Аз фаранҷисӯзӣ то фаранҷипӯшӣ: Зани тоҷик кай озод буд?!

Фарҳанг ва адаб 07.03.2011 09:45

Khijob_va_faranjiБино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон 55 дарсади занон ва духтарони сатрпӯш дар кишвар маҷбуран ҳиҷобпӯш шудаанд. Бар асоси як назарпурсии масъулони ин кумита, 45 дарсади занон ва духтарони пурсидашуда гуфтаанд, ки худашон довталабона пӯшиши сатри исломиро ихтиёр кардаанд.

Таҳқиқоти масъулони ин кумита дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои атрофи пойтахт, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон доир шуда ва дар он беш аз ду ҳазор нафар аз занону духтарони сатрпӯш бо номҳои мустаъор мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Аммо масъулони Кумитаи занон ва оила мегӯянд, ки бештар аз он нигаронанд, ки аксари духтарони ҳиҷобпӯш аз омӯзишу тарбия дар канор мемонанд ва ё ба таҳсил танҳо то синфи нӯҳум фаро гирифта мешаванд.

Назарсанҷии кумита аз он даракгӯст, ки даҳ дарсади занону духтарон аз миёни ду ҳазору 100 нафар, комилан бесавод будаанд ва аз овони кӯдакӣ ба мактаб нарафтаанд.

Саодат Мӯъминова, масъули бахши иттилоъоти ин Кумита, гуфтааст, ки аз ин назарсанҷӣ ахиран натиҷагирӣ шуда ва бархе аз омори он нигаронкунанда будааст: "Бар асоси натиҷаи ин назарсанҷӣ, ҳафт дар сади занону духтарон дар пайравӣ ба касе ва ё ба унвони "муд" сатри исломиро пӯшидаанд. Ва аз ҷумлаи 55 дарсади заноне, ки иҷборан ҳиҷобпӯш шудаанд, беш аз 46 дарсади онҳоро шавҳарон, 30 дарсадро волидон, 20 дарсадро бародарон ва 3 дар садро писарон водор ба пӯшиши ҳиҷоб кардаанд."

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ахиран гароиши занону духтарон ба пӯшиши ҳиҷоб дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд бештар ба назар расидааст.

Вале масъулони он меафзоянд, ки дар водии Рашт дар муқоиса бо солҳои қаблӣ теъдоди ҳиҷобпӯшоне, ки дар ин шеваи пӯшиш ба занони кишварҳои арабӣ тақлид мекунанд, коҳиш ёфтааст.

Масъулони ин кумита мегӯянд, ки ҳадафи аслӣ аз ин назарсанҷӣ муайян кардани гароиши сокинони Тоҷикистон ба мазҳаб ва аз ҷумла, тундгароии мазҳабӣ, будааст. Ва натиҷаи назарсанҷии ин кумита ба масъулони зидахли давлати Тоҷикистон барои омӯзиш ирсол шудааст.

Аз сӯйи дигар, мақомоти давлатӣ аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки мумкин аст ҳамроҳ бо ҳиҷобу рӯсарӣ афкори тундрав ва ифротгаро низ дар Тоҷикистон афзоиш ёбад.

Таҳлилагрон мегӯянд, ки баъд аз даргириҳо дар водии Рашт дар ду соли ахир нигарониҳои давлат аз ифротгароӣ ва хатароти ношӣ аз он дар Тоҷикистон нисбат ба гузашта бамаротиб афзудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин амр, бархеҳо мӯтақиданд, ки назарсанҷии кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар чорчӯби сиёсатҳои давлат барои муқобала бо афроди ришдор ва манъи пӯшиши ҳиҷоб дар миёни духтарони донишҷӯ сурат гирифта ва имкон дорад, ин кор дар оянда тақвият ёбад.

Дарвоқеъ, дар солҳои ахир аз мавориди аз донишгоҳҳо рондани духтарони ҳиҷобпӯш ва ҳамчунин, боздошт ва озору азияти афроди ришдор тавассути маъмурони милиса дар Тоҷикистон гузориш шудааст.

Аз сӯйи дигар, бо таваҷҷӯҳ ба нуфузи ойини падарсолорӣ дар ҷомеъаи суннатии Тоҷикистон баъид нест, ки дар бисёре аз хонаводаҳо занон ва духтарон таҳти таъсир ва фишори мардони хонавода ба пӯшиши сатр ё рӯсарӣ ва ҳиҷоб водор шуда бошанд.

Ҳарчанд фишори хонаводагӣ бар занон аз масоили доғ дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст, ки гоҳо ба хушунат ва ҳатто мавориди худкушиву худсӯзии занон меанҷомад, вале ба гуфтаи таҳлилгарон, давлат беш аз ин масоил аз густариши ифротгароӣ нигарон аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз мунтақидони сиёсатҳои давлат дар заминаи манъи риш ва ҳиҷоб назарпурсии Кумитаи кор бо занон ва хонаводаро якҷониба ва ҳатто ғаразомез арзёбӣ мекунанд.

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз фаъолони умури зан, ки узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, мегӯяд, ки афзоиши маҳбубияти сатр дар миёни занон ва духтарон дар кишвар қабл аз ҳама ба худшиносии мазҳабӣ ва бозгашти занон ба ҳувияти миллияшон марбут аст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст: "Дар ду соли ахир мамнӯъ кардани пӯшиши ҳиҷоб дар муассисаҳои омӯзишӣ ва таҳқири бархе аз духтарони ҳиҷобпӯш барои пӯшиши сатр духтаронро, ки орзуи таҳсил дар донишгоҳҳоро доранд, аз омӯзиш дур кардааст. Қабл аз ҳама, ин амр нақзи ҳаққи шаҳрвандон ба озодиҳои мазҳабӣ аст." Ба гуфтаи ӯ, ҳам давлат ва ҳам волидон интихоби довталабонаи пӯшиши ҳиҷоб ва ё даст кашидан аз онро бояд ба духтарон вогузоранд.

