Бозор аз дард сахт мегӯяд

Фарҳанг ва адаб 20.04.2011 08:54

BoZOR_SOBIRБале, ӯ шоири озурдаву ранҷида, хастадилу паршикаста ва дар бачагӣ дарду доғи ятимӣ кашида ва умре дар танҳоӣ раҳ паймудаву суханваре ошуфтаву наосудае буд. Ба қавли худи шоир "Ҳеҷ дарё доғи ятимӣ ва занги зиндонӣ шуданҳои ӯро шуста наметавонад". Бадбинӣ, фишору ҳангомаҷӯӣ атрофи номи шоир дар ҳама давру замони зиндагиаш идома дошт. Беҳуда сангаш мезаданд ва дар нисбаташ ба дилу дидаи ғаразнок менигаристанд.


Дар субҳдаму малулам дар шом хастадил,
Чанги зиёд рафтаву тори гусастаам.
Умеди боз дидани ёру диёр нест,
Ҳам дар қафас асираму ҳам паршикастаам.
(Беранги Кӯҳдоманӣ)
Як замонҳое бача будему зиндагиномаи нависандагони бузург Садриддин Айнӣ ва Максим Горкийро хонда, афсӯс мехӯрдем, ки азобу ранҷи бисёр кашидаанд. Мегуфтем, ки дар замонҳои нобобу ноором зиндагӣ кардаанд. Чуноне мебинем, бузургон дар замони имрӯзи мо низ парешону сарсонанд. Ранҷу ночорӣ кашида, ғарибиву фироқро ихтиёр намудаанд. Бозор Собир яке аз чунин шоирони сӯхтадил аст.
Ман шоири овораву саргаштаи ин дун,
Ҳамқисмати Салмонаму ҳамқисмати Маҷнун,
"Аз ҳамватану ҳамрагу ҳамгавҳару ҳамхун,
Чашми тару оҳи саҳар дар дили ман ман монд".
Солиёни зиёде орзу мекардам, ки ақалан боре ба дидори шоир Бозор Собир бирасам ва рӯ ба рӯ бо ӯ сӯҳбат кунам.
Алорағми ин, тақдир ин ниятро ба дуриҳои дур афканд. Устод соли сипаригаштаи 2010 бори дуюм ба аёдати Ватан омад. Фурсатро ғанимат дониста, нимаи аввали моҳи ноябр бо умеди дидор сӯи Душанбе шитофтам. Дар бинои Иттифоқи нависандагон бо дӯстони собиқ ва чанде аз аҳли қалам вохӯрда, аз онҳо нишонии шоирро ёфтам ва рафтам сӯйи кулбаи ӯ. Занги дарро пахш кардам. Аз дарун овози устод Бозор Собир баланд шуд, ки мегуфт:
-Ба гумонам, хона меҳмон омад…
-Исто, ман худам дарро мекушоям…
Ба дил гуфтам: "Ба дидорат расидам, эй бародар, шукри дидорат".
Дар кушода шуду чеҳраи Устод намудор гашт. Ман гуфтам: "Эй нури дилу дида, биё, хоки роҳатро ҷорӯб ба мижгон занаму об ба дида".
-Устод, мехоҳам бо шумо оғӯш ба оғӯш вохӯрам.
-Кори хубе мекунӣ, писарам. Ку, биё, саломатиат хуб аст?
-Сад шукр, устод. Аз саломатии шумо пурсам, тансиҳату осуда ҳастед?
-Ташаккур, писарам.
Ман худро муаррифӣ кардам. Аз Сурхондарё омадам, ин кас писарам, дар Донишгоҳи миллӣ мехонад, хабаргириаш омадам ва ба ин баҳона хостам дидори шуморо бубинам.
-Аҳсан, ба ту, писарам, агар барои дидорбинӣ омадӣ. Шоир Сулаймонӣ аз деҳаи шумост? Чӣ аҳвол дорад?
-Бале, устод, ӯ низ чун шумо давраи пирӣ меронад. Ба ёдатон ҳаст муаллим, шумо миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта ба деҳаи мо, хонаи Сулаймонӣ омада будед?
-Воқеъан ҳам дар хотир дорам, писарам.
Ба хона даромадем. Устод гуфт:
-Як дақиқа исто, ана он курсиро ман бароят омода созам, баъд мешинем.
-Устод, ман хиҷолат мекашам, ки шумо барин як инсони бузург барои ман курсӣ омода созед.
-Чӣ мегӯӣ?! Ин шом ту меҳмони ман ҳастӣ.
