Наҷмиддини Шоҳинбод ва насиҳати Акбар

Фарҳанг ва адаб 12.03.2011 21:50

Akbari_Sattor- Ту Акбарҷон, дар Тоҷиқистон ягона одам ҳастӣ, ки аз коғази газета коғази қимматбаҳо, яъне пул мебарорӣ. Мардум газетаҳоятро шабу рӯз мехонанд. Мо соҳибкорони водии Ҳисор барои инкишофи соҳибкорӣ ҷамъомад дорем. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки дар ин маҳфил барои мо  сухан кунед, хоҳиш кард як тоҷир аз Акбари Саттор.

- Бародари азиз, ман фақат бо аҳли қалам гап зада метавонам. Ин табақа нағзакак гӯш мекунанд, аммо ба дили худашон кор мекунанд. Лекин соҳибкорони бузурги Ҳисорро, ки дар байнашон собиқ вазирону раисони бообрӯ ҳастанд, насиҳат кардан хандаовар аст.

-Майлаш, ҳамин хел гап занед, ки хандаовар бошад.

Ба ҳар ҳол Акбари Саттор розӣ шуда ба он маҳфил рафт. Вале тибқи сенария ним соат не, ду дақиқа ва се ҷумла гуфт:

-Мӯҳтарам соҳибкорон!  Фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад. Дар Тоҷикистон беҳтарин гӯсфанд, гӯсфанди ҳисорӣ аст…..

Иқтибосҳо

*Ҳасрати Муаммар Қаззофӣ: Ҳукумат мисли духтари ҷавону зебо аст. Бо мурури вақт дар назари мардум дилкашӣ ва зебоиашро гум мекунад.

*Ҳасрати собиқ қумандон: Пеш ҳама аз ман метарсиданд. Ҳоло ман аз ҳама метарсам. 

*Ситораҳои мусиқии эстрадаи тоҷик аз Кумитаи забон талаб кардаанд, мақоли "Гови бешир садояш баланд"- ро аз эътибор соқит кунад. 

*Асадбек мошинаи "Волга"-и русиро аз "Мерседес" беҳтар ҳисоб мекунад, зеро дар бағочаш ду гӯсфанд ҷо мегирад. 

*Зан низ мисли тарбуз аст, то сарашро накафонӣ, мазаашро намефаҳмӣ.

Суол

-Ман мухлиси ашаддии  "ЁУМ" ҳастам. Фақат як чиз дар саҳифа номафҳум аст. Дар болои саҳифа акси хар ва муаллиф аст. Аммо маълум нест, ки муаллиф кадом аст.

Шаҳнози Замир, ш. Панҷакент

 Ба Шаҳлои Замир!

Арзи сипоси "ЁУМ"-ро қабул фармоед. Дар ин мавзӯъ саволҳои зиёд ворид шудаанд. То танзим гардидани нархи сӯзишворӣ "ЁУМ" аз хидмати Хар, ки дар таги муаллиф қарор дорад, истифода мебарад.

 Мӯъҷизаи Ҷопон

Mujizai_JaponҶопониҳо ҳар рӯз дунёро ба ҳайрат меоваранд. Онҳо мисли мо ба муқобили майнушӣ, сигоркашӣ бо гап мубориза намебаранд. Масалан, барои нахӯрдани шароб онҳо технологияи нав ихтироъ кардаанд. Шумо агар маст ба хона ё меҳмонхона биёед, дар кушода намешавад. Ман дирӯз шабро дар кӯча рӯз кардам. Дари меҳмонхона кушода нашуд.

- Ин сафсата аст, ман дирӯз аз ту зиёдтар нӯшидам. Рафта баҳузур хоб рафтам,- худро таъриф кард Хоркаш.

-Чӣ хел - бо ҳавас пурсидам.

- Ман пеш аз нӯшидан як ҷом арақро ба даруни қулф мерезам. Қулф дигар озод кушода мешавад.

 Тӯҳфа

- Шаҳрванд Холисамоҳ, шумо бори дигар сабаби ҷудошавиро шарҳ диҳед, - гуфт судя.

- Ҳамааш аз рӯзи 8- март сар шуд. Ин  аҳмақ дар рӯзи 8- март ба ман ба ҷои тӯҳфа шеър навишта дод...

Ақл

Дар тамоми дунё 54 ҳазор корхона ва муассисаҳои ҷарроҳии палостикии чеҳраи занон, калон кардани пеши бар, рангу ороиши мӯй ва рӯй мавҷуд аст. Аммо то ба ҳол ягон корхонаи афзояндаи ақли зан вуҷуд надорад.

