НАҶМИДДИНИ ШОҲИНБОД ВА ФАРМОИШ

Фарҳанг ва адаб 09.04.2011 18:47

Pheshkhidmat- Марҳамат, чӣ таом мефармоед, - бо ишва пурсид бонуи пешхидмат.

- Чӣ доред? - пурсид Хоркаш.

Қариб 20 дақиқа бонуи пешхидмат феҳрасти таомҳоро номбар кард. Ба ғайр аз шӯрбо ва сихкабоб дигар таомҳоро ба хотир овардан душвор буд.

- Мурғкабоби "Мурғи Чортут", - фармуд Асадбек.

- Хоҳари азиз, мурғи Чортут аз мурғи муқаррарӣ чӣ фарқ дорад?

- Мо мурғро аз ин маҳалла мехарем.

- Дар ин сурат чаро шумо ба мизоҷон бо ин ном пешкаш мекунед?

- Дар ин маҳалла мурғҳои ҳалоли хушахлоқ мебошанд.

- Майлаш сихкабоб биёред!

Пас аз даҳ дақиқа пешхидмат дар лаб табассуми гарм гуфт:

- Мутаассифона сихкабоб тамом шудааст.

- Мурғкабоб, - баробар садо баровардем.

- Ба ман аз мурғи ҳаром биёред, - гуфт Хоркаш.

- Чи хел мурғи ҳаром?

- Модоме ки мурғи ҳалолро номбар кардед, мантиқан пас дигар мурғҳо ҳаром мебошанд, - шарҳ дод Асадбек.

- Мебахшед, мурғ фурухта шуд, - хабар дод пешхидмат.

- Кабоби гӯшти гӯсфанд биёред!

Пас аз даҳ дақиқа пешхидмат бо лабони овезон гуфт:

- Бисёр узр, кабоб низ тамом шуд.

- Чӣ илоҷ, шӯрбо биёред.

- Шӯрбо низ ба фурӯш рафт.

- Мастоба мешавад …

Пешхидмат дигар наомад.

Асадбек бо ғазаб мудиррро ба наздамон даъват кард.

- Пешхидмат куҷост!?

- Мебахшед, пешхидмат фурӯхта шуд….

Иқтибосҳо

*Инсон аз меҳнат офарида шуда, аз кор мемурад…

*Диназаврҳо барои ба Китоби сурх ворид шудан худро қурбонӣ карданд.

*Амрикоро Христофорд Колумб, Америко Виспучи, Усома Бен Лодан, Муаммар Қаззофӣ ва раводид машҳур карданд.

*Барои пардохти қарзи Модар-Ватан аввал бонки Виҷдонро пайдо кардан зарур аст.

*Ба дили зан аз тариқи гӯшаш ворид шудан лозим. Аммо ин ба ҷарроҳ дахл надорад.

Фалокат

IntiKHoboti_tozaДирӯз соати 12-и рӯз дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Мушфиқӣ се номзад ба ҳавза ғарқ шуданд. Намояндаи ҳизби ҳокимро аз комиссияи ҳавза аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Дар ин ҳавзи чӯқури ҳавза дар даҳ сол 20 номзади ҳизбҳои дигар ғарқ шуданд. Коршиносон сабаби ғарқшавиро шаффоф набудани оби ҳавз медонанд.

Аз Раҷаб эҳтиёт

Дар рӯзи ҷашни матбуоти тоҷик дар ҳавлии дари театри ба номи Лоҳутӣ мардуми зиёде ҷамъ омада буд. Ба сабабаи тайёрии Русия барои гузаштан ба вақти тобистонӣ тантана як соат қафо партофта шуд. Қаламкашон тӯда-тӯда ҳар ҷо бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Ман дар зинапоя сигор мекашидам. Пас аз чанд лаҳза дар ҳавлӣ Раҷаби Мирзо низ пайдо шуд. Боз такроран аз сигори муфти Раҷаб дуд фурӯ бурдем. Дар ҳамин асно милитсионер ба назди мо омада гуфт:

-Ин ҷо ҷои ҷамъиятӣ аст. Сигор кашидан қатъиян манъ аст.

- Командир, ман пеш аз ин се бор сигор кашидам. Шумо ҳеҷ чиз нагуфтед.

- Дар ҷои ҷамъиятӣ бо Раҷаби Мирзо сигор кашидан қатъиян манъ аст…

Насиҳати волидон

Волидон барои тақдиру ояндаи фарзандонаш ҳамеша дар ташвишанд. Ҳар гоҳ аз Помир ҷавонону дохилшавандаҳо бо пойтахт сафар кунанд, волидон мегӯянд:

- Арақ нахӯр, шабона нагард…

Агар аз Рашт сафар кунанд, волидон дилсӯзона мегӯянд:

- Бачам, бо таксӣ нагард, нархи картошкаро пурс! Корҳои ифлос накун!

Волидони Хатлон меҳрубонона мегӯянд:

- Бачам, дар Душанбе бо Раҷаби Мирзо нагард…

Камбудӣ 

Asigor- Модарҷон, ман бо одами хеле бообрӯ шинос шудам. Алҳол мақсад дорем, ки якҷоя оила барпо кунем, - хабар дод духтар ба модараш Мағалмоҳ.

