Академик Шакурӣ сазовори номи падари хеш аст

Фарҳанг ва адаб 09.04.2012 13:14

ё фарзандони эшону қозизодаҳо аз номи падар фахр не, ифтихор мекунанд

Muhammadjon_ShakuriiiДар шумораи аз 7-уми марти соли 2012-уми ҳафтаномаи дӯстдоштании мо мардумони рустои Хатлон - "Миллат", матлаби "Ҳама аз қозизодаву эшонзода будан фахр мекунанд, академикҳо Масову Шакурӣ низ"-ро мутолиа намуда,  ҳисси эҳтиром ва арҷгузорӣ ба нухбагони олами ислом маҷбурам сохт то баъзе андешаву пешниҳоди хешро пешкаши хонандагони "Миллат" гардонам. Умедворам, ки баъзе эроду гуногунандешиҳои мо боиси малоли хотири муаллифи ин матлаб, бародари исломӣ Ҷамшеди Қувват намешавад.

Сухан аз арши барин омадааст…

Дар ибтидо мехоҳам андешаи худро оид ба сарлавҳаи ин матлаб "Ҳама аз қозизодаву эшонзода будан фахр мекунанд, академикҳо Масову Шакурӣ низ" баён намоям. Аввалан, истифодаи сухани фахр мекунанд нисбат ба уламо ва фарзандони онҳо қобили қабул наменамояд. Зеро падарони академикҳо руҳашон шод бод, аз зумраи орифони замони худ буданд, ки дар роҳи тавҳид ба марҳилае аз он марҳалаҳо -шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат расида буданд. Ба хусус уламои имрӯзи мо фарзандони Ҳазрати Абдураҳмонҷон ва Махсуми Садри Зиё, ки акси эшон дар матлаби мазкур оварда шудааст, аминам роҳи падарони худро интихоб кардаанд. Ин роҳ инсонро аз тамоми олоишҳои нафсонию ҷисмонӣ ва руҳӣ тоза месозад. Пас куҷо мемонад ифодаи фахр кардани онҳо, ки бовар дорам ингуна эҳсоси дунявӣ, дар замири эшон ҷой надорад.

Аммо банда оид ба калимаи ифтихор кардан, ки шояд дар тамоми матлаб ҷойи "фахр" истифода мешуд, беҳтар буд, андешаи дигаргуна дорам. Ифтихор аз баъзе арзишҳои замонавӣ дар сиёсати идеологии ҷомеаҳои сохторҳои гуногуни давлатдорӣ ҳамеша рӯи кор буду ҳаст. Мо тоҷикон умре ба арзишҳои коммунистӣ, ҳамакнун ба Сомониву Рӯдакию дигар шахсиятҳо ифтихор дошта, чаро ба нухбагони илми диниамон Ҳазрат Эшони Абдураҳмонҷон ва Садри Зиёву аҷдодони дигари донишмандони имрӯзаи миллат ифтихор надошта бошем?

Хидматҳои бузурги Эшони Абдураҳмонҷон

Боварӣ дорам, ки матлабҳое аз саргузашту рӯзгори он ҳазрат Эшони Абдураҳмонҷон, ки яке аз  халифаҳои Шайх Абдураҳими Давлат (муаллифи "Кашф-ул-асрор" ва даҳҳо асару рисолаҳои илмӣ) буд, барои наслҳои имрӯзаи тоҷик низ бетафовут нест. Зеро ин шахсият, ки пешвои аҳли тариқаи тасаввуф буданд, дар ҳаёти динии мардуми тоҷик хидматҳои бузурге кардаанд. Мутаассифона имрӯз мавзӯҳои ҷолиби оид ба ҳаёту зиндагии пешвоёни дини ислом аз ҷумла Эшони Абдураҳмонҷон дар матбуоти кишвар инъикос намешавад. Он ҳазрат руҳашон шод бод, аз илми ғайру асрори ҷаҳон огоҳии зиёде доштанд, ки баъзе сирру асрори он мисолҳо фаротар аз фаҳмишҳои омма аст. Имрӯз пайравони Эшони Абдураҳмонҷон ба мисоли Махсуми Шайх-Асадулло, Махсуми Қорӣ-Ҳикматулло, Махсуми Ҳабиб (рӯҳашон шод бод), домулло Муҳаммадӣ, домулло Ҳикматулло, Эшони Мӯҳтадӣ ибни Аҳмадхоҷа, дар маҳали зисти худ соҳиби иззату эҳтиром буданду ҳастанд.  Пас чаро натанҳо фарзандони эшон балки мо мусулмонон ҳам аз доштани чунин бузургворе мисли Эшони Абдураҳмонҷон ифтихор надошта бошем?

