НАҶМИДДИНИ ШОҲИНБОД ВА АЙБИ МУАММАР ҚАЗЗОФӢ

Фарҳанг ва адаб 16.04.2011 15:21

Sarqozi_0214 - Аълоҳазрат Қаззофӣ! Чаро Аврупо шуморо бомбаборон мекунад - пурсид яке аз духтарони дастгоҳи ҳукумати Қаззофӣ.

- Ман 5 миллион сол нафти онҳоро дуздида, таги реги худамон пинҳон кардам.

- Хайр, ин фоҷиа нест. Гардонда диҳед - маслиҳат дод духтар.

- Чил сол боз медиҳам, барои ҳамин халқ исён кард…

ИҚТИБОСҲО

*Ҳазор сол пеш гург низ саги хонагӣ буд. Аз гарданшахӣ ва ваъдахилофии инсон гург шуд.

*Инсонҳо санг дар бағалу дар гурда доранд. Санги гурда худатонро ва санги бағал сари ҳамсояро мекафонад.

*Сукут аломати ризо аст. Мурдаҳо доимо розӣ мебошанд.

*Барои душманӣ халқро нест кардан, худи халқро нобуд кардан лозим нест.

*Зебоӣ дунёро наҷот медиҳад, агар силоҳи атомӣ дошта бошад.

*Аз зиндагӣ то марг як қадам аст. Баъзан ин қадам 80 сол тӯл мекашад.

*Ҳам гург сер шуд ва ҳам раммаро чарондан лозим нест.

*Аз беэҳтиётӣ одамон на танҳо ҳалок мешаванд, балки таваллуд низ мешаванд.

*Худо аз зани ҷавони мариз ва зани сиҳати пир нигоҳ дорад.

ХАБАРҲОИ МУХТАСАР

*Молияшиносон ва иқтисодчиёни Аврупо ахиран се роҳи аз бӯҳрони молиявӣ баромадани Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро маълум карданд: Майдони ҳавоии Тошканд, бандари Тирмиз ва Панҷи поён.

*Гурӯҳи журналистони озод дар назди бинои "Барқи тоҷик" гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо талаб карданд, ки парвандаи ҷиноии суиқасд ба Ҳикматулло Сайфуллозода зудтар тафтиш шавад.

*Дар Ҷумҳурӣ тибқи фармон даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафари муҳоҷирати Русия сар шуд.

*Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон ба ҷашнвораи театрии "Наврӯз - 2011" намоишномаи "Роғунро бо белу каланд месозем"-ро пешкаш намуд. Аммо ба сабаби кам шудани оби обанбори Норак ба ҷашн ҳозир нашуданд.

Sudya_01254ТАҲҚИР

- Ҷаноби судя, занам маро "аҳмақ" гуфт.

- Рафиқ судя, аввал шавҳарам маро "аҳмақ" гуфта буд - эътироз кард зан.

- Ҳар дуятон аҳмақ ҳастед - бо ғазаб гуфт судя.

- Даъвои ҳар сеятон хеле рост ва дуруст - гуфт адвокат.


ОШТӢ

Суд ба Асадбек ва ҳамсараш Мағалмоҳ пешниҳод мекунад, ки оштӣ кунанд.

- Ман бо қарори суд розӣ ҳастам - гуфт Асадбек.

- Муқобил нестам - арз кард Мағалмоҳ.

Асадбек ва Мағалмоҳ ҳамдигарро оғуш гирифтанд.

- Ман чӣ кор кунам - садо баровард зани ғафси сиёҳчеҳра аз толор.

- Шумо кӣ - пурсид судя.

- Ман зани қонунии Асадбек ҳастам.

- Ҳеҷ боке не, шуморо қонунӣ ҷудо мекунем. Лекин барои оштӣ шумо низ ҳуқуқ доред.

- Хайр чӣ илоҷ, ман ҳам оштӣ мекунам - гирияолуд гуфт Садафмоҳ.

- Хезед Асадбек, оштӣ кунед - амр дод судя.

- Ин ба ман дахл надорад, бигузор занакҳо оштӣ кунанд!

Мағалмоҳ ва Садафмоҳ ҳамдигарро ба оғуш гирифтанд.

Холисамоҳ оҳи сабук кашид. Аз толор баромада меҳрубонона аз дасти Асадбек гирифта гуфт:

- Рафтем азизам, ош тайёр…

СУХАНВАРЗ

PapugayАслан даҳ сол пеш Асадбек чӯҷаи мурғи ҳилолро харида буд. Аммо ахлоқи паррандаҳо низ чун инсонҳо пурра фасод гардидааст. Аз чӯҷа тутӣ баромад. Қасдан писарчаи Асадбек дар сесолагӣ забон ёд гирифту тутӣ дар се моҳагӣ ба гап даромад. Баъзан то нисфи шаб ба касе гап намедод. Дар асл Асадбек хурсанд буд. Чунки аз суханҳои дағали занаш хушгӯиҳои тутӣ беҳтар буд. Дишаб зани Асадбек ба хонаи модараш рафт. Тутӣ мефаҳмид, ки Мағалмоҳ дурӯғ мегӯяд. Барои ҳамин вақти рафтанаш "Ба ҳоҷиоя салом гӯед" гуфта, баланд хандид.

