Шухиҳои Шоҳинбод 2011

Фарҳанг ва адаб 10.01.2011 12:29

Илоҷ

ruzi okhirat- Шумо домулло, моҳи декабр гуфтед, ки аз 1 январи соли 2011 Рӯзи Охират мешавад.

- Ман дуруст гуфтам. Моҳи декабр шумо ҳисоботи охирин месупоред - шарҳ дод Асадбек ба Раис.

- Не, шумо гуфтед, ки аз 1 январ тамоми дунё чапа мешавад.

- Ҳа, ёдам омад. Хавотир нашавед. Мо аллакай бо занам оштӣ кардем.

 

*Дар  корхона баъди касал шудани раис муҳити солими кор фаро

мерасад.

*Дар ҷаҳон мубориза бо коррупсия- ин мушт бар сари худ кӯфтан аст.

*Ширкати хусусии «Носи Калинин» таъкид мекунад: Сигоркашӣ ба

саломатии шумо зарар дорад.

*Паланг 31 декабри соли 2010 барои аз вазифа рафтанаш гиря кард,

зеро ба ҷояш Харгӯш меояд.

*Озодии сухан душмани кор аст. Дар вакти кор хомӯш бошед.

*Агар Лайлиро медоданд ба Маҷнун,Дар олам

дузанӣ пайдо намешуд.

*Олимон кашф карданд, ки каду умри инсонҳоро дароз мекунад.

Агар ба ҷои каллаи одам истода бошад.

*Агар пулро аз рӯйи имон сарф накунед, имон ба фурӯш меравад.

Лоиҳаи нав

Тибқи қонуни нав дар бораи ҷавобгарии хушдоманҳо барои тарбияи домодҳо соли ҷорӣ 500 нафар хушдоман ба мӯҳлатҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум шуданд. Дар ноҳияи Гулобод барои хушдоманҳо маҳбасхонаи нави замонавӣ ба истифода доданд. Ҳамзамон дар ин ноҳия барои кам кардани ӯҳдадорӣ ва сабук намудани кори тарбиявии хушдоманҳо ба домодҳо гирифтани зани дуюм иҷозат дода шуд. Акнун ду хушдоман як домодро хубтар тарбия мекунанд. Соли гузашта дар ин ҷо бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ барои домодҳои мушкилтарбия мактаб-интернат кушода шуд.

Ярмарка

Шӯъбаи Сабти ҳолатҳои шаҳрвандии (САҲШ) ноҳияи Гулобод барои занони бева ярмаркаи шавҳарони холӣ гузаронд. Дар ярмарка 500 нафар зан шавҳари холӣ ва 200 нафар занон шавҳари бордор (бо фарзанд) пайдо карданд. Ҳамчунин барои ярмаркаи оянда 1000 зан шавҳарони худро аз хона пеш карда, ба ярмарка пешкаш намуданд. Мухбири «ЁУМ» бо мутасаддии Ярмарка ҳамсӯҳбат шуд.

- Мо дар оянда ният дорем, ки ярмаркаи занони холиро ташкил намоем. Алҳол дар ноҳияи мо қариб 600 нафар занони истифода нашуда, мавҷуданд.

 

Бозёфт

Бозёфти Помир ангушти ҳайрати тамоми хафриётшиносону муаррихони дунёро хуншор кард. Дар наздикии шаҳр осори меъмории бинои қадимаро пайдо карданд. Бино ҳоло ҳам намуди меъмории худро нигоҳ доштааст. Дар девори таҳкурсии бино бо хати мехии асри 5 пеш аз милод кадом як навиштаҷот ва дар зери таҳкурсӣ кафшҳои куҳна пайдо шуданд. Синни биноро кафшҳои қадима муайян мекард. Бостоншиносони Фаронса таъҷилан муайян карданд, ки ин пойафзоли одамони маймуншакл мебошад. Кафш аз чарми мамонт дӯхта шудааст. Чунин чарми ғафс ҳатто аз пӯсти одамони мансабнишини замони рукуд низ ғафстар ва мустаҳкамтар буд. Барои муаррифӣ кардани бозёфт конфронси илмии ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шуд. Вале Асадбек ҳамаи корро расво кард.