Бозор

Rais_0154Раиси вилояти Гулобод фақат ҳавои сарди вилоятро хусусӣ накарда буд. Як сол пеш Акбаршоҳ, ки даҳ сол дар Русия мардикорӣ карда буд, корхонаи дуредгарӣ кушод. Раис бо ҳамроҳи ҷиянҳояш ба корхона чашм гарм кард. Баъди се ҳафта корхонаро харида ба номи ҷияни зани угай сабт кард. Дирӯз раис ба маҳаллаи атрофи ноҳия сафар кард. Дар ноҳияи Шакаробод раис бинои боҳашамати зеборо дид. Ёварашро даъват карда амр дод:

- Канӣ шербачаҳо, зуд соҳиби ин биноро пайдо кунед. Илоҷаш бошад, ..агар гарданшахӣ кунад, арзонтар харида гиред!

Пас аз се соат ёвар хабар дод:

- Раис, ин бинои худамон будааст. Ба номи ҷияни боҷаи бародарат.

Сезана

- Падарҷон, дар кӯча гуфтанд, ки додоят ду зан дорад, - гуфт писари хурдсол ба падараш.

- Дурӯғ! Бовар накун, бачам.

- Падари Шаҳло гуфт, ки падарат ду зан гирифтагӣ.

-Ин аҳмақҳо дурӯғ мегӯянд. Наход мани сарватманд ду зан дошта бошам!

-Бачам, гапи додоят дуруст. Ӯ ду зан надорад, дадоят се зан дорад,-бепарвоёна гуфт модари кӯдак.

- Ин гапи рост…

Барқ, Лайлӣ ва Маҷнун

SvetОиша- хола ба орзуи ширинтаринаш расид. Буғчаю дастурхони пури ширинӣ, самбусаҳои алафину гӯштӣ, бо тӯҳфаҳо ба хостгорӣ омад. Гавҳарбону меҳмонро чалап-чалап бӯсида, ба кӯрпачаи наппа-нав шинонд. Чойники навбаромади мусиқадорашро баровард. Барои пурсуҷӯ кардани домод хоҳараш Тӯтинисоро низ хабар кард. Охир аз маҳаллаи бегона буданд. Оиша- хола барои ба дили қудои ояндааш шиштан пешакӣ занҳои ба Тӯтинисо кина доштаро рӯихат карда, ба рӯзномаи ғайбат дохил кард. Тутиниссо аз одамшиносии қудояш аз шодӣ қариб қарсак мезад.

- Бай-бай. Шумо одами баду некро мисли чор амали риёзӣ мешинохтаед, дугонаҷон...

Пас аз ғайбати тӯлонӣ қудоҳо ба мардакҳо низ сангпартоӣ карданд. Вақти шиносоии ҳаматарафа ҳам расид:

- Дугонаҷон, вай домод чӣ кора?

- Дугонаҷон, писарам олим, профессори хондагӣ...

- Нағз…нағз..

- Арақ, мехӯрад-мӣ?

- Не, қудоҷон, то ҳол ғайр аз "Оби зулол" дигар нӯшокӣ ба даҳон нагирифтааст.

- Сигор мекашад? - суол кард Тӯтинисо.

- Дар ҳавлии мо, умуман, бутун дуд нест.

- Мабодо нос-пос, - забон хоида пурсид Гавҳар-хола.

- Бачаам дар бораи зарари нос китоб навиштагӣ.

- Дар ҳуснаш ҳам Худо расо саховат кардааст, - гуфт расми домодро синча карда Гавҳарбону.

Гавҳарбону аз самбӯсаҳои қудои наваш чашида пурсид:

- Аз афташ дар танӯри газӣ пухтаед?

- Не, қудоҷон, ҳавлии мо газ надорад. Мо дар берун нон мепазем. Барқ низ нест. Маҳалла қарздор.

- Набошад дугонаҷон, ман духтарамро ба ҳавлии аз барқ қарздор намебарам.

Ҳамин тавр, Мухбирахон ва Солим чун Лайлӣ ва Маҷнун ба висоли ҳамдигар нарасиданд.

Аз фолклори кӯча

Раисӣ рӯзи сахт аст, эй бародар,

Раисонро накӯ дору маёзор.

Саҳар хестам, дари офис кушодам,

Бидидам як раиси хаста бемор.

Сарашро котиба бар зону биншонд.

Ба гирдаш ёвараш мегашт паргор.

Бигуфтам, эй Раис, аҳвол чун аст?

Бигуфто, ғарқи қарз аз қурби асъор.

Ид ва хун

-Падарҷон, чаро дар тақвим рӯзи 8- мартро бо ранги сурх навиштаанд,- пурсид Наҷиб аз падараш.

8_March-Беҳтараш ба ёдам набиёр,бачам.

-Ман рангро пурсидам, падар!

-Ин ранги хуни ман аст. Порсол модарат дар рӯзи 8- март барои тӯҳфа наовардан, сарамро хуншор карда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97