Аз Саноат Шафиева, як бонуи таҳсилкарда ва оламдида мепурсам, ки таъсири сатр ва ё ҳиҷоб дар ҳаёти занон чӣ нақше дорад, мегӯяд: "Фарҳангу маданияти мардуми мо ҳанӯз барои сатрпӯш кардани зан хеле паст аст. Ҳатто ҳамон фарҳанги исломиашон, ки вақтҳои охир мебинем ин қадар мазҳабӣ шудаанду исломпараст. Исломгароии Иронро бубинеду исломгароии мардуми тоҷикро. Тафовут аз замин то осмон аст. Қадру қимати зан, ҳуқуқу озодиҳояш ва ҳатто дар давлатдориву сиёсатмадории занони иронӣ чӣ қадар арҷу эҳтиром мегузоранд. Мардуми мо чӣ? Ҳанӯз аз ҳамон тафаккури пасту феодалиашон берун набаромадаанд. Агар барои мардуми Ирон ҳиҷоб танҳо пӯшондани андом бошад, барои зани тоҷик он маҳрумият аз ҳама чиз аст. Ҳиҷоб, ки пӯшид, дигар бояд на дарс бихонад, на ба кор биравад, на ба порку гулгашт ва на ба ҷашну сур. Ин як ваҳшоният аст. Бубинед, дар дигар кишварҳои пешрафтаи исломӣ барои сатрпӯшии занон тамоми шароитро муҳайё кардаанд. Дар Тоҷикистон ҳатто хурдтарин шароит муҳайё нест. Ҳоло бигзарем аз имконоти давлату ҳукумат, ҳатто дар муҳити хонаводагиамон ҳеҷ шароите фароҳам нест, аммо талабот дар баробари сатрпӯшии занон хеле боло аст".

Аз Шамсия Мирзоева, як бонуи ҳуқуқдон суол мекунам, ки рӯ овардани бонувон ба таври дастҷамъона ба сатру ҳиҷоб чи нақше метавонад дар озодиҳои мадании онҳо гузорад, ки мегӯяд: "Занҳои тоҷик ҳанӯз барои пӯшидани сатр омода нестанд. Сатр барои онҳо як мӯд ва ё василаи худнамоӣ шудааст. Масалан, шахсан ман дар симои зани сатрпӯш зани поку бофарҳангу орӣ аз ҳар гуна ғайбату бадгӯйиву ифлосӣ мебинам. Аммо имрӯз мебинем, фоҳиша ҳам сатрпӯш шудаасту раққосаву сарояндаҳову… Сатрро ҳам масхара кардаанд. Умуман шуурнокии чӣ зан ва чӣ мард ва чӣ пиру барноямон хеле паст аст.

Занҳои ирониву араб ба кишварамон меоянд, тааҷҷуб мекунанд, ки чӣ тавр шумо худро ба дом меандозед. Сатр пӯшидан кори осон аст, аммо аз он раҳо шудан кори басо мушкил. Имрӯз ҷомеъаи араб барои касби озодӣ ба хиёбону майдонҳо баромада, чандин нафар ҷони худро аз даст додааст, аммо шумо бошед ин неъмати бебаҳоро бо чунин осонӣ аз даст медиҳед. Аз ин рӯ ман ҳам дар ин бора вақтҳои охир бисёр фикр мекунам; "сатрро ба бар карданд, аммо ин роҳи расидан ба озодиҳоро барои онҳо осон мекунад ё мушкил"?!

Дар ҳамин ҳол мунтақидони пӯшиши ҳиҷоб мегӯянд, дар натиҷаи "пайравии кӯркӯрона" ба дини ислом, иддае аз волидон, бавижа мардони хонаводаҳо, духтарони худро аз клоси панҷуми мадраса берун мекашанд ва духтаронро ба пӯшиши сатр ва хонанишинӣ водор мекунанд. Дар натиҷа, ба гуфтаи онҳо, баъд аз издивоҷ чунин духтарон ҳатто роҳ ба бемористонро бидуни кумаки мардони хонавода наметавонанд пайдо кунанд.

Масъулони Кумитаи зан ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз назарпурсии ахир онҳо тасмим гирифтаанд, барои ҳадди ақал ба омӯзиш фаро гирифтани занон ва духтароне, ки иҷборан ҳиҷобпӯш ва хонанишин шудаанд, барномаҳоеро ба иҷро дароваранд. Кореро, ки чандин сол қабл бояд анҷом медоданд.

Ҳадди ақал дар соли 2006, вақте "Миллат" дар ин бора гуфта буд.

Зеро занон дар муҳавватаи ду тафаккури ифротӣ қарор доранд, ки як гурӯҳ мехоҳанд, ғайриихтиёр ҳиҷобро бар сари занон бор кунанд ва гурӯҳи дигар бо ҳамин шева, яъне бо зӯр рӯсариҳоро бармеандозанд. Роҳи саввум; ҳаққи интихоб аз зани тоҷик гирифта шудааст. Ва дар остонаи рӯзи Модар ва рӯзи байналмилалии озодии занон суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст: Аз фаранҷисӯзӣ то фаранҷипушӣ: Зани тоҷик кай озод буд?!

Фирдавси Рустам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97