99% мусулмон кишвари исломӣ мехоҳанд ё дунявӣ? Амрикову Русия чӣ?!

Фарҳанг ва адаб 04.05.2012 06:23

ё оё ояндаи Тоҷикистон исломӣ хоҳад буд?

HijobТоҷикистон кишварест, ки дар яке аз минтақаҳои пурталотуми дунё- Осиёи Марказӣ қарор гирифтааст. Ин пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки ҳам вазъи сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодии ин давлати кучак аз он вобаста хоҳад буд, ки вазъият дар кули минтақа дар ояндаи дур чи гуна боқӣ мемонад ва он ба кадом самт ҷараён хоҳад гирифт. Имрӯз ақидаҳои равшанфикрон дар хусуси он, ки Тоҷикистонро дар ояндаи дур чи интизор аст, мухталиф аст, чунончи  бархе аз онҳо бар он ақидаанд, шояд он дар ниҳоят ба кишвари исломӣ табдил гардад. Оё барои чунин шакл гирифтани вазъ ягон заминае вуҷуд дорад ё не? Ва агар вуҷуд дорад, кадом асосҳо мавҷуданд? Дар ин матлаб кӯшиш хоҳем кард, ки ақидаи худро мухтасаран пешкаши хонанда бигардонем.

99% мусулмон кишвари исломӣ мехоҳанд ё дунявӣ?

Он чиз яқин аст, ки наваду нуҳ фисади аҳолии Тоҷикистонро асосан мусулмонон ташкил медиҳад ва ин яке аз далелҳои аввалинест ба ақидаи мо, ки оянда чи гуна  ранг гирифтани вазъро барои Тоҷикистони кучак аллакай муайян намудааст, вале бо вуҷуди ин дар айни замон, ҳанӯз ба назари мо ин далели қатъӣ буда наметавонад, зеро дар сарқонуни қабулшудаи мо  давлати дунявӣ ва демократӣ будани Тоҷикистон эълон шудааст ва ҳамчунин ҳукумати имрӯза бар он талош дорад, ки ин симо барои Тоҷикистони оянда низ нигоҳ дошта шавад. Албатта саволи асосӣ ин ҷо аз он иборат аст, ки оё мо метавонем ин симоро барои Тоҷикистон нигоҳ дорем, ва ё оё вазъи минтақавӣ барои дар оянда нигоҳ доштани ин симо барои Тоҷикистон мувофиқат хоҳад кард ё не? Яъне омилҳое низ вуҷуд доранд, ки аз худмуайянкунии имрӯзаи Тоҷикистон кам вобаста хоҳад буд. Дуруст аст, ки чунин азм (дунявият ва демократӣ будани он) барои дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки аксарияти аҳолии ин ҷумҳуриҳоро низ мусалмонон ташкил медиҳанд, имрӯз вуҷуд дорад, аммо дар дунёи зуд тағирёбанда ва ҷаҳонишавандаи имрӯз касе гуфта наметавонад, кӣ даҳ сол ё сӣ сол пас дар сари ҳокимияти сиёсии ин мамолик, ки хоҳад омад? Хатари асосии ба қудрати минтақавӣ табдилшавии ислом барои он вуҷуд дорад, ки агар он дар шакли анъанавӣ-реаксионӣ рӯи кор биёяд. Омадани исломи либералӣ шояд интихоби мутаносибан дурусттар мебуд, аммо то ҳанӯз ин хело саволи мушкиле аст, ки чизеро пешгӯӣ намоем, бо вуҷуди ин ба назари мо барои ҳаракатҳои азнавсозандаи демократӣ, ки то имрӯз ва оянда давом хоҳанд намуд, шояд ҳарос ҳам бошад, зеро дастовардҳои ба дастомада метавонанд дар он сурат, аз даст бираванд.

