Гулистонҳоро гӯристон ё гӯристонҳоро гулистон мекунем

Фарҳанг ва адаб 03.03.2011 18:07

Qabriston_012Дар ҳошияи баҳсҳо дар атрофи исломгароӣ, исломсозӣ, исломбозӣ, исломтарошӣ, исломзудоӣ, ки мардумро аз асли қазияҳои зиндагӣ дур мекунанд. Шукри Худованд мардумро ҳамроҳ бо омадани Истиқлоли давлатӣ озодии виҷдон аз ҳама бештар ва пештар ба даст омад.

 

Тақрибан ҷои мошини идеологияи коммунистиро идеологияи исломӣ гирифтааст. Бисёр ҷолиб аст, ки имрӯз олим, адиб, вазир, корманди давлатӣ, тақрибан  ҳаркӣ ба минбар меояд, ё назди микрофон ҳадисе оварда сухан меронад, аксар аз шунидаҳояш…

Кумитаи дин дорем, ки кормандони он низ дар аввалин имконият ҳини сӯҳбат ояте аз "Қуръон", ҳадисе аз зиндагии Паёмбар меоранд, хулоса мекунанд, ки баъзан баробари фатвост. Маркази исломшиносӣ, донишгоҳи исломӣ, ҳизби Наҳзати исломӣ ва боз дигар институту созмону танзимҳое дорем, ки ҳама гӯё барои "тозагии ислом" мубориза мебаранд. Бисёри ин тадбирҳо албатта хоси давраи эҳё ва рушди ҷомеъаанд, бо расидани вақт шояд баъзе аз онҳо ихтисор шаванд, нав шаванд ё баръакс дигарҳояш пайдо шаванд.

Ба ҳар ҳол дар дигар кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои исломӣ то ин дараҷа минбарҳои исломӣ зиёд нестанд.

Гоҳо дар шараи гап мешунавем ё мехонем, ки дар "70  соли замони шӯравӣ ба ислом чӣ қадар фишор буд…". Аввалан фишор якхела буд, чӣ барои намояндагони дини масеҳӣ (аксари Иттиҳоди Шӯравии собиқ) чӣ ислому адёни дигар.

Вале  ҳеҷ гуна фишор эътиқоди ҷомеъаро аз байн бурда наметавонад, мушрику сустимон фаъол, дар баъзе набардҳо ҳатто дастболо мегарданд, вале барои муваққат.

Хулосаи марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз маргашон дар мусоҳибааш бо рӯзноманигори "Миллат" гуфта буд, аз ёд намеравад. Ӯ хулоса карда буд; "мо менталилети миллатамонро намедонистем, дар хориҷи кишвар фаҳмидем, ки ислом дар кишвари мо чӣ қадар устувор аст…"

Яъне фишори 70-сола исломро аз зоҳири одамон каму беш бурда бошад ҳам, дар ботинҳо устувор монд. Қалбҳо саршор аз ишқи илоҳӣ буданд. Имрӯз  ҳам, бешак  ислом дар дили ҳар як тоҷик эҳсос мешавад. Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ барҳақ гуфта буд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе, 

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Яъне равост, ки исломро дар ҳамон шакли суннатияш, ки аҷдодамон то мо расондаанд, гиромӣ бидорем, урфу одатҳои худро аз чорчӯбаи ислом набаромада, такмил бидиҳем, зиндагониро муносибтар гардонем. Яке аз ҳамин гуна одатҳои мардуми мо дафни майит ва нигоҳдории гӯристонҳо мебошад.

Дар ба тартиб даровардани урфу одат ва анъанаҳо хеле кор кардем, вале маросими дафн чун ҷузъи таркибии урфу одат то охир танзим наёфтааст.

Аз овардани ҳадисҳои паёмбари ислом Муҳаммад (с) иктифо мекунем. Ин корро бояд уламои ислом, онҳое, ки ба тафсири Қуръони карим ва ба дарку фаҳмиши маъонии аҳодиси набавӣ даст ёфтаанд, анҷом бидиҳанд.

Ҳаминро бояд гуфт, ки нигоҳдории гӯристон, маросими дафн, ёдбуди майит аз одатҳои қадимии ҳар миллат, аз ҷумла тоҷиконанд, ки то замони оташпарастӣ пайдо ва баъд дар давраҳои  бутпарастӣ сайқал ёфтаанд. Бо зуҳури ислом ин анъана чун ҷузъи фарҳанг пурра такмил ёфт. Бо мурури вақт баъзе лаҳзаҳо ва дигаргуниҳое, ки дар гузаронидани ин маросим пайдо шудаанд, аз ислом дида ба хурофот наздиктаранд. Аз ҳамин рӯ, баъзе гӯрҳое пайдо шудаанд, ки маҳватаи онҳо аз гӯри Исмоили Сомонӣ дар Бухоро ба маротиб бузургтар аст.

