Гонтар Гросс - "Он чи бояд гуфта шавад"

Фарҳанг ва адаб 14.04.2012 07:55

Guntar_Gross_02Гонтар Гросс барандаи ҷоизаи адабии Нобел: "Исроил бузургтарин таҳдид барои амнияти ҷаҳонӣ аст".

Интишори тозатарин шеъри Гонтар Гросс нависанда ва шоири барҷастаи олмонӣ ва барандаи Нобели адабиёт дар расонаҳои ҷаҳон ҷанҷоли кам собиқа офарид.Ин мисраҳо бофтаву тофта шояд танҳо шеърест дар таърихи шеър, ки дар як они воҳид ё як шаб бо аксари забонҳои муҳимми олам тарҷума шуд. Ин далелест бар он, ки умри шеър ва ҷозибаи шеър ҳамчунон боқист ва қудрати онро дорад, ки дар як шаб як лашкари ҷаҳониро басиҷ кунад.

 Ин қитъаи шеър, ки ба унвони як фарёди ва "ман дигар сукут намекунам" дар сафҳаи аввали шумораи чаҳоршанбеи рӯзномаҳои Олмон ва ҷаҳон ба чоп расидааст, ба шиддат аз сиёсатҳои Исроил алайҳи Ирон интиқод ва нисбат ба он эътироз кард.Гуфтанист, Гонтар Гросс- дар шеъри "Он чи бояд мегуфтам" ба сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Исроил эътироз карда  ва аз дунё хоста аст то дар баробари имконоти атомии Исроил вориди амал шаванд. Ӯ режими Исроилро хатаре бузург барои сулҳи ҷаҳонӣ хондааст.

Гуфтанист, дар бархе кишварҳои урупоӣ изҳори назар кардан дар бораи Холокост мамнӯъ ва ҳарф задан дар ин бора, пайгарди қонунӣ дорад

Он чи бояд гуфта шавад 

Чаро хомӯшам?

Чаро замоне дароз ногуфта гузоштам чизеро, ки аён аст?

Ва чаро сухан нагуфтам аз "бозии ҷанг",

                                               ки тибқи нақша онро тамрин кардаанд?

Аз он бозӣ, ки агар дар поёни он ҷоне ба дар бурда бошем,

                                                           чизе нестем подоште дар хошия

Иддаъо мешавад, ки задани зарбаи аввал ба мардуми Ирон

                           ва чи басо маҳв кардани онҳо аз саҳнаи гетӣ ҳақ аст,

Зеро гумон меравад дар он қаламрав марде  газофагӯ,

             ки халқе асир дар юғи худро ба ҳалҳалаҳои иҷборӣ во дошта,

Як бомби атомӣ сохта мешавад.

Вале чаро ба худ иҷоза намедиҳам номи

                                                 он кишвари дигарро бар забон оварам?

Кишваре, ки солҳост қудрати атомии фазояндае дар ихтиёр дорад

- Харчанд пинҳон аз назарҳо - вале берун аз арсаи назорат,

Чаро? Чун бозрасӣ мумкин нест?

Ҳама хомӯшанд, ҳақиқатеро ногуфта мегузоранд,

Эҳсос мекунам ин дурӯғе аст сангин, ки бар ман таҳмил шудааст,

Ҳар он ки аз  ин иҷбор тахатӣ шавад, 

                                                  бо кайфари муҷозот  рӯ ба рӯ мешавад.

Бале ҳама бо доғи "яҳудситезӣ" ошно ҳастанд.

Аммо ин замон аз сарзамини ман,

Хостгоҳи ҷинояте бе монанд, ки ҳамеша бояд посухгӯи он бошад,

Қарор аст боз ҳам зердарёии дигаре ба Исроил фиристода шавад,

Ҳамроҳ бо суханоне сарсарӣ ба мукофоти бадиҳои гузашта.

Ҳунари он зердарёӣ ин аст, ки

Метавонад бо кулоҳакҳои дақиқи худ ҳама

                                                         чизро дар  сарзамине нобуд кунад,

Ки дар он вуҷуди як бомби атомӣ ҳаргиз ба исбот нарасидааст,

Пас инак мегӯям он чи бояд гуфт.

Вале чаро то кунун сукут карда будам?

Чун фикр мекардам зодаи сарзамине ҳастам, 

                                              ки лакае нозудудани бар доман дорад

Ва ҳамин буд, ки маро аз гуфтани ҳақиқат боз медошт

Ва намехостам номи Исроилро ба забон биронам

Ки худро бо он ҳамеша медонам ва ба он вафодор хоҳам монд.

Пас чаро ҳоло пиронасар ва бо охирин

                                                 қатраҳои ҷавҳари қалам менависам:

Исроили атомӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ,

                                      ки худ сулҳест шикананда, хатарнок аст.

Имрӯз бояд гуфт он чиро, ки фардо гуфтан дер аст

Ва чун мо ба унвони олмонӣ ба ҳадди кофӣ   бор бар дӯш дорем -

Метавонем таҳвилдиҳандаи василае гардем,  

                                                   ки авоқиби   он қобили пешбинӣ аст

Ва набояд бо узру баҳона дар бораи ин гуноҳ ширкат кунем.

Эътироз мекунам ман: дигар сокит нахоҳам монд

Зеро тазвиру солуси ғарб дигар бароям қобили таҳаммул нест,

Ва ин умедро низ дар дил дорам,

                                         ки бисёрии дигар зиндони сукутро бишкананд

Ва аз ин қонуни хавфу хатар бихоҳанд, ки аз хушунат чашм бипӯшад

Ва ҳама мусирона аз ӯ бихоҳанд

Ба марҷаи байналмиллалӣ имкон дода шавад

То пайваста ва бидуни қайду шарт

Қудрати атомии Исроил ва таъсисоти атомии

                                                         Ирон зери назорат  қарор гиранд.

Танҳо ин гуна аст, ки метавон ба ҳама кумак кард,

Ба Исроилиҳо ва Фаластиниҳо

Ва беш аз он ба ҳама касоне,

                         ки дар айни душмани канори  ҳам зиндагӣ мекунанд

Дар минтақае, ки ба тасхири ҷунун дар омадааст.

Ва бидонем, ки ин сон ба худ низ кумак кардаем

Тарҷумаи Ризо Нофеӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97