Мо ҳарду курсиро аз як кунҷи хона ба гирди миз кашидем. Дар сари миз рӯ ба рӯи ман як нафар одами миёнасол хеле ботамкину хоксорона менишаст. Баъдтар ин касро Афзалӣ ном бурданд, ки бо устод хеле дӯсти қарин будаанд. Аз тарафи рости миз устод Бозор Собир нишастаанд. Дар тарафи чап телевизион ахбори ҷаҳонро намоиш медод. Ва ҳамин ки сухан аз Кореяву Чин рафт, устод афзуд, ки ана инҳо бало баромаданд. Дар чанд соли охир кишварҳои пешрафтаи дунё ба ҳисоб мераванд.
-Устод бо нашри "Хуни қалам"- атон табрик.
-Раҳмат писарам.
-Китобро наёфтем, то дастхат мекардем.
-Дар ҳама ҷо пур будагист.
Аз зиндагии шахсӣ, ҳаёт дар кишварҳои он сӯи уқёнус пурсон шудам.
-Зиндагӣ барои пулдорҳо дар ҳама ҷо хуб аст, вале барои ману ту баринҳо дар ҳама ҷо бад аст.
- Гулчеҳра, барои меҳмонҳо ягон чиз намеоред?
Бо як табақ оши палав хонумашон вориди хона шуд. Бо иштиҳо чанд луқмагӣ хӯрдем.
-Бачаҳо, - гуфт Бозор,- акнун чойхӯракон мекунем.
Ба ҳар нафари мо якдонагӣ қанд дароз карда, худи шоир низ як дона қандро гирифта, Гулчеҳра, як чойи гарм биёред, ки мо ба чойнӯшӣ гузаштем,- гуфт. Қандҳои табаррукии аз дасти устод гирифтаамонро бо як-ду пиёла чойи гарм хӯрдем.
Аз адабиёту фарҳанг сӯҳбати якунимсоата намудем. Вақт кифоят накард, то аз раҳматии Нодирпуру дигар мавзӯъҳо пурсон шавам.
-Устод, адабиётшинос Раҳими Мусулмониён чӣ аҳвол дорад?
-Бемор аст. Дар ҳамин шаҳр аст. Ҳафтаи гузашта хабараш гирифтем.
Аз сӯҳбаташ пай бурдам, ки саропои вуҷудаш дард аст ва баъзан аз ҳамин дардҳо моро сахт мегӯяд.
Маро хорест дар дил, к-он ба сӯзан барнамеояд,
Дилам хун гашту ин хор аз дили ман бар намеояд.
-Устод, Шумо чӣ қадар дар Ватан мемонед?
Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,
Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад...
-Не писарам. Ман барои якумрӣ аз ин ҷо меравам. Зиндагӣ ва мурдан барои ман дар ғарибӣ хуш аст.
Расму ойини ғарибӣ ёд гир аз Офтоб,
Субҳидам танҳо барояд, ғам танҳо нишаст.
Аз соати панҷ то ҳафти шом сӯҳбат намудем. Баъзе чизҳоро пурсидам, бисёр чизҳо нопурсида монд… соати ҷудоӣ ва видоъ фаро расид. Худоҳофизӣ намудем ва гуфтамаш:
"Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат,
Рафтӣ ту аз сари мо, дидор дар қиёмат".
Аз сӯҳбат бо устод Бозор дарёфтам, ки дар ду нуқтаи китобфурӯшӣ "Хуни қалам" дастрас мешавад. Саҳари рӯзи дигар як дона китоб харид намуда, як-ду соати дигар сӯҳбат намоям, вале хонумашон гуфт, ки Бозор субҳидам хобида, нисфирӯзӣ мехезад.
- Пас устодро нороҳат насозед. Ана китоб, устод дастхат кунанд, пасон ман дастрас мекунам. Шукр, ки як дона китоб соядаст карда, барои хотира гирифтам. Ин аввалину охирин дидори ман бо устод Бозор Собир буд.
Чун субҳ файзи сӯҳбати соҳибдилон дамест,
Аммо дамест, ки бойиси эҳёи оламест.
Чун омаду рафти устод Бозор сари забонҳост ва ҳолиё ин мавзӯъ хунук нашудааст, хостам хотироти худро иброз дорам.
Албатта, он ҳам бошад,ба рӯзномаи "Миллат" ва кормандони он, аз ҷумла Толибшоҳи Сайидзода ва Саъдии Юсуфӣ, ки сӯҳбату гузоришашонро бо шоир дар саҳифаҳои ҳафтавори мазкур хондам. Аз номи банда ба сардабир ва кормандони рӯзнома, дӯстони ба дил наздик саломи самимона ва тоҷиконаи банда бирасад.   

 

Абдубароти СУРХОНӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97