Аҷоиб мардумем, мо мардуми мусалмон. Дар биёбонҳои Қазоқистон иншооти бузурги оҳанинро дида аввал гумон кардам, ки инҳо пойгоҳи кашофони нафту газанд, ё симчӯбҳои барқи баландшиддат. Баъд маълумам гашт, ки онҳо аз лулаву набши (уголок) дар сари гӯр ҳамин гуна "иншоот" месохтаанд. Оила чи қадар, ки доро бошад, иншоот ҳамон қадар бузургтар мешавад.

Боре аз назди гӯристони яҳудиён мегузаштем. Дӯстам бо киноя гуфт; ҳамин тозагиву озодагиро дида, ҳаваси мурданам меояд…

Соли 1989 дар идораи дини вилояти Кӯлоб кор мекардам. Домулло Холмурод, имоми вақти масҷиди маҳаллаи Чармгари поёни шаҳри Кӯлоб сафари зиёрати хонаи Каъбаро дар ихтиёр дошт. Аз ӯ хоҳиш кардам, дар бораи маросими дафн, тарзи гӯрковӣ ва нигоҳубини он бароям маълумот биёрад.

Баъди омаданаш нақлҳои аҷоиб карда буд. Аз ҷумла дар бораи гӯристон ва гӯрковӣ қисса кард; гӯристоне, ки дар дохили он мақбараҳо сохта бошанд, надидам. Дар се-чор ҷаноза иштирок кардам, то гӯристон рафтам. Ба фикрам дар ҳама ҳолат гӯри кӯҳнаро кушода, устухонҳоро дар кунҷаке ҷамъ оварда, майити тозаро мегузоштанд.

Ҳамон вақт ин шунидаҳоро бо қонунҳои мавҷуда муқоиса кардам ва ба хулосае омадам, ки онҳо ба асосҳои исломӣ мухолифат намекунанд.

Соли дигараш ҳамин гуна саволҳоро аз домулло Қосим, имом-хатиби ҳамон масҷид, ки ҳамчунин зиёрати хонаи Худоро анҷом дода буд, пурсон шудам. Ӯ низ таъкид кард. Ва боз ҳамон вақт аз домулло Қосим зимни сӯҳбатҳо дар бораи сағона (гӯри умумӣ) бисёр чизҳоро шунидам, баъдҳо хондам.

Ҳамин тариқ, вақте ки шӯру валвалае дар бораи ба ҷои дигар кӯчонидани гӯристони яке аз деҳаҳои сӣ сол пештар муҳоҷиршудаи ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг мерафт, гурӯҳи уламои исломӣ дар ҷояш қазияро дида, барои кӯчонидани гӯристон маслиҳат доданд. Он нуктаро ба асос гирифтанд, ки дар ин гӯристон бори охир сӣ сол пеш майит гӯронда шудааст, гӯристон дар маҳалли лалмӣ (хушкӣ) ҷойгир аст. Тибқи қонуни ҳамонвақтаи шӯравӣ гӯристонро, ки дар минтақаи лалмӣ воқеъ шудааст, баъди 20 сол кӯчондан ва заминашро истифода бурдан мумкин аст. Мешунидам, ки уламо аз тафсири "Қуръон" ва "Хулосат-ал-масоил"-и Имоми Аъзам мисолҳо меоварданд, ки дар замини гӯристони лалмӣ баъди 20 сол ғалла кишт карда, ҳосилашро истеъмол кардан мумкин аст.

Мардуми таҳҷоӣ, ки дар аввал хеле норозӣ буданд, оҳиста-оҳиста ба асли масъала сарфаҳм рафта, ором мешуданд. Дар охир ба қароре омаданд, ки ҳамаи устухонҳоро ҷамъ карда, дар як гӯри нав дафн кунанд. Ба ёд оварданд, ки солҳои пештар ҳамин корро, вақте ки гӯристони деҳаи ҳамсояро ярч канда бурд, ба анҷом расонда буданд. Гӯристони дар ҷарӣ буда бо тарма ба поин фуромад, то дарёчаи Шугнов расид. Устухонҳои одамон намудор шуданд. Мардум ҷамъ шуда, устухонҳоро ғундошта дар гӯристони дигар зери хок карданд.