Дар мусоҳибааш Асадбек биноро ба солҳои 70 - уми асри ХХ нисбат дод.

- Яъне ба фикри шумо, ин бино дар асри ХХ пеш аз милод сохта шудааст - суол кард бостоншиноси ҷопонӣ.

- Не, ин биноро соли 70-уми асри гузашта, ширкати сохтмонии ПМК 148 сохта ба истифода дода натавонист. Сел биноро зер кард. Аз болояш хок пушонданд - шарҳ дод Асадбек.

- Ба кафшҳои қадима чи мегӯед - пурсид ҳафриётшиноси амрикоӣ.

- Дар ҳақиқат ин кафшҳои прораби сохтмон - Муродбек буданд. Чармаш аз оҳуи кӯҳӣ аст. Бечора даҳ фарзанд дошт. Дар умраш кафш харида натавонист. Кафшҳои чармии қадимаи бобокалонашро мепӯшид.

Маъмурбеки духтур, дар ҳоли ҳозир нафақхӯр низ иқрор кард, ки дар девори бино ким чи навишта буд.

 

Хабарҳои мухтасар

*Варзишгари машҳури гулулапартои тоҷик гулуларо ба масофаи 5 хазор километр партофт. Ӯ партофтани гулуларо дар мусобиқаи байналхалқии Алмаато фаромӯш карда, ба хонааш оварда партофт. Алҳол ин масофа дарозтарин аст.

 

*Сомонаи Вилкинкс боз як сирри муҳими ҷосусиро ифшо кард. Назар ба гузориши ин сомона Президентҳои поёноб пинҳонӣ саҳмияҳои Роғунро харидорӣ кардаанд.

 

*Ассамблеяи Порлумонии ИДМ низ натиҷаи солро ҷамъбаст намуд. Дар тули 5 сол фақат сарварони Порлумони Осиёи Марказӣ аз кафидани сар ва захми ҷисмонӣ бардоштан шикоят накарданд. Сарони Порлумонҳо қарор доданд, ки дар назди Парлумони Украин шуъбаи шифохонаи осебшиносӣ кушоянд.

 

*Сарвари «Ал-қоида» Усома бен Лодан барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар соли нав 2 миллирад доллар ҷудо намуд.

 

Ош

- Ош мехоҳам - хамёза кашида гуфт Асадбек.

- Ту ошро бад мебинӣ, чӣ шуд - бо ҳайрат пурсид занаш.

- Ман туро низ бад мебинам. Вале баъзан дилам мекашад.

 

Се хоҳиш

Асадбек шасти моҳиро ба дарё партофта ба дунёи хаёл ғутид. Ногоҳ дасташ такон хурд. Саросемавор шастро бардошт. Моҳичаи тиллоӣ дум меҷунбонд ва пас аз лаҳзае гуфт:

- Маро сар диҳед. Се хоҳишатонро иҷро мекунам!

- Хоҳиши якум - аз занам маро ҷудо кунед, хоҳиши дуюм- аз зани дуюм маро халос кунед. Хоҳищи сеюм, аз зани сеюм маро наҷот диҳед…

 

Аҳмақ

Дар тарабхона. Толори пур аз одам. Шахси маст ба назди микрофон омада эълон кард:

- Ҳамаи журналистон аҳмақ!

Баробари аз саҳна фуромадан, ӯро марди тануманди паҳлавонсимо аз гиребонаш дошта бо ғазаб пурсид:

- Чи гуфтӣ? Такрор кун…ҳаромӣ!

- Чӣ шумо журналист?

