имрӯз муллоҳои босавод, намояндагони барҷастаи дин набояд аз ҳаёти ҷамъиятии кишвар дур ва барканор карда шаванд, балки эшонро бояд дар тарбияти динии ҷомеа, хусусан ҷавонон фаъол кард. Азбаски худопарастӣ яке аз хусусиёти миллии мост ва хоҳ нохоҳ мардуми мо (хусусан ҷавонон) ба он таваҷуҳ мекунанд, аз ин рӯ мебояд, ки онҳоро тарбияти дурусти динӣ дод. Дар ҳоли ҳозир зарурати таълими фанни дин дар макотибу омӯзишгоҳу донишгоҳҳо пеш омадааст. Агар кас дар мактаб дониши зарурии диниро фаро гирифта, аз аслу моҳияти дин хабардор гардад, ӯ ба хориҷ рафта, фитнаангезу тундгарову моҷароҷӯ пас намеояд. Баъзе аз намояндагони аҳли зиё динро ба ақибмонӣ ва муллоҳоро ба бесаводгардонии ҷомеъа муттаҳам месозанд. Аммо асли масъала магар ҳамин аст? Ба гумони ин ҷониб ин сухан аз рӯи бехабарист. Яке аз вазоифи муҳимтарини дин тарғибу ташвиқи илм ва одоб аст. Агар имрӯз назаре ба ҷаҳон кунем, кишвари Ирон ягона давлатест, ки ҳукумат ба гуфти бархе дар дасти "муллоҳои мутаассиб" аст. Пас бубинед, он ягона кишвари шарқиест, ки тараққиёти илму фаннияш ба ҷое расидааст, ки бо кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ рақобати илмиву фаннӣ дорад. Аммо уламои дунявии мо дар муддати зиёда аз бист сол ҳатто натавонистаанд, ки аробае ҳам бисозанд ва номаълум, ки ба чӣ коре шуғл доранд. Муллоҳо ҳам дар қатори аҳли зиёи тоҷик қарор доранд, маҳдуду мамнӯъ намудани фаъолияти онҳо оқибати ниҳоят ногувореро барои ҷомеа эҷод мекунад. Баръакс онҳоро бояд дар таълиму тарбияти дурусти динии ҷомеа фаъол кард, то ҷомеаи мо дар оянда ба каҷравию ихтилофоти диниву мазҳабӣ рӯ ба рӯ наояд.
Либоси тоҷик пешканда буд?
Ҳар як миллату қавмияте сару либоси ба худ хоси миллияшро дорад ва он ҳатто нишонаи фарқкунандаи он аз дигарон мебошад. Мардуми мо ҳам ин арзишро соҳиб буда, як фарди тоҷикро дар либоси миллӣ бе пурсидани мансубияти миллияш метавон шинохт. Аммо имрӯз, ки мардуми мо ба ақидаи бархе замонавӣ гаштаанд, бояд аз мудҳои аврупоиву амрикоӣ ақиб намонанд, ба пӯшидани либосу пӯшокҳои беодобонаи ғарбӣ мутамаддинии хешро нишон медиҳанд. Аммо дар асл ин мардумон зоҳиран мутамаддин ва зеҳнан дар ақибмонии фикрӣ қарор доранд. Дар замони муосир ҳама гуна фасоду умури нораво аз Амрикову Аврупо зуҳур мекунад ва ба дигар манотиқи олам паҳну парешон мегардад. Хусусан бенизомӣ ва беодобӣ дар пӯшидани либос, ки он мӯҷиби падид омадани дигар аъмоли нораво мегардад, аз ҷониби аҳли фарҳангу адёни ин мамолик сахт маҳкум мешавад ва таъсиру нуфузи он саҳлан ба ҷомеаҳои маънаван заиф мерасад. Либосу пӯшокҳои тангу кӯтоҳи ба бадан часпидаи ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик, ки аз зери онҳо нофу пешу пушту шикамҳояшон урёну ҳама аъзои бадани эшон барҷастааст, ба фарҳанг, дин ва одоби миллии мо мувофиқ ва муносиб набуда, нишонаи аз худшиносии миллӣ бехабар будан аст ва он тақлид ба расми бегонагон аст. Куртаҳои тангу кӯтоҳостини кушодагардан ва изорҳои тангу боло аз баҷулаки пой, ки бархе имрӯз либоси миллии зани тоҷикашон меҳисобанд, аслан тоҷикӣ нест. Куртаи тоҷикӣ, ки дар гузашта занони тоҷик мепӯшиданд, фарохи бо остинҳои дарозу кушод ва изори фароху дароз буд. Дар сарашон рӯмолҳои калон мепечиданд. Услуби куртаи имрӯзаи занони тоҷик баъди инқилоби коммунистӣ пайдо гашта, аз марокиз ба гӯшаҳо паҳн шуд. Дар он замонҳо ин либоси навро мардуми тоҷик "куртаи узбакӣ", бархе "фарғоначӣ" меномиданд. Ба ҷуз либос мардуми мо аз ҳамсоягони хеш расму анъанаҳои зиёдро ҷуброн намудаанд. Ба мисли либосаш зани тоҷикро адабу ҳаёаш кӯтоҳу коста гашта, даст ба русуме зада, ки гузаштагони онҳо онро тасаввур ҳам намекарданд.Фоҳишахонаҳову "парвонаҳои шабгард"-и дар кишварҳои ғарбӣ мавҷударо, ки замоне ба назари кас афсонаеро мемонд, имрӯз дар шаҳрҳои худамон мебинем. Духтари тоҷики бо исмату иффати хеш замоне маъруф имрӯзҳо дар шаҳрҳои кишвари Русистону аъробӣ ба ҳайси танфурӯши камарзиштарин мавриди истифода қарор дорад. Ин аъмолу афъоли ӯ мутлақан хоси тарзи ҳаёт ва мафкураи тоҷикӣ набуда, пайравӣ аз беахлоқиву бетамизигиҳои бегонагон аст.