-Одами хуб бошад майлаш духтарам, - гуфт модар.

- Хеле одами зебо, боодоб, дар ду ширкати хусусӣ кор мекунад. Бо забонҳои англисӣ, хитоӣ, паҳлавӣ озод гап мезанад. Вале…

- Чи вале… ягон камбудӣ дорад?

- Ин он қадар муҳим нест, аммо…

- Магар сигор мекашад ё май менӯшад? - хавотиромез пурсид модар.

- Не, камбудиаш ҳамин, ки зану ду кӯдак дорад. Занаш муқобили роҳи бахти мо аст..

Доктор

Дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон мулоқоти олимону адибон доир гардид. Професор Хаскашев ним соат аз минбар нафаромад. Бадбахтона, дар нутқи ӯ ягон абзас набуд, ки суханаш бурида шавад. Чӯпони деҳа Ортиқбой аз ҷой хеста гуфт:

- Мӯҳтарам профессор, шумо дар мавриди асри "Гунг"-и Эмил Золя камтар маълумот диҳед?

- Ташаккур, саволи бисёр аҷиб. Лекин шумо фаҳмида гиред, ки ман доктори илми филологияи тоҷик ҳастам.

- Ҳамту мӣ. Майлаш ин саволро ба доктори илми хориҷа медиҳам. Шумо лутфан бигӯед, ки романи "Ҷугӣ"-и Сорбон дар асоси воқеаи реалӣ навишта шудааст?

- Бародар, ман доктори илми филологияи тоҷики бахши фолклор ҳастам.

- Хеле хуб. Дар мавриди рубоиҳои водии Зарафшон кадом тадқиқотҳо гузаронида шудаанд?

- Саволи хеле муҳим, аммо ман дар мавзӯи "Гуруғлӣ" ҳимоя кардаам…

Ҷарима

- Дар ҷои ҷамъиятӣ сигор кашидан қатъиян манъ аст, - ҷиддӣ гуфт Моҳпарӣ ба Асадбек.

Асадбек аз бистари хоби Моҳпарӣ нимхез шуда бо ханда гуфт:

- Азизам, ман дар оғуши ту мехоҳам кайф кунаму сигор кашам.

- Ман дигар такрор намекунам!

- Охир ман дар хонаи хоби ту, ин ба ҷамъият чи дахл дорад?

- Барои ту дахл надорад, аммо ман дар ин бистар ҳаррӯз даҳ нафарро қабул мекунам…

Ҷиноят

Асадбек бо чашмони ашколуд дари Хоркашро кӯфт. Ба таври анъанавӣ аввал занаш аккос зад. Баъд сагчааш Юлбарс низ вазифаи муқарррариашро иҷро намуд. Хоркаш Асадбекро дар таги дар истиқбол гирифт. Чунки аз таги дар меҳмонро гусел кардан осонтару арзонтар аст. Аммо Асадбек худро ба даруни ҳавлӣ халонд.

- Дар ин барвақтӣ хуш омаданд!

- Ман ҷои хоб надорам Хоркаш, озурдахотирона гуфт Асадбек.

- Чаро бехона ҳастӣ?

- Аз хона пеш карданд!

- Барои чӣ?

- Маро бо 75 килограмм дастгир карданд.

- Сафед-мӣ?

- Бале, сап-сафед.

- Зудтаъсир буд?

- Оре, бо як оғӯш кардан аз ҳуш мерафтам.

- Нафаҳмидам, чаро оғӯш?

- Нодон, маро занам дар хонаи ҳамсоя бо Тофиямоҳ ҳангоми ишқварзӣ луб- луч дастгир кард. Тофиямоҳ 75 килограмм вазн дорад…

Ҷанинкомпания

Jiyankompania- Ширкати мо дар як сол дар тамоми дунё машҳур шуд. Имрӯз аз тамоми ҷаҳон ба хидмати мо ниёз доранд, - таъриф кард Асадбек.

- Додарам, ман нафаҳмидам, ин ширкати шумо чӣ истеҳсол мекунад? - пурсид Хоркаш.

- Мо шаҷараи одамон, насабномаи онҳоро тартиб медиҳем. Масалан, дирӯз Салимбои қассоб барои ёфтани додарзодааш дар Африқо туй дод. Мо насабномаи ӯро тартиб додем. Ӯ хоҳарзодаи президенти Танзания баромад. Хаскаши ҳаммаҳаллаи худамон абераи Темурмалик будааст. Холисамоҳи ширфурӯш абераи амир Олимхон баромад.

Марди паҳлавонсимо бе тақ-тақ ба утоқи кории Асадбек ворид шуда бо ғазаб гуфт:

- Пуламро гардонда диҳед! Ба ман ин хел шаҷара даркор нест!

- Муштарии азиз, Шумо худатон пули калон дода як сол пеш хоҳиш кардед, ки насабатонро ба Президенти Либия пайваст кунем. Шумо хоҳарзодаи Муаммар Қаззофӣ шудед.

- Зудтар пулро гардонда, насабномаро бекор кунед. Дирӯз одамони Интерпол моро кофтанд!  

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97