- Не, ман аҳмақ…

 

Ҷарима

- Шаҳрванд Асадбек, шумо барои бо пой лагадкуб кардани занатон 2 сол аз озодӣ маҳрум шудед. Ҳамзамон 1200 сомони ҷарима месупоред –э ълон кард судя.

- Ҷаноби судя. Тибқи банди 23 қонун ман бояд 2 сол бандӣ шавам. Аммо 1200 сомонӣ барои чӣ?

- Барои ғайриқонунӣ ташкил кардани футбол…

 

Реклом

Асадбек ҳиҷҷа карда навиштаҷоти калони болои биноро хонд. «Ширкати Моваруннаҳр-даҳ сол – бо манзили барҳаво».

- Аҷиб! Мӯҳлаташонро навиштанду аз рӯи кадом моддаҳо аниқ накарданд.

 

 

Мурофиа

- Шаҳрванд Мағалмоҳ шумо дидед,ки ин мард шабона дар паскуча ба шумо ҳуҷум карда либосҳоятонро кашидан гирифт.Ба тафсил ин ҳодисаро шарҳ диҳед.

-Аввал болопӯшамро кашид.Сонӣ куртаамро дарронда гирифт.Сарпӯши қиматбаҳои маро аз сарам гирифт..

-Чаро шумо даррав касеро ба ёрӣ ҷеғ назадед-пурсид судя

-Ман гумон кардам,ки  ин лаънатӣ нияти дигар дорад.Аз куҷо медонастам.ки ин ғорат мекунад.

 

Тугма

- Диққат! Кӣ палтояшро гум кардааст - эълон кард шахсе.

- Ман, шумо аз куҷо пайдо кардед - пурсид саросемавор зане. Куҷост палтои ман!

- Ман палторо надидам. Ман тугмаашро ёфтам.

 

Заминфурӯшон

Амаки Бобоқул аз ҳайрат гиря мекард. Дар 20 сол бори аввал чунин мӯъҷизаро медид. Аз ҳама ҷои сокиту ороми дунё ба макони ғалоғула ва моҷаро табдил ёфт. Як умр софдилона хидмат мекард. То ба ҳол ба ягон мурда дағалӣ накарда буд. Мурдаҳо низ ягон бор даҳон накушоданд. Дирӯз ӯ бедор шуда, дар қабристон панҷараҳо дид. Дар қабристони калонтарини ноҳия шабона панҷараҳо ва симхор пайдо шуд. Ӯ Бозорбой – яке аз одамони бузурги деҳаро даъват кард. Бозорбой ҳамроҳаш нозири минтақавиро кашола карда овард. Баъди тамошои манзара Бозорбой баланд хандид.

- Хавотир нашав! Бобоқул. Натарсед. Дина шумо киро гӯр кардед?

- Дирӯз Раиси Кумитаи заминро тантанавор дафн карданд - гиряолуд гуфт Бобоқул.

- Маълум, худи ҳамон рӯз замини қабристонро ба мурдаҳо фурӯхтааст…

 

Хоболуд

- Духтурҷон, ёрӣ диҳед! Ман дар кор, дар хона, дар автобус хоб меравам - шикоят кард Асадбек.

-Ҳолати хеле хуб. Бахусус хоб дар ҷои кор ба саломтии шумо зарар надорад - гуфт духтур.

- Баракс дар ҷои хоб бедор ҳастам. Завҷаам раиси ман.

- Майлаш. Ҳар рӯз ду ҷом қаҳва нӯшед. Баъди он бо оби сард рӯятонро шӯед.

Баъди ду ҳафта духтур Асадбекро боз дар қабулгоҳаш дид.

- Хидмат?

- Духтурҷон, ба ман доруи хоб тавсия диҳед. Ҳоло шабу рӯз маро хоб намебарад.

- Қаҳваро дигар нанӯшед.

- Ман ягон бор қаҳва нанӯшидам.

- Чӣ хел аз хоб халос шудед - пурсид духтур.

- Ман аз бонк қарз гирифтам…

Наҷмиддини Шоҳинбод

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97