Аз номи падари Шакурӣ ифтихор кунед

Дар матлаби бародар- Ҷамшеди Қувват исми донишманди замон Муҳаммадҷон Шакурӣ ин тавр дарҷ гардидааст; "Ҳатто бархе аз соҳибони унвонҳои баланди илмӣ ҳам, ба монанди домулло Масов ва домулло Шакурӣ низ аз авлоди қозию муфтӣ будани худ мефахранд". Банда қиблагоҳии Муҳаммадҷон Шакурӣ Махдуми Садри Зиёро, ки асарҳои безаволи "Шарҳ-ул воқеа", "Ҳидояи Шариф" ба қалами эшон тааллуқ доранд, ҳамчун пешвои асили олами ислом мешиносам. Зеро асарҳои офаридаи Садри Зиёро, ки ба мавзӯҳои ҳалолу ҳаром ва тамоми аҳкому аркони ислом бахшида шудааст, ҷаҳони ислом ҳамчун дастурамали илмӣ-динӣ мехонанду аз рӯи он амал мекунанд. Пас, чаро мо меросбарони ин нухбагони олами ислом аз онҳо ифтихор накунем?

Бубинед, ки дар шароити имрӯза давлат барои тайёр кардани як кадр чӣ миқдор вақту маблағ ва воситаҳои гуногуни тарбиявиро истифода мебарад. Барои тарбияи нухбагони олами ислом чӣ? Аммо кадом аз ду дастпарварон дар тарбия ва рушди маънавиёти ҷомеа нақши таъсирбахш доранд? Суолест, ки ҷавобашро ҳамаи мо медонем.

Хурофот моли мо нест

Алъон овардани бисёре аз мисолҳо ба сиёсати вақт мувофиқ нест. Аммо инро ҳам нодида гирифтан аз рӯи адлу инсоф нест, ки дар ҷомеаи мо таълими илми ҳақиқӣ як кам дуввумдараҷа ва ҳатто аз мадди назар дур мемонад. Албатта барои эҷоди афкори манфӣ атрофи таълиму тадриси динӣ ва уламои риштаи дин кишварҳои абарқудрат нируи зиёд сарф мекунанд. Аммо дар баъзе мавридҳо мо фарзандону аҷдодони бузургони дини ислом донистаю надониста дар гирдоби сиёсати идеологии онҳо худро вуруд мекунем. Мо миллати пайравони бузургоне, ки дар бораашон баҳс мекунем, бояд хуб бидонем, ки ниёкони асили мо аз хӯрду хоб сахт парҳезкорӣ мекарданд. Ва он ҳама маъракаҳои худоию оши наҳор, ки ба оддату рафтори доираҳои динӣ марбут дониста мешавад, моли мо нест. Бародарони насронӣ дар сари гӯри пайвандони худ менӯшанд, аммо дар афкори оммаи онҳо ин мавзӯъ матраҳ намешавад, зеро кулли насрониҳо ба расму оинҳои худӣ эҳтиром мегузоранд. Мо бошем, оид ба расми садақа ё ба қавле худоӣ, ки ҳам дар ояти 271 -уми сураи Бақараи Қуръони шариф омада ва ҳам давлат нисбат ба он қонун баровардааст, бо лаҳни ноҷой масъалагузорӣ мекунем. Таваҷҷуҳ кунед ба фармудаи парвардигор дар ояти мазкур, ки хайротро маҳкум накардааст: "Агар хайротро ошкоро кунед, пас ин {кор} некӯ аст; ва агар онро пинҳон кунед ва онро ба мискинон бидиҳед, пас ин бароятон беҳтар аст; ва аз Шумо баъзе гуноҳоятонро дур месозад. Ва Худо ба он чӣ мекунед, огоҳ аст"

Аз чӣ бошад, ки муаллифи матлаби дар боло зикршуда рӯ овардани наврасону ҷавононро ба чунин "маърака"-ҳо ба гардани эшону муллоҳо бор карда, навиштааст; "Худо накарда, агар дар хонаводае пайи ҳам чанд мусибате сар занад, маҷбуранд, то ҳама дороиашонро барои гузаронидани оши сею ҳафту чилу сол сарф кунанд. Маҳз пешгомон ва пешоҳангони чунин "маъракаҳои муҳим" ҳамин муллоҳою эшонҳо мебошанд ва бо ташабуси инҳо қариб ҳама қишрҳои ҷомеа ба ин падидаҳои номатлуб рӯ овардаанд…"

