Истихора чист ва чӣ гуна адо мешавад?

Фарҳанг ва адаб 12.08.2011 12:02

IstiKhora 19Ислом барои раҳо ёфтан аз ин гуна мушкилӣ ба "истихора" ташвиқ мекунад. Маънои истихора аз Худованд талаби хайр кардан ва аз ӯ мадад ҷӯстан аст.

Роҳи дурусти истихора: Равиши дуруст , ки Паёмбар (с) дар бораи истихора таълим додааст ин аст, ки инсон ду ракаъат намози нафл ба нияти истихора бихонад, сипас баъд аз салом додан он дуъое, ки Паёмбар (с) дар бораи истихора иршод фармудааст, онро бихонад.
Аллоҳумма инни астахирука би илмик ва астақдирука би қудратик ва асалука би вазлика-лазим, фа иннака тақдирк ва ло ақдир ва таъламу ва ло аълам ва анта алому-лғуюуб.Аллоҳумма ин кунта таълам анна ҳаза-ламру хайрун ли фи дин ива маъоши ва оқибату амри фақдурҳули ва яссирҳу ли ва борик ли фиҳи. Ва ин кунта таълуму анна ҳаза-ламру шуррун ли фи дин ива маъоши ва оқибату амри фасрифҳу анни васрифни анҳу вақдурли аохайра ҳайсу кона сумма арзини биҳи.
Ай Парвардигор! Ба илми ту истихора мекунам ва ба қудрати ту тоқат металабам ва ба фазли бузургат металабам, зеро ту қодир ҳастӣ ва мо қодир нестем ва ту он чизе, ки медонӣ, мо намедонем, бешак аз илми ғайб ту хуб огоҳ ҳастӣ.
Ай Парвардигор! Агар ту медонӣ , ки ин кор аз барои ман дар зиндагии дунё ва охират ва оқибати корам беҳтар аст, пас муқаддар ва осон бигардон ин корро аз бароям ва баракат ато фармо дар ин корам. Агар медонӣ, ки ин кор дар зиндагии дунё ва охират ва оқибати корам хуб нест , пас ин корро аз ман дур кун ва маро низ аз ин кор дур кун ва он чизе, ки аз бароям беҳтар аст, онро барои ман муяссар бигардон ва маро розӣ кун.

Чанд мулоҳизаи муҳим:
1. Беҳтар ин аст, ки агар кори муҳимме бошад ин амалро ҳафт рӯз анҷом диҳад.
2. Шарт нест, ки ин амалро пеш аз хоб анҷом диҳад, балки ҳар вақте ки муяссар шуд.
3. Баъзе мардум баъди анҷоми ин амал сухан карданро то хоб рафтан раво намедонанд, ки ин фикри нодуруст аст.
4. Баъзеҳо ин ақидаро доранд, ки баъди анҷоми ин амал ҳатман хобе мебинӣ, ки шахси бузурге омада гӯяд: "Ин корро ихтиёр кун, он бароят беҳтар аст." Ин фикр ҳам нодуруст аст. Зеро дар суннати истихора ин чиз зикр нашудааст.

