Ойини Наврӯз ва эътибори ҷаҳонӣ

Фарҳанг ва адаб 23.03.2012 14:11

 

Бежан Арзонии Бирконӣ

Navruz_oyinОдоб ва русум ва боварҳои динӣ ва фарҳангии ҳар миллате ганҷинаи ҳувияти он миллат аст.

Ҳаким Умари Хайём дар "Наврӯзнома"-и худ дар бораи ин ҷашн менависад: "Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он будааст, ки Офтоб дар ҳар 365 шабонарӯз ва чоряке ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд: "Баробар шудани рӯз ва шаб дар аввали фарвардинмоҳ" ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, "Наврӯз" ном ниҳод ва ҷашни ойин овард ва пас аз он аксари подшоҳони иронӣ ва мардумон ба ӯ пайравӣ карданд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд ва гуфтаанд, ки он рӯзест, ки Ҷамшеди ирониёни бостон бар ин бовар буданд, ки яке аз беҳтарин сарзаминҳое, ки Худованд халқ карда, сарзамини Ирон аст. Пас ба шукронаи ин неъмати бузург ва борварии он иқдом ба ситоиш ва таҷлил аз Парвардигори худ дар қолаби ҷашн мекарданд, ки намунаи намоёни он ҷашни ҷовидонаи Наврӯз аст.

Зоиши табиат ва ҳаёти дубораи Замин, ки манбаъи тафаккури фанонопазирӣ ва майлу эътиқод ба ҷовидонагии Инсон буд, боиси пайванди ҷашни Наврӯз бо боварҳои динии ирониён гардид. Дар оёти зиёде дар Қуръони карим низ аз мурда ва зинда шудани табиат ба унвони намунае аз ҳайёти пас аз марг ва растохези инсонҳо ёд мешавад. Дар бовари ирониёни бостон чанд рӯз монда ба поёни сол рӯҳи мурдагон ва аҷдодони онҳо барои асркашӣ ва дидори бозмондагон ба Замин хоҳанд омад, то аз Худованди мутаъол дар соли ҷадид барои некбахтӣ ва саодати онҳо дуъо кунанд, аз ин рӯ бозмондагон ба тоза кардани маҳалли зиндагӣ ва атрофи он мепардозанд. Либоси нав мепӯшанд ва ба атрогин кардани хонаи худ мепардозанд ва бо ҷашну сурур ба истиқболи рӯҳи аҷдодони худ мераванд, то хушнудии меҳмонони гиромӣ, фароҳам гардад.

Оийни Наврӯз метавонад забони ҳамдилӣ ва ҳамбоварии миллатҳо бошад. Ин забони ҳамдилӣ боиси густурдагии  Наврӯз аз нимчазираи Ҳинд то Осиёи Миёна ва аз Афғонистон то Туркия, Ироқ, Миср ва дар баъзе дигар аз гӯшаҳои дунё гардидааст, бар ин асос метавон Наврӯзро "ҷашни миллатҳо" номид.

Наврӯз метавонад ҳамбастагии минтақаеро барои Ирон ба армуғон оварад.

Он чи ойини Наврӯзро аз дигар идҳо фарқ мебахшад, пайёми Ҷамшеди Ҷам ва даъвати вай ҳувайдост. Ин подшоҳ, миллатҳоро қатъи назар аз нажод, ранг, қабила, дин ва мазҳаб ба ин ҷашн фаро мехонд. Вай дар даъвати худ номе аз қавм ва нажод ва дини хосе намебурд. Сухан аз ин нест, ки Наврӯз мутааллиқ ба ман, қавми ман ва Худои ман аст, зеро нафс ва моҳияти Наврӯз такя бар касратгароӣ, муросо ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад. Нигоҳи Наврӯз нигоҳи баробарӣ аст. Бар ин асос метавон гуфт: "Наврӯз аввалин тафаккур ва идеяи гуфтугӯи тамаддунҳо, қавмҳо ва динҳо дар ҷаҳон аст."

Гуногунии қавмҳо ва бисёрии қавмҳои Ирон нишон аз боварҳо ва ақидаҳои мухталифи онон дорад. Он чи ин гуногунӣ дар ин густурда пайванд задааст, ойини Наврӯз аст. Ойини Наврӯз нуқтаи мулоқот ва сиҳати иштироки қавмҳои гуногун ва абзори "Ваҳдати миллии ирониён" дар тӯли асрҳои гузашта будааст. Ин ойин ба ҳамдигарфаҳмии миёни қавмҳо ва миллатҳо кӯмак мекунад. Наврӯз яъне дур кардани кина ва ҳасад ва тавлидкунандаи меҳр ва хирад аст. Наврӯз мубориза бо палидӣ ҷиҳати иҷрои адолат аст. Дар зот ва ҷавҳари ойини Наврӯз ва ҳадафи он Сулҳ ва Оштӣ миёни миллатҳост ва бад - ин гуна ҳаммонанди "Сулбонӣ" ҷомеаи ҷаҳонӣ амал мекунад ва ин худ хабар аз омодагии лозим барои оламгир буданаш медиҳад ва ин натиҷае аз фурӯғи андеша ва биниши ин ойин аст.

Ойини Наврӯз пайванди мо ба решаҳои гузаштаамон аст. Дар раҳгузари таърих ҳеч ҷашнеро наметавон суроғ гирифт, ки вижагиҳои Наврӯзро дошта бошад. Наврӯз дар зоти худ се асл ва коркарди муҳим дорад ва он шодмонӣ, ободонӣ ва озодӣ аст, ки ҳамвора (доимо) бо ҷиноят, палидӣ ва вайронгарӣ дар ситез ва мубориза аст.

Наврӯз таҷаллибахштарин сафири фарҳангии ирониён дар тӯли рӯзгорони таърих будааст. Наврӯз гаронмоятарин ва таъсирбахштарин ҳувияти фарҳанг ва тамаддуни ба ҷой монда бар саҳифаҷои таърихи иронзамин аст ва ҳиссу ҳалқаи тааллуқи қавмҳои он ба ин сарзамини Аҳуроӣ аст. Ин ойин рисолати бузургеро бар дӯши фарди ирониён ҷиҳати ҳифз ва густариш ва интиқоли ин амонати таърихӣ ва санади ҳувиятӣ ба наслҳои баъдӣ гузоштааст.

Манбаъ: Маҷаллаи "Фурӯҳар" №1, соли 1387 муъодил ба соли 2008 милодӣ.   

Баргардон аз хатти форсӣ: Дидавар Бекзода,донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси ҷомеашиносӣ, факултаи фалсафаи ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97