Шуруъи ҷунбишҳои демократию озодипарастиро дар дунёи араб касе пешгӯӣ карда наметавонист, зеро ин минтақа ба назар хело ором менамуд, аммо сабаби асосии якбора авҷ гирифтани чунин вазъият, на танҳо дар пешрафт ва паҳн гардидани технологияи иттилоотии навин, балки пеш аз ҳама мавҷудияти режимҳои диктаторию фармонфармоӣ буд, ки мардум аз онҳо хаста шуда буданд. Аз тарафи дигар яке аз омилҳои дигари асосӣ - талабот ва арзишҳои байнинаслӣ дар даврони нав то ҷое тағирпазирӣ намудан, ки наслҳои нав дигар мисли наслҳои пешин ва бо тарзи пешин зиндагӣ кардан намехостанд, ки ин боиси якбора авҷ гирифтани ҳаракати демократӣ дар ин минтақаи дунё гардид. Агар ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ назар андозем, режимҳои зиёда аз бистсола идоракунандаи мамолики ин мантақа, ки ба ҳеч ваҷҳ ҷои худро иваз намудан ва ба мухолифини худ созиш карданро намехоҳанд, метавонад як чунин ҳаракати зидди режимиро, ба монанди, "дунёи араб" дар оянда ба вуҷуд биёрад. Яке аз натиҷагириҳои асосии инқилоби араб он аст, ки пеш аз ҳама қувваҳои исломӣ пешоҳанг гардидаанд ва ба сари қудрат омадани онҳо аз эътибор дур нест. Агар чунин вазъ дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд биёяд, он гоҳ ба сари ҳокимият омадани қувваҳои исломӣ дар ҳар кадом шакл, (анъанавӣ ё либералӣ) бегуфтугӯ имкон дорад.  Барои мисол агар як чунин вазъ дар Осиёи Марказӣ, иттифоқ уфтад, ки дар Узбакистон ҳокимияти сиёсӣ ба дасти исломиён дарояд, он гоҳ он сурохии сиёҳеро хоҳад монд, ки аз пушти худ ногузир дигар ҷумҳуриҳоро, пеш аз ҳама, Тоҷикистонро ба дами худ хоҳад фурӯ бурд. Ин ба назари мо яке аз посухҳои аввалине хоҳад буд, ки оё ҷомеъаи Тоҷикистонро дар оянда сохтори исломӣ интизор аст ё не? Тавре дар боло қайд намудем, аксарияти асосии аҳолии ҷомеъаи моро мусалмонон ташкил медиҳанд, ки ин аллакай маънои онро дорад, ки то кадом дараҷа ҷомеъаи мо исломӣ ҳаст ва оё метавон ҳастии ҷомеъаро исломӣ ҳисобид. Дуруст аст, ки Сарқонуни мо динро аз давлат ҷудо менамояд, аммо арзишҳои исломӣ бо тамоми ҳастии худ дар рагу пайванди ҷомеъа ҳаракат дорад ва онҳо аз тарафи ҷомеъа хуш ва бо эҳтироми зиёд пазироӣ мегарданд. Аз ҳамин сабаб бояд қайд намуд, ки нақши ислом ва арзишҳои исломиро дар ҷомеъаи мо имрӯз набояд нодида гирифт, ки онҳо рӯи мазмун ва мундариҷаи худ тамоми холигоҳи фазои ҷомеъаро пурра менамояд, аз ин рӯ сари кор омадани қудрати исломӣ ин барои ҷомеъаи мо дар ояндаи дур навигарие нахоҳад буд.

Хидмати давлат дар гаравиши ҷавонон ба ислом

Далели дигар аз он иборат аст, ки имрӯз мо ки ба сӯи эмори ҷомеъаи нави демократӣ равон ҳастем, аллакай бисёр ҷузъҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ ва пеш аз ҳама арзишҳои ҷомеъаи мо нисбат ба 20-30 соли пешин тағйир намудаанд, насли замони нав аз рӯи баҳои таърихӣ ба воқеъият аз наслҳои пешини замони шуравӣ ба куллӣ фарқ мекунад, пеш аз ҳама онҳо ҳеч гуна маҳдудиятро дар боби гаравиш ба ислом ва риояи расму русумҳои динӣ эҳсос наменамоянд.

Тадқиқотҳои олимони ҷомеъашинос аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар шароити имрӯзи тараққиёт ва гузариши ҷомеъаи мо, барои ҷавонон арзишҳои динӣ, аз лиҳози моҳият дар яке аз ҷойҳои аввал қарор дорад. Оё бист сол пеш барои мактаббачае, ки ҳануз синфи 9-10 мехонад, имконияти ба ҷо гузоштани намоз, рӯза ва ташриф овардан ба масҷид мушкилоти зиёдеро ба пеш мегузошт, аммо бо шарофати соҳибихтиёрӣ ва боз ҳам демократия чунин имконияти фарох барои навҷавонон фаро омадааст ва ин бори дигар агарчанде меваҳои демократия дониста шавад ҳам, рушд ва нумӯи арзишҳои диниро дар ҷомеъа фаро овардааст. Тадқиқотҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки қариб 30 фисади ҷавонони синни болоии мактабхон имрӯз ду ва панҷ вақт намозро тарк наменамоянд ва вобаста ба имконияташон назди домуллоҳо сабақ мегиранд ва ҳам дар ҷамъомадҳои масҷид низ мувофиқ ба имконият фаъолона иштирок меварзанд. Аз ин нуқтаи назар ва он омилҳои зиндае, ки имрӯз дар ҷомеъа вуҷуд доранд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки демократия ба инкишоф ва рушди арзишҳои динӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин далели дигарест, ки наметавон онро бо доман пӯшид, зеро воқеъан барои фаро омадани давлати исломӣ чунин зербино ҳам мавҷуд ҳаст. Ҳатто воқеъияти ҷомеъаи имрӯзи мо аз он шаҳодат медиҳад, ки сохторҳои давлатии давлати дунявии мо дар боби тарғибу ташвиқи арзишҳои динӣ кори зиёде анҷом медиҳанд, чун ҷашни намояндагон ва шахсони маъруфи дунёи ислом ва нақшаи сохтани масҷиди калонтарин дар Осиёи Миёна ва ғайраҳо.