Натиҷаи истихора: Баъд аз намози истихора дили инсон ба тарафи ҳамон коре майл пайдо мекунад, ки барояш беҳтар аст ва агар дилаш ҳамон гунае, ки буд, боқӣ монд ва ба тарафе раҷҳону майл пайдо накард, дар ин сурат ҳам бояд инсон ноумед нашавад, зеро истихора амале аст, ки албатта инсонро ба мақсади худ мерасонад. Худованд баъд аз истихора барои бандааш сабабҳоеро муҳайё месозад, ки барои инсон муфид ва беҳтар мебошад.
Баъзан ҳолате пеш меояд, ки инсон баъд аз истихора кори интихоб кардааш ба зоҳир аз барояш номуносиб менамояд, вале ҳазрати Абдулло ибни Умар (р) дар ин бора мефармояд:
"Гоҳо инсон назди Худованд истихора мекунад , ва Худованад аз барои ӯ беҳтарин корро ихтиёр мекунад, (яъне ӯро ба беҳтарин кор раҳнамоӣ мекунад) лекин ба зоҳир он кор ба инсон нописанд менамояд, ки ба сабаби он ба Худованд норозигии худро изор карда аз кораш шиква мекунад. Баъд аз гузаштани муддати вақте натиҷаи кораш зоҳир мешавад, маълум мегардад, ки дар ҳақиқат Худованд ӯро ба беҳтарин коре раҳнамоӣ кардааст".
Натиҷа ва фоидаи (истихора) гоҳҳо дар ҳамин дунё ва гоҳҳо дар охират зоҳир мешавад.
Дар ҳақиқат инсон ба ақл ва фикри маҳдуди худ наметавонад кореро ихтиёр кунад, ки ба таври яқин дар оянда ба комёбӣ ва саъодатмандии ӯ кафолат диҳад. Мисоли инро ингуна метавонем гуфт, ки падару модар фарзанди хурди худро аз коре, ки бар зарараш аст, боз медоранд, вале фарзанд аз ҷиҳати нодониаш гумон мебарад, ки ин кор бар фоидаи ӯ аст, аммо падару модараш бошанд инро нафаҳмида бар ӯ зиддият меварзанд. Ва ин кори волидайнашро дар ҳаққи худ раво намедонад, лекин баъд аз ин ки фарзанд каме калон шуд ва соҳиби ақл гардид, дарк мекунад, ки падару модараш ӯро аз коре боздоштанд, ки бар зарари ӯ будааст. Ва шукри падару модари худ мекунад. Худованд бар бандаи худ аз падару модар бештар меҳрубон аст ва бандагонашро ба коре роҳнамоӣ мекунад, ки аз барояшон беҳтар аст. Хулоса, инсон баъд аз истихора итминон бошад, ки кори ихтиёр кардааш аз барои ӯ беҳтар аст. Дар ҳадисе Паёмбар (с) мефармояд: "Шахсе, ки дар корҳои худ истихора мекунад, ҳеҷ гоҳ ноком намешавад. Ва шахсе, ки дар кораш машварат мекунад, ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавад".

Роҳи дигари истихора:
Он тариқе, ки дар бораи истихора зикр шуд, дар ҳолате мебошад, ки инсон барои ихтиёр кардани коре фурсати зиёде дошта бошад. Аммо бештари ҳолатҳое мебошад, ки инсон бояд ба зудӣ тасмим гирифта кореро интихоб кунад, ҳатто ба намоз хондан ҳам вақт намеёбад. Дар ин ҳолат низ Паёмбар (с) дуъоҳои зиёде иршод фармудааст, ки ба хондани онҳо метавон умед кард, ки Худованд аз раҳмати хеш ӯро ба беҳтарин коре роҳнамоӣ менамояд .
* Аллоҳумма хайир ли вахтар ли
Ай Парвардигор ! Аз бароям худат интихоб фармо. (Яъне кадом кор аз бароям беҳтар аст.)
* Аллоҳумма алҳимни рушди
Ай Парвардигор! Роҳи ростро дар дилам илқо фармо.
* Аллоҳумма-ҳдинӣ ва садиднӣ.
Ай Парвардигор! Маро ҳидоят кун ва дар роҳи рост бигузор.
Шайхул ислом Муҳамммад Тақӣ Усмон мефармояд: Падарам (Худо ӯро нигаҳ дорад) одаташ ҳамин буд, ки дар ҷое ба зудӣ кореро бояд ихтиёр мекард чанд лаҳза чашмҳояшро мепӯшид ва яке аз ҳамин дуъоҳоро такрор мекард, мардуме , ки дар ҳузураш менишастанд бо ҳам мегуфтанд: "Чаро чашмҳояшро мепӯшад!" Онҳо аз ин кор огаҳ набуданд ва намедонистанд, ки ӯ дар ин ҳолат дуъо мекард. Аз ҳамин хотир буд,ки дар интихоби бештари корҳояш комёб мешуд.

Муҳаммадфаррухи Абдуллозода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97