Нигини ҳунар даргузашт телевизион хурсандӣ дошт

Фарҳанг ва адаб 03.01.2011 14:04

Ё чаро аз даргузашти аҳли фарҳанг дар поёни «Ахбор» мегӯем?

ShakhsiyathoСоли 2010- и милодӣ барои ҷомеъаи мадании Тоҷикистон соли талафоти маънавӣ буд. Дар ибтидои ин сол овозхони маъруф, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов аз дунё гузашт. Тайи ҳамин сол, ки ба анҷомаш ҳамагӣ ду рӯз боқӣ монда, ҳунари мусиқӣ, адабиёти тоҷик ва рӯҳонияти кишвар талафоти гаронеро шоҳид буд. Дар ин сол ҳунармандони шинохтаи санъати тоҷик устодони саҳна Зафар Нозим, Ҳанифа Мавлонова, Шойиста Муллоҷонова, Фаррух Қосимов, оҳангсози номӣ Фаттоҳ Одина, Ҳофизи мардумӣ Давлатҷон Муқимов, овозхони маъруф Абдулло Султонов, ҳунарпеша Султоншоҳ Муқаддамов, Гурез Назирмадов (ҳунарманди театри Кӯлоб), Давлат Холматов (ҳунарманди театри Қӯрғонтеппа) ва ҳамин чанд рӯз қабл ҳофизи шинохта Нигина Рауфова олами фониро тарк гуфтанд.

Ҳамчунин соли равон ду овозхони ҷавону хушлаҳни тоҷик; Зулфиқори Азиз ва Сӯҳроби Сафарзодро ҳам риштаи умрашон канда шуд. Нависандагони соҳибному пухтакоре чун Муҳаммадраҳими Сайдар, Муҳаммадзамони Солеҳ, Абдумалик Баҳорӣ, Расул Ҳодизода, Камол Айнӣ, Иноят Насриддин, Аъзам Сидқӣ, Карим Абдулов, нависанда ва рӯзноманигори шаҳир Басир Расо, олимони донишманд Зоҳир Аҳрорӣ ва Амрияздони Алимардон низ дар ҳамин сол умри хешро ба поён расониданд. Соле, ки акнун умри худаш ба поён мерасад, барои рӯҳониёни саршиноси миллат амсоли Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Шайх Амонуллоҳи Неъматуллоҳ ва Махдуми Ҳадятуллоҳи Ховалингӣ ҳам охирин соли меҳмониашон дар ин дори фано гардид, ки аз Худо барояшон ахирати обод мехоҳам. Ва ин рӯҳониёни номбурда низ чун як шахсияти фарҳангӣ дар таълиму тарбияи аҳли ҷомеъа нақши муассире гузоштанд. Ҳамаи ин ашхоси номбурда фарзандони фарзонаи ҳамин хоку диёр буданд ва то охирин нафаси зиндагӣ барои ободӣ ва покии ахлоқи ҷомеъа талош доштанд. Ва аз ин хотир метавон гуфт, ки ҳиҷрати ин ҳама афроди соҳибном ба дорулбақо барои мо аҳли дорулфано мусибати гароне буд. Ба рӯйхати ин ҳама ашхоси дар боло зикри хайрашон рафта назар мекунаму хулосаам ин мешавад, ки дар ҳар моҳи имсол се чеҳраи дар ҷомеъа соҳибном аз дунё гузаштаанд, ки метавон соли 2010- ро "омулҳузн", соли мусибат хонд.

Аз бародарам Акбаралӣ Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мепурсам, ки аз рӯзноманигорони тоҷик дар соли равон киҳо аз дунё гузаштаанд, то аз ишон ёдоварӣ кунам, шӯхиомез гуфт, ки мо бо зиндаҳояш кор дорем, мурдаҳояшро аз Мухтори Боқизода, раиси Хазинаи дифоъ ва гиромидошти рӯзноманигорон пурсед. Ва хушбахтона аз ҳама ақшори фарҳангии ҷомеъа имсол рӯзноманигорон сахтҷонтар будаанду бо кадом сабабе, ки танҳо Худо медонад, аз дами теғи Ҳазрати Азроил дар амон мондаанд. Илоҳо, умри ҳампешагони гиромиам дароз бод ва дар соли нав ҳам аз назари Ҳазрати Малакулмавт дур бошанд. Ҳадафи банда аз навиштани ин матлаб аввалан зикри хайре кардан аз фарҳангиёну санъатварон, рӯҳониён ва ҳунармандони мардумӣ аст, ки солҳо бо ҳунари хеш ба дилҳо шодиву сурур овардаву базму сури халқро обод кардаанд ва иддае асарҳое ҳам осори хонданӣ, мавъизаву панду андарзҳое барои ихлосмандону толибони калому маънӣ аз хеш ба ёдгор гузоштаанд мебошад ва ҳам мехоҳам гилае аз масъулини вазорати фарҳанг ва барномарезони идораи ахбори шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дошта бошам.