Дар ҳамон ҷо ёдовар шуда буданд, ки дар баъзе гӯристонҳои кӯҳнаи вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб гӯрҳои умумӣ ёфт шудаанд. Аз ҷумла дар атрофи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мазори Шоҳи Хомӯш, дар деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминобод ва мазори Хоҷа Чархии ноҳияи Данғара ҳамин гуна гӯристонҳо ёфт шудаанд.

Сӣ сол пеш ба зиёрати Мазори Ҳоҷа Баҳоваддини Балогардон, наздикии шаҳри Бухоро, рафта будам. Дар қатори гӯрҳои гуногун, таҳхонаеро нишон доданд, ки онҷо сағона ҷойгир будааст.

Яъне - сағона дар кишварҳои исломӣ вуҷуд доштааст. Дар аксари мавридҳо он дар дохили гӯристонҳо ҷойгир буда, аз биное баробари як марқад бештар заминро банд намекардааст.

Дар урфият мегӯянд, ки фалонӣ баъди марг дар ду метр замин ҷо гирифт. Вале дар асл бинем, оддитарин гӯр баробари 3х4=122  метр аст. Масоҳати баъзе  гӯрҳо то 200- 300 метри мураббаъ мерасад. Вобаста ба дороии соҳиби майит. Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухорову мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб дар пеши баъзе гӯрҳо сағир менамоянд.

Аслан намехоҳам дар навиштаҳоям рақамҳои зиёдеро истифода бубарам, вале маҷбур мешавам. Соле дар Тоҷикистон 100 ҳазор нафар дунёро падруд мегӯянд. Агар ҳар як майит 122 метр заминро ишғол кунад (бе назардошти роҳраву гӯрҳои боҳашамат), чӣ қадар замин ба ҳайси гӯристон банд мешавад? Бештар аз ҳазор га замин. Имрӯз чӣ қадар замин банди гӯристон аст, рақамҳо мавҷуданд, вале аз зиндаҳо узр пурсида, ба мурдаҳо миннат намегузорем.

Масъала нозук аст, ҳар кас худро бояд тайёр кунад, пушти ин гап эътиқоду эътимод ва эҳтиром ба шахсияти ҳар кас, ҳамчунин дилсӯзӣ ба наслҳои оянда, ки тақрибан 70- 100 сол баъд зиндагӣ хоҳанд кард, меравад. Бо ҳамин суръат гӯристон бисозем, баъди ҳамон қадар соле, ки гуфтем, дар кишвар боғҳо бештар васеъ мешаванд ё гӯристонҳо?

Олими шинохта Турсунбой Неъматзода, ки дар зодгоҳаш деҳаи Ашти ноҳияи Ашт сағона мавҷуд аст, дар мазори Сариосиёи шаҳри Душанбе ҳамин гуна сағона бунёд кардааст, барои хешу табор дар ояндаҳо.

Дар баъзе гӯристонҳо ба чашм мерасад, ки хандақ бурида, барои чанд соли оянда, гӯшаеро бо ҳамин мақсад пешбинӣ карданд. Яъне барои анҷоми ин амал таваҷҷӯҳ пайдо шудааст. Шояд дар чанд соли дигар ривоҷ ёбад. Барои он ки ин кор ҷомаи стихиявӣ напӯшад, мардумро ба он тайёр кардан лозим аст. Албатта олимони мардумшиносу файласуф бояд аввал андешаи худро бигӯянд. Баъдтар иқтисоддонҳову заминшиносон, сиёсатмадорон андешаронӣ кунанд. Дар миёни баҳс уламои исломӣ ба ин гуфтугӯ ҳамроҳ  шаванд, ба фоидаи кор аст. Агар домулло Ҳайдар Шарифзода ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар муҳокимаи ин масъала ширкат варзанд, беҳтар аст, аз он, ки гоҳ-гоҳе ба баҳсҳои сиёсӣ кашида мешаванд.

Баъди баҳсҳои тақрибан 2-3 сола одамоне ёфт мешаванд, ки аз ҳама ҷониб масъаларо омӯхта, дар шакли лоиҳа тадбирҳоро оид ба ҳалли ин масъала тартиб дода, ба ҳукумат ё парлумон пешниҳод менамоянд.

Гузашта ҳарчи буд, гузашт, биёед, барои фардо фикр кунем!

Сайидҷалол. Саидов,

рӯзноманигор.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97