Таронаи Наврӯзӣ

Фарҳанг ва адаб 17.03.2012 13:07

Behruzi_Zabehullo_0101Ҳамватан  наврӯзи ту пирӯз бод,

Рӯзгорат доимо Наврӯз бод!

Шод зи, эй вориси озодагон,

Рӯзи Наврӯзат ҷаҳонафрӯз бод!


Рӯзгорат шодиву боландагист,

Ҳикмати Наврӯзи ту созандагист.

Бо ту эй Наврӯз, эй иди баҳор,

Боз зеботар ҷаҳону зиндагист.


Солҳо рафту шаби мо рӯз шуд,

Дӯстӣ бар душманӣ пирӯз шуд.

Фасли сармо рафту омад навбаҳор,

Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз шуд.


Ҷашни бедориву ҷонафрӯзи мост,

Саргузашти рафтаву имрӯзи мост.

Эй Ватан сарсабз бош осуда бош,

То ки дунё ҳасту то Наврӯзи мост.


Ҳафтсину ҳафтшин хони ман аст,

Халқи олам ҷумла меҳмони ман аст.

Ҷашни зебои замину зиндагист,

Решаи Наврӯз дар ҷони ман аст.


Тоҷикистон кишвари фирӯзи мост,

Ёдгори зиндаи имрӯзи мост.

Ифтихори мо дар ин олам якест

Фарри мо, фарҳанги мо, Наврӯзи мост!


Ҳамватан,Наврӯзи ту пирӯз бод,

Рӯзгорат доимо Наврӯз бод!

Шод зи, эй вориси озодагон,

Рӯзи Наврӯзат ҷаҳонафрӯз бод!

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97