Дуруст аст, ки ҳанӯз дар бораи рӯи кор омадани сохтори сиёсии исломӣ дар Тоҷикистон ва ё яке аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чизе гуфтан гапи пешакӣ мебуд, вале ба назари мо барои фаро омадани чунин муҳит тамоюли васеъ аллакай вуҷуд дорад, ки он моро оҳиста-оҳиста ба сӯи худ мекашад.

Дар бораи баҳори дунёи араб то вуқуи ҳодисоти сиёсию ҳарбӣ касе чизе намегуфт, аммо он рӯз расид ва он аланга гирифт. Аз ин рӯ дар дунёи имрӯз, ки воситаҳои пешрафтаи технология истифода мешаванд ва мавзӯи ҷанги геополитикӣ ранги нав мегирад, ҳеч гуна чизе садди роҳи тӯфони сиёсӣ дар ин ё он минтақаи дунё шуда наметавонад.

"Ҳамсоя аз ҳамсоя панд мегирад"

Далели дигари таъсиркунандаи минтақавӣ ин мавҷудияти сарҳади ягона бо мамолики ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамҷавори исломӣ, монанди Афғонистон, Ирон, Покистон мебошад, ки хоҳ нохоҳ таъсири худро ба ин минтақа расонида метавонанд. Ҳанӯз ояндаи ҷанг ва тақдири Афғонистони ҳамсоя баъди соли 1914 маълум нест, ки он чи гуна ранг хоҳад гирифт, аммо ҳодисоти воқеӣ шаҳодат медиҳанд, ки толибон ҷангҳои чирикии худро дар оянда идома хоҳанд дод. Барои ИМА ин яке ҷангҳои тӯлонитарин баъди ҷанги Ветнам аст ва мантиқан онҳо аллакай ба ҳадафи аслии худ, аз байн бурдани сардори Ал-қоида Бен Ладен расидааст ва барои Амрико идомаи ҷанги серхароҷоти тӯлонӣ ба нафъи он нест, аз ин нуқтаи назар онҳо дигар чандон манфиатдор нестанд, ки урдуи худро дар ин ҷо нигоҳ доранд. Берун рафтани артиши НАТО аз Афғонистон метавонад боиси нооромӣ ва бесуботии минтақа гардида, ки он ба боло гирифтани қувваҳои исломӣ ҳам дар Афғонистон ва ҳам Покистони ҳамсоя мусоидат хоҳад намуд, ки ин хатари вусъат гирифтан, реша давонидани ҳаракатҳои исломгароиро дар мамолики Осиёи Миёна аз ҷумла, Тоҷикистон афзун мегардонад. 

Зарару фоидаи Русияву Амрико аз сохторҳои диктотурӣ ва исломӣ

Аз нуқтаи назари геополитикӣ барои мамолики бузурги манфиатҷӯ, монанди Русия ва Амрико, ин моҳияти калон хоҳад дошт, ки кадом қудрати сиёсӣ дар ин минтақа дар сари ҳокимят аст. Пеш аз ҳама Русия албатта ба ҳеч ваҷҳ манфиатдор нахоҳад буд, ки дар ин мантақа тағйири қудратҳои идораи давлатӣ ба амал биёяд, зеро бахусус омадани қудратҳои исломӣ вазъи сиёсии ҳам ҷудоиталабҳоро дар Қафқози шимолӣ зиёд мегардонад ва ҳам ҳаракати ҷудоиталабиро дар Русияи марказӣ, ки аксарияти ҷумҳуриҳои ин минтақа  мусалмонанд, афзун мегардонад, ки он ба суботи дохилии он таъсири бад хоҳад расонд. Аз ин нуқтаи назар барои Русия ҳатто идораи диктотурӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҳокимияти исломии либералӣ дида, авлотар аст, зеро он мутаносибан барои суботи он бехатартар мебошад, аммо барои Амрико ин пеш аз ҳама маънои онро хоҳад дошт, ки як чунин гардиши сиёсӣ ба фоида ё зарари манфиатҳои минтақавии ӯ ҳаст.

Тавре ки қайд намудем, ҳоло барвақт аст чизе дар боби омадани ислом ва ба ояндаи  Тоҷикистон сар даровардани он баҳс кард, аммо он чиз ба назари мо асоси комил дорад, ки тамоюли корҳо ва раванди тағйиротҳои имрӯз дар минтақа ва ҷомеъа аз он шаҳодат медиҳад, ки  эҳтимол омадани ислом дар ояндаи на чандон дур барои ин минтақа, ва ба хусус, Тоҷикистон далели раднашаванда бошад.

Калонов А.Г.

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97