"Боз ҷӯем рӯзгори васли хеш"
Ахлоқу одоби мардуми мо имрӯзҳо ба осори адабию ахлоқии гаронмояву бебаҳои ба мерос гузоштаи бузургонамон мувофиқат нанамуда, риояи он ба назар намерасад. Алфози фаҳшу дағалу дурушт аз забони хурду бузург расми муқаррарӣ гашта, онро метавон аз ҳар гӯшае рӯзе ҳазорон маротиб шунид. Аз ин рӯ имрӯз аҳли зиёро лозим аст, ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро бофарҳангии миллатро аз рӯи ахлоқу одоби ҷомеа баҳо медиҳанд. Дар макотиб бояд ба фанни адаб бартарӣ дода шуда, шоҳасарҳои тарбиявии миллӣ ба мисли "Гулистон", "Бустон", "Қобуснома", "Баҳористон" ва ғайраҳо ба ҳайси китобҳои дарсӣ истифода бурда шаванд.
Дар замони муосир кишварҳои олам на танҳо арзишҳои миллии хешро ҳифз намудаву аз махлутшавӣ нигоҳ медоранд, балки ба ҳар василае, бо сарфу хароҷотҳои зиёди пулию молӣ таъсиру нуфузи фарҳангу забони хешро дар дигар манотиқ ҷой медиҳанд. Аммо дар асл ин "тамаддунҳои пешрафта"-и ҷаҳони муосир дар нисбати фарҳанги асили мо дар зинаҳои паст қарор дошта, асос ва маншаи хешро аз тамаддуни мо гирифтаанд. Зеро замоне ки ин "тамаддунҳои пешрафта" тавлид гаштанд, тамаддуни мо ба дараҷаи баланди рушдаш расида буд. Танҳо ба он либоси худӣ додаанд. Аммо имрӯз таассуфовар он аст, ки мо аз асли хеш дур мондаем ва ба фарҳанги бегона (бегонагоне, ки моро дар нисбати худ пасту дуввумдараҷа меҳисобанд) бештар таваҷҷуҳ намудаву онро бар фарҳанги худӣ тарҷеҳ медиҳем. Албатта, далели равшани ин роҳгумзадагӣ он аст, ки ҳар падидае аз хориҷ дохили ҷомеаи мо гардад, аз ҷониби бархе қобили қабул гашта, муҷиби ихтилоф дар ҷомеа мегардад. Агар ҷомеа бо сипари маҳками огаҳӣ аз худшиносии милливу воқифӣ ва посдории фарҳанги миллӣ пӯшида бошад, ҳеч тире аз берун наметавонад онро шигофта, ба гӯшае шӯълаи оташ афканад ва он ба сӯхтор бадал гардад.
Ашрафи Акрам,
муҳоҷири саргашта ба Ватан
P.S. Баҳси худшиносии миллӣ аз мавзуъҳои матраҳ дар ҷомеаи мост. Бархе худшиносии миллиро дар фарҳанги тоисломии мо медонад, гуруҳи дигар онро инкор карда, давраи тамаддунро аз замони ислом мегуморанд, аммо гуруҳе дигар бар онанд, ки омезиши фарҳанги волои тоисломии мо бо арзишҳои исломӣ боиси қудратмандтар гардидани фарҳанги миллии мо шудааст. Аз ин рӯ "Миллат" тасмим дорад, баҳси тоҷик будан ва мусулмон буданро аз нав матраҳ бикунад. Зеро мегӯянд, ҳақиқат зодаи баҳс аст.