Асадбек низ имконоти худашро сад андар сад истифода мебурд. Зуд котибааш Хайриро ба хона даъват кард. Тутӣ котибаашро бад медид. Аз атриёти ӯ нафасгир мешуд. Дар чунин ҳолати фароғат бо котиба, Асадбек дунёро фаромӯш мекард. Тутӣ ҳарчанд дод зад, обу донашро нагирифт. Субҳ Тутӣ баъди гусели котиба, чанд бор дод зад, аммо Асадбек масти хоб буд. Занаш аз хонаи модараш баргашт. Тутӣ зуд гузориш дод:

- Шаб баъди рафтанат шавҳарат бо котибааш хоб рафт. Аниқтараш то рӯз ишқварзӣ карданд. Медонам бовар намекунӣ, рӯймолчаашро дар ҷевони хонаи хобат фаромуш кард.

Мағалмоҳ бо ғазаб ба хонаи хоб даромада, Асадбекро нимурён пеши тутӣ кашола кард:

- Такрор кун! Ин ҳаромӣ шаб чӣ кор кард?

- Кор накарданд. Шумо одамон корро аз ишқварзӣ фарқ намекунед. То рӯз дар оғуши котибаашон; Хайришка, соли таваллудаш 1990, қадаш 187 сантиметр, андозаи кафшаш 37, либоси таги нилобӣ дорад, ишқварзӣ карданд.

- Ин тӯҳмат! Хап шин! Ҳайвони лаънатӣ - дод зад Асадбек.

- Аввалан ман ҳайвон не, ман парранда, дуюм Шумо барои маҳдуд кардани озодии сухан тибқи Қонун дар бораи матбуот ба ҷавобгарӣ кашида мешавед.

- Наход, Шумо ба ин лаққӣ бовар мекунед, ҷонакам - ашкрезон гуфт Асадбек.

- Албатта бовар намекунам, ҷонакам - гуфт Мағалмоҳ ва зуд ба хонаи дигар гузашта, дарро аз дарун қулф кард. Телефонро аз сумкааш гирифта, рақам чид. Бо овози паст гуфт:

- Азизам Шодик, ба фикрам шаб гурбаат моро дида буд. Зуд гурбаро нест кун!

- Гурбаро аз ошёнаи чорум ҳаво додам, лекин лаънатии сагам Юлбарс аллакай лақид…

ТАФТИШ

Дар дидбонгоҳи гумрукӣ нозир ба вагон даромада аз Асадбек пурсид:

- Аслиҳа, маводи нашъадор доред?

- Чи қадар даркор? Телефонатонро гузоред…

ТАЛОҚ

Tahqir- Ҷаноби судя, чаро нархи талоқ ин қадар қиммат - эътироз кард Асадбек.

- Агар ту талоқи зани маро бо ин нарх расмӣ кунӣ, даҳ баробар зиёдтар медиҳам -гиряолуд гуфт судя.

МУРОФИА

- Шаҳрванд Гадоев Асадбек чаро Шумо шаҳрванд; ҷабрдида Хоркашро аз ошёнаи 5 партофтед - пурсид судя.

- Ман ӯро напартофтам. Шабона ман дар хонаи хоб будам. Соати 12 шаб ин ҷабрдида аз тирезаи даҳлез ба хонаи хобам фаромада, ба таги курпаи ман даромад. Аз бурутҳои ман тарсида, аз тиреза худашро ҳаво дод.

- Ягон шоҳид доред - пурсид судя.

- Не, ман бояд ба сафар мерафтам. Занам дар ҳамом буд. Ман аз куҷо медонам, ки ин мардаки каппа - калон ин қадар аз бурути мардҳо метарсад…

ИЛОҶ

- Ҷаноби Саркозӣ! Ман ба Шумо эҳтироми зиёд дорам. Аз Шумо лутфан, хоҳиш менамоям, ки ҳамсояи ман; Хоркашро бомбаборон кунед. Се сол пеш дар маъракаи интихоботиям ба ман пул дода буд.

ЭҲТИЁТ

- Эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд бузургон. Дар асоси қонуни нав дар бораи вазифаи падарон мо ҷавобгарии калон ба зима дорем. Хоркаш эҳтиёт ними ҳаётро риоя накарда, писар таваллуд кард. Ҳоло ними ҳаёти Хоркаш дар маҳбас мегузарад - бо ғазаб гуфт Асадбек ба занаш.

ОҒИЛХОНА

Oghilkhona- Далерҷон, чаро дар иншоятон Харро ба қатори ҳайвонҳои хонагӣ дохил накардед -пурсид муаллимаи адабиёт Асалмоҳ.

- Муаллима, хар ҳайвони оғилхона аст - гуфт Далер.

Муаллимма ба андеша рафт. Дар ҳақиқат гапи шавҳараш; "хонаи мо оғил аст" рост мебарояд.

ХӮРОК

- Шояд фарзияи ошро баррасӣ кунем. Шумо фарзанд доред. Ҳар ду ҷавон ҳастед -гуфт судя ба Асадбек ва занаш.

- Ҳаргиз - бо қатъият гуфт Асадбек.

- Бо кадом сабаб Шумо ҷудо шуданӣ ҳастед?

- Занам шабона хӯрок мекашад - хастаҳолона гуфт Асадбек.

- Ин сабаб шуда наметавонад. Ҳама инсонҳо шабона вақти хоб хӯрок мекашанд-эътироз кард судя.

- Медонам, ман низ ба ин тоқат карда метавонам. Аммо ҳамсояҳо механданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97