Инҷо ба бародари азиз Ҷамшеди Қувват таманно дорам, ки зимни матраҳ намудани мавзӯҳои байни дину имондорӣ ва хурофоту дигар омилҳои ба арзишҳои миллати мо бегона, дар ҷудо намудани "мӯй аз хамир" муваффақ шавад. То бо пешниҳоди чунин матолиб дар афкори мардум андешаи созандагӣ пайдо кунад. Агар имрӯзро айёми бозсозии маънавии миллат бидонем, пас он панҷ нафар шахсиятҳое, ки аксҳояшон дар матлаби мавриди баҳс омадааст, бешубҳа панҷ хишти "Пайкараи миллат" мебошанд. Охир маънавиёти ҷомеаи мо аз Қуръони Карим маншаъ мегирад.

Барои хонанда

Дар анҷоми ин мавзӯъ мисоле аз сиёҳсозии дини ислом дар аҳди Аморати Бухоро дорам, ки албатта ба бародар Ҷамшеди Қувват дахл надорад. Аммо ин мисолро барои он меорам, ки ин замон муборизаҳои ҷаҳонӣ бо олами ислом пӯшидаву ошкоро шиддат мегиранд. Ва ҳар фарди худогоҳ мавзӯъҳои атрофи дину диндоронро хело ва хело эҳтиёткорона таҳлилу баррасӣ намояд, то рӯзе аҷнабиён сухани моро бар муқобили арзишҳои динию миллатамон истифода накунанд. Инак он мисол: Душманони ислом дар замони пошхӯрии Аморати Бухоро қасдан иддае аз муллоҳои фавқуллодаро, ки аз роҳи нафс ба ислом ворид шуда буданд, дар бадном кардани дини мо истифода кардаанд. Дар замонҳои баъдӣ бошад, маҳз онҳо дар ҷомеаи парешони Афғонистон бадахлоқии ҷинсиро ривоҷ доданд. Ин нируи хатарбор дар ҳар кишвари исломӣ як усули бадномкунии пешвоёни дини исломро пиёда месозад. Имрӯз ҳам он қувваҳо зери "сиёсат"-и ҷаҳонишавӣ маънавиёти ҷомеаи кишварҳои исломиро хароб намуда истодаанд. Мутаассифона ба имрӯз одобу ахлоқи ҳамида, ки хоси ҷавонони миллати мо буд, бештар дар навоҳии кӯҳистону рустои дурдаст, як кам устувору бехатар мондааст.

Аз ин рӯ пешниҳоди банда ба ҳамдиёрон ин аст, ки бояд барои ин миллат ақидаро устувор намоем ва набигзорем, ки афкори бар зиёни арзишу ормонҳои миллӣ ва диниамонро фаҳмидаву нафаҳмида бар тафаккури мардум бор кунанд. Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ин миллатро танҳо арзишҳои динӣ, ки маънавиёти ҷомеа дар пояи он қолабу қомати баланд афрохтааст, аз ҳамагуна хатароти маънавию фарҳангии бароямон бегона наҷот дода метавонаду халос. Ва ифтихор бояд аз арзишҳои худӣ дошт, ки мояи тарбияи насли ояндаи ин миллат аст. Вагарна мисле, ки дар гузашта шоҳу шоҳзодагони моро сарнагуну хазинаҳои эшонро ба яғмо бурданд, имрӯзу оянда, эҳтиром ба уламои диниро ҳам дар афкори мо барҳам зада, махзани илмию адабии моро аз худ мекунанд. Мо мардумони соддаи Осиё худ (гузаштагонамон) шоҳону худро сарнагуну атрофиёнашонро босмачӣ унвон карда, аз кишвар нарондаем? Имрӯз бошад мо аз омадани кадом як шоҳзодаи Уилямси Бритонӣ ба кишварҳои худ ин қадар ба ҳиссиёт дода мешавему омодагию роҳбандӣ мекунем, не? Имрӯз, ки саргарми худсозию хештаншиносием, агар ба бузургону нухбагони дину миллати хеш ифтихор накунем, пас ба кӣ ифтихор кунем?

Абдуллоев Қудратулло, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти "Узун"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97