Мо фарҳангро ботафохур ҳастии миллат эъ­лон кардем, зиёиро чароғи раҳнамо хондем, театрро ойинаи зиндагӣ гуфтем, вале дар асл то ҷое, ки бояд аз адибону ҳунармандон ва санъатваронамон қадронӣ намекунем. Ҳатто хабари аз дунё гузаштанашонро аз тариқи барномаҳои иттилоотии телевизион дар анҷоми барнома ба мардум мерасонем. Масалан, ҳамин шаби 22 ба 23 декабр аз кор ба хона баргашта хабари даргузашти Ҳофизи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Нигина Рауфоваро ба аҳли хонадонам расонидам. Ҳама аз марги овозхони шинохтаву баландовоза афсӯс хӯрда, мутаассир шуданд. Чун барномаи "Ахбор" аз тариқи шабакаи аввал шурӯъ гардид, аҳли хона гӯшу ҳуш шуданд, то хабари вафоти апаи Нигинаро бишнаванд. Тибқи қойидаи дар шабакаи 1- ум маъмул аввал аз сафари Президент ба Истамбул, аз ҷаласаи Маҷлиси намояндагон таҳти раисии Шукурҷон Зуҳуров гузориш шуд, сипас аз тақсимоти замин дар Хатлон, муҳокимаи лоиҳаи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар…", бунёди варзишгоҳ дар Балҷувон, сафари корвони саломатӣ ба минтақаи Рашт ва ҳатто аз обхезӣ дар Португалияву таркишҳое дар ким - куҷои нукоти олам хабар доданд. Модари фарзандонам нафаси осуда кашид, ки марги Нигина Рауфова дурӯғ будааст ва гуфт, ки агар рост мебуд, он бояд дар сархати барномаи "Ахбор" қарор мегирифт. Ҳамин дам буд, ки ровии "Ахбор", пеш аз хайру хушаш хабари даргузашти ҳунарманди дӯстоштаро барои мардум расонид. Ба ҳаминаш ҳам шукр гуфтам, дер ҳам, ки буд, ровии "Ахбор" маро аз ҳолати ногувор раҳо кард. Ва дар барномаҳои иттилоотии телевизиони "Сафина", ки он ҳамчун як шабакаи тарғибгари фарҳангу ҳаводиси маънавию маърифатӣ арзи ҳастӣ намуд, низ ҳол ҳамин гуна буд. Хуб бигирем, ки шабакаи аввали телевизион як ниҳоди хабарии расмии давлат аст ва он ҷо гузориш аз сафарҳо ва мулоқоти раҳбарони олирутбаи кишвар бояд дар сархати ахбор ҷой дошта бошад, вале "Сафина" охир як шабакаи мустақили фарҳангӣ- маърифатӣ аст, пас дар "Навид"- и он нахуст бояд аз вафоти апаи Нигина, як чеҳраи шинохтаи фарҳанги тоҷик хабар пахш мешуд. Ҳарчанд, ки маънии "навид" муждаи нек, хабари хушу фараҳафзо асту марги як овозхони маҳбуби мардум хабари шуму нохуш. Ва расонидани хабари нохуш аз барномае бо унвони "Навид" мантиқан ғалату нозебо ҳам ҳаст. Бубинед, вақте дар Русия як ҳунарманди саҳна мемирад, шабакаҳои телевизионӣ расонидани он хабарро дар сархати барнома қарор медиҳанд, баъдан аз сафарҳои Медведеву мулоқоти Путин барои мардум ахбор медиҳанд ва даргузашти як чеҳраи фарҳангии кишварашонро талафоти бузург дониста, гиромӣ доштани хотираи ӯро бо овардани хабари маргаш дар сархати барномаҳои ахборашон арҷ мегузоранд.

Ҳафтаи гузашта Алла Пугачёва овозхони Русия дар яке аз бемористонҳои ин кишвар ҷарроҳии қалб шуд. Аз вазъи саломатии ин овозхон дар шабакаи телевизони Русия гузориш шуд ва мо дидем, ки чанд камераи телевизионҳои ин кишвар ҳам дар он бемористон машғули наворбардорӣ ба хотири овозхони маҳбубашон буданд. Аммо барои апаи Нигина, ки тамоми умр дар телевизиони Тоҷикистон овозхонӣ мекард, соате дар ин телевизион барояш ҷо қойил нашуданд.Сафарҳову мулоқотҳои раҳбарони давлат ҳар рӯз сурат мегиранд, иҷлосияҳои Порлумон кори доимианд, ҳатто обхезиву кушторҳову таркишҳо ҳарчанд ки амали фоҷеъаборанд, рӯз дар миён дар саросари олам рӯй медиҳанд, вале бузургону ҳунармандон як бор мемиранд. Аз ин рӯ дар сархати ахбор қарор додани хабари марги як Инсони ҳунарманд вазифаи инсонии масъулини телевизиону радиои кишваре бояд бошад, ки фарҳангро ҳастии миллат ва зиёиро чароғи рӯшану ҳидоятгари ҷомеъа медонад. НЕ!   

Толибшоҳи Сайидзода

                       

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97